Главная / Илм / Шафтолу

Шафтолу

shaftolu-660x330Шафтолу — ин самари маълум аст, ду навъ мебошад: 1. Пусташ нозук, рангоранг, сафед, сург, сабз, пашмакдор, ки пусташ ба осони чудо мегардад – инро  шафтолуи ширин меноманд. 2. Агар пусташ ба гушти он ва гушташ ба донаки он часпида бошад, онро шафтолуи корди мехонанд, бехтарини он ширин, бузург, шодоб ва нарм, ки гуё оби сахтгашта бошад – дар ин талхи ва тунчи махсус нагашта, бечирм ва хушбу мебошад. Хамаи дигар кисмхои дарахти ин талх аст: гул, барг, шилм ва тухми он. Мизочаш дар дарачаи дувум сард ва тар аст.

Хислатхои шифобахши он: самараи пухтагии шафтолуро бихуранд, дарунро мелоим мекунад, тугёни бухорхои гарм, хушк ва ташнагиро таскин медихад, фишори баланди хун ва галабаи моддаи сафроро паст мегардонад, майнаи гармро хунук месозад, мизочи баданро  агар аз сухтани савдо хушк шуда бошад, тар мегардонад, табхоеро, ки аз зиёд гаштани факат сафро бошанд, инчунин таберо, ки аз чушиши хун содир шудааст, шифо мебахшад; бадбуйии даханро дафъ мекунад, ба одамони гарммизоч куввати бох мебахшад, иштихоро мекушояд. Чун оби шафтолуи пухтагиро гирифта шаб бигузоранд, то дурдааш тахшин гардаду обаш соф шавад. Пагохи ба дили нахор 150 грамм аз оби софаш бо шакар ё бо шакари янток биёшоманд, моддаи сафроро бо исхол дафъ мекунад; инчунин ахлоти сухтаро хам аз бадан хорич мегардонад.

Меваи шафтолу ба одамони тармизоч ва асабхо зара дорад, дар меъда зуд бадбу мегардад, табхои дурударозро пайдо мекунад. Дар ин маврид асал ё мураббои занчабил бихуранд, ислохи зара менамояд.

Шафтолуи корди гаронтар ва дерхазм, хислати кабзиятноки дорад, боднок аст ва иллати кулинчро, ки дар два варами рудахои гафс мебошад, ба амал меоварад, хусусан хоми он дар ин бобат бадтар аст.

Шафтолуи талхро бардавом бихуранд, хеле дерхазм мешавад, кабзият меоварад, вале агар хазм ёбад, гизоияташ бисёр ва намегузорад, ки моддахои зарарнок ба меъда рехта шаванд. 50 грамм оби барги онро бинушанд ва гулашро бо шакар бардавом бихуранд, хамаи кирмхои меъдаро, хатто кирми кадудонаро мекушад. Агар ин обро бар ноф бимоланд, кирми шикамро дафъ мекунад.

Гулашро куфта, бо оби карами точики хамир сохта гузошта банданд, озаххоро хушк карда мерезонад. Табиб Ибни Ризвон муайян намудааст, ки ним грамм гули онро занхои хомила бихуранд, бачаи онхоро аз шикам меафтонад. Равгани магзи шафтолуро нимгарм бичаконанд, дарди гуш ва кариро дафъ менамояд, гиреххои пардахои гушро мекушояд; агар бихуранд, дарди бавосирро басанда мегардонад.

Магзашро бихоянд, дандони кундшударо ислох мекунад. 3,5 грамм устухони, яъне пучоки донаки онро махин ос карда бихуранд, исхолро мебандад. Чун донаки онро дар оташ сухта, баъд магзи онро чудо карда куфта, ба донача ва кутур, ки бар бадани кудакон пайдо шаванд, инчунин ба пушти гуши онхо бармеоянд, бимоланд, зуд шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …