Главная / Гуногун / СИРРУ СЕХРИ СУХАН

СИРРУ СЕХРИ СУХАН

Устод Садриддин Айни дар китоби “Тахзиб-ус-сибён, ки хануз дар огози садаи 20-ум эчод намуда буданд, навиштаанд: “Дар дунё бахтёр он касе аст, ки сохиби илм ва дониш бошад”.

Хакко, ки рост аст!

Афсонахонии модар аз китоб барои кудак
Афсонахонии модар аз китоб барои кудак

Касе барои анухтани дониш аз сидк талош мекунад, ба орзухояш мерасад ва зиндаги барояш ширину гуворо ва саховатманд хохад буд. Мутафаккири Чин Конфутсий гуфтааст: “Кишваре, ки афроди он аз илму дониш бахраманд бошанд, дигар таъми гуруснагиро начашида, зиндагии барохату осуда хоханд дошт”. Ва дар рузгори кунунии бамаротиб коста гардидаи ахлоку одоби чомеа накшу нуфузи китоб як бар чанд афзудааст. Ин аст, ки Президенти кишвар, мухтарам Эмомали Шарифович Рахмонов ба нашри китобхо таваччухи хоса дорад. Хамасола барои чопи асархо аз хазинаи эхтиётии Президент маблаги муайян чудо мешавад. Ва инак боз як китоби нав ба дасти мо расид. Ин китоби Абдурахмони Абдуманнон “Пиндорхо ва ингорхо” мебошад, ки тавассути нашриёти “Адиб” 700 нусха аз чоп баромад.

Китоб аз ду кисм: “Пиндорхо” ва “Ингорхо” фарохам омада, маколахои адабиётшиноси, очерки хуччати, намунахои шеър ва тарчумаи бадеии муаллифро, ки дар солхои охир таълиф намудааст, дар бар мегирад.

Мехвари асосии китобро сирру сехри сухан ташкил медихад.

Дар омади сухан бояд гуям, ки Абдурахмони Абдуманнон ба муаррифи ниёз надорад. У яке аз пажухишгарони нуктасанчу тавонои точик аст. Хонандаи точик бо осори илмиву тахкикотии ин адабиётшинос хеле хуб ошност. Маколахои тахкикотиаш доир ба пахлухои гуногуни шеъру адаб ва намояндагони адабиёти муосири точики таълиф гардида, бо шавк хонда мешаванд. Бо вучуди ин дар охирсухани китоб муаллиф дар бораи худ сухан меронад. Ин чиз нав буда, боиси хурсанди ва дастгирист. Алгараз, чун адабиёт кашфи бадеии зиндагист, зиндагиномаи адиб таъсиру самарабахшоии офаридахои уро афзунтар мегардонад. Муаллиф зодгохи хешро чунин ба калам медихад: “Дар ду сохили болооби дарёи Чирчик, дар байни кухсорон, бештар аз 20 дехаи хурду калони точикнишин вокеанд. Яке аз калонтарини онхо дехаи Богистон аст, ки сокинонаш худро аз кавми Шайх Умари Вали – падари Шайхантахури Чочи ва бобокалони Хоча Убайдуллохи Ахрори Вали медонанд. Макбараи Шайх Умари Вали, ки дар овони кудакиву наврасии ман зиёратгохи точикону узбекхо, туркманхову киргизхову казокхо буд, холо макоми Мамнуъгохи давлатии Чумхурии Узбекистонро дорад ва дар даромадгохи дехаи Богистон вокеъ аст.

Модарам мегуфт, ки ман вакти гули зардолу дар ганчина (анбори хуроквориро дар гуиши мо ганчина мегуянд) ба дунё омадаам ва таъкид мекард, ки ризкам аз азал бо худам аст. Яъне, ман 6-уми апрели соли 1947 дар дехаи Богистони нохияи Бустонлики вилояти Казокистони Чануби таваллуд ёфтаам. Соли 1956 нохияи моро ба вилояти Тошканди Чумхурии Узбекистон гузарониданд”.

Аз охирсухан маълум мешавад, ки Абдурахмони Абдуманнон дар оилаи серфарзанд ба воя расидааст. Саводи ибтидои ва аввалин оятхои Куръонро то панчсолагиаш аз бобои модариаш мулло Рафик, ки ахли китоб буда, дар байни мардуми деха эътибори калон доштааст, меомузад.

Муаллиф наврасии худро хеле зебо менигорад: “Такрибан 10-12 сол доштам, ки дар клуби дехаамон филми хиндии “Чаноби 420”-ро нишон доданд. Дар он филм сахнае хаст, ки хонум Ритаи муаллима ба кудакон бо суруд дарси чистон мегуяд, ки такрибан чунин садо медихад:

И чи, ки дана, и чи, ки дана?

Дана ху пур дана,

И чи, ки дана?…

Баъди тамошои он филм кудакони хамсол ва аз худам хурдтари махалларо шомгохон чамъ мекардаму дар бехи девор шинонда, ин сурудро мехондем, вале давомашро намедонистем. Ман, ки саркардаи ин хангома будам, хамеша дилу хотирам ба хавои пайдо кардани давоми ин суруд ё чизи точикии ба ин монанд банд буд. Ва рузе тасодуфан дарёфтам, ки худи чистони Рита аслан точикист. Баъдан ин чистонро дар шакли точики ва бо истифода аз чистонхои китоби хониш ба ин тарз мехондам:

Ин чи, ки донад? Ин чи, ки донад?

Донад, у пур донад.

Ин чи, ки донад?

Об дар об чи бошад,

Хавзи гулоб чи бошад?

Оташ расад, ях кунад,

Онро чавоб чи бошад?

Ин чи, ки донад?…

Ва кудакон бо як овоз чавоб медоданд: “Тухм!”. Хамин тавр, “Уштуркуланги бедум” ва дигар чистонхоро ба шакли суруд дароварда мехондем”.

Барои чи Абдурахмони Абдуманнон адабиётшиносиро пеша кард. Ба ин савол худи у дар охирсухан чавоб медихад: “Гумон мекунам, ки кушиши шеърро фахмидану донистан дар ниходам аз хамон кудаки пайдо шуда буд. Шояд ба хамин сабаб баъдхо фаъолияти илмиву адабиамро асосан ба тадкику накди шеър пайвастам”.

Ва бешубха завк рохбар шуда. Чунон ки Мухаммад Гоиб гуфта:

“Завки зебои насиби хама нест,

Зог бар чониби гулшан наравад”.

Абдурахмони Абдуманнон аз ходими хурди илми то ба мудирияти шуъбахои иттилооти омма, иттилотию тахлили ва фарханги Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон месабзад. Ин тасодуфи нест. Зеро у номи накуву мартабаи баландро бо хосили захмату эъчози фикри худ сохиб шудааст. Фирдавсии бузург бесабаб нест, ки фармудааст:

“Кучо бехунар – шуд асири ниёз,

Хунарманд хар чо бувад сарфароз”.

Дар бахши аввали китоб, ки “Пиндорхо” унвон гирифтааст, маколахо ва гузоришхои илмии дар солхои охир навиштаи муаллиф руи чоп омадаанд.

Дар маколот муаллиф бо эхсоси масъулиятшиноси рочеъ ба шеъри муосир ва намояндагони барчастаи он дар мисоли осори устод Муъмин Каноат, Гулназар, Гулрухсор, Бозор Собир ва дигарон андешахои чолиб баён намудааст.

Нахустмаколаи китоб “Шеър чахони шоир аст” ном гирифта, дар заминаи гузориш дар мачлиси Садорати иттифоки нависандагон, ки 22 декабри соли 2002 баргузор гардида буд, навишта шудааст. Муаллиф дар ин маколаи мучазу рангини хеш оид ба хусну кубхи шеъри точики ва раванду тамоюлхои гуногуни он ибрози акида карда, кайд намудааст, ки: “…ба назари ман, тахлили хурдагиронаи эчодиёти шоире ё шеъре низ натичаи матлуб нахохад дод. Зеро, ба кавли шухиомези худи адибон, дар байни аъзоёни Иттифоки нависандагон ками андар каманд адибоне, ки ба истеъдоду кудрати адиби дигар арч гузоранд, аксари кулл чунинанд, ки хар кадом ба пиндори худ дахост. Аз ин ру, чунон ки шоири зиндаёд Нодири Нодирпур гуфтааст: “агар шеър хуб бошад, ба дифоъ ниёз надорад ва гар бад бошад, аз дифоъи ман ё дигарон суде хосил нахохад омад”.

Аз хамин як пораи боло гавхари андешахои муаллифро метавон шинохт.

Муаллиф хеле дуруст кайд мекунад, ки вокеахои 15 соли охир дар шеър хам аксандоз гардида, “сафи ба ном шоирони китобдор хеле афзуд”. Тавре ки маълум аст, ашъори ин “шоирон” хама арзишхои шеъриро аз байн бурда, сабаби таназзули завку салика, тафаккуру парвози баланди хаёлоту парвариши зехну хофизаи хонанда мегардад. Дар робита бо ин чунин ба назар мерасад, ки бо вучуди чорахои Иттифоки нависандагон дарачаи тахдиди ин падидаи манфи ру ба афзоиш аст.

Бо вучуди ин олими варзида ба манзараи тахаввули шеъри имрузаи точики бо чашми тахкик нигариста, дастоварду пешравихои хеле назаррасро мебинад: “…маърифати шеър нисбат ба солхои пешин болотар рафт, забони шеър суфтатару пухтатар шуд…, дарунмояву мухтавои шеър фарогиртару рангинтар гардид…”. Ва тамоюлхои бештар хадафманду намоёнтарро номбар мекунад: “суннатгарои ва навгарои”. Хамзамон кайд мекунад, ки: “Дар доираи тамоюли суннатгарои дар солхои охир як равияи тозае зухур кард, ки онро метавон равияи фанни ё тафаннуни номид”. Оиди ин равия мисолхо меорад. Дар баробари ин равияи дигареро бо номи “шеъри китоби” кайд карда менависад: “Хусусияти чашмраси чунин шеърхо ин аст, ки гуяндагони онхо ба ороишу пероиш ва ритму оханги сухан вокеан ахамияти зиёд медиханд”. Ва аз эчодиёти Абдулло Кодирии Мумтоз, Фарзона, Алии Мухаммадии Хуросони, Салими Хатлони порахои шеъри оварда, чунин хулоса мекунад: “Ин кабил шеърхо ба истилох суратиянд, камтар гарми доранд, бо вучуди хамаи дурустихою зебоихо аз зиндаги зиёд бархурдор нестанд, содатар гуям, зочахои бисёр зебоеро мемонанд, ки чон надоранд”.

Сипас пажухишгари нуктасанч оиди хунари шоири асил мухокима ронда, аз устод Лоику Гулрухсор мисолхо оварда менависад: “Махз ба тавассути чунин шеърхо чахони шоир офарида мешавад, ки барои хонанда низ маргуб асту вай ба он чахон метавонад ворид шавад, бо гаму андух ва шодию сурури гуяндаи шеър шарик бошад, бо у хамовоз гардад.

Сирри махбубият ва вирди забонхо будани ашъори устод Лоик танхо дар хамин аст. Худи шоир инро медонист, ки гуфтааст:

Асли ман шеъру газалхои мананд,

На хамин шуру магалхои мананд…

Дар чахон бо чумла бурду бохтам

Ман чахони хешро хам сохтам”.

Абдурахмони Абдуманнон дар бораи шеърхои навгароён сухан ронда, онро ба ду равия таксим мекунад: равияи ичтимоию хамоси ва равияи тагаззули. Ва поягузори харду равияро устод Муъмин Каноат медонад. Аз Гулназар ва Доро Начот порахои шеъриро намуна меорад, ки дар онхо: “Маънихои баландмоя ва тасвиру тавсифхои зебову гиро… зиёд ба чашм мерасанд”.

Дар фуроварди макола таъкид мекунад, ки: “адабиёт озмоишро дуст дорад”.

Бале, адабиёт озмоиш аст!

Хамин тавр, талошхои Абдурахмони Абдуманнон на танхо як даричаи боз ба суи олами рангини шеър аст, хамчунин оинаи дурнамои он хам мебошад:

“Фикри равшанбин амалро рахбар аст,

Чун дурахши барк пеш аз тундар аст”.

Маколаи “Шеъре, ки завк парварад”, ки ба эчодиёти устод Муъмин Каноат бахшида шудааст бо чунин чумла огоз меёбад: “Адибони асил паёмбар ва паёмгузори замон ва насли хеш хастанд”.

Вокеан хам хизматхои ин шоири тавонои миллат дар рушди адабиёти муосири точик хеле ва хеле калон аст. Аз ин чост, ки муаллиф ба мавкеи устод Мумин Каноат дар адабиёти точик бахои баланд додааст.

Дар осори устод Муъмин Каноат рухи шеъри классики, нафаси чонбахши каломи бузургони гузашта эхсос мешавад. Муаллиф шеъри “Пири гулфурушон”-ро мисол меорад, ки: “дар он чи хел мучаз ва нишонрас тасвири зиндаи манзараи бахорони кухи Варзобро офарида”:

Кухи Варзобро чи даврон аст,

Гуиё пири гулфурушон аст.

Чомаи бекасаб ба бар дорад,

Локии шохи дар камар дорад,

Саллаи суф гирди сар дорад,

Сабади гул ба пеши бар дорад.

Пажухишгарони тавонои точик бар он акидаанд, ки то кунун касе дар тасвири табиати Точикистон аз ин бехтар шеър нагуфтааст.

Бале, бехтиарин шеър аст!

Муаллиф хеле некбинонаву окилона таъкид мекунад, ки:

а) “Махорати Муъмин Каноат дар эхсос кардани мавзуъхои мухимми хастии халк ва дар ибрози мавкеъи шоистаи граждани нисбат ба тафсиру талкини ин мавзуъхо кобили тахсину такдир аст”;

б) “Достонхои Муъмин Каноат дар таърихи адабиёти муосири точик макоми хоса доранд”;

в) “Дар саргахи ин кор (аз ёд кироат кардани шеър) низ устод Муъмин Каноат меистод ва дигар шоирон аз у нек пайрави карданд”;

г) “Дунёи шеъри Муъмин Каноат хеле рангин аст, ба кавли худи шоир, “бекарон бахрест” ва хар гаввос метавонад гавхари дилхох аз он биёбад, агар гавхаршинос бошад”.

Дар макола устод Муъмин Каноат мисли куллаи назме, ки суи само сар кашидааст, ба назар мерасад.

Бале, устод Муъмин Каноат яке аз куллахои сар ба фалак кашидаи назми точик мебошад!

Дар маколаи “Паёми дуст” бо як мухаббати бепоён бардоштхо ва андешахояшро оид ба шахсияти адаби ва шеъри Шоири халкии Точикистон Гулназар иброз доштааст. Муаллиф мачмуъаи нахустин шеърхои Гулназар – “Расми сарбози”-ро боз мекунаду чашмаш ба: “Гулназари чавони чавон дар манзари гулзор ба дурихои дур нигохи хаёломезу андешамандона афкандааст”, меафтад. Дарки нигохи шоири чавон худ на танхо шоирона, балки олимона хам аст. Ва баъд китъаеро меёбад, ки шоир хануз соли 1963 дар васфи зодгохи худ гуфтааст:

“Дехаам дар домани кухи баланд,

Хамчу лаълии пур аз шахду шакар.

Кух гуи дар каф онро дошта

– Мархамат, – гуяд ба хар як рахгузар”.

Баъд, муаллиф чунин ибрози акида мекунад: “Сода гуфтаед, вале ба тасвир кушидаед. Шумо аз ибтидо ба тасвир майл доштед, дунё, манзарахо, мардумро бо чашми дил медидед, дилдодаву дилбохта будед”.

Сипас, кайд мекунад, ки Гулназар ба мавзуъи Ватан, таргибу ташвики хиссиёти ватандусти таваччухи хоса дорад. Ва ин пораро мисол меорад, ки дар он “пайванди ногусастании кахрамони лирикиро бо Ватан самимона таъкид” кардааст:

“Дардхои чонгудозу бедавои мо – Ватан,

Захмхои кории мо, нолахои мо – Ватан,

Оре, оре, ибтидову интихои мо – Ватан”.

Сониян, чунин хулоса мекунад: “Хамин мехру мухаббат буд, ки Шумо дар лахзахои барои Ватан фачеътарин – махз аз ибтидои солхои 90 ба баъд дар шеър симои вокеан муфрад ва хоси худро ба зухур овардед”.

Солисан, Гулназарро шоири газалсаро номида, лаззату кайфияти рубоиву дубайтихояшро хоса кайд кардааст, ки: “касро ба хамдиливу хамсадои мехонанд”.

Абдурахмони Абдуманнон як сифати ноёби Гулназзарро хеле ва хеле хуб ба калам додааст: “дар шинохту арчгузории осори хамкаламон Шумо хамеша хадди эътидолу инсофро риоят кардаед, дар мавкеъ ва акидаи худ устувор будаед”.

Ва нихоят дар охири макола менависад: “Истеъдоди худодод, кушишу захматхои зиёд, инсофу адлу дод тавъамон Шуморо ба мартабаву манзалати адиби мумтоз ва махбуби мардуми точик расонидаанд”.

Бале, Гулназар адиби махбуби мардум аст!

Муховара бо рузноманигор Бибихонум Дарвешзода зери сарлавхаи “Сиёсат ба адабиёт бештар ниёз дорад” хам аз чихати мавзуъ хам аз чихати банду баст ва хам аз чихати мухокимарони хеле чолиб мебошад. Дар ин муховара муаллиф ба мавкеи Лохутиву Лоик дар адабиёти точик бахои баланд дода менависад: “Ин ду нафар чун шахсиятхои адаби ва низ бо осоре, ки аз худ боки гузоштанд, ба чараёни рушди шеъри мо, ба муайян гардидани самтхои асосии он таъсири намоёне доштаанд”.

Ибтидои солхои 20, хангоме ки Лохути ба Точикистон омад шеър ру ба танззул дошт. Ва муаллиф хеле дуруст кайд мекунад, ки: “Шеъри Лохути як халкаи пайванде гардид миёни шеъри классики ва шеъри навини мо, ки бояд тавлид мешуд ва рушд мекард”. Ва баъд муаллиф бо афсусу дилсузона чунин менигорад: “Мутаассифона, солхои охир дар адабиётшиносии мо ва дар суханронихои расми номи Лохути камтар ба забон гирифта мешавад. Чаро чунин аст, намефахмам. Шояд бархе бар он акидаанд, ки у аслан аз Точикистон нест, вале хизматхои Лохути дар ташаккули шеър ва умуман адабиёту фарханги навини мо, дар таъсису рушди сохторхои фарханги, аз чопхона сар карда то ба Иттифоки нависандагони Точикистон, бенихоят бузург аст. Инро мо набояд фаромуш кунем”.

Дар мавриди устод Лоик муаллиф чунин менависад: “Дар си соли охири асри 20, ба андешаи ман, Лоик шоире буд, ки самтхои гуногуни тахаввулоти адабиёти моро такон медод. Шоири маъруфи мо Гулназар дар китоби худ “Лоике чун Лоике” менигорад, ки ба устод Лоик чун ба адабиёт бояд мурочиат намуд, яъне эчодиёти у дар сатхи як адабиёт карор дорад”.

Баъд, муаллиф чуръату шучоати устод Лоикро як падидаи беназир арзёби мекунад. Сониян, ба модарномаи устод Лоик бахои баланд дода, чунин нигоштааст: “Хатто устод Мирзо Турсунзода шеърхои ба модар бахшидаашонро баъди газали “Ба модарам”-и Лоик эчод кардаанд. Бархе шояд андеша ронанд, ки ин чо мо Лоикро аз устод Мирзо Турсунзода мукаддамтар гузоштаем, лекин ин вокеият аст. Шеърхои Лоик дар ин мавзуъ пештар аз шеърхои Турсунзода навишта шуда буданд”.

Вокеан хам чехраи модарро дар шеъри муосири точик касе чун Лоик ба риштаи назм накашидааст.

Пажухишгари нуктасанч чунин акида дорад, ки сиёсат ба адабиёт бештар ниёз дорад, нисбат ба он ки адабиёт ба сиёсат ва ба суоли рузноманигор: “Адабиёт метавонад ба сиёсат таъсир бигузорад?” чунин посух медихад: “Албатта, агар сиёсатмадорон маърифати дарки адабиётро дошта бошанд. Чун сиёсатмадор бо мутолиа машгул аст ва ба гоя ва хадафхои асархои адаби сарфахм меравад, як бардоште аз он мекунад.

Таълимоти классикии Ленин дар хусуси он, ки кас дар чомеа зиста, берун аз он буда наметавонад, комилан дуруст аст. Адиб, ки дар чомеа зиста, аз он мавзуъ гирифта, барои чомеа эчод мекунад, хеч мумкин нест, ки ба сиёсат дахл надошта бошад”.

Муховара бо андешахои олим оиди ормонхои милли ба анчом мерасад: “Ормони миллиро дар ин мархилаи буду боши чомеа дар ватандори ва худшиносии милли мебинам. Мукаддастар аз ин идеяи дигареро намебинам, зеро махз чунин гоя имруз мардумро барои рушду инкишофи чомеа муттахид месозад. Ватан ва миллат барои хар шахс агар мукаддас бошад, ободии аввали ва осоиши дуввуми таъмин хохад буд”.

Маколаи “Назмро дар тапиш оварда…” ба Бозор Собир бахшида шудааст. Дар он муаллиф аз шухрату махбубияти шоир, талошхояш дар шикасти колабхо дар афкору гуфтор, сухтану сохтани у дар парвариши хофизаи таърихии халк, махорати пайвастаи суханвари ва часорати шоир дар баёни мавзуъхои гуногун аз ашъори шоир намунахо оварда, фикри худро таквият додааст. Муаллиф менависад: “Ба у гох номаълуму гохе ошкоро тазйик меоварданд, мефишурдандаш, вале садояш боз баландтар мешуд. Дар шеъри “Хонаи мур” бисёр хуб хасби хол кардааст:

Ман тугмаи садоям

Дар пушти ин дари танг,

Хар кадр мефишоранд,

Он кадр мезанам занг.

Дар хамон айём буд, ки Бозор Собир ба сахнаи “хандахезу ашковар”-и зиндагиву мехнат бо чашми хайрату бим менигарист ва мегуфт:

Сахнаи зиндаги бувад агар ин,

Тарсам аз пардахои поёнаш,

Хамчу санъатшинос дар ачабам

Ман аз устоду коргардонаш”.

Муаллиф кайд мекунад, ки солхои 70-80-и карни XX шеърхои тавсифи дар мавзуъхои Ватан, партия, инкилоб густариш ёфта, аз кучахо ба минбар гузашт. Ин гуна шеърхо: “барои “рахкушои” ба суи чоп навишта мешуданд, ба масал паровозе буданд, ки каторахои холиро гирифта, ба манзили нашр мекашиданд. Буи гализи савдогари меомад аз ин гуна навиштахо. Ва Бозор Собир аз минбари Анчумани нухуми нависандагони Точикистон бо алам гуфта буд:

Дар замони мо суханбози хунар нест,

Эй ватанбозон, ватанбози хунар нест!”.

Хамчунин ба шеърхои ба гиромидошти шахсиятхои бузурги халкамон – Фирдавси, Ибни Сино, Борбад, Ахмади Дониш, Айни, Турсунзода ва дигарон бахшидаи шоир бахои баланд дода, кайд мекунад, ки: “хар яке драмаи шурангезест оид ба сахифахои гуногуни таърихи халк”.

Бозор Собир худаш хеле кам шеър менависад ва аз пурнависон дар шигифт аст, зеро пурнависоне, ки гумон аст ягон шеърашон дархури мардум шуда бошад, хеле зиёданд. Дар фуроварди макола муаллиф менависад: “Даххо шеъри Бозор Собирро ном бурдан мумкин аст, ки хар яке бори маънии достонхои пурарзишро мекашад ва дар дилу хотирхо накш бастааст”.

Дар бахши “Пиндорхо” маколахои “Мо гуфтахои мардуми бечора гуфтаем”, “Аз киссаи “Шамъу парвона” то газалиёти истанбули”, “Каламам умри човидони ман аст”, “Махмудхоча Бехбуди”, “Сирру сехри сухан”, муколамаи “Чамъият, кудак, адабиёт” ва очерки хуччатии “Танхои” руи чоп омадаанд, ки хеле пурмухтаво буда, шавку шури хонандаро бармеангезад.

Мутолиаи матолиби ин бахш хакикати кухнаро бори дигар таъйид мекунад, ки адабиёт олитарин санъати худкоби, худёби ва истиклолияти инсон аст. Бале, ба кавли шоир:

“Шоири гояти кудрат будааст,

Адабиёт одамият будааст”.

Дар кисми дуюми китоб “Ингорхо” намунаи шеърхо ва тарчумахои муаллиф аз адабиёти чахон гирд омадаанд. Мутолиаи 16 шеъри муаллиф бароям тамоман ногахони буд. Ва як гуфтаи Рачаб Мардон ба ёд меояд: “Сатре, ки мавкеи сабт наёбад, лахади у то рузи хашр кафаси сина аст”. Хеле хурсанд шудам, ки сатрхои Абдурахмони Абдуманнон мавкеи сабт ёфтаанд. Ва эхсос мекунам, ки ин шеърхо ба у чи кадар азизанд. Охир, бо захмат ба каф омадаанд. Он чи ки бо захмат омада, лаззат хам дорад. Шеъри баланд хамоно бо мутолиаи нахуст шинохта мешавад. Бо вучуди ин мехостам нигохи як шоири тавоноро дошта бошам. Ногох ба хукми сарнавишт ходисае тасодуф шуд, ки ман бехабар аз худ ба муроди дил расидам. Ба утоки кории шоири халкии Точикистон Мухаммад Гоиб ворид гашта, китоби Абдурахмони Абдуманнонро руи мизаш дидам.

Аз у пурсидам, ки:

– Хондед?

Чехраи Мухаммад шукуфт ва бо хушхоли посух дод:

– Хондам!

Боз суол додам:

– Шеърхо чи хеланд?

Бо хамон хушхоли посух дод:

– Хеле хубанд, вале кам.

Бале, хеле кам! Барои чи? Ба ин суол Абдурахмони Абдуманнон дар охирсухан чунин посух медихад: “Аксари навиштахоям ба шеъри даврони шурави ва имруз алокаманд аст. Агарчи аз чавони андак завки шеър гуфтан доштам, хеч гох хавасу даъвои шоири накардаам. Чанд шеъре, ки дар ин китоб чой додам, бо ташвики дустони шоирам Камол Насрулло, Рахмат Назри ва Низом Косим сурат гирифт”.

Асолат ва чавхари асосии шеърхои уро ситоиши бузурги ва мукаддасоти ишку мухаббати пок ва хакикату самимияти инсони ташкил медихад. Марди чахонгаштаву обруманд ва аз гармиву сардихои рузгор бохабар шеърро парчами мухаббат карда, ба зиндаги бо чашми дилу хирад назар мекунад. Ва дар шеъри “Фиреби оина” ба забони хол омада эълон мекунад:

“Шаб дар чамани оинаи синаи сузон

Бо чашми дилам руи накуи ту бидидам”.

Шеърхои китоб зебову дилнишин ва хубу маргубанд. Мехохам аз байтхои дилписанди Абдурахмони Абдуманнон чандеро манзур намоям:

“Дил ба дил додам, агар бошад пазиро арзи дил,

Нози ту бар чон пазирам, ёри таннозам, биё!”

*       *       *

“Булбуле рахти сафар бардоштаст

Аз гулистон дар хуруши навбахор.

Як гуле афтода андар рохи дил

Булбули худро хамеша интизор…”.

“Чи кунам, сари баландам нашавад ба назди кас хам

Ва худ аз гаронии гам ба дарун кашидаам дам,

Нафасам фазо надорад,

Аламам садо надорад…”.

Ман метавонам бо камоли чуръат бинависам, ки хонандаи равшанзамир аз мутолиаи ин китоб хакикати дилхохро барои худ кашф хохад кард. Ва бигзор ин ду мисраи Мавлави анчомбахши гуфтори мо бошад:

“Магзи нагз дорад охир одами,

Як даме онро талаб, гар з-он дами”.

7 октябри соли 2006

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …