Главная / Чамъият / ШАРТНОМАХОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОЧИКИСТОН

ШАРТНОМАХОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОЧИКИСТОН

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ШАРТНОМАХОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ  ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2016, №7, мод. 606)

Конуни мазкур тартиби ба имзо расонидан, тасдик (ратификатсия), тасдик, хамрохшави, бакайдгири, интишор, ичро намудан, бекор кардан (денонсатсия) ва боздоштани амали шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистонро муайян менамояд.

shartnomai-bainalxalqi

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ  

Моддаи 1. Доираи амали Конуни мазкур

  1. Амали Конуни мазкур нисбат ба шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон, новобаста ба хусусияти онхо (байнидавлати, байнихукумати ва байниидорави) ва номашон (шартнома, созишнома, конвенсия, протокол, паймон, мубодилаи мактубхо, ёддоштхо ва ё шартномахои байналмилалии дигар), бо давлатхои хоричи ва созмонхои байналмилали пахн мегардад.
  2. Амали Конуни мазкур нисбат ба созишномахои сармоягузори, консессиони (имтиёздихи)ва созишномахои дигар, ки хусусияти хусусию хукуки дошта, бо санадхои алохидаи конунгузории Чумхурии Точикистон танзим мегарданд, пахн намешавад.

Моддаи  2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– шартномаи байналмилалии Чумхурии Точикистон (минбаъд-шартномахои байналмилали) – яке аз санадхоихукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон, ки бо давлати хоричи (давлатхои хоричи) ё созмони байналмилали (созмонхои байналмилали) дар шакли хатти ба имзо расонида шуда, бо хукуки байналмилали танзим карда мешавад, сарфи назар аз он ки ин шартнома дар як ё якчанд хуччати бо хам алокаманд оварда шудааст, инчунин новобаста ба номи мушаххаси он;

– созмони байналмилали – созмони байнидавлати (байнихукумати);

– парафгузори – баимзорасонии каблии лоихаи мувофикашудаи шартномаи байналмилали ё меъёрхои алохидаи он бо ишораи сархарфи насаб ва номи намояндагони чонибхои дар гуфтушунидхо иштироккунанда хамчун шаходати мувофика намудани матни лоихаи шартномаи байналмилали ё яке аз тарзхои мукаррар сохтани сахехии матни лоихаи шартномаи байналмилали;

– ваколат – хукуки намояндаги намудан аз номи Чумхурии Точикистон, ки дар асоси карори шахси мансабдор ё макомоти ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон амали гардида, ба таври дахлдор бо хуччати тасдиккунандаи ваколати шахси мазкур ба расмият дароварда шудааст ва ба чониби иштирокчии гуфтушунидхо ё махфуздоранда бо максади кабул намудани матни шартномаи байналмилали ё мукаррар намудани сахехии он, ба имзо расонидани шартномаи байналмилали, изхори ризояти Чумхурии Точикистон ба хатми будани шартномаи байналмилали, ичро намудани амалидигар, ки ба шартнома дахл дорад, супорида мешавад;

– бастани шартномаи байналмилали – пайдарпайии мархилахои (амалхои хукукии) пешбининамудаи Конуни мазкур оид ба ташаккулдихии мазмуни  шартномаи байналмилали, кабули матни он ва изхори ризояти Чумхурии Точикистон ба хатми будани шартномаи байналмилали;

– баимзорасони – мархилаи бастани шартномаи байналмилали ё тарзи изхори ризояти чониби Чумхурии Точикистон барои хатми будани шартномаи байналмилали, дар сурате, агар шартномаи байналмилали пешбини намояд, ки баимзорасони чунин эътибор дорад ё ба тарзи дигар созиш байни Чумхурии Точикистон ва иштирокчиёни дигари гуфтушунид дар хусуси он мукаррар шудааст, ки баимзорасони бояд чунин эътиборро дошта бошад ё нияти Чумхурии Точикистон чихати додани чунин эътибор ба баимзорасони аз ваколати намояндаи он бармеояд ва (ё) хангоми гуфтушунид изхор шудааст;

– расмиёти дохилидавлати – тасдик (ратификатсия) ё тасдики шартномаи байналмилали аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Президенти Чумхурии Точикистон ё Хукумати Чумхурии Точикистон;

– тасдик (ратификатсия) – тарзи изхори ризояти Чумхурии Точикистон аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ба хатми будани шартномаи байналмилали, ки дар Конуни мазкур ва ё шартномаи байналмилали пешбини шудааст ва аз чониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расонда шудааст;

– тасдик – тарзи изхори ризояти Чумхурии Точикистон ба хатми будани шартномаи байналмилали, ки аз чониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расида, тарзи дигари тасдики иловагии онро аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон ва Хукумати Чумхурии Точикистон, ба гайр аз баимзорасони, пешбини менамояд;

– хамрохшави – тарзи изхори ризояти Чумхурии Точикистон ба хатми будани шартномаи байналмилалии эътиборпайдонамуда, ки аз чониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расонда нашудааст;

–  тавзехот  –  изхороти якчониба бо ифода ва номи дилхох, ки аз чониби давлат ё созмони байналмилали хангоми баимзорасони, тасдик (ратификатсия), тасдики шартномаи байналмилалии бисёрчониба ё хамрохшави ба он арз ёфтааст, ки тавассути он ин давлат ё созмони байналмилали мехохад амали хукукии мукаррароти алохидаи шартномаи байналмилали дар мавриди татбики онхо нисбат ба ин давлат ё ин созмони байналмилали истисно карда шавад ё тагйир дода шавад;

– бекор кардан (денонсатсия) – дасткаши бо тартиби мукарраргардидаи ба расмият даровардашудаи Чумхурии Точикистон аз шартномаи байналмилалии басташуда ва яке аз тарзхои катъ гаштани амали шартномаи байналмилали;

– махфуздоранда – давлат, созмони байналмилали ё шахси мансабдори асосии ичрокунандаи  он, ки ба онхо барои нигохдори нусхаи аслии шартномаи байналмилали супорида шуда, нисбат ба ин шартномаи байналмилали вазифаи дар меъёрхои хукуки байналмилали пешбинишударо ичро менамоянд;

– Фехристи давлатии шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон – низоми ягонаи давлатии бакайдгири, бахисобгири ва нигохдории шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон, ки нусхахои асли ва нусхахои аз чониби махфуздоранда расман тасдикшудаи шартномахои байналмилали, маълумотхои хатми ва дигар тафсилоти иттилооти оид ба онхоро дар бар мегирад.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи шартномахои  байналмилали

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи шартномахои байналмилали ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

БОБИ 2. ТАРТИБИ БАСТАНИ ШАРТНОМАХОИ БАЙНАЛМИЛАЛИ 

Моддаи 4. Мувофикасози ва экспертизаи хукукии шартномахои байналмилали, ки Чумхурии Точикистон максади иштирокчии онхо шудан дорад, инчунин лоихахои шартномахои байналмилали

  1. Шартномахои байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон максади иштирокчии онхо шуданро дорад, инчунин лоихахои шартномахои байналмилали, бо Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон мувофика карда мешаванд.
  2. Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон дар хусуси максаднок будани бастани шартномахои байналмилали аз нигохи сиёсати хоричи хулоса медихад.
  3. Шартномахои байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон максади иштирокчии онхо шуданро дорад, инчунин лоихахои шартномахои байналмилали аз чониби Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон мавриди экспертизаи хукукикарор мегиранд.

Моддаи 5. Таклифхо дар бораи баимзорасони, тасдик (ратификатсия), тасдики шартномахои байналмилали ва хамрохшави ба онхо

  1. Макомоти давлати тавассути Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон дар доираи ваколатхои худ таклифхои зерин пешниход менамоянд:

– ба Президенти Чумхурии Точикистон дар бораи баимзорасони, тасдик (ратификатсия), тасдики шартномахои байналмилали ва хамрохшави ба онхо  аз номи Чумхурии Точикистон;

– ба Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи баимзорасони, тасдик (ратификатсия), тасдики шартномахои байналмилали ва хамрохшави ба онхо аз номи Хукумати Чумхурии Точикистон ва  шартномахои дорои хусусияти байниидорави.

  1. Таклифхо дар бораи бастани шартномахои байналмилали ба Президенти Чумхурии Точикистон ё Хукумати Чумхурии Точикистон дар муддати на дертар аз чордах рузи таквими то санаи ба имзо расонидани онхо пешниход карда мешаванд.
  2. Таклифхо дар бораи баимзорасони, тасдик (ратификатсия), тасдики шартномахои байналмилали ва хамрохшавии Чумхурии Точикистон ба онхо то пешниход шуданашон ба Президенти Чумхурии Точикистон ё Хукумати Чумхурии Точикистон бо макомоти давлатии дахлдор дар доираи ваколатхои онхо мувофика карда мешаванд.
  3. Таклифхо дар бораи баимзорасони, тасдик (ратификатсия), тасдики шартномахои байналмилали ва хамрохшави ба онхо бо тартиби дар моддахои 7, 10, 12-15 Конуни мазкур пешбинишуда амали карда мешаванд.
  4. Таклифхо дар бораи баимзорасони, тасдик (ратификатсия), тасдик, кабули шартномахои байналмилали ва хамрохшави ба онхо иборатанд аз:

– лоихаи санади меъёрии хукуки дар бораи баимзорасони, тасдик (ратификатсия), тасдики шартномахои байналмилали вахамрохшави ба онхо;

– асосноккунии максаднок будани баимзорасони, тасдик (ратификатсия), тасдик ва хамрохшави ба онхо;

– хулосаи Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон дар хусуси мутобикати бастани шартномаи байналмилали ба максадхои сиёсати хоричи;

– хулосаи Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон дар бораи мутобикати лоихахои шартномахои байналмилали ба конунгузории Чумхурии Точикистон;

– арзёбии окибатхои эхтимолии сиёси, хукуки, молиявию иктисоди ва окибатхои дигари бастани шартномахои байналмилали;

– нусхахои ба таври расми тасдикшудаи матни шартномахои байналмилали;

– тарчумаи матни шартномахои байналмилали ба забони давлати, ки бо мухри макомоти давлатии барои бастани онхо масъул тасдик шудаанд;

– номгуи давлатхои иштирокчии шартномахои байналмилалии бисёрчониба;

– номгуи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ки бо сабаби эътибор пайдо кардани шартномаи байналмилали зарурати ба онхо ворид намудани тагйиру иловахо ба миён меояд;

– хангоми зарурат лоихахо ва асосноккунии тавзехоти Чумхурии Точикистон ба шартномахои байналмилалии бисёрчониба, инчунин матни тавзехот ба шартномахои байналмилалии бисёрчониба, ки аз чониби дигар давлатхо изхор шудаанд.

Моддаи  6. Забони шартномахои байналмилали

  1. Шартномахои байналмилалии дучониба ба забонхои давлатии чонибхои иштирокчии гуфтушунидхо баста мешаванд. Бо розигии чонибхо забони дигар низ хамчун забони шартномахои байналмилали интихоб шуда метавонад.
  2. Шартномахои байналмилалии бисёрчониба бо забонхое, ки аз чониби тарафхо иштирокчии гуфтушунидхо муайян гардидаанд, баста мешаванд.
  3. Тагйиру иловахо ба шартномахои байналмилалибо забонхое, ки онхо баста шудаанд, ворид карда мешаванд.

Моддаи 7. Карорхо дар бораи кабули матн, баимзорасонии шартномахои байналмилали ва  додани ваколат барои ичро намудани амалхои мазкур, инчунин ба анчом расонидани парафгузори

  1. Карорхо дар бораи кабули матнхо ва баимзорасонии шартномахои байналмилали, инчунин дар бораи додани ваколат барои ичро намудани амалхои мазкур, дар намуди санадхои зерин кабул карда мешаванд:

– нисбат ба шартномахои байналмилалие, ки аз номи Чумхурии Точикистон баста мешаванд, бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон;

– нисбат ба шартномахои байналмилалие, ки аз номи Хукумати Чумхурии Точикистон баста мешаванд, бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон;

– нисбат ба шартномахои байналмилалие, ки аз номи макомоти давлати баста мешаванд, бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон.

  1. Парафгузори аз чониби намояндаи макомоти давлати, ки барои бастани шартномаи байналмилали масъул мебошад, бо назардошти хулосахои вазорату идорахои дахлдор сурат мегирад.

Моддаи 8. Ваколат барои ичро намудани амалхои вобаста ба бастани шартномахои байналмилали

  1. Дар асоси карорхои тибки мукаррароти моддаи 7 Конуни мазкур кабулшуда ваколат ба ичро намудани амалхои вобаста ба бастани шартномахои байналмилали аз чониби Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон тарики ба расмият даровардани ваколатхо дар шакли хатти тасдик карда мешавад.
  2. Агар хукуки баимзорасонии шартномаи байналмилали мутобики сархати якуми кисми 1 моддаи 7 Конуни мазкур аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон ба шахси мансабдори дигар бевосита пеш аз баимзорасони дода шавад, ваколати чунин шахси мансабдор аз чониби Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон дар шакли хатти бе кабули карори дар моддаи 7 Конуни мазкур пешбинишуда тасдик карда мешавад.

Моддаи 9. Бидуни барасмиятдарории ваколатнома ичро намудани амалхои вобаста ба бастани шартномахои байналмилали

  1. Президенти Чумхурии Точикистон хукук дорад тамоми амалхои вобаста ба бастани шартномахои байналмилалиро бе барасмиятдарории ваколатнома ичро намояд.
  2. Дар асоси карорхои тибки  моддаи 7 Конуни мазкур кабулгардида шахсони зерин бе барасмиятдарории ваколатнома Чумхурии Точикистонро намояндаги менамоянд:

– Сарвазири Чумхурии Точикистон, вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон бо максади анчом додани тамоми амалхое, ки ба бастани шартномахои байналмилали вобастаанд;

– рохбарони намояндагихои дипломатии Чумхурии Точикистон дар давлатхои хоричи бо максади кабул намудани матни шартномахои байналмилали байни Чумхурии Точикистон ва давлате, ки дар назди он аккредитатсия шудаанд;

– намояндагоне, ки аз чониби Чумхурии Точикистон чихати намояндаги намудан дар конференсияхои байналмилали ё созмонхои байналмилали, ё яке аз макомоти он бо максади кабули матни шартномаи байналмилали ваколатдор шудаанд.  

БОБИ 3. ТАРТИБИ ТАСДИКИ (РАТИФИКАТСИЯИ) ШАРТНОМАХОИ БАЙНАЛМИЛАЛИ, ТАСДИК ВА ХАМРОХШАВИ БА ОНХО

 

Моддаи  10.  Тасдики (ратификатсияи) шартномахои байналмилали

Шартномахои байналмилали аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистонтасдик (ратификатсия) карда мешаванд.

Моддаи 11. Шартномахои байналмилалие, ки мавриди тасдик (ратификатсия) карор дода мешаванд

Шартномахои байналмилалии зерин мавриди тасдик (ратификатсия) карор дода мешаванд:

– шартномахое, ки мавзуи онхо хукуку озодихои асосии инсон ва шахрванд мебошад;

– шартномахое, ки ичрои онхо тагйир додани конунхои амалкунанда ё кабули конунхои навро талаб менамояд, инчунин  коидахои дигарро нисбат ба коидахои дар конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон пешбинишуда мукаррар менамоянд;

– шартномахо дар бораи муайян намудани сархади худуди Чумхурии Точикистон бо давлатхои дигар, аз чумла шартномахои байналмилали дар бораи гузаштан аз Сархади давлатии Чумхурии Точикистон;

– шартномахо дар бораи асосхои муносибатхои байнидавлати, дар бораи масъалахои халъи силох ё назорати байналмилалии аслиха, таъмини сулх ва амнияти байналмилали, инчунин дар бораи сулх, дустива кумаки мутакобила ва шартномахои байналмилали дар бораи амнияти дастчамъона;

– шартномахо дар бораи иштироки Чумхурии Точикистон дар иттиходияхои байнидавлати ва созмонхои байналмилали, агар чунин шартномахои байналмилали ба онхо супоридани кисми хукукхои сохибихтиёрии (ё кисми ваколатхои) Чумхурии Точикистонро пешбини намоянд ё хатмияти хукукии карорхои макомоти онхоро барои Чумхурии Точикистон мукаррар намоянд;

– шартномахо дар бораи пешниход ва гирифтани карзхои давлати, кумаки иктисоди, имтиёзхои андозбанди ва кумакхои дигар;

– шартномахо дар бораи истифодаи захирахои табии аз чониби субъектони хукуки байналмилали;

– шартномахо дар бораи масъалахои вобаста ба иктидори мудофиавии Чумхурии Точикистон;

– шартномахое, ки хангоми ба имзо расонидани онхо чонибхои иштирокчии гуфтушунидхо дар бораи тасдики (ратификатсияи) минбаъдаи онхо карор кабул намудаанд.

Моддаи 12. Тартиби пешниход намудани таклифхо дар бораи тасдики (ратификатсияи) шартномахои байналмилали

  1. Макомоти давлати тавассути Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон бо тартиби дар моддаи 5 Конуни мазкур пешбинишуда ба Президенти Чумхурии Точикистон ё Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои ваколати худ дар бораи тасдики (ратификатсияи) шартномахои байналмилали таклифхо пешниход менамоянд.
  2. Таклифхо дар бораи тасдики (ратификатсияи) шартномахои байналмилали аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон ё Хукумати Чумхурии Точикистон ба баррасии Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход карда мешаванд.

Моддаи  13. Тасдики шартномахои байналмилалие, ки мавриди тасдик (ратификатсия) карор намегиранд

Шартномахои байналмилали, ки гузаронидани расмиёти дохилидавлатиро пешбини намуда, мавриди тасдик (ратификатсия) карор намегиранд, ба тарики зайл тасдик мегарданд:

– шартномахои байналмилалие, ки аз номи Чумхурии Точикистон ба имзо расонида шудаанд, аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон;

– шартномахои байналмилалие, ки аз номи Хукумати Чумхурии Точикистон ба имзо расонида шудаанд ва шартномахои байниидорави аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон.

Моддаи 14. Таклифхо дар бораи хамрохшавии Чумхурии Точикистон ба шартномахои байналмилали

  1. Макомоти давлатии Чумхурии Точикистон дар доираи ваколатхои худ  бо тартиби дар моддаи 5 Конуни мазкур пешбинишуда ба Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи хамрохшави ба шартномахои байналмилали таклифхо пешниход менамоянд.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон таклифхо дар бораи хамрохшави ба шартномахои байналмилалиро барраси намуда, пешниходхои зерин менамояд:

– шартномахои байналмилалие, ки аз номи Чумхурии Точикистон баста шуда, мавриди тасдик (ратификатсия) карор намегиранд, ба Президенти Чумхурии Точикистон;

– шартномахои байналмилалие, ки аз номи Чумхурии Точикистон баста шуда, мавриди тасдик (ратификатсия) карор мегиранд, ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар мувофика бо Президенти Чумхурии Точикистон;

– шартномахои байналмилалие, ки аз номи Хукумати Чумхурии Точикистон баста шуда, мавриди тасдик (ратификатсия) карор мегиранд, ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон.

Моддаи 15. Карорхо дар бораи хамрохшави ба шартномахои байналмилали

Карорхо дар бораи хамрохшави ба шартномахои байналмилаликабул карда мешаванд:

– нисбат ба шартномахои байналмилалие, ки мавриди тасдик (ратификатсия) карор мегиранд ва хамрохшави ба онхо аз номи Чумхурии Точикистон ё Хукумати Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад – аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон;

– нисбат ба шартномахои байналмилалие, ки мавриди тасдик (ратификатсия) карор нагирифта, хамрохшави ба онхо аз номи Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад – аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон;

– нисбат ба шартномахои байналмилалие, ки мавриди тасдик (ратификатсия) карор нагирифта, хамрохшави ба онхо аз номи Хукумати Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон.  

Моддаи 16. Татбики муваккатии шартномахои байналмилали аз чониби Чумхурии Точикистон

  1. Шартномахои байналмилали ё мукаррароти алохидаи онхо дар кисме, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолифат намекунанд, то эътибор пайдо намудани онхо муваккатан татбик мегарданд, агар чунин тартиб дар  шартномахои байналмилали пешбини шуда бошад.
  2. Агар дар шартномахои байналмилали тартиби дигар пешбини нашуда бошад ва ё оид ба ин тартиб бо давлатхои хоричи ё созмонхои байналмилалии шартномахои байналмилалиро баимзорасонида созиш ба даст оварда нашуда бошад, Чумхурии Точикистон татбики муваккатии шартномахои байналмилали ё мукаррароти алохидаро аз рузи ирсоли огохинома ба давлатхои хоричи ё созмонхои байналмилалие, ки нисбат ба онхо шартномахои байналмилали муваккатан татбик мешаванд, оид ба нияти Чумхурии Точикистон дар хусуси иштирокчии шартномахои байналмилали нагаштан, ки дар асоси карорхои дар кисми 3 моддаи мазкур пешбини шудааст, катъ менамояд.
  3. Карор дар бораи иштирокчии шартномахои байналмилалии муваккатан татбикшаванда нагардидани Чумхурии Точикистон ё мукаррароти алохидаи он аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон ё Хукумати Чумхурии Точикистон кабул карда мешавад.
  4. Татбики муваккатии шартномахои байналмилалии эътиборпайдонакарда аз чониби Чумхурии Точикистон набояд аз як сол зиёд бошад.

Моддаи  17.  Тавзехот ба шартномахои байналмилалии бисёрчониба

  1. Хангоми баимзорасони, тасдик (ратификатсия), тасдики шартномахои байналмилалии бисёрчониба ё хамрохшави ба онхо тибки  шартхои шартномахои байналмилалии бисёрчониба ва меъёрхои хукуки байналмилали тавзехот изхор намудан мумкин аст.
  2. Тавзехотро хар вакт, бо тартиби изхоршуда бекор кардан мумкин аст, агар шартномаи байналмилалии бисёрчониба тартиби дигарро пешбини накунад.
  3. Кабул намудани тавзехоти ибрознамудаи дигар чониби ахдкунанда ба шартномаи байналмилалии бисёрчониба ё изхори норозиги ба он тибки шартхои шартномаи байналмилалии бисёрчониба ва меъёрхои хукуки байналмилали дар асоси хулосаи макомоти давлатии Чумхурии Точикистон, ки ба ваколатхои он мавзуи танзими тавзехот мансуб аст, анчом дода мешавад.

БОБИ 4. ИЧРОИ ШАРТНОМАХОИ БАЙНАЛМИЛАЛИ  

Моддаи  18. Таъмини ичрои шартномахои байналмилали

  1. Шартномаи байналмилали аз чониби Чумхурии Точикистон мавриди ичрои хатми ва бовичдонона  карор мегирад.
  2. Президенти Чумхурии Точикистон ё Хукумати Чумхурии Точикистон чихати таъмини ичрои шартномахои байналмилали чорахо андешида, шахси мансабдор ё макомотеро, ки ба зиммаи он вазифаи назорати ичрои шартномахои байналмилали вогузор мешавад, муайян менамояд.
  3. Макомоти давлати дар доираи ваколатхои худ ичрои ухдадори ва амалисозии хукукхои Чумхурии Точикистонро, ки аз шартномахои байналмилали бармеоянд, таъмин менамоянд, инчунин ичрои ухдадорихои иштирокчиёни дигари шартномахои байналмилалиро мушохида менамоянд.
  4. Мушохидаи умумии ичрои шартномахои байналмилалиро Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон амали менамояд.
  5. Мониторинги таъмини ичрои шартномахои байналмилали бо тартиби муайяннамудаи Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

Моддаи 19. Андешидани чорахо дар сурати риоя накардани шартномахои байналмилали аз чониби иштирокчиёни дигар

  1. Дар сурати риоя накардани ухдадорихои пешбининамудаи  шартномаи байналмилали  аз  чониби  иштирокчиёни  он,  Вазорати  корхои  хоричии Чумхурии Точикистон бевосита ё якчоя бо макомоти дахлдори давлати ба Президенти Чумхурии Точикистон ё Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи андешидани чорахои зарури  мутобики меъёрхои хукуки байналмилали ва талаботи  худи  шартнома  таклифхо  пешниход  менамояд.
  2. Дар сурати риоя накардани мукаррароти шартномахои байналмилали аз чониби иштирокчиёни он, инчунин дар холатхои дигари бо меъёрхои хукуки байналмилали пешбинигардида амали чунин шартномахои байналмилали бо тартиби мукарраргардида катъ ё боздошта шуда метавонад.

Моддаи  20.  Эътибор пайдо намудани шартномахои байналмилали

Шартномахои байналмилали барои Чумхурии Точикистон бо тартиб ва дар мухлатхое, ки шартномаи байналмилали ва конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардаанд, эътибор пайдо мекунанд.

БОБИ 5. ИНТИШОР, БАКАЙДГИРИ, БАХИСОБГИРИ ВА

НИГОХДОРИИ ШАРТНОМАХОИ БАЙНАЛМИЛАЛИ  

Моддаи 21. Интишори шартномахои байналмилали

  1. Шартномахои байналмилалии эътиборпайдонамуда бо пешниходи Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон дар нашрияхои расми интишор мегарданд.
  2. Шартномахои байналмилалии эътиборпайдонамуда, ки аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон тасдик (ратификатсия) карда шудаанд, бо пешниходи Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон дар нашрияхои расми бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон интишор мешаванд.
  3. Агар  шартномахои байналмилали ба забони давлати матни сахех надошта бошанд, яке аз матнхои сахехи онхо бо забони баимзорасида, инчунин тарчумаи шартномахои байналмилали ба забони давлати дар мачмуаи «Бюллетени шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон» интишор мегарданд.

Моддаи 22. Бакайдгири, бахисобгири ва нигохдории шартномахои байналмилали

  1. Бакайдгири, бахисобгири ва нигохдории шартномахои байналмилали тибки Фехристи давлатии шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад. Пешбурди фехристи мазкурро Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон амали менамояд.
  2. Шакл ва тартиби пешбурди Фехристи давлатии шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон аз чониби Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.
  3. Бакайдгирии шартномахои байналмилали дар макомоти дахлдори созмонхои байналмилали аз чониби Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон амали мегардад.
  4. Нусхахои асл ё расман аз чониби махфуздоранда тасдикшудаи шартномахои байналмилали, ки аз номи Чумхурии Точикистон ва аз номи Хукумати Чумхурии Точикистон баста шудаанд, дар муддати ду хафта аз рузи баимзорасонии онхо ё аз махфуздоранда гирифтани нусхахои аз чониби махфуздоранда расман тасдикшуда барои нигохдори ба Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон супорида мешаванд. Нусхахои шартномахои байналмилалии аз чониби Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон расман тасдикшуда (дар асоси нусхахои расман аз чониби махфуздоранда тасдикшудаи шартномахои байналмилали) бо забонхои басташудаи онхо дар муддати ду хафта аз рузи баимзорасони ё аз махфуздоранда гирифтан аз чониби Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ба макомоти дахлдори давлати барои нигохдории доими ирсол мегарданд.
  5. Нусхахои асли шартномахои байналмилали, ки аз номи макомоти давлати баста шудаанд, дар бойгонии макомоти дахлдори давлатии Чумхурии Точикистон нигох дошта мешаванд. Нусхахои расман тасдикшудаи ин шартномахои байналмилали дар муддати ду хафта аз рузи баимзорасони ё аз махфуздоранда гирифтани нусхахои расман тасдикшуда ба Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ирсол мегарданд.

Моддаи  23.  Ичро намудани вазифахои махфуздоранда

  1. Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон вазифахои махфуздорандаи шартномахои байналмилалии бисёрчонибаи Чумхурии Точикистонро ичро менамояд, агар мутобики шартхои шартномахои байналмилалии мазкур чунин вазифахо ба ухдаи Чумхурии Точикистон вогузор шуда бошанд.
  2. Макомоти давлатии Чумхурии Точикистон вазифахои махфуздорандаи шартномахои байналмилалии бисёрчонибаи Чумхурии Точикистонро, ки аз номи онхо баста шудаанд, ичро менамоянд, агар тибки шартхои шартномахои байналмилалии мазкур чунин вазифахо ба ухдаи онхо вогузор шуда бошад.
  3. Мукотиба бо макомоти давлатхои хоричи, созмонхои байналмилали ё шахсони мансабдори асосии ичрокунандаи онхо, ки вазифахои махфуздорандаи шартномахои байналмилалии бисёрчонибаро ичро мекунанд, аз чониби Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

БОБИ 6. ТАГЙИР ДОДАН, КАТЪ НАМУДАН ВА БОЗДОШТАНИ

АМАЛИ ШАРТНОМАХОИ БАЙНАЛМИЛАЛИ  

Моддаи 24. Тартиби ворид намудани тагйирот ба шартномахои байналмилали

  1. Ворид намудани тагйирот ба шартномахои байналмилали мутобики шартхои дар шартномахои байналмилали зикршуда, меъёрхои хукуки байнамилали ва мукаррароти Конуни мазкур амали мегардад.
  2. Таклифхо дар бораи ворид намудани тагйирот ба шартномахои байналмилали бо тартиби пешбининамудаи моддахои 4 ва 5 Конуни мазкур пешниход карда мешаванд.
  3. Карорхо дар бораи ворид намудани тагйирот ба шартномахои байналмилали аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон ё Хукумати Чумхурии Точикистон кабул мегарданд.
  4. Тагйироти ба шартномахои байналмилали воридшуда мутобики шартхо ва бо тартиби эътибор пайдо намудани шартномахои байналмилали эътибор пайдо мекунанд.
  5. Карорхо дар бораи тасдик (ратификатсия) ё тасдик намудани тагйирот ба шартномахои байналмилали мутобики шартхои дар шартномахои байналмилали зикршуда ва бо тартиби дар моддахои 10 ва 13 Конуни мазкур пешбинишуда кабул мегарданд.

Моддаи 25. Катъ гаштани амали шартномахои байналмилали

Амали шартномахои байналмилали мутобики мукаррароти шартномахои байналмилали ё дар хар вакт бо ризояти хамаи иштирокчиён катъ мегардад.

Моддаи 26. Таклифхо дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномахои байналмилали

  1. Боздоштани амали шартномахои байналмилали ё бекор кардани (денонсатсияи) онхо тибки шартхои шартномахои байналмилали, меъёрхои хукуки байналмилали ва мукаррароти Конуни мазкур амали мегардад.
  2. Макомоти давлати дар мувофика бо Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ба Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномахои байналмилали дар доираи ваколатхои худ таклифхо пешниход мекунанд.
  3. Хукумати Чумхурии Точикистон таклифхоро дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномахои байналмилали, ки дар кисми 2 моддаи мазкур пешбини шудаанд, барраси намуда:

– ба Президенти Чумхурии Точикистон дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномахои байналмилали, ки аз номи Чумхурии Точикистон баста шудаанд, таклифхо пешниход менамояд;

– дар мувофика бо Президенти Чумхурии Точикистон ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар бораи бекор кардани (денонсатсияи) шартномахои байналмилалии тасдикшуда (ратификатсияшуда), ки аз номи Чумхурии Точикистон баста шудаанд, таклифхо пешниход менамояд;

– ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон таклифхо дар бораи бекор кардани (денонсатсияи) шартномахои байналмилалии тасдикшуда (ратификатсияшуда), ки аз номи Хукумати Чумхурии Точикистон баста шудаанд, пешниход менамояд.

  1. Макомоти давлати дар доираи ваколатхои худ ба Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон дар бораи  боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномахои байналмилалие, ки аз номи онхо баста шуда, бо макомоти давлатии дахлдор ва Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон мувофика шудаанд, таклифхо пешниход менамояд.
  2. Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон таклифхоро дар бораи  боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномахои байналмилалие, ки аз номи макомоти давлати баста шудаанд, барраси менамояд ва ба онхо дар хусуси мувофики максад будани боздоштани амал ё бекор кардан (денонсатсия) хулоса медихад.

Моддаи 27. Кабул намудани карорхо дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномахои байналмилали

  1. Карорхо дар бораи бекор кардани (денонсатсияи) шартномахои байналмилалии тасдикшуда (ратификатсияшуда) аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон кабул мегарданд.
  2. Карорхо дар бораи боздоштани амали шартномахои байналмилали ё бекор кардани (денонсатсияи) онхо кабул мегарданд:

– нисбат ба шартномахои байналмилалие, ки аз номи Чумхурии Точикистон баста шудаанд – аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон;

– нисбат ба шартномахои байналмилалие, ки аз номи Хукумати Чумхурии Точикистон баста шудаанд – аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон;

– нисбат ба шартномахои байналмилалие, ки аз номи макомоти давлати баста шудаанд аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон.  

БОБИ 7. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ  

Моддаи 28. Амалигардонии санадхои байналмилалие, ки тавассути онхо Чумхурии Точикистон ризояти худро ба хатми будани шартномаи байналмилали ё нияти худро чихати боздоштан ё катъ гардонидани амали шартномаи байналмилали изхор мекунад

  1. Агар дар шартномахои байналмилали мубодила ва ё супоридани тасдикномахо барои нигохдори ба махфуздоранда пешбини шуда бошад, Президенти Чумхурии Точикистон дар асоси карорхо дар бораи тасдики (ратификатсияи) шартномахои байналмилали тасдикномахоеро ба имзо мерасонад, ки онхо бо мухри у, инчунин имзои вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.
  2. Мубодилаи тасдикномахо, хуччатхо дар бораи тасдик (ратификатсия), тасдик ё кабули шартномахои байналмилали ё супоридани чунин тасдикномахо барои нигохдори ба  махфуздоранда, хуччатхои дар бораи тасдик (ратификатсия), тасдик, кабул ё хамрохшави, ирсоли хуччатхо дар бораи катъ гардонидан, боздоштани амали шартномахои байналмилали ё дар бораи бекор кардани (денонсатсияи) онхо аз чониби Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ё бо супориши он аз чониби намояндагихои дипломатии Чумхурии Точикистон ва ё намояндагони Чумхурии Точикистон дар созмонхои байналмилали амали карда мешаванд.

Моддаи  29. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон  ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 30. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 11 декабри соли 1999 «Дар бораи шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон,  с. 1999, №12,  мод. 348; с. 2001, №7, мод. 484; с. 2005, №12, мод. 654; с. 2013, №7, мод. 539) аз эътибор сокит дониста шавад.  

Моддаи  31. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон

 

ш.Душанбе,

23 июли соли 2016, №1326

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …