Главная / Биология / Шароити мухит дар даврахои аввалини замин

Шароити мухит дар даврахои аввалини замин

Фахмидани шароите, ки «нишонахои аввалини хаёт» чи гуна пайдо шудаанд, барои илм ахамияти калон дорад. Дар ин бобат хизмати олими рус академик А.И.Опарин бузург аст, зеро у хануз соли 1924 бори аввал фарзияи эволютсияи химиявиро пешниход карда буд.

Мувофики ин фарзия бо рохи тачриба дар лаборатория шароити хамонвактаи Замин, яъне атмосфераи беоксигенро ба вучуд овардан лозим буд.

pervaya-jizn

Бо истинод аз хамин фарзия соли 1953 олимони америкои Г.Юри ва С.Миллер бо асбоби оддие ба омехтаи метан, аммиак ва об бо чараёни барк таъсир карданд.

Бо хамин рох бори нахуст аз махсули дар натичаи чунин реаксия хосилшуда баъзе аминокислотахо (глитсин, аланин, кислотаи аспарагин ва глутамин) синтез карда шуд.

Тачрибахои Миллер ва Юри ба тадкикотхо дар бораи эволютсияи молекула ва пайдоиши хаёт такон бахшида, бо ин рох тадричан дар бисёр лабораторияхои илмии дунё пайвастагихои мухими биологи синтез карда шуданд.

Ба монанди таркиби микдории атмосфера хисоб кардани фишор низ бисёр мушкил аст. Он хисобхое, ки бо назардошти самараи «гармхонаги» (эффекти парники) гузаронда шудаанд, беасос ва ё начандон каноатбахш мебошанд.

Дар он хисобхое, ки самараи «гармхонаги» ва шиддати тахминии нурхои Офтоб дар эраи абиотики ба инобат гирифта шуда буданд, ба чунин бузургихо оварда мерасонанд,

ки онхо аз харорати яхбанди даххо маротиба зиёданд. Кариб хамаи тачрибахо оид ба пайдо кунонидани шароити аввалини замин дар харорати 20-2000С ичро карда шудаанд. Алхол, ин на бо рохи хисоб ё имтидод (экстраполятсия)-и баъзе далелхои геологи, балки аз руи микдори харорати усутувори пайвастхои органики муайян карда шудааст.

Бо истифода аз омехтаи газхои шабех ба газхои аввалини атмосфера ва намудхои гуногуни энергияе, ки барои сайёраи мо 4-4,5х109 сол кабл хос буд, хамчунин, бо рохи ба хисоб гирифтани омилхои иклим, геологи ва гидрогеографии хамон давра олимон бо рохи абиотики пайдо шудани чунин молекулахои органики, масалан, алдегидхо, аминокислотахо, моносахаридхо, пуринихо, порфирианхо, нукле отидхо ва гайрахоро исбот кардаанд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …