Главная / Илм / Сагпистон

Сагпистон

sagpiston_papaya-2-620x330Сагпистон (Папая ба забони русси)ин самари дарахтест ду навъ мебошад: яке калон ба андозаи олу ва дар дарунаш тухми зичи луобнок дорад, тухмаш аз гушти самараш чудо мебошад: навъи дувумаш аз он майдатар аст, тухмхояш ба гушти мевааш часпидаги, вале луоби ин камтар аст, аммо ширинтар аз навъи калон-калони он. Самархои хар ду навъ хам дар хуша мебошанд. Дар вакти пухта расидан зард ва баъд аз хушк шудан сиёхранг мегарданд. Бехтаринаш расида ва навъи сергушти он аст. Дарахташ дар бузурги то ба ду комати одам ва зиёда аз он хам мехезад. Ранги танаи он сафед, шоххояш сабз, баргаш гирдак ва андак шахшул аст.

Мизочаш дар гарму сарди муътадил, вале дар дарачаи якум тар аст. Хислатхои шифобахши он: самарии онро дар дахан нигох дошта, обашро фуру баранд ё як шабонаруз дар об тар карда, он обро бинушанд ва ё дар об чушонида, он обро биёшоманд, узвхои даруни сина ва халкро му-лоим мекунад, инчунин варамхои ин узвхоро тахлил медихад; дагалии овозро ислох медихад, сурфаи гарми хушкро шифо мебахшад ва гирифтагии овозро мекушояд; шиддат ва тезии баланди сафро ва ташнагиро сокин мекунад; сузиши пешобро, ки сабабаш тезии сафро бошад, ба ибро меоварад, кирмхои меъдаро ихроч мекунад, исхоли одамони гарммизочро мебандад, моддахои савдо ва балгами шурро дафь менамояд; хислати давохои исхоловар, табхои гарми сафрови ва хуниро, яъне табхоеро, ки аз зиёд гаштан ва чушонидани моддахои сафро ва хун ходис шуда бошанд -хамаашро ба ибро меоварад. Агар аз нушидани шароби тез ё аз давохои тезтаъм рудахо харошида шуда бошанд, шифо мебахшад.

sagpiston_papaya-300x226Гизо аз хурдани сагпистон кам хосил мешавад, дар узвхои бадан рутубатхои балгами пайдо мекунад ва он чи дар рудахо бошанд, лагжонида фуруд меоварад. Агар сагпистонро дар об чушонда, бо он оби нимгарм хукна кунанд, сатхи даруни рудахоро мешуяд.

Сагпистонро дар душоб пухта гузошта банданд, пучакхоро мекафонад. Микдори як бор хурдан аз сагпистон дар як руз аз 40 дона то 45 грамм аст. Вале истеъмоли сагпистон ба дарун меъдаро заиф мегардонад ва ба чигар хам зарар дорад. Агар ба одамони сардмизоч зиён кунад, барги гули сурх ва ба одамони дорои мизочи дигар зарар кунад, челон бихуранд, ислохи зарар менамояд.    г:?;

Ба чойи сагпистон растании гулихайриро истифода баранд, раво мебошад. Чун 4-5 адад барги навбаромадаи онро реза карда, шаб дар об тар намуда, субх молида ва он обро соф карда бинушанд, барои бечо ва беихтиёр равон шудани мани, захми сурохи закар, ки сузок низ меноманд, даво мешавад. Пусти хушки дарахти онро сухта бипошанд, дарди сухтагии оташро таскин медихад ва захмашро низ шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …