Главная / Гуногун / Саноати Точикистон

Саноати Точикистон

Саноат ва масъалахои он. Дар моххои январ – сентябри  соли 2018 чихати ба кор андохтани иктидорхои нав, рохандозии истехсоли махсулоти нави ракобатпазиру воридотивазкунанда, истифодаи самараноки иктидорхои мавчуда, густариши иктидори содиротии кишвар ва дар ин замина таъмини ичрои яке аз хадафхое, ки дар Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 муайян гардидааст, яъне гузариши рушди иктисодиёти кишвар аз аграри-индустриали ба индустриали – аграри як силсила тадбирхои судманд амали гардидаанд.

Дар натича, хачми истехсоли махсулоти саноати дар давраи хисоботи 16491,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз афзудааст. Дар дар сохаи саноати истихроч хачми истехсоли махсулоти саноати 3538,6 млн. сомони (суръати рушд 118,6 фоиз), дар сохаи саноати коркард ба 9118 млн. сомони (суръати рушд 115,2 фоиз) ва истехсоли неруи барк, газ, гарми ва обтаъминкуни ба 3835,3 млн. сомони  (суръати рушд 107,5 фоиз) ташкил намудааст. 

Хачми  номинали ва рушди вокеии саноат дар нух мохи солхои 2014-2018

Тибки маълумоти омори дар нух мохи соли чори дар чумхури  105  корхонаю коргоххои саноати  бо 1487 чойхои нави кори, аз чумла дар шахр Душанбе 20 корхона бо 151 чойи кори,  вилояти Сугд 38 корхона бо 561 чойи кори, вилояти Хатлон 23 корхона бо 443 чойи кори, ВМКБ 4 корхона бо 184 чойи кори ва НТЧ 20 корхона бо 148 чойи кори  ба фаъолияти истехсоли огоз намудаанд.

sanoati-tojikiston-2

Бояд кайд намуд, ки сарфи назар аз афзоиши хачми истехсоли махсулот суръати рушди сохаи саноат нисбат ба хамин давраи соли гузашта 8,5 банди фоизи, аз чумла дар сохаи саноати истихроч 4,7 банди фоизи, саноати коркард 7,8 банди фоизи ва истехсоли неруи барк, газ, гарми ва обтаъминкуни 7,9 банди фоизи кохиш ёфтааст.

Тибки тахлилхо кохишёбии суръати рушди сохаи саноат нисбат ба суръати рушди хамин давраи соли гузашта асосан аз хисоби кам гардидани истихрочи маводи энергетики (-28,3 банди фоизи), гайриэнергетики (-1,8 банди фоизи), истехсоли махсулоти хуроквори, якчоя бо нушокихо ва тамоку (-14,4 банди фоизи), истехсоли нассочи ва дузандаги  (-26,3 банди фоизи), истехсоли харгуна маснуоти гайрифилизии маъдани (-14,3 банди фоизи), истехсоли неруи барк (-7,9 банди фоизи) ва таксимоти неруи барк, газ ва об (-9,1 банди фоизи) ба амал омадааст.

Дар давраи хисоботи афзоиши хачми истехсоли махсулот дар сохаи саноати истихроч асосан аз хисоби корхонахои ЧММ «Ширкати металлургии Анзоб» (141,9 фоиз) ва ЧММ КМ ЧММ «Анзоб» (104,6 фоиз) таъмин гардидааст.

Тахлилхо нишон медиханд, ки сохаи истихроч тамоюли кохишёби дорад, зеро дар нух мохи соли 2018-ум 118,6 фоиз рушд карда бошад хам, суръати рушди он нисбат ба хамин давраи соли гузашта (123,3 фоиз) 4,7 банди фоизи кам шудааст.

Яке аз сабабхои кохиш ёфтани суръати афзоиши хачми истехсоли махсулот дар сохаи истихроч ин пеш аз хама кохишёбии хачми истехсоли махсулот дар ЧММ «Ширкати саноати кухии Точикистону Хитой» мебошад, ки дар давраи хисоботи дар сатхи 86,6 фоизи хамин давраи соли гузашта махсулот истехсол намудааст (дар нух мохи соли 2017 суръати афзоиш 117,2 фоиз).

Сабабхои асосии кохишёбии хачми истехсоли махсулот дар сохаи истихроч камшавии захирахои кон, чукури ва афзоиши дарачаи душвории корхои истихрочи, кохишёбии фоизнокии маъдан, хамзамон зиёдшавии хачми кислота дар таркиби маъдан ва мушкилот дар тартиби хисоби бонуси обунави ва роялти барои истихроч мебошад.

Хамзамон кохишёбии суръати истехсоли махсулот нисбат ба хамин давраи соли гузашта дар корхонахои истихрочи ангишт, аз чумла КФ Шахта «Фон-Ягноб» (8,5 банди фоизи кам), ЧДММ «Комбинати металлургии  Точик» (1,9 маротиба кам) ва ЧММ «Талко ресурс» (27,7 банди фоизи кам) ба миён омадааст, ки боиси кохишёбии суръати истехсоли махсулот дар сохаи саноати истихроч гардид.

 Истихрочи нафт дар 9 мохи соли чори 18017,0 тоннаро  ташкил дода, нисбат ба хамин давраи соли гузашта 336,2 тонна зиёд ва дар сатхи 101,9 фоиз таъмин гардидааст.

Истихрочи газ бошад, хамаги 706,0 хаз.м3-ро ташкил дода нисбат ба  хамин давраи соли гузашта 319,4 хаз.м3 кохиш ёфта, дар сатхи 68,9 фоиз таъмин гардидааст.

Сабаби асосии ичро нагардидани накшаи истихрочи газ ин дар мархилаи нихоии истихрочи карор доштани конхои нафту газ, пурра катъ гардидани истихрочи нафту газ дар кони гази «Сурхсимо» ва дар давраи хисоботи фаъолият накардани чамъиятхои истихрочкунандаи нафту гази «Сетос» ва «Сугднафтугаз» ба хисоб меравад.

Аз ин ру аз чониби макомоти мутасадди бартараф намудани мушкилоти ширкатхои истихрочкунанда ва зиёд намудани истехсоли махсулоти зерсохаи истихроч андешидани чорахои саривакти зарур арзёби мегарданд.

Мувофики маълумоти омори дар давраи хисоботи аз 14 зерсохаи коркард ба гайр аз харгуна сохахои саноат (94,7 фоиз нисбат ба хамин давраи соли гузашта) дар дигар зерсохахо натичахои мусби таъмин гардиданд.

Тамоюли нишондихандахои зерсохахои  саноати коркард дар нух мохи соли 2018 (бо фоиз)

Дар давраи хисоботи зиёдшавии хачми истехсоли махсулоти сохаи коркард нисбат ба хамин давраи соли гузашта асосан аз хисоби ЧДММ «Кока-Кола Нушокихои Точикистон» (141,0 фоиз), ЧСП «Чунтай Дангара» (134 фоиз), ЧДММ Хуаксин Гаюр Б. Гафуров (126,5 фоиз), ЧММ «Хуаксин Гаюр семент» (113,3 фоиз), ЧСК «Cементи точик» (131,2 фоиз),ЧСП «Норд азия металл» (2,3 маротиба) ва дигар корхонахо ба вучуд омадааст.

Дар нух мохи соли 2018 барои истехсоли махсулоти нав, таъсиси истехсолоти нав, воридоти тачхизоти технологи ва васеъгардонии фондхои истехсоли дар сохахои саноат 695,4 млн. сомони маблагхои дохилии корхонахо ва сармоягузорони хоричи, аз чумла дар сохаи саноати сабук ва пилла 11 корхона бо маблаги 204,1 млн. сомони, дар сохаи саноати маъданхои кухи ва металлхои киматбахо 3 корхона бо 192,4  млн.сомони, дар сохаи саноати мошинсози, саноати мудофиа ва кимиё 1 корхона бо маблаги 96,0 млн. сомони, дар сохаи саноати масолехи сохтмон 10 корхона бо маблаги 95,8 млн. сомони, дар сохаи саноати хуроквори 8 корхона ба маблаги 79,8 млн. сомони, дар сохаи саноати ангишт 4 корхона бо маблаги 27,3 млн. сомони равона гардидааст.

Дар асоси маълумоти омори аз 175 намуди мухимтарини махсулоти саноатии дар чумхури истехсолшаванда, афзоиши хачми истехсоли 122 номгуи он, аз чумла мошинхои кишоварзи (112 маротиба), хуроки паранда (17 маротиба), каогулянт (11 маротиба), риштаи полиэтилени (7 маротиба), фториди алюминий (6,4 маротиба), ангишт санг ширеш (6 маротиба), бомпушхои охани (5,5 маротиба), криолит (5,3 маротиба), мех (4,5 маротиба), бозичахои кудакона (4 маротиба), консервахои гуштию растанихо (4 маротиба), мех (3,9 маротиба), сакфхои ороиши (3,8 маротиба), клинкер (3,7 маротиба), бозичахои кудакона (3,5 маротиба), собуни хочаги (3,4 маротиба), махсулоти пластмассаги (3,4 маротиба), халтахои полипропилени барои бастабандии ашёи хом (3,3 маротиба), симхои печи (3,3 маротиба), черепитса (3,3 маротиба), тахтахои асбести (2,9 маротиба), махсулоти чуробу пайпок (3,2 маротиба), зарфи ректашудаи алюминий (3,1 маротиба), маводи чубу тахта (3,1 маротиба), сачокхои намнок (3 маротиба), гач санг (2,8 маротиба), мазут (2,7 маротиба), зарфхои сафоли (2,6 маротиба), пеноблок (2,4 маротиба), нахи пахта (2,4 маротиба), профилхои пластики (2,4 маротиба), истехсоли пуст (2,4 маротиба), мухр ва сика (2,4 маротиба), профилхои пластики (2,2 маротиба), шираи растанихо барои тайёр намудани дорувори (2,1 маротиба), истехсоли асфалт (2,1 маротиба), гач кардон (2,1 маротиба), андоваи минерали (2,1 маротиба), майонез (1,9 маротиба), мухр ва сика (1,8 маротиба), папиросу сигаретхо (1,6 маротиба), куми кварси (1,6 маротиба), кубурхои металли (1,5 маротиба), намаки оши (1,5 маротиба), колинхои тафтинги (1,5 маротиба), когази ташноб (1,5 маротиба) ва сузишвори дизели (1,5 маротиба) нисбат ба хамин давраи соли гузашта зиёд таъмин гардиданд.

Хамзамон нух номгуи моле, ки дар хамин давраи соли гузашта истехсол нагардида буданд, аз чумла калтсид, сипори трактори, тойбанд, автобусхо, риштаи полипропилени, фаршхои бедарзи резини, маводи нарми бомпуш, мола ва ядак истехсолашон ба рох монда шудааст.

Дар баробари ин бояд кайд намуд, ки хачми истехсоли 44 намуди махсулоти истехсоли, аз чумла собуни мушкин (71,9 фоиз),  шишаи сохтмони (70,6 фоиз), шампан (65 фоиз), фториди калтсий (63,6), собуни мушкин (64,3 фоиз), ранги сохтмони (63,1), ранги сохтмон (61,3 фоиз), ширеши кафел (60,6 фоиз), истехсоли лампахои каммасраф (59 фоиз), плитахои тарабхонахо (57,6 фоиз), кисмхои эхтиёти ба мошинхои кишоварзи барои эхтиёчоти таъмир (57,0 фоиз), арматури сохтмони (34,4 фоиз), пахтаи курпабоб (33,4 фоиз), хишти хом (31 фоиз), коркарди дуюмдарачаи алюминий (26,0 фоиз), консентрати рух (25,4 фоиз), бомпушхои охани (24,1 фоиз), консентрати сурб (22,6 фоиз), хишти хом (19,4 фоиз), охану бетони васлшаванда (17,2 фоиз), доломит (15,9 фоиз), махсулоти дорувори (14,1 фоиз), махсулоти заргари (11,0 фоиз), сузандору (7,7 фоиз), гази нафтии рохгузар (6,8 фоиз), сабус (6,7 фоиз), шампун (5,3 фоиз) ва асбобхои мусики (1,7 фоиз) нисбат ба хамин давраи соли гузашта кохиш ёфтаанд.

Дар нух мохи соли чори аз 2081 корхонахои саноати 141 корхонаи аз фаъолият бозмонда, аз чумла 39 адад дар шахри Душанбе, 50 адад дар вилояти Хатлон, 34 адад дар вилояти Сугд ва 18 адад дар нохияхои тобеи чумхури ба кайд гирифта шудаанд.

Дар ин самт Вазорати саноат ва технологияхои навро зарур аст, ки сабабхои аз фаъоляит боз мондани корхонахоро муайян намуда, якчо бо макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоятхо ва шахру нохияхо чихати эхёи фаъолияти онхо тадбирхо андешанд.

Гарчанде дар сохаи саноати коркард суръати афзоиши хачми истехсоли махсулот 115,2 фоизро ташкил намуда бошад хам, дар яке аз сохаи асосии саноати коркард сохаи истехсоли махсулоти хурока, аз чумла нушокихо ва тамоку хачми истехсоли махсулот ба 3314,5 млн. сомони баробар гардида, хамаги 9,4 фоиз зиёд шудааст, ки ин конеъкунанда нест.

Тахлилхо нишон медиханд, ки дар давраи хисоботи яке аз махсулоти асосии саноати дар соха истехсолшаванда орд дар сатхи 97,6 фоиз, нон ва махсулоти нону булка 90,1 фоиз ва махсулоти макарони 101,6 фоизи хамин давраи соли гузашта истехсол шудааст, ки бо назардошти фаровонии бозори истемоли  вокеъиятро ба пурраги инъикос наменамояд.

sanoati-tojikiston

Аз ин лихоз, Агентии оморро зарур аст якчо бо макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоятхо ва шахру нохияхо чихати бахисобгирии пурраи нишондихандахои истехсоли дар ин самт тадбирхо андешида аз натичааш то охири мохи ноябри соли чори ба Хукумати Чумхурии Точикистон маълумоти муфассал пешниход намояд.

Хамзамон тахлилхо нишон медиханд, ки дар чумхури дар моххои январ – сентябри соли чори аз чониби корхонахои соха ба микдори 18570,9 дал спирти этили, 1434,5 дал коняк, 35778,9 дал арак ва махсулоти ликёру арак  90969,7 дал оби чав ва 4,4 дал шампан истехсол шудааст, ки  мутаносибан  102,2, 100,0, 101,2, 100 ва 35,0 фоизи сатхи хамин давраи соли гузаштаро ташкил медихад.

Тибки маълумоти гумруки дар моххои январ-сентябри соли 2018 ба чумхури 3,3 тонна спирти этили ба маблаги 66,2 хазор доллар, 2,9 хазор тонна араку вино ба маблаги 4,0 млн. доллар ва 5,9 хазор тонна оби чав ба маблаги 2,9 млн.доллар ворид гардидааст.

Чуноне аз тахлилхо бармеояд, хануз истехсоли спирти этили, шаробу арак ва оби чави истехсолнамудаи корхонахои ватани талаботи бозори дохилиро канеъ намекунанд. Зеро ба каламрави чумхури дар хачми калон ин намуди махсулот ворид мешаванд.

Холо он ки имрузхо араки истехсоли ватани, бахусус «шохона» аз чихати сифат чавобгуи меъёрхои байналмилали буда, дар байни истеъмолкунандагони ватанию хоричи шухрат пайдо намудааст.

Аз ин лихоз, вазорату идорахои масъул бояд чихати таквияти истифодаи иктидорхои корхонахои ватани, афзоиш додани хачми истехсоли махсулот ва содироти он ба кишвархои хоричи чорахои зарури андешанд.

Хамзамон тахлилхо нишон медиханд, ки дар давраи хисоботи дар корхонахои саноати хуроквори 19,4 млн. куттии шарти консервахои меваю сабзавот истехсол карда шудааст, ки  дар сатхи хамин давраи соли гузашта буда, бо назардошти афзоиши истехсоли ашёи хом, аз чумла мевагихо ва сабзавот ва мавчудияти иктидорхои истехсоли нокифоя арзёби мегардад.

Зеро тибки маълумоти омори хануз бозори истеъмолии кишвар кисман аз махсулоти консервашудаи воридоти таъмин мегардад.

Бояд кайд кард, ки аз шумораи умумии корхонахои  консервабарори 14 адади онхо хачми истехсоли махсулотро кохиш дода, 1 адад корхона дар давраи хисоботи тамоман махсулот истехсол накардаанд.

Яке аз сабабхои асосии кохишёбии хачми истехсоли махсулот дар корхонахои консервабарори ва фаъолият надоштани онхо  ин пеш аз хама фарсудашавии тачхизотхои истехсолии корхонахо мебошад.

Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияхои навро зарур аст якчо бо макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоятхо ва шахру нохияхо барои зиёд намудани хачми истехсоли консервахои меваю сабзавот ва азнавтачхизонии корхонахои соха тадбирхо андешанд.

Дар нух мохи соли чори дар чумхури аз чониби корхонахои коркарди меваи хушк 2108,1 тонна махсулот истехсол карда шудааст, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 21,5 фоиз зиёд аст.

Бояд кайд намуд, ки хушк кардани мева ва дар корхонахо коркард кардани он имконият медихад, ки сифати махсулот баланд бардошта шуда, дар бозори хорича бо нархи гаронтар ба фуруш бароварда шавад, хамзамон дар минтакахои кишвар чойхои нави кори таъсис дода шаванд.

Дар самти мазкур имконияти васеъ аз лихози таъмини ашёи хом мавчуд буда, барои якчанд маротиба зиёд намудани хачми истехсоли меваи хушк шароити мусоид фарохам мебошад.

Аз ин ру, макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоятхо ва шахру нохияхоро зарур аст, ки чихати таъсиси корхонахои коркарди меваи хушк тадбирхо андешида, барои омузонидани ахоли аз тарзу усулхои хушконидани мева чорахо амали намоянд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …