Главная / Чамъият / СОХТИ СИЁСИ, ИКТИСОДИ ВА ИЧТИМОИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

СОХТИ СИЁСИ, ИКТИСОДИ ВА ИЧТИМОИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Хамон тавре ки аз унвони давлат, яъне Чумхурии Точикистон бармеояд, шакли идоракунии Точикистон шакли чумхурияви мебошад. Шакли идоракунии чумхурияви чунин тарзи ташкили хокимияти давлати мебошад, ки дар он макомоти олии хокимияти давлати тавассути интихобот ташаккул меёбанд.

Аломатхои асосии шакли идоракунии чумхурияви аз инхо иборатанд:

  • – ба мухлати муайян интихоб шудани Сарвари давлат ва дигар макомоти марказии хокимияти давлати;
  • – тачзияи хокимият ба макомоти конунгузор, ичроия ва суди;
  • – чавобгарии хукукии Сарвари давлат дар холатхое, ки конун пешбини кардааст;
  • – хатми будани ичрои карорхои хокимияти олии давлати барои хамаи дигар макомоти давлати;
  • – хифзи афзалиятноки манфиатхои шахрвандони давлат;
  • – масъулияти байнихамдигарии шахс ва давлат.

Чунонки аз мундаричаи ин аломатхо маълум мешавад, шакли чумхуриявии идоракунии давлат дар таърихи башарият аз хама пешкадам аст. Чумхурии Точикистон баробари ба даст овардани истиклолияти давлати шакли идоракунии президентиро тавассути раъйпурсии умумихалки 6-уми ноябри соли 1994 бо кабули Конститутсияи Точикистон маъкул донист.

mirvboge-ru_17-jpg17Шакли идоракунии президентиро аз мазмуни меъёрхои зерини Конститутсия фахмидан мумкин аст: дар моддаи 64-уми Конститутсияи ЧТ навишта шудааст, ки «Президенти Чумхурии Точикистон Сарвари давлат ва хокимияти ичроия (Хукумат) аст».

Яъне Президенти кишвар дар як вакт хам Сарвари давлат ва хам Раиси Хукумат мебошад, ки чунин холат танхо ба чумхурии президенти хос аст.

Дар кишвари мо Президент тавассути интихоботи умуми ва мустаким, бо тарзи баробар ва овоздихии пинхони аз чониби тамоми халк ба мухлати хафт сол интихоб мешавад. Ин тарзи интихобот низ ба шакли идоракунии президенти хос аст.

Чихати сеюмаш хамин аст, ки Хукумат пурра ба Президент тобеъ буда, аз фаъолияти худ ба у мунтазам хисобот медихад. Гайр аз ин, тибки моддаи 69-уми Конститутсия Президенти ЧТ Сарвазир ва аъзои Хукуматро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. Чунин вазъият низ дар давлатхои шакли идоракуниашон президенти вучуд дорад. Хусусиятхои номбурда аз он гувохи медиханд, ки шакли идоракунии ЧТ, яъне шакли чумхурии президенти, ба шароити кунуни ва дурнамои пешрафти Точикистон хеле мувофик аст.

Чихати аз хама мухим дар ин шакли идоракуни ба шохахои мустакил таксим шудани хокимияти давлатист. Чунин тачзияи хокимияти давлати ба демократикунонии хаёти чомеа ва иштироки васеи мардум дар амали гардонидани хокимият шароити мусоид фарохам меорад. Гайр аз ин, чунин сохти давлатдори бо принсипи давлати ичтимоии хукуки будани Точикистон мувофикат мекунад.

Дар чумхурии мо хама шаклхои моликият, аз чумла моликияти хусуси инкишофи озодона дорад. Аммо иктисоди бозории мо ба ичтимоиёти кишвар нигаронида шудааст. Дар кисми дуюми моддаи якуми Конститутсия Точикистон давлати ичтимои эълон гардидааст. Давлатхое, ки худро ичтимои эълон кардаанд, кушиши зиёде мекунанд, ки барои рушди сохахои гуногуни хаёти ичтимоиву иктисоди ва фарханги, инчунин барои пешрафти сохахое, ки ба шароити зист ва некуахволии мардум дахл доранд, тадбирхои амали андешанд. Махсусан, сохахои таъминоти ичтимои, тандурусти, нафакаву сугурта, наклиёт ва алока, маориф, бехдошти мухити зист бо шароити зиндагии мардум робитаи бевосита дошта, гамхории хамачонибаи давлатро такозо мекунанд.

Дар Точикистон аз соли 1994 инчониб бо вусъат ёфтани раванди конунгузори ва устувор шудани конуният, фаъолияти муътадили макомоти хокимияти давлати ва аз хама мухимаш – пойдор шудани сулху суботи умуми пояхои чомеаи шахрванди гузошта шуда истодаанд. Бояд гуфт, ки чомеаи шахрванди ин чомеаи одамони озод буда, онхо аз хама хукукхои ичтимоиву иктисоди ва сиёси бо имкониятхои баробар истифода мекунанд ва мансубият ба нажоду миллат ва эътикод фарке надорад.

Принсипхои мухими чомеаи шахрванди – кафолати хифзи хукукхои шахсият, дахолат накардани давлат ба хаёти шахсии шахрвандон, озодии сухан, акида ва матбуот, инчунин хусусияти демократи доштани хокимият аст. Зиндаги дар чунин чомеаи озоду пешрафта аз кадимулайём ахли илму адаб ва олимонро ба худ чалб кардааст. Хануз дар Юнону Рими кадим файласуфони машхур Афлотун ва Сисерон оид ба бартарияти ин тарзи зиндаги акидахо баён карда буданд. Мулохизаи олимони пешинро хулоса карда, ба таври умуми чор унсури чомеаи шахрвандиро чудо кардан мумкин аст. Инхо – хирад, озоди, некуахволи ва адолат мебошанд.

Хусусиятхои чомеаи шахрвандиро Президенти Точикистон мухтарам Э.Ш.Рахмонов хангоми суханрони дар чаласаи Шурои чамъиятии Чумхурии Точикистон 11-уми марти соли 2002 хеле аник ва мухтасар баён кардаанд, ки ин хусусиятхо – моликияти хусуси, демократияи сиёси, маданияти демократи ва оромиву субот дар чомеа ба шумор мераванд.

Дар шароити имрузаи инкишофи Чумхурии Точикистон бисёр унсурхои чомеаи шахрванди ба назар мерасанд. Чунончи, хукукхои фитрии инсон мувофики моддаи 5-уми Конститутсия дахлнопазир эълон шудаанд. Гайр аз ин, давлат хукуку озодихои инсон ва шахрвандро на факат эътироф, балки риоя ва хифз менамояд.

Гуногуншаклии моликият, озодии фаъолияти иктисоди ва инкишофи муносибатхои бозори дар асоси ракобати солим чихати мухими ташаккули чомеаи шахрванди ба хисоб меравад. Дар моддаи 12-уми Конститутсия навишта шудааст, ки «асоси иктисодии Точикистонро шаклхои гуногуни моликият ташкил медихад». Дар кишвари мо хама навъхои моликият, аз чумла моликияти хусуси, хукуки баробари мавчудият доранд.

Яке аз хусусиятхои асосии чомеаи шахрванди – дар асоси равияхои гуногуни сиёси ва мафкурави инкишоф ёфтани хаёти чамъияти мебошад. Мувофики моддаи 8-уми Конститутсия хеч як мафкура, аз чумла мафкураи дини, ба сифати мафкураи давлати эътироф намешавад. Ин акида чунин маъни дорад, ки дар интихоби мафкура, пайрави кардан ба ин ё он назарияву акида ва таълимоти сиёси хар шахрванди Точикистон комилан озод аст. Инчунин, хар шахрванд хукуки комил дорад, ки ба кадом дину мазхабе, ки майл дорад, пайрави намояд.

Дар 15 соли охир дар Точикистон хизбхои сиёси, чунбишхои оммави, ташкилотхои гайридавлати ва иттиходияхои чамъияти, иттифокхои касби ва эчоди, созмонхои хайрия ва муассисахои хусуси хеле зиёд ташкил ёфтаанд. Фаъолияти озодонаи иттиходияхои чамъияти ва иштироки фаъолонаи онхо дар хаёти сиёси ва идораи давлати яке аз шартхои мухими чомеаи шахрванди ва давлати хукукбунёд аст. Дар Точикистон даххо санадхои хукуки кабул шудаанд, ки барои фаъолияти оммаи васеи мардум дар сохахои гуногуни хаёти чамъияти шароит фарохам меоранд.

Озодии сухан ва матбуот хамчун воситаи мухими ташаккули афкори чамъияти аз хосияти демократи доштани давлати Точикистон гувохи медихад. Алхол дар мамлакати мо баробари матбуот ва нашрияхои давлати, инчунин, даххо рузномаву мачаллахои хусуси, телевизион ва радиохои гайридавлати фаъолият мекунанд. Дар моддаи 30-юми Конститутсия зикр шудааст, ки ба хар кас озодии сухан, нашр, хукуки истифодаи воситахои ахбор кафолат дода мешавад.

Меъёри дигари конститутсиони – манъ будани сензураи давлати ва таъкиб барои танкид кафолати давлатии озодии акида ба шумор меравад.

Хамин тавр, сохти сиёсии Чумхурии Точикистон ба талаботи низоми демократии давлатдории муосир созгор буда, дурнамои инкишофи давлат ва чомеаи Точикистонро таъмин мекунад.

Сохти иктисоди Иктисодиёти Чумхурии Точикистон ба шаклхои гуногуни моликият асос ёфтааст.

Дар моддаи 12-уми Конститутсияи ЧТ гуногуншаклии моликият хамчун асоси иктисодиёти Точикистон эътироф шудааст. Тибки кисми дуюми хамин модда давлат фаъолияти озоди иктисоди, сохибкори, баробархукуки ва хифзи хукукии хамаи шаклхои моликият, аз чумла моликияти хусусиро кафолат додааст. Мазмуни ин меъёри конститутсиони чунин аст, ки ягон шакли моликият аз нигохи конун нисбат ба шакли дигар бартари дошта наметавонад. Барои ривочи шаклхои гуногуни моликият аз чониби парламенти кишвар санадхои зиёди меъёрии хукуки кабул шудаанд, ки бо татбики онхо сохахои гуногуни иктисодиёти кишвар ба таври муътадил таракки мекунанд.

Конунхои амалкунанда ба хар шахрванди Точикистон хукук додааст, ки сохиби моликият бошад ва молу мулкашро ба мерос гузорад. Бекор кардани хукуки шахс ба моликият манъ карда мешавад.

Дар ин бора дар моддаи 32-юми Конститутсияи мамлакат чунин меъёр вучуд дорад: «Хеч кас хак надорад хукуки шахсро ба моликият бекор ё махдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эхтиёчоти чамъият дар асоси конун ва розигии сохиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад».

Чунонки маълум аст, Чумхурии Точикистон асосан давлати кишоварзи буда, махсулоти асосии  он аз замин руёнида мешавад. Дар бисёр давлатхои чахон замин ба моликияти хусусии шахрвандон дода шудааст. Дар Точикистон бошад, замин дар баробари сарватхои зеризамини, об, фазо, олами набототу хайвонот ва дигар боигарихои табии моликияти истисноии давлат ба шумор меравад.

Аммо давлат кафолат додааст, ки мардум аз замин ва дигар боигарихои табии пурсамар истифода барад. Масалан, мувофики Конуни ЧТ «Дар бораи ичора» шахрвандон метавонанд бо рохи ба ичора гирифтани замин онро коркард намуда, вазъи иктисодии худро бехтар намоянд. Гайр аз ин, барои афзун намудани истехсоли махсулоти кишоварзи ва истифодаи окилонаи замин фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон аз соли 1995 ва соли 1997 дар бораи чудо намудани мутобикан 50 ва 25 хазор гектар замин барои хочагихои ёрирасони шахсии шахрвандон интишор гардидаанд ва ин икдоми Сарвари давлат ба ислохоти сохаи кишоварзи ва заминдори ибтидо гузошт.

Яке аз шаклхои асосии амалигардонии хукукхои иктисодии шахрвандони Точикистон фаъолияти сохибкори мебошад. Сохибкори фаъолияти мустакилонаи мувофики конун бакайдгирифташудае мебошад, ки барои мунтазам ба даст овардани фоида аз истифодаи молу мулк, истехсол ва фуруши мол, ичрои кор ё хизматрасони равона карда шудааст.

Сохибкори дар кишвари мо мувофики конунхои амалкунанда, аз чумла Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи химоя ва дастгирии давлатии сохибкори дар Чумхурии Точикистон» аз 10 майи соли 2002, метавонад бо истифодаи мехнати кироя ва бе истифодаи он, бо таъсиси шахси хукуки ва бе таъсиси он амали гардонида мешавад.

Хамаи шахрвандони Точикистон, инчунин шахсони хоричи ва бешахрванд, ташкилотхои тичорати ва гайритичорати, инчунин ташкилотхои хоричи ба фаъолияти сохибкори машгул шуда метавонанд.

Сохибкор дар пешбурди фаъолияти иктисоди комилан озод аст. У хукуки мустакилона ба муомилот баровардани молхои истехсолкарда ва бадастовардаашро дорад. Дар муносибат бо давлат сохибкор танхо дар асоси шартнома фаъолият дошта метавонад. Кам кардани бекори ва ба вучуд овардани чойхои кори дар сохахои гуногун – сохтмон, саноат, кишоварзи ва хизматрасони, инчунин, ба вучуд овардани ракобати молхои ватани бо молхои хоричи самтхои асосии фаъолияти сохибкори дар Точикистон мебошанд. Бояд гуфт, ки дахолати макомоти хокимияти давлати ба фаъолияти сохибкорон хеле махдуд аст. Хусусан, ба сохибкорон додани дастур барои ичрои ин ё он навъи кор ва хизматрасони, инчунин, муайян кардани нарххо ба молхои фурухташавандаи сохибкорон манъ карда шудааст.

Сохти ичтимои Сохти ичтимоии Чумхурии Точикистон аз принсипи давлати ичтимои будани он бармеояд. Дар ин хусус дар моддаи якуми Конститутсия гуфта мешавад: «Точикистон давлати ичтимои буда, барои хар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фарохам меорад».

Дар давлати ичтимои гамхори ба сохахои мухими марбут ба фаъолияти оммаи васеи мардум дар мадди аввал аст. Ин сохахо аз он чихат мухиманд, ки шахрвандон хар руз бо онхо сарукор мегиранд, масалан, сохахои нигахдории тандурусти, маориф, хифзи ичтимоии ахоли – нафака, сугурта ва гайра.

Фарохам овардани шароит барои тахсил имкон медихад, ки наврасону чавонон новобаста аз вазъи ичтимои ба омузиш чалб карда шаванд. Дар низоми мактабхои оли вобаста ба талаботи иктисоди бозори ва вазъи иктисодии табакахои гуногуни чомеа

шаклхои ройгон ва шартномавии тахсил ба рох монда шудаанд. Чавонон дар масъалаи интихоби шакли тахсил комилхукук мебошанд. Дар гуруххои шакли тахсилашон ройгон харочоти тахсилро худи давлат пардохт мекунад. Давлат барои гуруххои муайяни шахрвандон истифодаи ройгони хизматрасонии тиббиро мукаррар кардааст. Нафакахурон, иштирокчиёни ЧБВ, гуруххои муайяни маъюбон ва ятимон аз хизматрасонии тибби ба таври имтиёзнок истифода мекунанд.

Масъалаи табаият ё худ шахрванди ба робитаи хукукии инсон бо давлат алокаманд аст. Ин робита дар мачмуи хукуку вазифа ва масъулияти хамдигарии онхо ифода меёбад. Мувофики моддаи 2-юми Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи шахрвандии Чумхурии Точикистон» шахсе шахрванди Чумхурии Точикистон ба хисоб меравад, ки аз рузи кабули Конститутсия шахрванди Чумхурии Точикистон мебошад ё ин ки мутобики хамин конун ба у шахрвандии Чумхурии Точикистон дода шудааст. Шахрвандии Чумхурии Точикистон бо роххои зерин ба даст оварда мешавад: аз руи таваллуд, аз руи тартиби бакайдгирии он, дар натичаи кабул шудан ба шахрванди, дар натичаи баркарор шудан ба шахрванди ва бо рохи интихоби шахрванди.

Бояд гуфт, ки дар Точикистон шахрвандии ягона вучуд дорад ва мансубияти шахрванди Точикистон ба шахрвандии давлати дигар эътироф карда намешавад. Яке аз нишонахои асосии шахрванди ЧТ доштани шиноснома мебошад. Шиноснома санади мухимест, ки шахсияти шахрвандро тасдик мекунад.

Хама шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки ба синни 16-солаги расидаанд, хукук доранд, ки сохиби шиноснома шаванд.

Яке аз хусусиятхои инсонпарваронаи конунгузории амалкунандаи мо ин аст, ки ба шахрвандони Точикистон, ки дар хорича кору зиндаги мекунанд, масъалаи катъ гаштани шахрвандиро раво намебинад. Шахрвандоне, ки дар хоричи кишвар истикомат доранд, бояд дар намояндагихои консулии Точикистон аз кайд гузаранд. Инчунин, ба шахрвандони хоричие, ки гирифтори вайронкунии хукуки инсон шудаанд, давлат панохгохи сиёси дода метавонад.

Бояд таъкид кард, ки шахрвандон дар масъалаи тарки шахрванди комилан озоданд, вале аз худуди мамлакат баромада рафтан хануз маънои тарк кардани шахрвандиро надорад. Дар Точикистон халли масъалахои шахрванди бевосита ба салохияти Сарвари давлат гузошта шудааст. Мачмуи корхоро оид ба масъалаи шахрванди комиссияи махсус хал мекунад, ки дар назди Президенти кишвар таъсис дода шудааст.

Бояд гуфт, ки асоси ичтимоии давлатро гуруххои гуногуни ичтимои – коргарон, кишоварзон, хунармандон, хизматчиёни давлати, сохибкорон, точирон, хизматчиёни харби, нафакахурон, кудакону наврасон, чавонон ва гайра ташкил медиханд. Табакахои номбаршуда яке нисбат ба дигаре афзалият ё махдудият надорад. Вазъи хукукии онхоро конунхои амалкунанда танзим мекунад.

Хар яке аз сохахои ичтимоии Чумхурии Точикистон – маориф, илм, нигахдории тандурусти, фарханг, хифзи ичтимои ва гайра тавассути конунхое фаъолият мекунанд, ки муносибатхои мухимтарини хамин сохахоро фаро мегиранд. Чунончи, барои танзими муносибатхои сохаи маориф Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи маориф», барои танзими муносибатхо дар сохаи фарханг Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фарханг» ва барои танзими муносибатхои сохаи нигахдории тандурусти бошад, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хифзи саломатии ахоли» кабул карда шудаанд. Ин конунхо ва санадхои дигари хукукие, ки сохахои гуногуни ичтимоиёти давлатро ба танзим медароранд, дар мачмуъ сиёсати ичтимоии Хукумати Чумхурии Точикистонро муайян месозанд.

Саволхо:

  1. Шакли идоракунии Чумхурии Точикистон чи гуна аст?
  2. Аломатхои шакли идоракунии чумхуриявиро номбар кунед.
  3. Мундаричаи шакли идоракунии президентиро аз кадом меъёрхои Конститутсия фахмидан мумкин аст?
  4. Давлати ичтимои чи гунна хусусиятхо дорад?
  5. Гуногуншаклии моликият дар кадом моддаи Конститутсия зикр шудааст?
  6. Принсипхои чомеаи шахрвандиро номбар кунед.
  7. Дар Чумхурии Точикистон хаёти чамъияти дар асоси кадом равияхо чараён мегирад?
  8. Ба фикри Шумо, озодии сухан ва матбуот чи зарурат дорад? 9. Мазмуни моддаи 12-уми Конститутсияро шарх дихед.
  9. Моликияти истисноии давлат гуфта, кадом навъи моликият дар назар дошта мешавад?
  10. Масъалахои шахрвандиро кадом санади хукуки танзим мекунад?
  11. Самтхои фаъолияти сохибкориро номбар намоед.
  12. Шахс дар чандсолаги хукуки гирифтани шиноснома пайдо мекунад?
  13. Шиноснома чи гуна хуччат аст ва вазифааш аз чи иборат мебошад?
  14. Давлат ба кихо панохгохи сиёси дода метавонад?

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …