Главная / Гуногун / Саги нафс

Саги нафс

Он руз рузе буд хеле гарму дам.

Яке аз бозорхои пойтахт чун хонаи мурчагон мечушид.

Гавгою гулгула…

Шуру магал…

Кудаке: “Оча-е!” – гуён, мегирист…

Зани фарбехе кир-кир механдид….

Зани хароби сип-сиёх ким-киро дуои бад мекард…

Кампире: “Аллоху акбар!” – гуён, садака металабид…

Марди дагале дашномхои болохонадор медод…

Дигаре бо тамоми овоз дод мезад: “Спиралда биё, бача! Российский! Гарантияш катх! Спирал не, чони ширин!”

Ба галогулаю магали якранги бозор боз садои магнитафони фитафуруш омехта мегардид.

Ба назди фитафуруш чавони жулидамуи жандапуше омад. Устухонхои руи логараш дамида баромада, чашмони фурурафтаи тезаш шарора мепошиданд. Сару руяш аракшор буд.

– Бачаи оча, чи хели? Букахо гамат намедиханд? Не? Гам диханд, гап зан, онаи зорашона нишон медихам. Фахмиди? Ку, як шухаша мон.

Фитафуруш бо табассуми малех фитаро иваз кард. Суруд ба чавон писанд нашуд.

– Не, нашуд, – абру бар хам кашид у. – Ана, ин хел бошад: лака-лака-тум-там! Лака-лака-тум-там!

– Фахмидам, фахмидам! – хурсандона нидо намуд фитафуруш ва дигар фитаро монд.

Инаш ба чавон маъкул шуд. Ва у:

– Эхе-ихй! – гуён ба майдон баромад. – Базм кун!

Ду дасташро баланд бардошту лахзае таваккуф кард. Баъд :

– Ха… ха… ха!.. – хандид.

Сони мисли парранда бол афшонда, шуруъ кард ба раксидан.

– Биракс чура, биракс!

Дар як он бекорхучахои бисёре “худо дод!” – гуён, гирди у чамъ омаданд.

– Маст шав, бача!

Чавон аз ин “илхом” гирифта, суръати раксашро тез кард. Акнун у бочавлону бехудона мечархид. Издихом ба завк омад. Нафарони вайро “шерак” карда кафкубон ба таври худ лаззат мебурданд. Иддае аз чавонон кию чув хуштаккаши мекарданд.

“Базм” торафт метафсид.

Яке каф мезад ва хамвора такрор мекард:

– Ба чонам зани, биракс!

– Сагираи бало, – гуфт марди зардинае. – Худаша ба девонаги задай.

Оханги гапи у ба амаки Амир, марди миёнсоли муи сараш бармахал сафешуда, ки дар бари у меистод, нафорид. Аммо вай нахост, ки асабоният ва газаби худро нишон дихад, як охи сарде кашида, гуфт:

– Балои чи, бечора аст, бечора.

Марди зардина кунчковона ба у дида духт. Баъд пурсид:

– Шумо уро мешиносед?

– Ха, – гуфт у, ки чехраашро гаму андух фаро гирифта буд ва лахзае ба хаёл рафт. Нафасе пас илова намуд:

– Вай девона аст.

Марди зардина хайрон-хайрон ба суи чавон нигарист.

– Афсус, – гуфт у, – афсус.

Амаки Амир харфе назад. Вай боз илова кард:

– Чи чора, аз такдир чои гурез нест.

Руи амаки Амир пурчин гашт, нигохаш хира гардид. Ва бо овози махзун гуфт:

– Не, айби саги нафс.

Ин гап хисси кунчковии марди зардинаро бедор кард. Вале амаки Амир охи сарде кашида, чизе нагуфт. Баъд боз ба гап даромад:

– Агар бобояш саги нафсро мекушт, ин бечора девона ба дунё намеомад. Вакте ки кас молу сарватро аз хама чиз азиз медонад, ана хамин хел фочиа рух медихад.

Чавонмарде, ки дар пахлуи вай буд, ба гап хамрох шуд.

– Дуруст гуфтед, амак, – гуфт у. – Нафси бад чашми хирадро кур мекунад. Охир, бехуда: “Нафси бад – балои чон!” нагуфтаанд.

– Хуш, ин чи хел шуд? – марок зохир кард марди зардина.

– Чи хел шуд? – гашта пурсид амаки Амир ва пас аз каме сукут лаб ба сухан кушод: – Модари хамин чавон Махчабин толибаи ман буд.

 

2

 

Махчабин духтари зебо, дилкушоду нексиришт, аъло мехонд. Орзу дошт, ки муаллима шавад. Синфи хаштро аъло тамом кард. Соли нави тахсил огоз ёфт. Аммо амаки Амир уро паси парта надид. Хавотир шуда, ба хонаашон рафт. Падари Махчабин уро бо як олам суруру хушбахти истикбол намуд. Баъд:

– Бахти шогирдат хандид! – гуён мужда расонд.

Амаки Амир хайрон шуд ва бесаброна пурсид:

– Чи хел?

– Уро ба писари акоям фотиха кардем, – мамнунона гуфт Доро. – Пас аз як хафта туй. Насиб бошад, туй мехуред!

Аз шунидани ин хабар амаки Амир хеле гамгин шуд. Бо хавоси парешон ба у нигариста, гуфт:

– Охир, холо у ёш, мон, ки хонад…

– Э, духтара чиву хонданаш чи! – сухани уро бурид Доро.

– Шуй гурехта намеравад…

– Э, не, баъд дер мешавад, – эътироз кард Доро. – Ин хел домоди сарватманд як бор насиби кас мешавад.

– Ха-а, Доро орзуи дорои дорад гуй?!

– Пичинг накун… Фахмиди – пичин накун, – дагалона гуфт Доро.

Амаки Амир ох кашид, лахзае хомуш монд ва баъд ба Доро ривоятеро накл кард:

«Шайхе дар минбар вазъ мегуфт. Дар хамин асно шахсе пайдо шуд, ки сару по сияхпуш буд. Сагеро ба китфи худ бардошта мегашт. Шайх минбари мачлисро тарк намуду ба назди шахси сияхпуш омад ва уро хеле мехрубони намуд. Уро ба минбар хонда, наздаш таъом гузошт. Шахси сияхпуш худаш таъомро нахурда, ба саг дод. Хамин ки озими рафтан шуд, шайх то баромадгох бо таъзим гуселаш намуд. Вакте ки ба минбар баргашт, шогирдонаш бо хайрат пурсиданд:

– Эй шайх. Ин чи коре буд, ки шумо ба ин сагпараст зохир намудед?

Шайх гуфт:

– Уро мешиносед?

Гуфтанд:

– На.

Шайх гуфт:

– Ин мард Мансури Халлоч аст. Саге, ки дунболаш мегардад, нафси уст. Вой бар холи мо, ки дунболи нафс мегардем».

Доро кох-кох хандид. Гуё ривоят нею латифа шунида бошад.

– Медони Доро, никохи хешутабори мумкин нест…

– Таго мумкин не, – боз сухани уро бурид Доро. – Ин амакаш-ку.

– Амак хам хеши наздик, хамхун, барои саломатии фарзандонашон бенихоят хавфнок.

– Биё, мон, дуруг хам ба эбаш, – руй турш карда, гуфт Доро. – Ин гапи ту на дар дег меистад, на дар кафлес. Хамааш сафсата!

– Ё тавба! – гиребон гирифт амаки Амир. – Шумо то чи андоза нобоваред. Охир, инро илми тиб исбот кардааст.

– Номаъкул кардааст илми тибат!

Чанд лахза хомуш монданд.

Амаки Амир як сурфида, акнун лаб ба насихат кушодани буд, ки Доро дагалона суханашро бурид:

– Ман ба насихати ту мухточ нестам!

– Доро…

– Чи, Доро? Чи-и?!

– Охир…

– Чи, охир?! Чи охир?”

– … «чомаи бомаслихат кутох намеояд” гуфтаанд.

Доро хезуми хушк барин якбора оташ гирифт.

– Эъ, ту барин насихатгархо зиёд шуданду дунё вайрон шуд!

Кисмати Махчабин амаки Амирро ором намегузошт. Тамоми руз фикр кард. Сараш дард мекарду фикраш ба чое намерасид. Шаб хам хобаш набурд. Дар кайди изтироб, дилаш карор надошт. Норохатона аз ин китф ба он китф мегашт. Дами субх ганабаш бурд. Ва хоб дид: Махчабин лаби чарие меистод ва аз муаллим ёри металабид.

Рузи дигар у боз ба хонаи Доро рафт. Доро уро диду кавок андохт ва дагалона пурсид:

– Боз омади-а? Боз омади!

Аз чашмони у оташ меборид, берахм менамуд.

– То Махчабинро ба мактаб набарам, намемонам, – оромона гуфт амаки Амир.

– Наметавони! – гуфт Доро. – Лекин аз як тика ош махрум мешави.

– Хой, Доро! – газабашро бо азоб фуру бурд амаки Амир. – Аклатро ба чояш гузор. О, ту мефахми, ки чи кор карда истодаи?! Духтаратро бадбахт мегардони.

– Хой, гуфтам-ку! – хитоб кард Доро ва якбора шурид. – Чи коре, ки хохам, ба субут мерасонам. Ту бар хар ош катик нашав!

– Хамту?

– Ха, хамту!

– Гуш дор, – ба худ киёфаи чидди гирифта, гуфт амаки Амир. – Ман ин корро хамин тавр намемонам!

– Чи кор мекуни?! – истехзо зад Доро. – Аз дасти ту муаллим чи хам меояд?!

Амаки Амир, ки асаби шуда буд, беихтиёр бо овози аз меъёр баландтар овард суханашро:

– Худи хозир ба суд арз мекунам!

Доро бо як тамасхури кахролуд кох-кох хандид. Баъд ба амаки Амир нигариста:

– Дер карди, – гуфт, – хеле дер. Ман худам ба суд мурочиат намудам.

Ва у аз кисааш когазеро бароварда:

– Ана карораш, – гуён, ба амаки Амир дод..

Ба чунин ранг гирифтани кор амаки Амир сахт мутаассир гашта, лахзае сархисобашро наёфт. Баъд худро ба даст гирифта, хост лаб ба сухан кушояд, аммо Доро саросема суханашро бурид.

– Шуд, шуд! Хамааш фахмо! Хуш омади!

– Ман меравам, – гуфт амаки Амир ба у. – Лекин дониста мон, ки бахти духтаратро месузи.

– Бас! Рав! Дигар кадаматро ба даргохи ман намон!

Доро ба чигарбанди худ рахм накард. Молу сарват хушу аклашро рабуда буд. Ва Махчабин курбони саги нафс гардид.

Пас аз нух мох Махчабин духтар таваллуд кард. Ва боз пас аз нух мох ана хамин писар ба дунё омад. Баъд маълум гашт, ки духтараш хам шалу хам гунг, писараш бошад – девона. Хама уро тасалло медоданд, ки фарзандонаш сихат мешаванд, чахли кисмат мегузарад. Рузхо, моххо, солхо гузаштанд. На табиб монду на мулло, на сехргару на фолбин. Онхо шифо наёфтанд. Шавхараш уро “се талок” дода, аз хона ронд. Амакаш уро ба хонаашон овард:

– Гир духтари касалата!

Ин сухан ба мисли тег чигари додарашро пора кард.

– Шумо уро касал кардед!

– Не, у касал, девоназой!

Чои хайрат нест, ки “бегона ба бегона надорад коре”, “хеш аст, ки дар паи шикасти хеш аст!”

Акаву додар гуё, ки котили чони якдигар бошанд, даст ба гиребон шуданд. Якдигарро заданду куфтанд. Киёмате барпо карданд. Хамсояхо базур онхоро аз хам чудо намуданд. Пас аз ин душмани якдигар гаштанд. Сояи якдигарро аз девор метарошиданд.

Махчабин бошад, бо ду фарзанди мачрухаш танхо монд. Ва зор-зор мегирист модари синаафгор.

Пудинаи лаби об кардай реша,

Лаънат ба касе, ки ёр гира хеша,

Бегона хубай, ки мекунад андеша,

Гап мезана хеш хамчу тегу теша.

Захри котили гаму гусса ва аламу андух уро аз ин дунё рабуд. Ду фарзанди бадбахташ зору хайрон монданд.

Марди зардина аз хикояти амаки Амир мутаассир гашт, надонист, ки чи гуяд. Як охи сарде кашиду чашмонаш нам гирифт.

Девона ба одамоне, ки уро масхара мекарданд, ахамият намедод. Чанги заминро хезонда, мераксиду мераксид. Мондашавиро намедонист.

– Ина бин-а… Монда намешавад-е!

– Девона-да!

Ин дам чун балои осмони Букае пайдо гашт.

– Хой хар! Чанг накун! Ин чо харчо не!

Девона лахзае аз ракс бозистода, андухгин ба у назар афканду:

– Наход?! Пах, бар падарат рахмат-е! – гуён, аз нав ба ракс даромад.

Ин нописанди ба иззати нафси Бука сахт расид.

– Уё, лаънати! – гуён, аз банди дасташ дошт ва аз миёнаш туфангчаро баровард.

– Э, валлох мепаронад.

Аз тарс бадани амаки Амир мургак рафт.

Ин дам девона ба Бука гуфт:

– Ту ба ман чи кор дори?! Охир, ман на симу зар дораму на мансаб.

Хама мот шуда буданд. Касе ёрои суханеву амале надошт.

– Чи-и?! Хой, очагар! Ба ман чонат лозим!

Девона якбора девонавор дандонхои калонашро нишон дода, хандид. Ва ин дам афту андоми у дахшатзо гашт.

– Хо-о! Холо хам аз чон сер нашуди?!

Бука гуррид, ба мисли шер наъра кашид. Баъд бо туфангча ба бехи гардани девона фуровард. Девона ба замин афтод. Бука бо шатта беист ба бадани у мезад.

Марди миёнсоле охиста гуфт:

– Милиса чег задан даркор.

Дигаре эътирозомез гуфт:

– Лозим не, аз дусар намеоянд.

Марди миёнсол якравона гуфт:

– Э-ха! Ачаб одам будаи ту. Хамин хел истодан мегирем, ки кай ин бечораро кушта меравад.

– Эх-х Худо! – гуён, марди зардина бечорахол ба амаки Амир нигарист. – Охир, уро мекушад.

Амаки Амир гуё нав ба худ омада бошад, як ба марди зардина, як ба Бука нигарист. Баъд “харчи бодо бод!” – гуён, бо шитоб рафта, аз дасти Бука дошт.

– “Зурманди макун бар ахли замин, то дуое бар осмон наравад”.

Чашмони Бука аз косахонааш баромад. Тархи руяш бечо гашт. Хама гумон карданд, ки кори мардак тамом шуд: холо як тир аз пешони мехурад.

– Пеш аз ачалат мурдан мехохи?! – дод зад Бука.

Амаки Амир нахаросид. Уро сар надод.

– Сар те! – бо ситеза гуфт Бука. – Сари ин разилро аз танаш чудо мекунам!

– Сари у ба шумо чи лозим? – амаки Амир рост ба чашмони у нигарист.

– Як нонхур кам мешавад, – дахон инч карда, хандид Бука. – Насибааш ба ту мерасад.

– Насибааш ба худаш насиб кунад, – оромона гуфт амаки Амир. – Дар ин дунё хар кас ризки худашро мехурад. Ман хам, шумо хам, у хам. Хеч кас, хеч гох ризки дигареро хурда наметавонад.

– Хо-о?! – Бука ба руи амаки Амир нигарист. – Ту аз кучо медони?

– Охир, ин конуни табиат аст…

– Ман ба конуни табиатат кор надорам, – сухани уро бурид Бука. – Ман мардам, бояд кавламро ичро кунам.

– Охир, накардан аз кардан осонтар аст-ку? – амаки Амир боз рост ба чашмони Бука нигарист. – Саъдии бузург чавонмардиро чунин ташрех дода буд: “Марди на кувват асту шамшерзани, он аст, ки чавре, ки тавони, накуни”.

– Хо-о?!

– Хо, – гуфт амаки Амир. – Баъд вай ёри Худо аст…

– Чи – чи?! Ёри Худо аст? Хамин-а?!

– “Девона – ёри худост!” – мегуянд. Бо ёри Худо сар ба сар шудан хуб нест.

– Хо-о?! Вай девона аст?

– Хо, девона… девонаи модарзод, – бо андухи гарон чавоб дод амаки Амир.

Бука лахзае карахт гашт. Дакикае гузашт. Баъд бо хайрати ачиб ру ба амаки Амир овард:

– Хо-о?! Рост?!

– Ха, рост, – гуфт амаки Амир. – Ана, Худо шохид.

– Хо-о?!

– Тавонед, ду дахон сухани нарму гарм гуед, сарашро сила кунед, ба дасташ ягон сум бидихед.

Дар ин миён девонаи бадбахт аз чояш хест. Аз чаккахояш араки гардолуд мешорид.

– Эх-х! – Бука туфангчаашро ба чояш гузошта, ба амаки Амир нигарист:

– Хотири муи сафедат, – гуфт.

Баъд сари девонаро чанд бор сила намуд.

– Бубахш чура, – гуфту аз кисааш чанд сум бароварда, ба девона дароз кард.

Девона ру тофт, нагирифт.

– Гир, – оромона, вале бо оханги катъи гуфт амаки Амир.

Девона ба амаки Амир як нигох андохту охиста пулро гирифт.

– Акнун рав, аз ин чо, – гуфт амаки Амир.

Девона бо сари хам равон шуд. Бука боз ба амаки Амир ру овард:

– Хотири муи сафедат, – гуфту боз таппончаашро кашид. Дубора гуррид, ба мисли шер наъра кашид.

– Лаънатихо! – ба суи одамони чамъомада дод зад. – Дигар кор надоред?! Ин чо маймун дидед?! Дафъ шавед!

Хама чун хайкал шах шуданд.

– Дафъ шавед! – Бука ба хаво паи хам чанд тир холи кард.

Издихом пароканда шуд.

– Эх-х! – Бука туфангчаашро боз ба чояш гузошта, ба амаки Амир нигарист. Сипас:

– Хотири муи сафедат, – гуфту рафт.

Амаки Амир охи сабуке кашида, худ ба худ гуфт:

– Ох, чи хел гарм-а!

Вокеан хам, руз рузе буд нихоят гарм.

Ва саги берахму хапгири нафс дар бозор сайр дошт.

12 марти соли 2002

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …