Главная / Чугрофия / СУРАТКАШИИ МАХАЛ

СУРАТКАШИИ МАХАЛ

Воситахои ураткашин махал. Сурати махалро бо воситахои гуногун гирифтан мумкин аст. Аммо он суратхо аз якдигар фарк мекунанд. Суратхои махале, ки аз самолёт ва Радифхои маснуии Замин гирифта шудаанд, объектхои махалро бевосита акс мекунанд. Дар суратхое, ки дар замин бо асбобхо гирифта шудаанд? объектхои махал бо аломатхоимшарти ифода карда, навишта мешаванд. Хангоми сураткаши дар замин масофаро ба воситаи чашм муайян мекунанд. Аз хамин сабаб ин гуна суратгириро сураткашии назардис меноманд. Он бо ду усул гирифта мешавад: кутби ва маршрути (рохиаймои).

kuh

Тайёри ба сураткашии махал. Барои накши махалро кашидан васоити зерин заруранд: планшет, кутбнамо, транспортир, чентасма, чадвали манзура, калам, хаткуркунак, сепояи суфачадор, паргор ва сузан, Баъди воситахоро тайёр кардан планшетро барои суратгирии махал омода месозем. Бо ин максад фанер ва ё картони андозааш 40 ба 40 ё 50 ба 50-ро гирифта, дар сатхи он когази сафедро мустахкам менамоем. Дар гушаи чапи он кутбнаморо чунон мегузорем, ки акрабаки он самтхои Шимол ва Чанубро нишон дихад. Ба равиши самти акрабаки кутбнамо аз тарафи чапи когаз хат мекашем, ки вай ба мисли акрабаки кутбнамо самти Шимол (Ш) ва Чануб (Ч)-ро ишора менамояд.

Пас аз ичрои ин амал ба махале, ки сураткашй мешавад, шинос шуда. Микёси сураткаширо муайян мекунем. Микёсро чунон интихоб менамоем, ки махали аксшаванда пурра чой гирифта тавонад (расми 16). Сипас планшетро ба накшагирии назардид омода месозем. Барои ин амалро ичро кардан аввал нуктаи ибтидоии сураткашии назардидро муайян намуда, сепояро барчо карда, дар болои тахтачаи он планшетро гузошта, онро ба тарафхои уфук мувофик мекунем, яъне то он даме, ки акрабаки кутбнамо ва хати дар тарафи чапи планшет кашида як хел самти Шимол (Ш) ва Чанубро (Ч) нишон диханд. Баъд аз ин дар руи когази дар планшет мустахкамкарда нуктаи чои метрро муайян карда, ба он чо сузан мехалонем, сураткашии махалро ба воситаи чадвали манзура окоз менамоем.

Сураткашни кутби. Барои бо ин усул гирифтаки сурати махал, пеш аз хама, дар маркази махал нуктаеро интихоб мекунем, ки аз он чо тамоми объектхои махал ба назар хуб намоён бошанд. Ин нуктаро кутб мегуянд. Баъд сспояеро, ки дар болои он планшет гузошта шудааст, дар нуктаи кутб Суратгирии цутбй. А-иа.иуди у.чу мич майдон. К-тасвмр йар nuunucm баъди иччччи суратгирй. В-иакшаи тайёри уавлчч мактаб

гузошта, онро ба воситаи кутбнамо ба тарафхои уфук мувофик карда, ба сураткашии махал омода месозем. Баъди ба кор омода сохтани планшет дар маркази он (кутб) сузан халонда, ба тарафи рости он чадвали манзураро гузошта, ба воситаи он ба объектхое, ки ба накша гирифта мешаванд, бо навбат нигох карда, бо калам дар маркази кутб хат мекашем (расми 18). Баъд аз ин масофаи байни кутб ва нуктахоро бо паргор чен карда, мувофики микёси интихобкарда масофаи хар як нукгаро бо микёс мегузорем. Обьектхоро ба чои нуктахо бо аломатхои шартии ба онхо монанд ифода мекунем (расмн 18). Чунин усули сураткашии назардидро сураткашии кутби меноманд.

Сураткашии маршрути (рохпаймон). Ин аз хама оддитарин усули ба сурат гирифтани махал мебошад. Ин усул аз усули сураткашии кутби бо он фарк мекунад, ки хама амалхои сураткашии маршрути дар рафти сафар ичро карда мешаванд. Барои ин пеш аз ба саёхат баромадан нуктаи ибтидоии саёхатро муайян карда, планшетро бо ёрии кутбнамо ба тарафхои уфук мувофик менамоем. Дар ин суратакрабаки кутбнамю ва тирчае, ки дар тарафи чапи планшет кашида шудааст, бояд самти Шимол (Ш) ва Чанубро (Ч) нишон дихад. Баъди ин корро ба сомон расондан объектхои дар атрофи нуктаи ибтидои саёхат воксъбударо бо аломатхои шарти тасвир менамоянд.

Сипас аз нуктаи ибтидо ба воситаи чадвали манзура самти нуктаи ояндаи харакатро муайян намуда, онро бо доирача ифода мекунем. Баъд ба нуктаи оянда омада, масофаи байни нуктаи ибтидо ва ояндаро бо микёси хатти дар планшет кайд менамоем. Обьектхои атрофи нуктаи ояндаро низ дар планшет бо аломатхои шарти ишора мекукем. Ин амалхоро хангоми аз як нукта ба дигар нуктаи самти маршрут гузаштан мунтазам такрор менамоем. Баъди сураткаширо ба охир расондан онро тозанавис мекунем. Навиштачот ва аломатхои шартии дар планшет бо калам навиштаро, тоза карда, онхоро бо туш менависем. Хангоми тозанавис кардан бояд ба он диккат дод, ки аломатхои шарти мувофики аломатхои топографие, ки дар атласи синфи 6 кашида шудаанд, тасвир ёбанд. Дар кисми поёни сурати Махал Микёси онро менависанд. Сарлавхаи суратро аз хошия берун дар боло ё поёни он сабт менамоянд.

Савол ва супориш

  1. Барои суратгирии назардиди махал кадом асбобхо заруранд?
  2. Планшетро барои суратгирии махал чн тавр тайёр мекунанд?
  3. Барои чи Суратгирии заминиро суратгирии назардид меноманд?
  4. Суратгирии назардидро бо кадом усулхо ба чо меоваранд?
  5. Суратгирии кутбй аз суратгирии маршрути чи фарк дорад?
  6. Пеш аз суратгири кадом амалхоро ичро кардан лозим аст?
  7. Сурати махал ва харитаро мукоиса карда гуед, ки аломатхон шартии сурати махал аз аломатхон шартин харита чи фарк доранд?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …