Нуктаи сабзиш. Моддахои зарури барои сабзиш
Агар хамаи узвхои растани муътадил амал кунанд, ин маънои онро дорад, ки растани дар вазъи хуби рушду сабзиш карор дорад. Ба туфайли таксимшавии хучайрахои бофтаи хосилкунанда (бавучудоваранда) ва сипас сабзишу махсусиятпайдокуни хучайрахои бавучудомадаи организми растани аз чихати хачму (андозаю) вазн калон шуда, баркамол мешаванд. Дар натичаи таксимшавии хучайрахои камбий бофтаи хосилкунандаи нуги пояхо (нуктаи сабзит) ва чузъи сабзиши реша навдахои нав, рсшахон пав ба вучуд ома- да, растани хам ба кад (ба боло), хам ба поён ва хам ба бар (ба пахно) нашъунамо мекунад ва калон мешавад.
Агар сабзишу калоншавии узвхои одаму хайвонот то як синну соли муайян давом кунад, азони растани (ё сабзиши растани) дар давоми тамоми умраш (аз давраи ба сабзиш шуруъ карданаш то маргаш) давом мекунад. Дар растанихо дар давоми хаёташон доимо решаю навдахои нав ба нав хосил мешаванд. Ба чои баргхои хазоншудаю хазонрехта боз баргхои нав пайдо мешаванд. Дар хар мавсим гулу мевахои пухтарасида пас аз адои вазифаашоп хушк гардида, меафтанд.
Хамин тавр, сабзишу рушди доимии растанихо бо ивазшавии доимии узвхои асоси ва бофтахои алохидаи онхо дар узвхои доимо- амалкунанда ба кулли вобастаги дорад.
Сабзишу рушди хамаи узвхои растани, ки дар натичаи таксимшави ва калоншавии (кашидашавии) хучайрахо амали мегардад, катъи идора карда мешавад. Фаъолияти нуктахои сабзиши реша ва поя, калоншавии барг, чузъхои поя, гулпоя ва мевахо байни якдигар мувофикат доранд. Масалан, дар фасли бахор баробари сар шудани нашъунамои поя ва мугчахо дар дарахтон таксимшавии камбий вусъат ёфта, сабзиши яквактаи навдаву тана бо хосил кар- дани солхалкаи навбати огоз мегардад.
Инчунин кадкашии (сабзиши) боавчи як узв метавонад кадкашии узви дигарро суст кунад ё боздорад. Чунки дар ин холат захираи моддахои гизои ба як чузъу уззи муайяни растани (баъзан ба зара- ри дигар узвхо) равона карда шудааст.
Масалан, агар решаи асоси ба дарози боавч сабзида истода бошад, чунин танзими дохили боиси боздошти шохаронии реша мегардад. Агар кисми нугии решаи асоси дур карда шавад, он гох, баръакс, решахои пахлуи ва иловаги боавч сабзида, реша сершоха мешавад. Ин усулро дар кишоварзи васеъ истифода мебаранд. Дар натичаи буридани як кисми шоху навдахо метавон мугчахои хуфтаро бедор карда, ба растанй ягон шакли дилхохро дод. Хамин тавр, танзими дохилии сабзиш имкон медихад, ки дар худуди як растани баъзе усулхои мусбати идораку- нии рушду инкишофи растанихо ба кор бурда шаванд.
Олимон мукаррар кардаанд, ки танзими равандхои сабзиши растанихо ва мувофикати кори онхо ба туфайли дар растанихо хосил шудани моддахои махсус сурат мегнрад. Ин моддахои мураккаби махсусро “моддахои сабзиши” ё “гормони сабзиш” ме-
номанд. Онхо дар хучайрахои бофтаи хосилкунанда хосил шуда, метавонанд тавассути хучайрахои лиф харакат кунанд ва сабзиши чузъхои (узвхои) алохидаи растаниро тезонанд ё боздоранд.
- Сабзиш чист?
- Сабзишу рушди растанихо чи тавр амали мегардад?
- Кадкашии растанихо аз кадкашии одаму хайвонот чи фарк дорад?
- Танзими сабзиш чи ахамият дорад?
- Танзимшавии сабзишро бо кадом мисолхо исбот кардан мумкин аст?
- Моддахои танзимии сабзишро чи меноманд?