Главная / Гуногун / Салохияти Президент аз кадом иборат аст?

Салохияти Президент аз кадом иборат аст?

Президент хамчун шахси олии мансабдори давлати салохияти зиёде дорад ва салохияти у аз мавкеи конститутсионии вай дар низоми тачзияи хокимияти давлати бармеояд. Салохияти Президент инчунин аз мундаричаи савганди у бармеояд, чунки дар матни савганд мавкеи Президент хамчун сарвари давлат ва хокимияти ичроия ба таври мачмуи муаяйн шудааст.

Салохияти Президент асосан дар моддаи 69-уми Конститутсия ва баъзе санадхои меъёрии хукуки мукаррар шудааст, ки шартан ба чунин сохахо чудо мешавад:

  1. Намояндагии Точикистон дар дохил ва хоричи кишвар. Президент Точикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатхои байналмилали намояндаги мекунад. Оид ба намояндагии Президент дар дохили кишвар бояд кайд кард, ки ба Точикистон мунтазам мехмонони хоричи меоянд. Аз руи макомашон онхоро аввал Президент пазирои мекунад, сухбатхо мегузаронад ва шартномахо мебандад.

Дар муносибатхои байналмилалии Точикистон бо дигар мамлакатхо Президент равобити ичтимо ию иктисоди ва фархангиро ба рох мемонад. У на факат дар муносибат бо дигар давлатхо, балки бо ташкилоту созмонхои байналмилали низ Точикистонро намояндаги мекунад. Президент ба татбики самтхои асосии сиёсати хоричии Точикистон рохбари менамояд, ба карордоду созишномахои байналмилали имзо мегузорад ва онхоро ба тасдики Мачлиси намояндагон пешниход менамояд. Гайр аз ин, сарони намояндагихои дипломатиро дар давлатхои хоричи ва намояндагони Чумхурии Точикистонро дар ташкилоту муассисахои байналмилали таъин ва озод мекунад, эътимодномахои сарони намояндагихои дипломатии давлатхои хоричиро шахсан кабул мекунад.

  1. Таъсис ва бархам додани макомоти давлати, таъин ва озод кардани шахсони мансабдори давлати.

Дар ин самт ба Президент ваколатхои зиёд дода шудааст. У вазоратхо ва кумитахои давлатиро таъсис ва бархам дода, дастгохи ичроияи худро таъсис медихад.

Президент Сарвазир ва дигар аъзои Хукумат, муовинони Сарвазирро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда, фармонро дар ин хусус ба тасдики чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход мекунад. Раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо ва нохияхоро таъин ва озод мекунад ва ба тасдики мачлиси дахлдори вакилони халк пешниход менамояд.

Президент номзадии раис, муовинон ва судяхои Суди конститутсиони, Суди Оли ва Суди Олии иктисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Мачлиси миллии Мачлиси Оли пешниход менамояд. Бо ризоияти Мачлиси миллии Мачлиси Оли Прокурори генерали ва муовинони уро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. Бо пешниходи Шурои адлия судяхои Суди харби, судхои ВМКБ, вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо ва нохияхоро таъин ва озод менамояд.

  1. Имзо гузоштан ба конунхо, боздоштан ва бекор кардани санадхои макомоти давлати.

Ваколати ба конунхо имзо гузоштани Президент бо принсипи боздорию мувозинати рукнхои гуногуни хокимияти давлати алокаманд буда, хамкории Президентро бо Мачлиси Оли дар сохаи конунгузори таъмин мекунад. Президент санадхои макомоти идораи давлатиро хангоми мухолифати онхо бо Конститутсия ва дигар конунхо бекор мекунад ва ё бозмедорад.

Масалан, мувофики моддаи 27 Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи Хукумати Чумхурии Точикистон» карору фармоишхои Хукумати Точикистон дар сурати ба Конститутсия ва конунхо мувофик набудани онхо аз тарафи Президент бекор карда мешавад ё амали онхо боздошта мешавад. Мувофики моддаи 10 – уми Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи хокимияти давлати дар махалхо» Президент дар холатхои нишондодашуда метавонад санадхои мачлисхои махаллии вакилони халк ва раисони хукуматхои махаллиро бекор намояд.

  1. Харчи сармояи захирави ва муайян намудани низоми пул. Президент ба сармояи захиравии Точикистон масъул буда, харочоти максадноки онро назорат мекунад. Дар хусуси чори кардани низоми пули нав ё ба он даровардани тагйирот ба палатахои Мачлиси Оли маълумот медихад.

5.Масъалахои харби ва таъмини амнияти давлати. Президент мувофики вазифаи худ Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон буда, фармондехони кушунхои харбиро таъин ва озод мекунад. Барои халли масъалахои таъмини амнияти давлат Шурои амниятро таъсис медихад ва ба он рохбари менамояд. Хангоми тахдиди хатари вокеи ба амнияти давлат холати чанг эълон намуда, фармонро ба тасдики Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон пешниход мекунад. Дар саросари давлат ва ё дар минтакахои чудогонаи он вазъияти фавкулодда эълон намуда, фармонро дар ин хусус фавран ба тасдики Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон, инчунин ба Созмони Милали Муттахид ирсол менамояд. Барои хизматхои шоиста шахсони масъулро ба унвонхои олии харби сарфароз мегардонад.

6.Халли масъалахои додани панохгохи сиёси, додани шахрванди ва бахшиши чазо. Президент хак дорад, ки масъалаи шахрвандиро хал намояд, яъне шахсони алохидаро ба шахрвандии Точикистон кабул намояд, шахрванди фахрии чумхури эълон кунад, инчунин аз шахрвандии Точикистон махрум гардонад.

Халли масъалахои бахшиши чазо низ дар салохияти Президент аст. У бо фармони худ ба шахрвандони хоричие, ки гирифтори вайронкунии хукуки инсон гаштаанд, панохгохи сиёси дода метавонад. Ин ваколати Президент аз санадхои умумиэътирофшудаи байналмилали бармеояд.

  1. Мукофотонидани шахвандон. Президент мувофики Конститутсия ва конунхои Точикистон шахрвандонро бо чоизахои давлати, нишонхо ва унвонхои ифтихории Точикистон сарфароз мегардонад.

Президент тибки моддаи 58-уми Конститутсия хукуки ташаббуси конунгузори дорад. Хукуки ташаббуси конунгузори доштан маънои онро дорад, ки Президент дар тайёр намудани лоихаи конунхо иштирок мекунад ва он лоихахоро ба Мачлиси намояндагон пешниход мекунад. Мувофики моддаи 70 дар бораи

вазъи мамлакат ба Мачлиси Оли маълумот медихад ва масъалахои мухимро ба мухокимаи Мачлиси Оли пешниход менамояд.

Бояд кайд кард, ки ваколатхои номбаршуда хамаи хукукхои Президентро дар бар намегиранд. Дар конунхои Точикистон боз ваколатхои дигари Президент пешбини шудаанд, ки аз вазъи конститутсионии у бармеоянд. Масалан, мувофики Конуни ЧТ аз 4-уми ноябри соли 1995 «Дар хусуси дохил кардани тагйироту иловахо ба Конуни ЧТ «Дар бораи амният» аз 28 декабри соли 1993» Президент кафили Конститутсия, конунхо, хукуку озодихои инсону шахрванд, истиклолияти милли, ягонаги ва тамомияти арзи, пойдории давлат, фаъолияти мутобикгардида ва хамкории макомоти хокимияти давлати, риоя гардидани карордодхои байналмилалии ЧТ мебошад.

Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон Мувофики банди 10 моддаи 69 – уми Конститутсия Президент Дастгохи ичроияи худро таъсис медихад.

Асоси хукукии фаъолияти Дастгохи ичроияи Президентро Низомномаи махсус ташкил додааст. Дастгохи ичроияи Президент ба Хукумати ЧТ низ дахл дорад, зеро Президент дар як вакт Раиси Хукумати Чумхурии Точикистон низ мебошад.

Рохбарияти Дастгохи ичроияи Президент дар хосту пешниходхоро оид ба накшаи кори чамъбаст ва мувофика намуда, онро ба тасдики Хукумат пешниход мекунад. Мувофики Низомнома Дастгохи ичроияи Президент масъалахоро ба воситаи Раёсати Хукумат ба баррасии мачлиси Хукумат пешниход мекунад.

Шуъбаи дахлдори Дастгохи ичроияи Президент ба лоихаи карорхои Хукумат, ки ба мухокимаи Хукумат пешниход мешаванд, маълумотнома тайёр мекунад, ки дар он сабабхои тахия шудани лоиха, доираи масъалахо, бо кадом вазорату идорахо ва ташкилоту муассисахо мувофика шудани он зикр карда мешаванд. Лоихаи карорхои Хукумат бо хама шуъбахои дахлдори Дастгохи ичроияи Президент мувофика карда мешаванд.

Дар мачлиси Хукумати ЧТ рохбари Дастгохи ичроияи Президент ва муовинони у, мудирони шуъбахои он иштирок менамоянд. Карорхои Хукумат дар «Мачмуи карорхои Президент ва Хукумати ЧТ» нашр карда мешаванд.

Cанадхои Президент ва масъалахои таъминоту химояи у Мувофики моддаи 70-уми Конститутсия Президент дар доираи салохияти худ фармон ва амр медихад. Ин санадхои Президент дар тамоми каламрави Точикистон эътибори хатми доранд. Дар асоси бандхои 3 ва 5 моддаи 55 ва банди 10 моддаи 57-уми Конститутсия як кисми фармонхои Президент ба тасдики Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон пешниход карда мешаванд.

Фармони Президент санади зерконуни буда, бояд бо Конститутсия ва конунхои Чумхурии Точикистон мувофикат дошта бошад. Дар асоси банди якуми кисми сеюми моддаи 89-уми Конститутсия мувофикат доштани санадхои хукукии Президентро ба Конститутсия Суди конститутсиони муайян менамояд.

Карор ва хулосаи Суди конститутсиони дар хусуси бо Конуни асоси мувофик набудани санади Президент амали онро бозмедорад ё бекор мекунад.

Дар низоми конунгузории ЧТ фармонхои хусусияти меъёрии хукуки доштаи Президент кувваи хеле баланди хукуки доранд. Фармону амрхои Президент барои Хукумати Точикистон ва хукуматхои махалли хатми буда, таъмини ичрои катъии онхо вазифаи хокимияти ичроия мебошад. Дар ин хусус хам дар Конститутсия, хам дар Конун «Дар бораи Хукумати ЧТ», Конун «Дар бораи хокимияти давлати дар махалхо» ва баъзе санадхои дигар меъёрхои хукуки мавчуданд.

Президент шахси олии мансабдори давлати буда, барои ичрои ваколатхояш ба таъминоти махсус ва чорахои махсуси химоя эхтиёч дорад. Хамаи ин масъалахо, яъне масъалахои дахлнопазири, вакт ва музди кор, таъминот бо манзил, наклиёт, муоличаи тибби ва санатори, нафака, амнияти шахси ва ахли оила дар Конуни ЧТ аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи таъминот, хизматрасони ва мухофизати Президенти Чумхурии Точикистон» пешбини шудаанд.

Хаёт, саломати ва шаъну шарафи Президент тахти химояи конун карор дорад. Шахсоне, ки ба хаёт, саломати, озоди ва шаъну шарафи Президент суикасд мекунанд, ба чавобгарии маъмури, шахрванди ва чинои кашида мешаванд.

Дар ин конун давомнокии умумии вакти кор, муддати рухсатии мехнатии харсола ва музди кори Президент муайян шудааст.

Президент хангоми ичрои ваколатхои худ бо бинои истикомати ва бустонсарои давлати таъмин шуда, баъди хатми мухлати ичрои вазифа онхо ба Хукумати ЧТ баргардонида мешаванд. Собик Президент бо бинои истикоматии бепули коммунали таъмин карда мешавад.

Президенти Чумхурии Точикистон хангоми ичрои ваколатхояш бо наклиёти автомобили, тайёра, чархбол ва дигар намудхои наклиёт таъмин карда мешавад ва аъзои оилаи у низ хукуки бепул истифода бурданро аз тамоми намудхои наклиёт доранд. Собик Президент умрбод бо наклиёти шахси таъмин карда мешавад.

Президент ба таъминоти бепули тибби ва муоличаи харсолаи санаторию курорти низ хукук дорад. У дар давраи ваколати худ ва баъди як соли анчоми он бо сугуртаи махсуси хатмии давлати фаро гирифта мешавад.

Президент сарфи назар аз синну сол хангоми ба охир расидани мухлати ваколаташ ба таъмини нафака хукук дорад, ки онро Мачлиси милли мукаррар мекунад.

Амнияти Президентро мухофизони шахси бо воситахои махсуси алока, наклиёт, таъминоти маишию тибби, нигахдории тартиботи чамъияти ва гузаронидани чорабинихои махсуси химояви дар касри Президент ва хангоми сафархояш ба амал мебароранд. Ба Президент ва аъзои оилааш кормандони макомоти амният хизмат мерасонанд. Амнияти сарвари давлат дар чои истикомати у низ таъмин карда мешавад. Пас аз анчоми мухлати ваколат Президент ва хамсари у бо мухофизати якумра таъмин карда мешаванд.

Маблаггузории тадбирхо вобаста ба таъминот, хизматрасони ва мухофизати Президент ва дигар харочот барои максадхои намояндаги дар дохили кишвар ва сафархо ба кишвархои хоричи мутобики меъёрхои кабулгардидаи байналхалки аз хисоби бучети давлати сурат мегирад.

Саволхо:

  1. Сабабхои таъсиси мансаби Президенти Чумхурии Точикистон кадомхоянд?
  2. Бори аввал дар кадом санади хукуки оид ба таъсиси мансаби Президент акида баён шудааст? 3. Аввалин Президенти Чумхурии Точикистон кай ва бо кадом рох таъин ё интихоб шудааст? 4.Давраи аввал ва дуюми ислохоти конститутсиониро дар кишвар чудо намоед.
  3. Раъйпурсии охирин оид ба даровардани тагйиру иловахо ба Конститутсия кай сурат гирифт ва максади гузаронидани он аз чи иборат буд?
  4. Матни савганди Президентро ба фахмиши худатон шарх дихед. 7. Салохияти Президент дар кадом моддаи Конститутсия зикр шудааст.
  5. Ваколатхои Президент дар муносибатхои байналмилали аз ичрои кадом кору амалхо иборат аст?
  6. Хукуки ташаббуси конунгузории Президент чи маъни дорад? 11.Дастгохи ичроияи Президент чи гуна фаъолиятро анчом медихад?
  7. Санадхои Президент кадомхоянд? 13. Масъалахои таъминоту

химояи Президент дар кадом конун пешбини шудаанд? 14. Ба фикри шумо, чаро ба Президент дар масъалаи химоя ва таъминоти гуногун имтиёзхои зиёд дода шудааст? 15. Рамзхои Президенти Чумхурии Точикистон кадомхоянд?

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …