Главная / Гуногун / Савдо дар асрхои 16-18

Савдо дар асрхои 16-18

Савдои дохили ва беруни таракки кард. Мисли асрхои гузашта бо кабилахои кучманчии хамсоя ва давлатхои Хиндустону Хитой алокахои муътадили тичорати давом мекард. Дар асри XVII тичорати байни Русия ва Осиси Миёна авч гирифт. Аз як мамлакат ба мамлакати дигар корвонхои зиёде харакат доштанд.

Дар хар навбат ба Бухоро ё шахри калони дигар садхо, баъзан зиёда аз хазор уштурхои пурбор ворид мешуданд. Роххои корвонгузар даштхои Казокистон дар кисмати шимол буд, ки ба шахрхои сохили Волга ва Сибир дар кисмати шимоли гарби ба Хочитархон (Асгархан) мебурд. Ба воситаи водии Фаргона корвонхо ба суи Кошгар ва Синчон харакат мекарданд. Рохи тичорати бо Хиндустон аз Балх ва Кобул гузашта ба Пешовар, Банорас, вилояти Дакан ва дигар шахру вилоятхои ин мулк мерафт.

savdo-19-vek

Аз Русия ба Осиёи Миёна пуст, чарм, мохут, намудхои гуногуни асбобхои рузгор (элак, сатил, сандук), молхои заргари (халка, мухра, сузан, сузанак, ангуштпона мех меоварданд. Точирони Осиёи Миёна ба Русия матоъхои пахтаги, шохи, камонхом бухори, гилем, меваи хушк мебурданд.

Аз Хитой бештар шохивор, асбобхои чини, дорувор, чой, аз Хиндустон—сангхои кимматбахо ва нимкимматбахо, дурр, дока, ресмон ва матоъхои зардузи, рангубор, моддахои хушбуй (атриёт) ба бозорхои Осиёи Миёна ворид мешуданд. Як кисми онхо аз Бухоро ба Русия ва дигар мамлакатхои европои бурда мешуд.

Аксар хокиму хонхои мамлакатхои номбурди барои ривочу равнаки савдои беруни чорахо меандешиданд. Дар роххои корвонгузар чоххои об канда, корвонсаройхо бино мекарданд ё худ аз молхои тичорати бочро кам мекарданд. Аммо кабилахои бодиянишини рохзан корвонро горат мекарданд.

Баробари ривочи муносибатхои тичорати робитахои дипломати низ инкишоф меёфт. Баъзан точирон вазифаи дилломатиро дар ухда доштанд ва супориши султони худро адо менамуданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …