Главная / Гуногун / Сатхи таваррум дар Точикистон 2017-2019

Сатхи таваррум дар Точикистон 2017-2019

Дар нух мохи соли 2018 татбики самарабахши сиёсати монетарии зиддитаварруми, кам гардидани талаботи истеъмолии ахоли ва зиёд шудани пешниходи махсулоти дохилии кишоварзи барои муътадил нигох доштани сатхи таваррум замина гузошт. Дар натича, сатхи таваррум дар ин давра 3,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 1,7 банди фоизи кам мебошад. Таваррум аз хисоби болоравии нарххои махсулоти озукавори ба андозаи 3,3 фоиз, гайриозукавори 4,5 фоиз ва тарофахои хизматрасони 5,4 фоиз ба миён омадааст. Бояд кайд кард, ки нишондихандаи мазкур.

Таваррум дар нух мохи солхои 2017 – 2018 (бо фоиз)

Сатхи таваррум дар Точикистон

Дар мохи сентябр сатхи таваррум 1,1 фоизро ташкил дод, ки ин аз хисоби болоравии нарххои махсулоти озукавори ба андозаи 2,8 фоиз ва гайриозукавори 0,6 фоиз ба миён омадааст. Хамзамон нархи тарофахои хизматрасони дар мохи сентябр нисбат ба мохи август 3,8 фоиз поён рафт.

Болоравии нархи молхои озукавори дар мохи сентябр аз хисоби баланд шудани нархи карам 32,9 фоиз, сабзи 27 фоиз, картошка 25,0 фоиз, бехпиёз 20,1 фоиз, тухм 11,3 фоиз, орди навъи 1-ум 9,3 фоиз, помидор 5,5 фоиз, биринч 3,7 фоиз, равгани пахта 2,0 фоиз,  гушти гов 0,7 фоиз варавгани маска 0,3 фоиз ташаккул ёфтааст. Хамзамон нархи ангур 15,1 фоиз, себ 14,3 фоиз, шакар 2,1 фоиз ва шир 1,9 фоиз баланд шуд.

Баландравии нарххои молхои гайриозука дар мохи сентябр нисбат ба мохи август гарон шудани нархи маводи дорувори 4,4 фоиз, маводи шустушуи 1,3 фоиз ва шифер 2,2 фоиз мусоидат намуд.

Пастравии арзиши хизматрасонихои пулаки асосан аз хисоби  киматшавии арзиши хизматрасонии наклиёти хавои ба 29 фоиз ва арзиши пардохти гази моеъ 5,2 фоиз ба амал омадааст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …