Главная / Чамъият / Садака додан

Садака додан

Садака додан

Расули акрам (с) фармудаанд, ки Аллох таъоло заминро бар болои об халк кард. Замин ба харакат даромад, карор нагирифт. Аллох таъоло куххоро бар болои замин офарид, замин аз харакат бозистод. Фариштагон дар тааччуб шуда муночот карданд, ки Илохо, аз кух бакуваттар чизе халк карда боши?

Аллох таъоло гуфт: аз кух бокуваттар охан бошад.

Фариштагон гуфтанд: Илохо, аз охан бакуваттар чист?

Нидо омад, ки аз охан бакуваттар оташ бошад.

Фариштагон гуфтанд: Илохо, аз оташ бакуваттар чист? Нидо омад, ки аз оташ бакуваттар об аст, фариштагон гуфтанд: Илохо, аз об бакуваттар чист?

Нидо омад, ки аз об бакуваттар бод бошад.

Фариштагон гуфтанд: Илохо, аз бод бакуваттар чист?

Нидо омад, ки аз бод бакуваттар садакаи фарзандони одам аст, ки садакаро ба дасти рост диханд, дасти чапи онхо хабардор нашавад.

Аз хамаи чизе, ки зикр кардем, садака бокуват аст. Аз ин чихат бузургон дар садака додан панч чизро ихтиёр кардаанд:

Аввал, садакаро пинхони медоданд ва баъзе ба дарвешони кур медоданд, то ки сохиби садакаро нашиносанд. Баъзан дар вакти хоб будани дарвешон ба чогахи онхо меандохтанд. Баъзехо дар рохи факирон меандохтанд.

Дувум, садакаро ба миннат надихад ва аз изо додан эхтиёт кунад.

Сеюм, садакаро аз моли халол дихад, ки Худои таъоло ва Расул (с) гуфтанд. ки садакаро аз моли халол дихед.

Сафиёни Саври рахматуллоху алайхи гуфта аст, ки хар ки аз моли харом садака кунад, мисли касе мебошад. ки либоси нопоки худро хамрохи пешоб пок мекунад.

Мегуянд, ки чизи нопокро гайр аз об дигар чиз пок намекунад, аммо гунохро гайр аз садакаи халол, дигар чиз пок намегардонад.

Чахорум, хар чизе, ки садака дихад, ба кушодаруй ва хурсанди дихад.

Пайгамбар (с) фармуданд, ки як дирхами халол бакушодаруи садака додан, бехтар аст аз хазор дирхам, ки ба туршруи дихад.

Панчум, агар аз моли халоли худ ба олими муттаки садака  дихад, гуё ба тоати Аллох таъоло ба у ёри карда бошад.

Гуянд, ки садака агарчи як лукма нон бошад, Аллох таъоло амр кунад ба дохил шудани садакадиханда ба бихишт.

Расули акрам (с) фармуданд: хар ки садака дихад. Аллох таъоло хафтод балоро аз он банда дур гардонад ва дар охират садакаи он хичоб, яъне парда гардад аз оташи дузах.

Расули акрам (с) фармуданд, ки дар садака додан панч фазилат бошад:

Аввал, Аллох таъоло ба моли он баракат ато кунад.

Дувум, касали дошта бошад, Аллох таъоло шифояш бахшад.

Сеюм, барои радди балое садака карда бошад, Аллох таъоло ба сабаби садака додан он балоро аз вай дур гардонад.

Чахорум, аз Пули Сирот мисли барк бигзаронад.

Панчум, бехисоб ва бе азоб садакадихандаро дохили чаннат гардонад.

Акнун бародар ва хохари азиз, савобу самараи садака аз ин хам бисёртар аст, мо ин чо кутох овардем. Мухимаш шумо як чизро фаромуш накунед, ки садака пинхони бошад, хамчунон ки дар аввал кайд карда гузаштем. Агар садака аз моли халол бошад ва бе риё бошад, уро ошкоро бидихад хам чоиз аст, то ки дигархо дида онхо низ садака диханд.

Садакахое, ки дар ин замони мо мекунанд, аксарияташ мувофики гуфтахои китоб ва шариат нест. Чунончи, чанд гову гусфанд мекушанд ва чанд руз нон тайёр мекунанд.

Дар вакти нон пухтан шумо андеша кунед, ки хамаи он занхое, ки нон мепазанд, намозро намехонанд, ки намоз хондан фарз аст ва ё мардхое, ки дар ин садака хизмат мекунанд, онхо низ намоз намехонанд. Ба хотири амри мустахаб фарзро тарк мекунанд ва парвое надоранд ва гузашта аз ин фарк намекунанд, ки ин гов ё ин гусфанд хакки ки бошад, хакки ятим аст ё аз кучо омадааст? Ё ин ки дар садакаашон одамхои ба кавли худашон одамшавандаро даьват мекунанд. Шахсони дарвешу мухточро даьват намекунанд. Хол он ки садака хакки онхост, хатто фарзандони худашонро намедиханд.

Пайгамбар (с) гуфтааст. ки бехтарин садака он аст, ки ба фарзандони худ садака кунад. Бигузор садака андак бошад, лекин аз моли халол бошад ва дар чои худаш сарф шавад.

Илохо, хамаи бандан муъминро тавфики садака додан ато фармои, омин.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …