Главная / Гуногун / ШИКАСТАБАНД

ШИКАСТАБАНД

– Биё, писарам, хамрох ба фотехахони равем.

Хар гах, ки писари калони ба зодгохаш меомад, ин анъана чори буд. Пиёда рах мерафтанд. Падар гуфт:

– Адхам, дар хотират хаст, вакти бачагиат дастат аз оринч баромада буд?

– Ха, аз велосипед афтода ва се-чор руз вокеаро аз шумо пинхон дошта будам. Пас аз он ки оринчам варамид ва сахт ба дард омад, мачбуран ахволро фош сохтам

gps

– Баъд чи?

– Назди духтури шинос рафта дастамро аз муоинаи у гузаронидем. Аввал гачбандиро раво шуморид. Вале каме андешиду маслихат дод, ки бехтараш аз марди табиб даво чуем…

– Сони?

Адхам чавоб гуфт:

– Сони ба манзили табиб расидем, муйсафеди ришаш мошубиринч, чашмонаш калон-калон ва тануманд моро истикбол гирифт. Арзамонро гуфтем. Хохиш намуд, ки як лахза интизор шавем. Худаш аз таги дарвоза дарун рафт ва як тухму румоли чорхона берун овард. Сипас, хеч аз хотирам намебарояд, бо ангуштони дагалу бокувваташ оринчи дасти баромадаамро камтар молид. Ва аз ман пурсид:

– Чи гунохе карди?

Ман бо чашмони хайратомез суи у менигаристам. Вай хамон лахза ба руям карсаки обдоре фаровард. Хушам ба тарафе рафту ман хеч нафахмидам, ки гап чиву кор чист. Табиб бошад, аллакай дасти баромадаамро ба чояш гузошта ва сафедию зардии тухми хомро молида латта мебаст. Тахмин хафтае пас дастам ту дидиву ман надидам – мисли пешин буд. Кариб бист сол мешавад, вале як бор хам иллати дасти баромадаамро эхсос накардаам.

– Хотираат хуб будааст, – гуфт андешамандона падар.

– Вокеан…

– Вокеаи ману ту холо ба хонаи хамон табиб равонем. Дируз уро ба хок супоридем…

– Ачаб табиби дасташ сабук буд. Рухаш шод бод!..

– Вактхои охир бо сабаби бемории вазнин табиби намекард. Ва боз пеш аз вафоташ ба писараш, ки хама хунару тачрибаи киблагохашро аз худ намудааст, васият кардааст, ки дигар табиби накунад, дарди мардумро даво набахшад.

– Чаро? – пурсид Адхам.

– Нимсол пештар тули як мох бо амри кадом мансабдори курсинишин урову хунарашро чун бокимондахои замони кухна дониста, якбора дар рузномахои нохия, вилоят ва чумхури тухмат заданд. Ва хунари авлодии табибиашро зарарнок маънидод кардаанд. Касе аз зиндагон пуштибонаш нашуда ва дили муйсафед аз ин сахт ранчида будааст.

– Акнун мардуми корафтода кучо, назди ки мераванд, чи кор мекунанд?

– Гач мебанданд…

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …