Главная / Маданият ва санъат / Сабр кардан бар бало

Сабр кардан бар бало

Сабр кардан бар бало 

Ва дигар аз ахлоки неку сабр кардан бар бало ва мусибат аст. Сабр аз хислатхои пайгамбарон аст. Хак таъоло хабиби худ Мухаммади Мустафо салаллоху алайхи ва салламро ба , сабр фармуд.

Сабри хакихи се аст: сабр бар тоату сабр аз маъсияту сабр бар бало ва мехнат. Хар ки сабр кунад бар мусибат, Хак таъоло уро сесад дарача каромат кунад, зеро сабр калиди хама кушоишхо аст.

Эй бародару хохари азиз, бидон ки хар бало ва мехнате, ки ба банда мерасад, аз такдири худованд аст. Чунончи Худованди бузург дар каломи мачиди худ аз он хол хабар медихад, ки нарасад хеч мусибате аз мусибатхо дар замин, яъне аз наборидани борон ва кам руидани зироатхо ва кам гирифтани мевахо ва на дар нафсхо, яъне касалихо ва мурдани фарзандон, магар он навишта ва сабт гардонида, яъне казо ва хукм кардааст онро Худованд ва сабт кардааст дар лавхи махфуз, пеш аз халки халоик ва пеш аз халки он мусибат.

Хар ки дар мусибат доду фарёд мёкунад ё руйкани ва’муйкани мекунад, чунон аст, ки бо Хак таъоло чанг мекунад. Доду фарёд кардан бало ва мусибатро дур намекунад, лекин музду савоби сабрро дур мекунад.

Абдуллох ибни Муборак мегуяд, ки мусибат яке аст, чун сохиби мусибат нола ва фарёд кунад, он мусибат ду мусибат мешавад. Яке мусибат ва яке рафтани музду савоб ва ин мусибати калонтар аст аз мусибати аввал. Савоби собирон бехисобаст, яъне гайр аз Худованд касе музду савоби собиронро надонад.

Илохи хамаро тавфики сабр бар бало каромат фармои ва балохои охири замонро аз уммати хабиби худ дур гардони, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …