Главная / Чамъият / СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРИ

СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  ДАР БОРАИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРИ 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2013, №3, мод. 187; Конуни ЧТ аз 30.05.2017 с., №1435)

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро вобаста ба созишномаи сармоягузории ба татбики лоихаи сармоягузории сохахои аз лихози стратеги мухим ва афзалиятноки иктисодиёти Чумхурии Точикистон равонакардашуда танзим намуда, ба хавасмандгардони ва чалби сармоягузорихо ба Чумхурии Точикистон равона карда шудааст.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

 

Accounts. Golden coins in soil with young plant isolated. Money growth
Accounts. Golden coins in soil with young plant isolated. Money growth

Моддаи 1. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
– созишномаи сармоягузори – созишномаи байни Хукумати Чумхурии Точикистон ва сармоягузор баимзорасонидашуда оид ба татбики лоихаи сармоягузори;
– сармоягузор – шахси вокеи ва хукуки, инчунин ташкилот бе таъсиси шахси хукуки, ки дар худуди Чумхурии Точикистон фаъолияти сармоягузориро амали менамоянд; (КЧТ аз 30.05.17 с., №1435)
– лоихаи сармоягузори – лоихаи тичоратие, ки хачми назарраси сармоягузориро пешбини намуда, дарачаи баланди таваккалхои молияви, технологи, экологи ва дигарро дар бар мегирад ва барои рушди бахши муайяни иктисодиёти Чумхурии Точикистон ва баланд бардоштани сатхи зиндагии ахолии Точикистон аз лихози стратеги мухим мебошад;
– номгуи лоихахои афзалиятноки сармоягузори – номгуи лоихахои сармоягузорие, ки тибки накшахои стратегиву барномахои рушди бахшхои муайяни иктисодиёт мувофики тартибу меъёрхои тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон интихоб карда шудаанд;
– пешниход оид ба лоихаи сармоягузори – хуччате, ки дар он тавсифи максад ва вазифахои лоихаи сармоягузори, таъсири иктисоди ва ичтимоии он ба рушд, самараи татбик, инчунин зинахо, чорабинихо ва захирахои мушаххас барои татбики лоихаи сармоягузории зарур ва ё мавчуда оварда шудааст;
– макоми ваколатдори давлати – макоми ичроияи марказии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, ки сиёсати давлатиро дар  сохаи сармоягузори амали намуда, барои мусоидат,  чалб ва химояи сармоягузорихо, аз чумла сармоягузории  хоричи масъул мебошад.
       Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар  бораи созишномаи сармоягузори
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи созишномаи сармоягузори ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1435)
       Моддаи 3. Доираи амали Конуни мазкур
1. Конуни мазкур муносибатхои байни Чумхурии Точикистон ва сармоягузоронро дар тамоми зинахои тайёри, имзо, мавриди амал карор гирифтан ва татбики созишномаи  сармоягузори, новобаста ба мавзуи лоихаи сармоягузори, ба танзим медарорад.
2. Конуни мазкур нисбат ба лоихахое, ки дар доираи созишномахо оид ба консессияхо, таксими махсулот, шарикии давлат ва бахши хусуси, инчунин оид ба сармоягузории дигар давлатхо, ки дар Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд, татбик намегардад.
      Моддаи 4. Тарафхои созишномаи сармоягузори
1. Тарафхои созишномаи сармоягузори Хукумати Чумхурии Точикистон ва сармоягузор мебошанд.
2. Сармоягузор метавонад  шахси хукукии Чумхурии Точикистон ва ё давлати хоричи, инчунин иттиходияи чунин шахсони хукуки бошад. Агар ба хайси сармоягузор иттиходияи шахсони хукуки баромад намояд, тамоми иштирокчиёни иттиходия тарафи созишномаи сармоягузори мегарданд ва барои татбики лоихаи сармоягузори масъулият доранд.
     Моддаи 5. Таркиб ва хусусияти хатмии созишномаи сармоягузори
1. Созишномаи сармоягузори барои танзими мачмуи масъалахое, ки  аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ва сармоягузор  хамчун масъалахои ахамияти мухимдошта чихати татбики лоихаи сармоягузори  муайян гардидаанд,  ба имзо расонида мешавад.
2. Мукаррароти созишномаи сармоягузории тибки Конуни мазкур баимзорасида барои Чумхурии Точикистон ва сармоягузор хатми мебошанд. Хукумати Чумхурии Точикистон ичрои пурра ва саривактии чорабинихои дахлдорро барои амали намудани мукаррароти созишномаи сармоягузори тавассути макомоти давлати, корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо, инчунин шахсони вокеи дар тамоми худуди Точикистон таъмин менамояд.
        Моддаи 6. Вазъи хукукии созишномаи сармоягузори
1. Созишномаи сармоягузори метавонад низоми махсуси татбики лоихаи сармоягузориро пешбини карда, ба сармоягузор имтиёзхои муайяни дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбининашударо пешниход намояд. Хукумати Чумхурии Точикистон аз тарафи тамоми макомоти давлатии барои татбики лоихаи сармоягузори масъул риоя ва ичро гардидани мукаррароти созишномаи сармоягузориро кафолат медихад.
2. Мукаррароти созишномаи сармоягузори дар давоми мухлати амали он кувваи хукукии худро нигох медорад, агар дар худи созишномаи сармоягузори тартиби дигаре пешбини нагардида бошад. Хама гуна тагйирот ва ё иловахои воридгардида ба созишномаи сармоягузори танхо дар холати аз чониби тарафхо тибки тартиби пешбининамудаи созишномаи сармоягузори ба имзо расонидани созишномаи иловагии дахлдор ва бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур тасдик гардидани он кувваи хукуки пайдо мекунанд.
3. Созишномаи сармоягузори метавонад мукарраротеро пешбини намояд, ки тагйиру иловахо ба конунгузории Чумхурии Точикистон пас аз имзои созишномаи сармоягузори воридкардашуда, ки  муносибатхои мавзуи созишномаи сармоягузори бударо танзим намуда, шартхои татбики лоихаи сармоягузориро вазнин мегардонанд, нисбат ба мукаррароти муайяни созишномаи сармоягузори дар давоми мухлати амали созишномаи сармоягузори ё дигар мухлати дар он пешбинигардида татбик намегарданд.

 

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАХИЯИ ПЕШНИХОД ОИД БА ЛОИХАИ САРМОЯГУЗОРИ, ОМОДА НАМУДАН, БА ИМЗО РАСОНИДАН ВА МАВРИДИ АМАЛ КАРОР ДОДАНИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРИ

 

Моддаи 7. Тахияи пешниход оид ба лоихаи сармоягузори
1. Пешниход оид ба лоихаи сармоягузори аз тарафи макоми ваколатдори давлати дар мувофика бо вазорату идорахои дахлдор омода карда мешаванд. Пешниход тибки номгуи лоихахои афзалиятноки сармоягузори, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда шудаанд, инчунин дар холати зарури берун аз доираи номгуи лоихахои афзалиятноки сармоягузори бо розигии Хукумати Чумхурии Точикистон омода карда мешавад.
2. Пешниход оид ба лоихаи сармоягузори инчунин метавонад аз тарафи сармоягузори барои амали намудани лоихаи  сармоягузори дар доираи созишномаи сармоягузори хавасманд омода карда шуда, ба макоми ваколатдори давлати тавассути музокироти мустаким пешниход карда шавад.  Тартиб ва шартхои доир намудани музокироти мустакимро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.
      Моддаи 8. Пешбари ва тасдики пешниход оид ба лоихаи сармоягузори
1. Пешниход оид ба лоихаи сармоягузори, ки аз тарафи макоми ваколатдори давлати омода карда шудааст, тибки тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход карда мешавад.
2. Пешниход оид ба лоихаи сармоягузори, ки аз тарафи сармоягузор омода карда шудааст, ба баррасии макоми ваколатдори давлати пешниход карда мешавад. Аз руи натичахои барраси макоми ваколатдори давлати метавонад оид ба ирсол намудани пешниход барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон, барои такмилдихи  баргардонидани пешниход ва ё оид ба рад кардани пешниходи ба эхтиёчоти иктисодиёти Чумхурии Точикистон чавобгу набуда, карор кабул намояд.
3. Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход оид ба созишномаи сармоягузориро дар асоси меъёрхои зерин барраси менамояд:
– мувофикат намудан ба номгуи лоихахои афзалиятноки сармоягузори. Дар холати пешниход гардидани лоихае, ки дар номгуи лоихахои афзалиятноки сармоягузори пешбини нагардидааст, саривакти будани лоихаи сармоягузори ва мутобикати он бо накшаи стратеги ва ё барномаи рушди бахши мушаххаси иктисодиёт;
– таъсири татбики лоихаи сармоягузори ба рушди иктисодиёт дар мачмуъ ва бахшхои алохидаи он, инчунин ба бозори мехнат;
– холати молиявии сармоягузор;
– ичрошавандагии техники, технологи, экологи, молияви ва максаднокии лоихаи сармоягузори бо дарназардошти шартхои пешбинишудаи татбики лоиха;
– сатх ва басандагии харочоте, ки дар доираи лоихаи сармоягузори ба накша гирифта мешаванд;
– асосноккунии илми ва сатхи  истехсолии технологияхое, ки чалб ва татбик карда мешаванд;
– ракобатпазирии махсулоти истехсолшаванда (кор ва хизматрасони), дурнамои  бозор ва самаранокии стратегияи бозоршиносии сармоягузор;
–  самараноки ва устувории лоихаи сармоягузори.
4. Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход оид ба лоихаи сармоягузориро, ки  аз тарафи макоми ваколатдори давлати барои барраси ирсол гардидааст, метавонад тасдик ва ё рад намояд, инчунин онро ба макоми ваколатдори давлати барои такмилдихи баргардонад.
       Моддаи 9. Интихоби сармоягузор барои татбики лоихаи сармоягузори
1. Сармоягузор барои татбики лоихаи сармоягузории аз тарафи макоми ваколатдори давлати омода ва пешниходкардашуда тавассути тендер интихоб карда мешавад. Тендер  метавонад  тибки коидахо ва шартхои намунавии гузаронидани тендерхо, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда шудааст ё тибки коидахо ва шартхои махсуси гузаронидани тендер барои лоихаи сармоягузории алохида гузаронида шавад. Пешниход оид ба коидахо ва шартхои гузаронидани тендер аз тарафи макоми ваколатдори давлати дар пешниход оид ба лоихаи сармоягузори дарч карда мешавад. Дар мавриди тибки коидахо ва шартхои махсус гузаронидани тендер лоихаи чунин коидахо ва шартхо хамчун кисми таркибии пешниход оид ба лоихаи сармоягузори аз тарафи макоми ваколатдори давлати омода карда шуда, барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон ирсол карда мешавад.
2. Хукуки амали намудани лоихаи сармоягузории аз тарафи сармоягузор тарики музокироти мустаким пешниходкардашуда дар сурати аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик гардидан ба сармоягузори мазкур дода мешавад. Хамзамон, Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад оид ба гузаронидани тендер барои интихоби сармоягузор барои татбики лоихаи сармоягузории аз тарафи сармоягузор пешниходкардашуда карор кабул намояд. Дар ин холат, Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад пешниход оид ба лоихаи сармоягузории аз чониби сармоягузор пешниходгардидаро, барои хуччатгузории тендери истифода барад ва сармоягузори пешниход оид ба лоихаи сармоягузориро манзурнамуда хукук дорад дар тендер дар асосхои умуми иштирок намояд.
3. Агар голиби тендер худи сармоягузоре, ки лоихаи сармоягузориро пешниход намудааст, нагардад, сармоягузори голибомада ухдадор мегардад, ки харочоти окилонаи хамон сармоягузорро чуброн намояд. Чунин ухдадори бояд хамчун шарти мавриди амал карор гирифтани созишномаи сармоягузори пешбини гардад.
         Моддаи 10. Омодасозии созишномаи сармоягузори
1. Лоихаи созишномаи сармоягузории барои лоихаи сармоягузории аз чониби макоми ваколатдори давлати омода ва пешниходкардашуда хамчун кисми хуччатхои тендери омода гардида, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад. Тахияи хуччатхои тендери ва созишномаи сармоягузори аз тарафи макоми ваколатдори давлати хамоханг карда шуда, бо иштироки вазорату идорахои дахлдор амали карда мешавад. Хуччатхои тендери ва созишномаи сармоягузори бояд ба кадри имкон эроду пешниходхои иштирокчиёни тендерро дар бар гиранд.
2. Макоми ваколатдори давлати метавонад коршиносон, ташкилотхои коршиноси, мутахассисон, мушовирон, инчунин ташкилотхои чамъияти ва ассотсиатсияхои касбиро ба раванди омодасозии хуччатхои тендери ва созишномаи сармоягузори чалб намояд. Харочоти вобаста ба раванди омодасозии хуччатхои тендери ва лоихаи созишномаи сармоягузори аз хисоби маблагхои бучети пардохт карда мешаванд ва ё метавонанд аз тарафи сармоягузори дар тендер голибомада чуброн карда шаванд. Шартхои чуброни харочот аз чониби сармоягузор бояд дар хуччатхои тендери пешбини карда шаванд.
3. Лоихаи созишномаи сармоягузори барои лоихаи сармоягузории  аз тарафи сармоягузор пешниходкардашуда аз тарафи чунин сармоягузор хамчун кисми таркибии пешниход оид ба лоихаи сармоягузори омода карда мешавад.
          Моддаи 11. Маъкул донистани лоихаи созишномаи сармоягузори
1. Лоихаи созишномаи сармоягузори барои татбики лоихаи сармоягузори, ки аз руи  натичаи тендер ба имзо расонида мешавад, инчунин лоихаи сармоягузории аз тарафи сармоягузор тавассути музокироти мустаким пешниходкардашуда аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон барои имзо маъкул дониста мешавад.
2. Маъкул донистани лоихаи созишномаи сармоягузорие, ки бо голиби тендер оид ба интихоби сармоягузор барои татбики лоихаи сармоягузори ба имзо расонида мешавад, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон дар як вакт бо тасдик намудани  натичахои тендер амали карда мешавад. Матни созишномаи сармоягузорие, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон маъкул дониста шудааст, дар вакти тасдики натичахои тендер тагйир дода намешавад, ба истиснои тагйироти зарури барои ворид намудани маълумоти дахлдор оид ба сармоягузори голиб, номи он, вазъи хукуки, махали чойгиршави, дигар нишонахои зарури, инчунин маълумоти вобаста ба карздихандагон ва кафилони сармоягузор дар холате, ки агар лоихаи мушаххаси сармоягузори, ки  Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик намудааст, иштироки чунин шахсонро пешбини намояд.
3. Маъкул донистани созишномаи сармоягузори, ки бо сармоягузори тавассути музокироти мустаким пешниход оид ба лоихаи сармоягузориро манзурнамуда ба имзо расонида мешавад, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон дар як вакт бо тасдик намудани натичахои музокироти мустаким бо чунин сармоягузор амали карда мешавад. Матни созишномаи сармоягузории аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон маъкулдонисташуда хангоми тасдики натичахои музокироти мустаким тагйир дода намешавад.
          Моддаи 12. Имзои созишномаи сармоягузори
Лоихаи созишномаи сармоягузори аз тарафи макоми ваколатдори давлати ва сармоягузор баъди аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон барои имзо маъкул донистани он ба имзо расонида мешавад. Карори Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба маъкул донистани созишномаи сармоягузори барои имзо, инчунин метавонад мухлати нихои барои имзои созишномаи сармоягузори ва шартхои муайянеро, ки аз тарафи сармоягузор ва ё макоми ваколатдори давлати ва дигар макомоти давлатии Чумхурии Точикистон то лахзаи баимзорасонии он бояд ичро карда шаванд, пешбини намояд.
    Моддаи 13. Тасдик ва мавриди амал карор гирифтани созишномаи сармоягузори
1. Созишномаи сармоягузории баимзорасонидашуда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тибки тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои тасдик ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход карда мешавад.
2. Тасдики созишномаи сармоягузори барои мустахкам намудани кафолатхои хукукии барои сармоягузор пешбинишуда, имтиёзхои андози ва имтиёзхои дигари ба сармоягузор ва лоихаи сармоягузори додашуда ва ба мукаррароти устувории созишномаи сармоягузори бахшидани кувваи  хукуки амали карда мешавад.
3. Созишномаи сармоягузори аз рузи тасдики он аз тарафи  Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон мавриди амал карор дода мешавад, агар дар худи созишномаи сармоягузори дар бораи мавриди амал карор додани он ичрои шартхои муайяни кабли аз чониби тарафхои он  пешбини нагардида бошад.
            Моддаи 14. Огох намудан  оид ба мавриди амал карор гирифтани созишномаи сармоягузори ва ворид намудани он ба Фехристи давлатии созишномахои  сармоягузори
1. Дар давоми як мох пас аз мавриди амал карор гирифтани созишномаи сармоягузори макоми ваколатдори давлати тамоми макомоти давлатии дахлдори Чумхурии Точикистонро оид ба мавриди амал карор гирифтани он огох менамояд ва онро ба Фехристи давлатии созишномахои сармоягузори, ки дар пешбурди макоми ваколатдори давлати карор дорад, ворид менамояд. Нусхаи аслии созишномаи сармоягузори дар нигохдории макоми ваколатдори давлати карор мегирад ва макоми мазкур  хукуки омода ва тасдик намудани нусхахои расмии созишномахои сармоягузориро дорад.
2. Илова ба огох намудан оид ба мавриди амал карор гирифтани созишномаи сармоягузори макоми ваколатдори давлати оид ба вазъи хукукии созишномаи сармоягузори ва мукаррароти чудогонаи он тибки дархости хаттии сармоягузор дар холате, ки чунин тасдикнома барои риояи мукаррароти созишномаи сармоягузори ва ичрои талаботи он аз тарафи тамоми макомоти давлати, корхонахо, муассисахо, дигар ташкилотхои  Чумхурии Точикистон зарур бошад, аз чумла оид ба хукукхои махсус, озодкунихо ва имтиёзхои ба сармоягузор ва лоихаи сармоягузори додашуда, тасдикномаи расми медихад.

 

БОБИ 3. ТАРКИБ ВА ШАКЛИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРИ


       Моддаи 15. Таркиби созишномаи сармоягузори

1. Таркиби созишномаи сармоягузори мукаррароти асосии зеринро дар бар мегирад:
– мохияти лоихаи сармоягузори;
– тартиби мавриди амал карор гирифтан ва мухлати амали созишномаи сармоягузори;
– доштани  ичозатнома (агар конунгузори пешбини намуда бошад);
– маблаггузории лоихаи сармоягузори;
– максадхо, расмиёт, мухлат ва шартхои гузаронидани тахкикоти махсус, ки аз тарафи сармоягузор бояд дар рафти татбики лоихаи сармоягузори анчом дода шавад;
– максадхо, расмиёт, мухлат ва шартхои гузаронидани асосноккунии техникию иктисоди, ки бояд аз тарафи сармоягузор то огози корхову чорабинихои асосии лоихави тахия карда шаванд, аз чумла шартхои аз чониби сармоягузор пешниход гардидани натичахои асосноккунии техникию иктисоди ва бо Хукумати Чумхурии Точикистон мувофика намудани онхо;
– хукук ва ухдадорихои тарафхои созишномаи сармоягузори;
– химояи хукуки карздихандагон;
– татбики лоихаи сармоягузори;
– танзими асъори ва мубодилаи асъор (конвертатсия);
– низоми андози ва гумруки;
– масъалахои кирояи кормандон;
– хукуки моликият нисбат ба молу мулк, маълумот ва дигар захирахо;
– стандарти хисоботи молияви дар доираи созишномаи сармоягузори;
– тартиби ворид намудани тагйиру иловахо ба созишномаи сармоягузори;
– катъ намудани амали созишномаи сармоягузори ва бекор кардани он;
– мукаррарот оид ба холатхои рафънопазир (форс-мажор);
– кафолати чуброни зарар ва дигар талафоти тарафхои созишномаи сармоягузори;
– хусусияти хатмии созишномаи сармоягузори, ичрои он, мукаррароти устувори;
– масъалахои масунияти сохибихтиёрии Чумхурии Точикистон;
– хукуки татбикшаванда ва тартиби халли бахсхо;
– забони созишномаи сармоягузори.
2. Созишномаи сармоягузори метавонад мукаррароти дигарро вобаста ба талаботи лоихаи созишномаи сармоягузории мушаххас дошта бошад.
        Моддаи 16. Хукукхо ва кафолатхои асосии сармоягузор дар доираи созишномаи сармоягузори
1. Чумхурии Точикистон риояи хукук ва манфиатхои конунии сармоягузореро, ки дар доираи созишномаи сармоягузори фаъолият менамоянд, кафолат медихад. Дар созишномаи сармоягузори чунин кафолатхои мушаххас метавонанд нишон дода шаванд:
– кафолат ва  химояи хукукии сармоягузорихо, аз чумла  кафолати аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон ва ё дигар макомоти давлати кабул нагардидани санадхое, ки махсусан барои паст намудани арзиши сармоягузорихо равона карда мешаванд;
– харакати озоди сармоя дар Чумхурии Точикистон ва берун аз худуди он;
– озодона баргардонидани (репатриатсияи) даромадхо, сармоя, дивидендхо ва маблаги пардохти карордодхо оид ба пешниходи хизматрасони ва ичрои корхо;
– мукаррароти устувори;
– мукаррароти чуброни дар холати риоя нагардидани созишномаи сармоягузори аз тарафи Чумхурии Точикистон ва ё дахолати гайриконуни аз чониби макомоти давлати;
– химояи хукукхои махсус ва ё иловагии муаллиф, хукук ба тамгахои моли ва хукуки моликияти зехнии сармоягузорон;
– манъи мусодира ва милликунонии молу мулки сармоягузор, ба истиснои амали кардани онхо барои эхтиёчоти чамъияти бо пардохти хатмии чуброн дар хачм ва тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;
– манъи махдудкунии (дискриминатсияи) сармоягузорон дар вобастаги ба кишвари бакайдгири;
– таъсиси озоди шахсони хукуки бо иштироки сармоягузорони хоричи ва ё дохили барои хама гуна максадхои амалигардонии лоихаи сармоягузори;
– хукук барои фаъолияти сохибкори дар асоси карордод, интихоби озоди шарикон ва мавзуи карордод, интихоби хукуки кобили татбик  барои карордод, расмиёти суди ва ё арбитражии халли бахсхо ва ё дигар шаклхои халли бахсхо ва мухолифатхо барои тамоми карордодхо, озод муайяннамоии ухдадорихо, инчунин дигар шартхои карордодхо;
– хукук барои амали намудани хама гуна фаъолияти тичоратии  барои максадхои татбики лоихаи сармоягузори зарури дар дохил ва берун аз худуди Чумхурии Точикистон;
– хукук барои фаъолияти тичоратии хоричи ва амали намудани муносибатхои содиротию воридоти;
– хукук барои гирифтан ва пешниход намудани карзхо, кафолатхо, замонат ва дигар намудхои таъминот аз бонкхои дохилию хоричи, чамъияту ташкилотхо, инчунин барои сугуртакуни бо сугуртакунандагони дохилию хоричи бо шартхои имтиёзнок;
– хукук барои сармоягузори ва сармоягузории такрори дар доираи созишномаи сармоягузори вобаста ба талаботи татбики лоихаи сармоягузори.
2. Тибки созишномаи сармоягузори сармоягузор хукук дорад натичахои фаъолияти сармоягузориро сохиби, истифода ва ихтиёрдори намояд, инчунин хукук дорад сармоягузории такрори ва фаъолияти тичоратиро дар Чумхурии Точикистон ва берун аз он амали гардонад. Дар асоси созишномаи сармоягузори, сармоягузор метавонад даромади худ ва ё кисми онро дар шакли махсулот, мол ва хизматрасонии дар бозор бадастоварда содирот намояд.
3. Созишномаи сармоягузори метавонад кафолатхои махсуси хукуки сармоягузор оид ба озодона ба хама гуна асъори хоричи мубодила намудани даромади худро пас аз пардохти андозхо пешбини намояд,  аз чумла:
– даромади аз фуруши сахмияхо ва хиссахо дар сармояи оинномавии чамъиятхои хочагидори аз тарафи сармоягузор дар Чумхурии Точикистон барои татбики лоихаи сармоягузори таъсисдодашуда ва ё  пас аз бархамдихии чунин чамъиятхо;
– даромад аз фуруши хама гуна дигар молу мулк ва ё хукукхои сармоягузор, ки дар рафти татбики лоихаи сармоягузори ба даст оварда шудааст ва ё бунёд гаштааст.
4. Созишномаи сармоягузори метавонад кафолати махсуси сармоягузор оид ба озодона бозгардонидани (репатриатсияи) асъори хоричии бадастовардашударо берун аз худуди Чумхурии Точикистон пешбини намояд.
          Моддаи 17. Хукукхои махсуси сармоягузор дар доираи созишномаи сармоягузори
1. Илова ба хукукхо ва кафолатхои асосии сармоягузор созишномаи сармоягузории алохида метавонад хукукхои махсус, озодкуни ва имтиёзхои сармоягузор ва лоихаи сармоягузорро пешбини намояд:
– низоми андозбандии махсус, аз чумла низоми соддакардашудаи андозбанди, озодкунии сармоягузор, пудратчиён ва кормандони хоричи аз андозхои муайян ва ё тамоми намудхои андоз, дигар имтиёзхои андози ба давраи муайян ва ё дар тамоми давраи амали созишномаи сармоягузори;
– низоми махсуси гумруки, аз чумла  кисман ва ё пурра озодкуни аз пардохтхои гумруки, расмиёти соддакардашудаи гумруки барои сармоягузор, пудратчиён ва кормандони хоричии он ба давраи муайян ва ё дар тамоми давраи амали созишномаи сармоягузори;
– низоми махсуси танзим ва назорати асъори, аз чумла озодкуни аз ухдадории гирифтани ичозатномахо ва бакайдгири барои карзхо ва дигар шаклхои маблаггузори, ки аз тарафи сармоягузор барои максадхои лоихаи сармоягузори ва кушодани хисобхои бонки дар дохили Чумхурии Точикистон ва хоричи он барои гирифтани карзхо ва дигар шаклхои маблаггузори;
– низоми махсуси  ичозатномадихи, аз чумла бо низоми соддакардашуда додан, аз нав барасмият даровардан, дароз кардани мухлати ичозатномахое, ки барои татбики лоихаи сармоягузори лозим мебошанд, додани ичозатнома ба мухлати зиёдтар аз мухлати нихоии амали ичозатнома, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини гардидааст, пурра ва ё кисман озодкунии сармоягузор аз пардохти бочхо ва пардохтхои ичозатномави;
– кисман ва ё пурра даст кашидани Чумхурии Точикистон аз хукуки афзалиятноки пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба хукуки имтиёзнок барои ба даст овардани кисми муайяни хатмии мол, кор ва хизматрасонихои дар рафти татбики лоихаи сармоягузори истехсолшаванда ва пешниходшаванда;
– кисман ва ё пурра озодкуни аз татбики конунгузории Чумхурии Точикистон дар самти танзими нарххо ва тарофахо, аз чумла конунгузории зиддиинхисори;
– низоми махсус ва ё соддакардашудаи раводид ва назорати мухочират барои кормандон ва пудратчиёни сармоягузор, озодкунии сармоягузор ва ширкати он аз ухдадории риояи квота барои шахрвандони хоричи дар рафти татбики лоихаи сармоягузори.
2. Созишномаи сармоягузори  метавонад дигар хукукхои махсус, озодкуни ва имтиёзхои сармоягузор ва лоихаи сармоягузориро  пешбини намояд.
         Моддаи 18. Мукаррароти устувории созишномаи сармоягузори
Созишномаи сармоягузори метавонад мукараротеро дар бар гирад, ки мутобики он хукукхои махсус, озодкунихо ва имтиёзхои сармоягузор ва лоихаи сармоягузори, инчунин дигар мукаррароти созишномаи сармоягузори, новобаста ба тагйиру илова дар конунгузори, дар давоми мухлати дар созишномаи сармоягузори нишондодашуда мавриди амал ва татбик карор гиранд. Созишномаи сармоягузори метавонад барои хукукхои махсус, озодкунихо ва имтиёзхо вобаста ба шартхо ва хусусияти лоихаи сармоягузори  даврахои гуногуни мухлати амалро  пешбини намояд.
Моддаи 19. Шакли созишномаи сармоягузори
Созишномаи сармоягузори дар шакли хатти хамчун хуччати ягона тартиб дода шуда, аз чониби харду тарафи он ба микдори бо розигии тарафхо муайянкардашуда ба имзо расонида  мешавад.

 

БОБИ 4. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ


           Моддаи 20. Хукуки татбикшавандаи созишномаи сармоягузори

Созишномаи сармоягузори байни Чумхурии Точикистон ва сармоягузор тибки конунгузории Чумхурии Точикистон танзим карда мешавад, агар дар худи созишномаи сармоягузори дигар холат пешбини нашуда бошад.
         Моддаи 21. Халли бахсхо дар доираи созишномаи сармоягузори
1. Бахсхо байни Хукумати Чумхурии Точикистон ва сармоягузор вобаста ба масъалахои эътибор доштан, татбик, риоя накардан, катъ ва ё тафсири созишномаи сармоягузори аз тарафи судхои Чумхурии Точикистон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон барраси карда мешаванд.
2. Хукумати Чумхурии Точикистон ва сармоягузор метавонанд дар созишномаи сармоягузори супоридани тамоми бахсхо ва мухолифатхои вобаста ба масъалахои эътибор доштан, татбик, риоя накардан, катъ ва ё тафсири созишномаи сармоягузориро барои барраси ва хал намудан ба арбитражи байналмилалии  мустакил ва бегараз, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон чойгир шудааст, дар асоси коидахои арбитражии байналмилалии эътирофгардида, пешбини намоянд. Розигии Хукумати Чумхурии Точикистон барои халли бахсхо аз чониби чунин арбитражи байналмилали хакики буда, карори аз чониби чунин арбитражи байналмилали баровардашуда барои Чумхурии Точикистон хатми ва нихои мебошад. Карори кабулнамудаи арбитражи байналмилали аз чониби судхои Чумхурии Точикистон эътироф карда шуда, дар холати зарури тибки мукаррароти созишномаи сармоягузори, конунгузории мурофиави ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи  Точикистон ба таври мачбури ичро карда мешавад.
         Моддаи 22. Даст кашидани Чумхурии Точикистон аз масунияти сохибихтиёри
Созишномаи сармоягузори бо сармоягузори хоричи метавонад дар худ мукаррарот оид ба даст кашидани Чумхурии Точикистон аз масунияти сохибихтиёри аз чорахои пешаки оид ба таъмини харочоти расмиёти арбитражи, масуният аз огохиномахои мурофиави, масуният аз ичрои мачбурии карорхои арбитражи ва масунияти молумулкии Чумхурии Точикистон ё ин ки нисбат ба чорахои пешакии таъмини ичрои карори арбитражи ва ё нисбат ба ичрои мачбурии карори арбитражи дар худуди Чумхурии Точикистон ва ё берун аз худуди онро дошта бошад.
      Моддаи 23. Забони созишномаи сармоягузори
1. Созишномаи сармоягузори ба забони давлатии Чумхурии Точикистон омода ва ба имзо расонида мешавад. Он инчунин тибки розигии тарафхо метавонад ба дигар забонхо низ омода ва ба имзо расонида шавад.
2. Созишномаи сармоягузорие, ки халли бахсхоро дар арбитражи байналмилали берун аз худуди Чумхурии Точикистон пешбини менамояд,  ба забонхои дигар низ омода ва ба имзо расонида мешавад.
     Моддаи 24. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти
Чумхурии Точикистон                                                                                 Эмомали РАХМОН

ш. Душанбе,

19 марти соли 2013,

№ 944

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …