Главная / Чамъият / Шахзода – сарояндаи маъруфи Узбекистон

Шахзода – сарояндаи маъруфи Узбекистон

Шахзода – ин зебосанамро на танхо дар зодгохаш-Узбекистон, балки дар кишвархои хамсоя, аз чумла дар Точикистони мо низ хурду калон хамчун Шахзода хуб мешиносанд. Дар асл номи ин паричехраи машхур Зулола буда, 28-уми июли соли 1979 дар Фаргона ба дунё омадааст. Падараш Баходур Мусоев, доктори илмхои фалсафа, модараш Миритха Мусоева бошад, муаллимаи забон ва адабиёти рус аст. Баходур Мусоев рисолаи докториашро дар шахри Маскав химоя намуда, бахри фатхи куллахои илм муддати 7-сол хамрохи ахли оилааш дар пойтахти Русия кору зиндаги кардааст. Азбакси Зулолаи хурдакак раксидан ва сурудхониро дуст медошт, волидони зиёияш уро ба яке аз мактабхои мусикии шахри Маскав доданд, вале… 

shahzoda

Булбулаки хушилхом

Пас аз бозгашт ба Ватан Зулола ба гимназия дохил шуда, онро бо медали тилло хатм кард. Бо машварати волидонаш ин паричехраи донишманд ба шахри Киев сафар кард, то тахсилашро дар яке аз бонуфузтарин муассисахои олии ин шахри кадими-Донишгохи давлатии байналхалкии Киев идома дихад. Азбаски дониши хуб дошт, бе ягон мушкили тавонист ба ин донишгохи машхур дохил шавад, вале мехри санъат хамоно дар дилаш аланга зада, Зулоларо хатто як лахза ором намегузошт. Духтарак дар паси курсии донишчуи нишаста, гуш ба садои устодон медод, вале мурги хаёлаш баъзан беихтиёр ба олами дигар парвоз карда, худро дар сахнаи хунар ру ба руи хазорон-хазор мухлисон медид…

«Жоним»-рох ба суйи муваффакият

Зулола хануз замони дар гимназия тахсил карданаш бо Натэлла ошнои дошт. Ин дустони карин харду ошики суруду мусики буданд ва бо маслихати хамдигар карор доданд, ки як ансамбли хурди хунари ташкил намоянд. Хамин тавр гурухи овозадори «Жоним» тавлид ёфт. Аз байн як мох нагузашта, Зулола суруди аввалини худро пешкаши дустдорони суруду мусики гардонд. Таронахои нахустини Зулола мухлисони зиёде пайдо карда, аз он гувохи медоданд, ки ин зебосанамро ояндаи дурахшоне дар пеш аст…

Соли 2000-ум онхо тасмим гирифтанд, ки фаъолияти инфиродиро ба рох монанд. Зулола бо «Тарона рекордс» шартнома баста, ба худ тахаллуси Шахзодаро гирифт. Ин тахаллус барояш тумори шухрат гашта, дар фаъолияти минбаъдаи эчодии ин бонуи хунарманд накши калидиро бозид. Комати баланду мавзун, чехраи зебою дилкаш ва садои махмалину дилнавозаш Шахзодаро дар як муддати кутох на танхо дар сар то сари Узбекистон, балки дар тамоми кишвархои пасошурави ва хатто Кафкоз машхур гардонд. Акнун Шахзодаро дар тамоми кишвархои собик Шурави хурду калон хуб мешинохтанд ва таронахои маргубашро ба шуру шавки зиёд гуш мекарданд…Байни замину осмон

Шахзода бо фатх кардани куллаи шухрат дар давлатхои Осиёи Миёна каноат накарда, бахри ба даст овардани дили шунавандагони русзабон камари химмат баст. Иродаи кави ва мехнатдустии ин хонуми булбуловози узбек боис гашт, ки ба зуди дар дили хазорон-хазор  дустдорони суруду мусики дар саросари Русияи бузург чой бигирад. Ногуфта намонад, ки дар ин чода дуэти «Между небом и землёй» барои Шахзода калиди бахт гашта, ба у шухрати беандоза овард. Шахзода ин таронахо хамрохи DJ Smash суруда буд. Махсули хунари ин ду хунарманди асил ба зуди ХИТ гашта, муддати зиёд дар катори дахгонаи бехтарин сурудхои Муз –ТВ карор дошт.


C

Тимати ба Шахзода ошик буд ё…?

Шахзода бо рэпсарои машхур Тимати ремиксе эчод кард, ки дар олами хунар инкилоб гашт. Баъди ин суруд миш-мишхо пайдо шуданд, ки гуё Тимати ва Шахзода мисли Лайлию Мачнун ошики зори хамдигар хастанд, вале дар асл ин овозахо ягон асос надоштанд. Шахзода бо Тимати танхо муносибати эчоди дошт. Ин зебосанам на танхо бо Тимати, балки бо дигар хунармандон низ дуэт сурудааст. Таронахои дар хамовози бо Улугбек ва диджейи фаронсави  Шон Бей сурудаи Шахзода мухлисони зиёде доранд. Бояд гуфт, ки дар Русия дар катори таронахои русию англисиаш сурудхои бо забони узбеки хондаи Шахзодаро низ гуш мекунанд ва дуст медоранд. Чавонону духтарони рус бо камоли майл дар хавои сурудхои узбекии Шахзодаи нозанин мераксанд…

Райхон шавхари Шахзодаро дуздид?

Шахзода ва сароянда машхури узбек Райхон ба хамдигар мисли як себи дукафон монанданд. Ин ду бонуи чавону боистеъдод дар баробари шахобати зохириашон солхо инчониб дусти доранд. Чанде кабл дар байни мухлисони Шахзода овозае пахн гашт, ки гуё дугонаи наздикаш Райхон дили шавхари Шахзодаро бо нозу ишва рабуда, оилаи уро вайрон кардааст. Шахзода ин овозахоро рад карда мегуяд, ки вай ба Райхон бештар аз худаш бовари дорад ва чизе наметавонад бинои дустии онхоро вайрон созад.

Шахзода-ситораи синамо

Шахзода дар баробари сарояндаи муваффак буданаш хунарпешаи хуби синамо низ хаст. Хануз соли 2000 –ум, замоне, ки дар гурухи «Жоним» сарояндаги мекард, ин паричехра дар сериали узбекии  «Фотима ва Зухро» накши асосиро бозида, мухлисони синаморо ба гиря оварда буд. Ин филм на танхо дар кишвархои Осиёи Миёна, балки берун аз худуди собик шурави низ машхур гашта, хунарманди асил будани Шахзодаро исбот кард.

Пас аз «Фотима ва Зухро» Шахзода дар чандин филмхои дигар, аз чумла дар «Севинч», «Сарвиноз», «Зумрат ва Киммат» накшхои марказиро бозида, хамчун актрисаи бомахорат ном баровард…

Зани раис

Айни замон Шахзода 37- сола ва хамсари директори «Тарона рекордс» Равшан Юлдошев мебошад. Ин зебосанам дар зиндагии оилави хушбахт ва модари ду шохписар аст. Писари калониаш Солех аз шавхари аввалаш, писари дуюмаш Халид бошад, аз шавхари хозирааш Равшан Юлдошев мебошад. Шавхараш марди халиму мехрубон буда, хамеша уро дастгири менамояд, вале барои Шахзода чун хар зани дигари шарки оила дар чойи аввал меистад. Вай бештари вакташро ба тарбияи фарзандонаш мебахшад.

Гули киматбахо

Бояд зикр кард, ки дар Точикистон низ Шахзода хаводорони зиёде дорад. Санаи 18 –уми августи соли 2017 Шахзода бо барномаи консертиаш дар шахри Душанбе мехмон шуда буд. Сафари ин бонуи машхури узбекро ба Точикистон Royal Club ташкил кард. Барномаи консертии Шахзода аз соати 10-и шаб то 5- субх идома ёфта, нархи даромад ба клуби мазкур 150 сомони (17доллар) буд. Курсихои катори пеш барои 8 нафар 2000 сомони (227 доллар), нармкурсихои каме дуртар карор дошта 1700 сомони ва миз барои 4 нафар 500 сомони нархгузори шуда буданд. Ана хамин хел гули киматбахо аст Шахзода!

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …