Главная / Биология / СИНФИ ПАРРАНДАХО

СИНФИ ПАРРАНДАХО

Паррандахо дар натичаи инкишофи тадричии дуру дароз як шохаи нихоят инкишофёфтаи хайвоноти мухрадорро ташкил кардаанд.

Паррандахои аввалин аз гурухи махсуси хазандагони кобилияти парвоздошта ба вучуд омада, бо парвоз кардан боз хусусиятхои хос пайдо кардаанд ва нисбат ба дигар паррандахо муташаккилтар мебошанд.

Хусусиятхои фарккунандаи паррандахо аз хазандахо аз инхо иборат аст:

  1. Сохти асабашон нагз инкишоф ёфтааст ва инро мо дар фаьолияти хаётии паррандахои гуногун мебинем.
  2. Паррандагон харорати баланди доимии бадан доранд (дар паррандагони кутби 400, дар паррандахои экватори 410) ва он на ба харорати хаво, балки ба фаъолияти мубодилан моддахо ва ба терморегулятсия вобаста аст.
  3. Бештар ба парвоз кобилият пайдо карда, хеле тез ва дур харакат мекунанд.
  1. Тухм гузошта, онро гарм мекунанд, ки ин нишонаи гамхори ба насл аст.
  2. Дили паррандахо 4-хучраги мебошад.
  3. Бадани паррандахо бо пару пат пушида шудааст.
  4. Пойхои пеши онхо ба бол табдил ёфтаанд.
  5. Дандон дар паррандахо бархам хурдааст.
  6. Паррандагон нисбат ба днгар мухрадорон дар кураи замин васеъ пахн шудаанд.

Азбаски паррандахо дар иклими гуногун зиндаги мекунанд, микдори намудхои онхо ба 8600 расидааст. Хама намудхои паррандахо 31 каторро ташкил мекунанд. Намудхои паррандагон дар минтакаи тропикию наздитропики хеле зиёд буда, дар Арктикаю Антарктида каманд.

Расми 24. Паррандаи кадима. Археоптерикс: намуди зохирии эхтимоли. устухонбанди ва накши пархо.
Расми 24. Паррандаи кадима. Археоптерикс: намуди зохирии эхтимоли. устухонбанди ва накши пархо.

Ба паррандагон аломатхои зерин барои парвоз кардан имконият додаанд:

  1. Баданашон бо пару патхои гуногун пушида шудааст.
  2. Узвхои дохилии бадан ба таври зич чойгир шудаанд, ки ин барои яклухт буридани хаво имконият медихад.
  3. Набудани дандонхо то як дарача баданро сабук карда, ба чойи чог нули шохини сабук пайдо шудааст.
  4. Устухонбандии онхо махии ва сабук буда, дарунаш бо хаво пур аст.
  5. Дар хар як парранда то 4-5 чуфт халтаи хавои хаст, ки он халтахо бо шуш алокаманд буда, пеш аз парвоз бо хаво пур мешаванд.
  6. Кисми пеши устухонбандии сари сина найзашакл буда, тегаи сина барои бурриши хаво чун каик дар об ёрй мерасонад.
  7. Дар паррандахо узвхои даруни бисёртар дар кисми кафаси синаги зич чойгир шуда, барои нигахдории баробарвазнии бадан ёри мерасонанд.
  8. Тартиби пешоб бо макъад якчоя шуда, одатан пеш аз парвоз начосати чамъшударо аз худ берун мекунанд, ки аз ин кор баданашон андаке сабуктар мешавад.
  9. Дум ва бол вазифаи муайян намудани самти харакатро ичро мекунанд.

Пусти паррандахо тунук буда, кариб ки гадудхои лухоббарор надорад. Танхо дар зери пархои дум гадуди равганчудокуни хаст, ки он хам бештар дар паррандахои обй нагз инкишоф ёфта, баданашонро аз таршави нигох медорад. Масалан, мургобй нулашро ба зери гадуди равганин (гадуди думгозаги) олонда, баъд ба каноти пару патхои баданаш мемолад.

тУТИ

Паррандахо дар соки пояшон пулакча ва дар руйи панчахояшон чанголхо доранд, ки аз моддаи шохин ташкил ёфтаанд. Ин аломатхои хешигарии хазандагон бо паррандагон мебошад. Дар пойи паррандахо 4 ангушт хаст, ки сетояш дар пеш ва якеаш дар акиб чойгир аст ва барои шохчаро дошта истодан ери мерасонанд.

Решахои пат аз пуст бо навбат мебароянд. Пархояшон муякию ресмоншакл мешаванд, ки аз болои пат истода, харорати баданро нигох медоранд. Думчаи пархо ба пуст алокаманд буда, хар якеаш ба воситаи сурохии думча гизо мегирад. Агар парро кат кунед: намешиканад, вале аз даруни тирча моддаи моеи махсус мебарояд. Пару патхо аз варакаи мезодермалии чанини инкишоф меёбад. Хар як пар аз кисмхои зерин иборат аст: очин, дилак, тана, растакхои пахлуй. муякхои катори якум ва дуюм. Муякхои пар чунон зич чойгиранд, ки хаворо намегузаронанд. Пархои калони думу болро контурй ё шохпар меноманд. Пархои болои бо мушакхои банди даст сахт шуда, дар чойи панчахои редуксияшуда канотчаро ба вучуд овардааст.

Харакати бол ва кушодаю пушидашавии пархо ба харакати системаи мушаки вобаста аст. Дар кафаси синаи парранда мушакхои хурд ва калон хаст. Аз чумла мушакхои синагии калон барои бардоштани бол ва мушакхои хурди синаги барои паст фаромадани бол ёри мерасонанд. Пари паррандахо аз чихати ранг гуногун мешававд. Зеро пигменти меолин рангхои сиёх, чагари, хокистариро меофарад. Пигменти липохром бошад, рангхои сурх, зард ва сабзро дорад. Ин шаш ранги ду пигмент дар зери таъсири нурхои офтоб, ба якдигар акс шуда, якчанд рангхои омехтаро хосил мекунанд.

Пари паррандахо дар як сол аз як то се маротиба иваз мешавад, ки он яку якбора ба амал намеояд ва ба назар ноаён мегузарад.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …