КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ САНЧИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТХОИ ХОЧАГИДОР
(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2015, №12, к. 1, мод. 1115; Конуни ЧТ аз 18.07.2017 с., №1459)
Конуни мазкур асосхои хукукии гузаронидани санчиш, тартиб ва расмиёти ягонаи гузаронидани он, хукуку ухдадорихои субъектхои хочагидор, шахсони мансабдори макомоти санчиширо мукаррар намуда, ба хифзи саломати ва хукуку манфиатхои конунии шахрвандон, мухити зист, амнияти милли ва химояи фаъолияти субъектхои хочагидори санчидашаванда, новобаста ба шакли моликияташон, равона карда шудааст.
БОБИ 1.
МУКАРРАРОТИ УМУМИ
Моддаи 1. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
– дафтари бакайдгирии санчишхо – дафтари бакайдгирии санчишхои фаъолияти субъектхои хочагидор, ки дар он тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур маълумот оид ба хар як санчиши гузаронидашуда сабт карда мешавад;
– макоми ваколатдори давлати дар сохаи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор – макоми ичроияи марказии хокимияти давлати, ки барои татбики сиёсати давлати дар сохаи дастгирии сохибкори ваколатдор мебошад;
– макомоти санчиши – макомоти давлатие, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон барои гузаронидани санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор, ки тибки Конуни мазкур пешбини шудаанд, ваколатдор мебошад;
– меъёрхои арзёбии дарачаи таваккал – мачмуи нишондихандахои микдори ва (ё) сифати вобаста ба фаъолияти субъектхои хочагидор, ки мансуб донистани онхоро ба дарачахои гуногуни таваккал имконият медихад;
– объекти санчиш – фаъолияти субъекти хочагидор, ки дорои дарачаи муайяни таваккал мебошад;
– санчиш – намуди фаъолияти макомоти санчиши оид ба омузиш, тахлил, назорат ва мукоисаи фаъолияти субъекти хочагидор ба талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон;
– субъектхои хочагидор – шахсони хукуки (новобаста ба шакли моликият), аз чумла филиал ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи ва сохибкорони инфиродие, ки фаъолияти сохибкориро амали менамоянд;
– таваккал – эхтимолияти ба миён омадани окибатхои манфи ва андозаи тахминии зарар дар натичаи фаъолияти субъектхои хочагидор;
– Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши – макоми машваратии назди Хукумати Чумхурии Точикистон, ки хамкори ва хамохангсозии фаъолияти макомоти санчишро таъмин менамояд.
Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
Моддаи 3. Максади санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор
- Максади гузаронидани санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор кам намудани таваккал барои саломатии шахрвандон, мухити зист, амнияти чомеа, хифзи моликият тавассути таъмини риояи конунгузории Чумхурии Точикистон аз чониби субъектхои хочагидор дар раванди амали намудани фаъолият мебошад.
- Раванди гузаронидани санчиш фаъолияти субъектхои хочагидорро бознамедорад.
Моддаи 4. Доираи амали Конуни мазкур
- Мукаррароти Конуни мазкур, ба истиснои холатхои пешбининамудаи кисми 2 хамин модда, нисбат ба санчишхои фаъолияти субъектхои хочагидор татбик мегарданд.
- Мукаррароти Конуни мазкур, ба истиснои талаботи моддаи 13, нисбат ба санчишхои дар доираи назорати прокурори, аудити Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон, назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия, конунгузории бонки, мурофиавии чинояти, андоз, гумруки Чумхурии Точикистон ва фаъолияти оперативию чустучуи танзимшаванда татбик намегарданд.
- Гузаронидани санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор аз чониби макомоти давлатие, ки дар моддаи 10 Конуни мазкур пешбини нагардидаанд, ба истиснои талаботи кисми 2 хамин модда ва мавчуд будани парвандаи чинояти, манъ аст.
Моддаи 5. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор
Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор мансубанд:
– иштирок дар тахияи сиёсати давлати дар сохаи гузаронидани санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор;
– муайян намудани макоми ваколатдори давлати дар сохаи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор;
– таъсиси Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши ва тасдики низомномаи он;
– тасдики коидахои намунавии гузаронидани санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор;
– тасдики шакл ва тартиби истифодаи дафтари бакайдгирии санчишхо;
– тасдики коидахои муайян намудани меъёрхои арзёбии дарачаи таваккали фаъолияти субъекти хочагидор;
– тасдики Кодекси одоби шахсони мансабдори макомоти санчиши;
– тасдики расмиёти ташкил, пур кардан ва пешбурди махзани ягона оид ба санчишхои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракуни;
– амали намудани салохияти дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.
Моддаи 6. Ваколатхои Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши
- Ба ваколатхои Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши дохил мешаванд:
– рохбари ва хамохангсозии ислохоти низоми санчиш барои афзун намудани самараи хифзи саломатии шахрвандон, молу мулк, мухити зист, амнияти чомеа ва кам кардани сарбори барои субъектхои хочагидор;
– мусоидат ба таъсис ва тахкими инфрасохтори маъмури, ки ба таъмини ичрои максад ва вазифахои санчиш зарур аст;
– хамохангсозии кор оид ба ташкили махзани ягонаи маълумот дар бораи санчишхо;
– таъмини риояи коидахои гузаронидани санчиш аз чониби макомоти санчиши;
– хамохангсозии накшахои санчиши макомоти санчиши бо максади рох надодан ба такроршавии санчишхо;
– тасдики меъёрхои умумии арзёбии самара ва натичабахшии фаъолияти марбут ба санчишхои макомоти санчиши;
– барраси ва тасдик намудани коидахои умумии чамъ овардани маълумот ва тахияи методологияи ягонаи арзёбии санчишхо;
– баррасии хисоботи солонаи макомоти санчиши бо арзёбии харсолаи самара ва натичабахшии санчишхо ва муайян намудани тартиби интишори он дар воситахои ахбори омма;
– пешниходи таклифхо ба Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи такмили макомоти санчиши ва муайян намудани мавзуи санчишхо;
– амали намудани ваколатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва низомномаи Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши.
- Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши мутобики самтхои фаъолият хукук дорад:
– аз макомоти давлати, ташкилотхо ва дигар субъектхои хочагидор оид ба санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор маълумоти заруриро талаб карда гирад;
– бо тартиби мукарраргардида дар бораи такмили конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи санчиш ва фаъолияти макомоти санчиши таклиф пешниход намояд;
– хисоботи шашмоха ва солонаро шунида, накшахои солона ва тагйирот ба онхоро маъкул шуморад;
– дигар ваколатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба санчиш ва низомномаи Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиширо ичро намояд.
- Дар сурати аз чониби макомоти санчиши тахия гардидани лоихаи конунхое, ки мавзуъхои нав ё таъсиси макомоти нави санчиширо пешбини менамоянд, Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши доир ба лоихаи конунхои мазкур хулоса медихад. Лоихаи конунхои мазкур бе гирифтани хулосаи мусбати Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши ба баррасии Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход шуда наметавонанд.
- Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши хангоми баррасии лоихаи конунхои мазкур, ба истиснои масъалахое, ки мавзуи онхо танзими конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сирри давлати мебошад, бо сохибкорон машварат мегузаронад.
Моддаи 7. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор
Макоми ваколатдори давлати дар сохаи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор чунин ваколатхоро амали мегардонад:
– татбики сиёсати давлати дар сохаи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор;
– мониторинги санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор ва ба Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши пешниход намудани иттилооти харсола аз руи натичахои он;
– натичагири аз тачрибаи гузаронидани санчишхои фаъолияти субъектхои хочагидор, тахия ва пешниходи таклифхо оид ба такмили конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор;
– пешбурди фаъолияти котиботи Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши;
– мусоидат чихати чори намудани хатти алокаи телефонии фаври ва сомонаи дахлдор барои воридшавии шикоят нисбат ба макомоти санчиши;
– амали намудани ваколатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.
Моддаи 8. Коидахои намунавии гузаронидани санчишхои фаъолияти субъектхои хочагидор
- Коидахои намунавии гузаронидани санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор мукаррароти зеринро дар бар мегиранд:
– мавзуи танзим, шумора ва доираи гузаронидани санчишхо;
– асосхои хукукии гузаронидани санчишхо аз тарафи макомоти санчиши;
– ваколатхои шахсони мансабдори макомоти санчиши;
– тартиби банакшагири ва гузаронидани санчишхо;
– услуби тартибдихии санади санчиши;
– расмиёт оид ба баррасии дохилиидоравии мурочиати субъекти хочагидор;
– расмиёт чихати банакшагири, пешниходи иттилоот ва машварат ба субъектхои хочагидор;
– расмиёт оид ба арзёбии таваккали фаъолияти субъектхои хочагидор ва таксимоти онхо аз руи дарачаи таваккал;
– коидахои рафтори кормандони макомоти санчиши;
– расмиёт оид ба баррасии мурочиатхо ва пешниходи иттилооти дигар аз чониби субъектхои хочагидор;
– расмиёти интихоби намунахои махсулот, нигохдори ва хамлу накли он барои гузаронидани ташхис;
– чалби эксперт, ташкилоти эксперти барои гузаронидани санчиши фаъолияти субъекти хочагидор.
- Макомоти санчиши дар асоси коидахои намунавии гузаронидани санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор коидахои гузаронидани санчиши фаъолияти субъектхои хочагидорро дар сохаи худ тахия ва тасдик менамоянд, ки бо тартиби мукарраргардида ба кайди давлати гирифта шуда, мавриди интишори расми карор дода мешаванд.
- Гузаронидани санчиш аз чониби макомоти санчиши дар асоси санадхои меъёрии хукуки, ки ба кайди давлати гирифта нашудаанд ва мавриди интишори расми карор нагирифтанд, манъ аст.
Моддаи 9. Принсипхои асосии гузаронидани санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор
Гузаронидани санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор ба принсипхои зерин асос меёбад:
– конуният, бегарази ва ошкорбаёни;
– пешгири ва бартараф намудани хукуквайронкунихо;
– поквичдонии шахсони мансабдори макомоти санчиши ва субъекти хочагидор;
– хифзи хукук ва манфиатхои конунии субъектхои хочагидор;
– рох надодани дахолат ба фаъолияти субъектхои хочагидор, ки ба мавзуи санчиш вобастаги надорад;
– даврияти гузаронидани санчиш;
– нораво будани такроркунии санчишу назорати идорави ва байниидорави хангоми гузаронидани санчиш;
– хатми будани маълумотдихи ба субъектхои хочагидор аз чониби макомоти санчиш оид ба санадхои меъёрии хукуки, ки шарту талаботи хатмиро пешбини менамоянд ва риояи онхо мавриди санчиш карор дода мешавад;
– ошкоро ва дастрас будани иттилоот оид ба санчишхои фаъолияти субъектхои хочагидор;
– гузаронидани санчиш бо риояи талаботи Конуни мазкур танхо дар минтакаи фаъолияти субъекти хочагидор;
– кам кардани сарбори нисбати субъекти хочагидор, ки бо санчиши фаъолияти он алокаманд аст ва таъмин намудани камкунии самараи таваккалхо;
– пайвастаги ва фаври будани гузаронидани санчиш дар мухлати мукарраргардида;
– ухдадории макомоти санчиши оид ба асосноккунии амалхои худ дар асоси дарачаи таваккал.
Моддаи 10. Макомоти санчиши ва мавзуи санчишхо
- Макомоти санчиши дар доираи ваколати худ тибки конунгузории Чумхурии Точикистон санчиши фаъолияти субъектхои хочагидорро бо назардошти мавзуъхои зерини санчиш амали менамоянд:
1) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи хифзи мухити зист:
– хифзи мухити зист, назорати истифодаи окилонаи захирахои табии.
2) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи хочагии чангал, шикор ва худудхои табиии махсус мухофизатшаванда:
– назорати хочагии чангал, шикор, олами набототу хайвонот ва худудхои табиии махсус мухофизатшаванда.
3) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва сохтмон:
– меъмори ва сохтмон.
4) Макоми ваколатдори давлатии назорати давлатии бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкори:
– риояи конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи истифодаи окилона ва хифзи каъри замин, геологияи кухии техники, муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани, пешбурди бехатарии корхо дар саноати кимиё ва металлурги, бехатарии иншооти борбардор, зарфхои зери фишор коркунанда ва техникаи аттраксиони, иншооти истехсоли хатарнок, истифодаи бехатари иншооти газ.
5) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи телевизион ва радио:
– пахши барномахои телевизиони ва радио;
– истехсол ва/ё интишори маводи овози, визуали, аудиовизуали, инчунин интишори ахбори иловаги, дуюмбора ва намудхои дигари ахбори омма.
6) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти зиддиинхисори:
– химоя ва рушди ракобат, пешгири, махдудкуни, катъи фаъолияти инхисори ва ракобати бевичдонона;
– танзими фаъолияти субъектхои монополияхои табии;
– химояи хукуки истеъмолкунандагон;
– танзими фаъолияти рекламави.
7) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи оташнишони:
– риояи коидахои бехатари аз сухтор.
8) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи назорати иёргири:
– истехсол, истихроч, коркард, истифода, нигохдори ва бахисобгирии металлхои киматбахо ва сангхои киматбахо.
(Банди 9 хорич карда шуд бо КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
9) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи назорати энергетики: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– истифодаи окилона ва босамари захирахои гармию энергетики;
– таъминоти речави ва босифати истеъмолкунандагон бо захирахои гармию энергетики;
– холати бахисобгирии истехсол ва истифодаи кувваи барку гарми;
– холати техникии неругоххои барки, шабакахои барки ва дастгоххои баркию гарми, низоми истифодаи кувваи (неруи) барку гарми;
– гузаронидани чорабинихои таъминкунандаи хизматрасонии бехатари дастгоххои барки ва истифодабарандаи гарми.
10) Макоми ваколатдори давлатии назорат дар сохаи бехатарии иншооти гидротехники: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– риояи меъёр ва коидахои бехатарии иншооти гидротехники;
– риояи чорахо чихати пешгирии садама ва осебёбии иншооти гидротехники;
– холати техникии иншооти гидротехники;
– санчиши иншооти гидротехники бо максади мутобикати онхо ба эъломияхои бехатари.
11) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи назорати фаъолияти фармасевти: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– фаъолияти фармасевти ва молхои тибби;
– гизои кудакон ва маводи ороиши (косметики);
– муомилоти конунии маводи нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхои дар тиб истифодашаванда.
12) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи назорати фаъолияти тибби ва хифзи ичтимоии ахоли: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– фаъолияти тибби;
– хифзи ичтимоии ахоли.
13) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи назорати санитарию эпидемиологи: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– риояи меъёр ва коидахои санитарию эпидемиологи.
14) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи стандартони, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– стандартони, метрология ва сертификатсия;
– риояи коидахои савдо ва хуроки умуми;
– бамеъёрдарории техники;
– аккредитатсия.
(Банди 16 хорич карда шуд бо КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
15) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи таъмини назорати фитосанитари ва карантини растани: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– риояи коидахои фитосанитари ва карантини растанихо.
16) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи байтори ва зотпарвари: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– фаъолияти байтори; (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– пешбурди корхои зотпарвари дар чорводори, паррандапарвари, мохипарвари ва занбуриасалпарвари. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
17) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи назорати техникаи кишоварзи: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– техникаи кишоварзи.
18) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи тухмипарвари: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– сифати тухми ва парвариши нихолхо.
19) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи мехнат, мухочират ва шугли ахоли: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– хифзи мехнат;
– мухочират;
– шугли ахоли.
20) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи наклиёт: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– риояи санадхои меъёрии хукуки дар сохаи наклиёти автомобили, оби, рохи охан, хавои, барки, саноати ва хочагии рох.
21) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи алока: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– алокаи барки, алокаи почта ва иттилоотони.
(Банди 24 хорич карда шуд бо КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
22) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи сармоягузори ва идораи амволи давлати: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– назорати истифодаи амволи давлати;
– риояи коидахои пешбурди дафтари бакайдгирии санчишхо.
23) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ва илм: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– риояи раванди таълим ва тарбия дар асоси стандартхои давлатии тахсилот дар муассисахои таълими;
– маблаггузории фаъолияти муассисахои таълиму тарбияи сохаи маориф аз хисоби маблаги дар ихтиёрашон буда бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.
24) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи забон ва истилохот: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– риояи конунгузории забони давлати.
25) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи назорати маводи нашъаовар: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– фаъолият вобаста ба парвариши растанихои нашъаовар бо максадхои илми, хамчунин тайёр кардани воситахои нашъадор ва моддахои психотропии нав;
– фаъолияти вобаста ба муомилоти конунии воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо (тахия, истехсол, тайёр кардан, коркард, нигох доштан, интикол, муросилот, додан, фурухтан, таксим кардан, сохиб шудан, истифода, воридот ва содирот).
26) Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими муносибатхо вобаста ба замин, геодезия, бакайдгирии давлатии молу мулки гайриманкул ва хукукхо ба он: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– назорати давлатии истифода ва хифзи замин;
– назорати давлатии геодези;
– бакайдгирии давлатии молу мулки гайриманкул ва хукукхо ба он.
27) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи омор: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– дурусти ва эътимоднокии маълумоти омори.
28) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи сугуртаи ичтимои ва нафака: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1459)
– истифодаи максадноки маблаги андози ичтимои;
– бакайдгирии давлати дар макомоти сугуртаи давлатии ичтимои;
– амалигардонии сугуртаи хатмии нафакавии касби.
- Мавзуи санчиши як макоми санчиши, ки дар кисми 1 хамин модда пешбини шудааст, наметавонад аз тарафи макоми дигари санчиши такрор карда шавад.
- Тагйир додани номгуи макомоти давлатии санчиши ва мавзуи санчишхо танхо бо рохи ворид намудани тагйиру иловахо ба кисми 1 хамин модда имконпазир мебошад.
Моддаи 11. Меъёрхои арзёбии дарачаи таваккали фаъолияти субъектхои хочагидор
- Макомоти санчиши фаъолияти субъектхои хочагидорро дар асоси дарачаи таваккал мавриди санчиш карор медиханд. Макомоти санчиши меъёрхои арзёбии дарачаи таваккалро дар асоси сатхи имконияти расонидани зарар дар натичаи фаъолияти субъекти хочагидор ба хаёт ё саломатии ахоли, манфиатхои молумулки ва амнияти чомеа, хифзи мухити зист, бо дарназардошти дарачаи вазнинии окибатхои он, муайян менамоянд.
- Макомоти санчиши меъёрхоеро тахия менамоянд, ки дар асоси онхо дарачаи таваккал хангоми амали намудани фаъолияти субъекти хочагидор дар сохаи мансуб ба ваколати он арзёби мегардад.
- Сатхи таваккали фаъолияти субъектхои хочагидор бо дарачаи таваккалии баланд, миёна ва паст муайян карда мешавад. Гурухи субъектхое, ки дарачаи таваккалиашон баланд мебошад, набояд аз 10 фоиз зиёд бошад. Маълумот оид ба мансубияти субъекти хочагидор ба дарачаи муайяни таваккали ба хама дастрас мебошад.
- Бо максади муайян намудани дарачаи таваккалии пешбининамудаи кисми 3 хамин модда, макомоти санчиши ба коршинос ё ба ташкилоти эксперти мурочиат менамоянд.
БОБИ 2.
РАСМИЁТИ ГУЗАРОНИДАНИ САНЧИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТХОИ ХОЧАГИДОР
Моддаи 12. Асос барои гузаронидани санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор
- Асос барои гузаронидани санчиши фаъолияти субъекти хочагидор карори мутобики Конуни мазкур кабулнамудаи макоми санчиши оид ба гузаронидани санчиш мебошад.
- Карор дар бораи гузаронидани санчиш дорои маълумоти зерин мебошад:
– сана ва раками бакайдгирии карор дар макоми санчиши;
– номи макоми санчише, ки дар бораи гузаронидани санчиш карор кабул намудааст;
– номи пурраи субъекти хочагидори санчидашаванда ё насаб, ном, номи падари сохибкори инфироди;
– мавзуъ, максад ва объекти мушаххаси санчиш дар субъекти хочагидори мазкур;
– мансаб, насаб, ном, номи падари шахсони санчишгузаронанда;
– сана ва давомнокии гузаронидани санчиш;
– давраи санчиш;
– имзои рохбари макоми санчиши;
– мухри макоми санчиши.
- Аз гирифтани карор саркаши намудани рохбари субъекти хочагидор ба огози санчиш монеа шуда наметавонад. Рохбари субъекти хочагидор хукук дорад пас аз гузашти мухлати санчиши дар карор зикргардида шахсони мансабдори макомоти санчишро ба объекти санчиш рох надихад, ба истиснои мукаррароти кисми 4 моддаи 26 Конуни мазкур.
- Дар асоси як карор дар бораи санчиш танхо як санчиш гузаронида мешавад.
Моддаи 13. Дафтари бакайдгирии санчишхо
- Бо максади таъмини шаффофият санчишхои аз чониби макомоти санчиши гузаронидашаванда дар дафтари бакайдгирии санчишхо ба кайд гирифта мешаванд. Шахсони масъули макомоти давлати оид ба санчишхои дар доираи назорати прокурори, аудити Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон, назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия, конунгузории бонки, мурофиавии чинояти, андоз, гумрук ва фаъолияти оперативию чустучуи амалишаванда, ки тибки моддаи 4 Конуни мазкур амали хамин Конун ба онхо татбик намегардад, ухдадоранд дар дафтари бакайдгирии санчишхо оид ба санчишхои дар доираи ваколаташон гузаронидашуда кайдхо гузорад.
- Шахси мансабдори макоми санчиши дар холати ворид накардани кайдхо ба дафтари бакайдгирии санчишхо ба санчиш рох дода намешавад. Дар холати гузаронидани санчиш бе гузоштани кайд дар дафтари бакайдгирии санчишхо натичаи он беэътибор хисобида мешавад.
- Макомоти давлатии бакайдгирандаи шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди субъектхои хочагидорро бо дафтари бакайдгирии санчишхо таъмин менамоянд. Ба дафтари бакайдгирии санчишхо маълумот дар бораи санчишхои гузаронидашуда ворид карда мешавад.
- Пас аз супоридани карор дар бораи гузаронидани санчиш ба субъекти хочагидор хар шахси мансабдори макоми санчиши ухдадор аст ба дафтари бакайдгирии санчишхо маълумоти зеринро ворид ва бо имзои худ тасдик намояд:
– асос барои санчиши фаъолияти субъекти хочагидор, сана ва вакти огоз ва анчоми он;
– мавзуъ ва максади санчиш;
– намуди санчиш;
– насаб, ном, номи падар, раками шаходатномаи хизмати, номи макоме, ки шаходатномаро додааст (мухлати эътибори шаходатнома);
– хангоми иштироки мутахассиси даъватшуда дар гузаронидани санчиш насаб, ном, номи падар, инчунин раками шаходатномаи хизмати, номи ташкилоте, ки намояндаи он мебошад ва дар сурати мутахассиси мустакил будани у, раками шаходатномаи хизмати ва агар фаъолияти мутахассиси даъватшуда бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхури Точикистон тибки ичозатнома ба рох монда шавад, раками ичозатнома, номи макоме, ки ичозатномаро додааст ва мухлати эътибори ичозатнома.
- Рохбари субъекти хочагидор ухдадор аст, ки дар дафтари бакайдгирии санчишхо маълумоти зеринро кайд намояд:
– сана ва вакти анчоми санчиш;
– чорахои андешидаи шахси мансабдори макоми санчиши аз руи натичахои санчиш;
– кумаки расонидашудаи машварати;
– санади тартибдодашудаи санчиш;
– мулохизахои худ аз руи натичахои санчиши гузаронидашуда дар шаклхои: «Розиям», «Рози нестам», «Бо эродхо розиям».
- Шахси мансабдори макоми санчиши барои саркаши аз ворид намудани маълумот оид ба санчиши гузаронидашаванда дар дафтари бакайдгирии санчишхо масъулияти мукаррарнамудаи Конуни мазкурро бар ухда дорад.
Моддаи 14. Санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор
- Санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор иборат аст аз:
– машваратдихи ба субъектхои хочагидор оид ба масъалахои кохиш додани таваккал ва амалигардонии фаъолияти онхо мутобики талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон ва ичрои чорабинихои дигаре, ки ба пешниходи иттилоот дар хусуси пешгирии риоя накардани санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон равона шудаанд;
– санчиши мутобикати фаъолияти субъектхои хочагидор ба талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон;
– гузаронидани арзёбии иттилоот оид ба фаъолияти субъекти хочагидор, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дастрас гардидааст;
– мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон андешидани чорахои таъсиррасони нисбати субъектхои хочагидор.
- Санчиши фаъолияти намояндагихо ва филиалхои субъектхои хочагидор тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур дар доираи анчом додани санчиши фаъолияти худи субъекти хочагидор гузаронида мешавад.
Моддаи 15. Пешниходи иттилоот ва машварат
- Макомоти санчиши ба субъектхои хочагидор оид ба масъалахои мутобикати фаъолияти онхо ба санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба паст кардани меъёрхои арзёбии дарачаи таваккал ва бартараф намудани шароити ба хукуквайронкунихо имкониятдиханда то огози санчиш, дар рафти санчиш ва пас аз анчоми санчиш машварат ва тавсияхо медиханд.
- Пешниходи машварату тавсияхо инхоро дар бар мегирад:
– пешниходи иттилооти умуми ба ахли чомеа;
– посуххо ба саволхои хатти ва шифохии субъектхои хочагидор, тавассути телефон, дар шакли электрони ё дар хомили когази дар раванди гузаронидани машгулиятхои омузиши ё баъди гузаронидани онхо;
– пешниход кардани машварату тавсияхо ва ёрии методи ба субъектхои хочагидор оид ба паст кардани меъёрхои арзёбии дарачаи таваккал, пешгири ва бартараф намудани хукуквайронкунихо дар раванди санчиш.
- Машварату тавсияхои ба субъектхои хочагидор пешниходшаванда аз нигохи хукуки асоснок, дакик ва фахмо, дорои максади пешгирии хукуквайронкунихо, кам ва бартараф намудани эхтимолияти таваккалхо мебошанд.
- Агар субъекти хочагидор мутобики машварат ва тавсияи ба тарики хатти пешниходнамудаи макоми санчиши амал намояд, пас барои ба талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон мутобикат накардани амалхояш ба чавобгари кашида намешавад. Мукаррароти мазкур ба кирдоре, ки дар он аломатхои таркиби чиноят ё хукуквайронкунии маъмури дида мешаванд, дахл надоранд.
- Баъди гирифтани машварату тавсияхои дурусти макоми санчиши субъекти хочагидор амалхои худро ба талаботи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мутобик менамояд.
- Макомоти санчиши дар сомонаи расмии худ маълумоти зеринро чойгир менамоянд:
– санадхои меъёрии хукукии танзимкунандаи масъалахои санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор;
– накшаи харсолаи гузаронидани санчишхо;
– маълумот оид ба мансубияти субъекти хочагидор ба дарачаи муайяни таваккали ва инчунин асоснокии гузаронидани онхо ба ин намуди таваккалхо.
Моддаи 16. Беэътибории гузаронидани санчишхо
Санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор дар холатхои зерин беэътибор дониста мешавад:
– аз чониби макоми санчиши ба субъекти хочагидор фиристода нашудани огохиномаи хатти дар бораи санчиши гузаронидашаванда ва номгуи масъалахои санчиши;
– хангоми гузаронидани санчиши фаъолияти субъекти хочагидор аз чониби шахси мансабдори макоми санчиши ба субъекти хочагидор пешниход накардани шаходатномаи хизмати;
– дар сурати набудани сабти шахси мансабдори макоми санчиши дар дафтари бакайдгирии субъекти хочагидор;
– гузаронидани санчиши аввалини фаъолияти субъекти хочагидори навтаъсис, ба истиснои субъектхои хочагидори дарачаи таваккалнокиашон баланд, дар давоми ду соли аввали фаъолияти он.
Моддаи 17. Намудхои санчиш
Санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор аз намудхои зерин иборат аст:
– накшави;
– гайринакшави;
– иловаги;
– такрори.
Моддаи 18. Санчиши накшави
- Санчиши накшави – санчишест, ки аз чониби рохбари макомоти марказии санчиш нисбати субъекти хочагидори мушаххас дар асоси накшаи солонаи гузаронидани санчишхои накшави таъин карда мешавад.
- Макомоти санчиши дар нохияхо, шахрхо ва вилоятхо санчиши накшавии фаъолияти субъектхои хочагидорро мутобики накшаи солонаи гузаронидани санчишхои накшавии аз чониби макомоти марказии санчиш тасдикшуда мегузаронанд.
- Накшаи солонаи гузаронидани санчишхо бо назардошти даврияти санчишхои барои хар як гурухи таваккалхо мукарраргардида вобаста ба дарачаи таваккали фаъолияти хар субъекти хочагидори мушаххас тахия карда мешавад.
- Накшаи солонаи гузаронидани санчишхо аз чониби рохбари макоми марказии санчиш барои соли ояндаи таквими то 1 ноябр дар мувофика бо Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши тасдик карда шуда, дар сомонаи расмии макомоти санчиш ва воситахои ахбори омма чойгир карда мешавад.
- Вобаста ба тагйирёбии дарачахои таваккали субъектхои хочагидор макомоти санчиши ба накшаи солонаи гузаронидани санчишхо бо риояи талаботи мувофикакуни тибки кисми 4 моддаи мазкур хар шашмоха як маротиба тагйирот ворид менамоянд.
- Дар накшахои солонаи гузаронидани санчишхо маълумоти зерин дарч мегардад:
– номгуи макоми санчиши;
– номгуи шахсони хукуки, насаб, ном ва номи падари сохибкорони инфироди, ки фаъолияташон мавриди санчиши накшави карор дода мешавад;
– маълумот дар бораи санчиши каблии фаъолияти субъекти хочагидор;
– асосноккунии хукуки, мавзуъ ва объектхои санчиш;
– сурогаи вокеии объекти гузаронидани санчиш;
– давраи санчиш (бо нишон додани санаи огоз ва анчоми давра);
– давомнокии санчиш (бо нишон додани санаи огоз ва анчоми санчиш).
- Санчиши якчоя аз чониби макомоти санчиши танхо дар доираи накшаи солонаи макоми санчиши гузаронида шуда, макомоти мазкур ухдадоранд карори алохидаро дар бораи таъини санчиш ба расмият дароранд.
- Дар холати мавчуд набудани накшаи солонаи тасдикшудаи гузаронидани санчишхои накшави макоми санчиши барои гузаронидани намуди санчиши фаъолияти субъекти хочагидор, ба истиснои санчишхое, ки бо аризаи хаттии худи субъекти хочагидор гузаронида мешаванд, хукук надорад.
- Санчиши накшави бо риояи талаботи пешбининамудаи кисми 4 моддаи 13 Конуни мазкур гузаронида мешавад.
Моддаи 19. Санчиши гайринакшави
- Санчиши гайринакшави дар холатхои зерин гузаронида мешавад:
– бо ташаббуси субъекти хочагидор дар асоси аризаи хаттии он;
– ба макомоти санчиши ворид шудани мурочиати шахсони вокеи ва хукуки, маълумот аз макомоти хокимияти давлати оид ба далелхои расонидан ё эхтимолияти баланди расонидани зарари чидди ба хаёт ва саломатии ахоли, мухити зист, амнияти милли, инчунин ба миён омадани холатхои фавкулоддаи дорои хусусияти табии ва техногени;
– бо супориши Хукумати Чумхурии Точикистон, аз чумла бо максади пешгирии ба вучуд омадани холатхои фавкулодда;
– дар холати мавчуд будани парвандаи чинояти.
- Аризаи ба макоми санчиши ирсолгардида, ки тибки он муайян кардани насаб, ном, номи падар ва махалли чойгиршавии шахси ба макоми санчиши мурочиаткарда гайриимкон аст, барои гузаронидани санчиш асос шуда наметавонад.
- Гузаронидани санчиши гайринакшави бо асосхои дигар манъ аст.
- Санчиши гайринакшави дар асоси карори (фармоиши, амри) рохбари макоми санчиши гузаронида мешавад. Санчиши гайринакшави танхо аз руи масъалахое гузаронида мешавад, ки барои гузаронидани ин намуди санчиш асос шудаанд. Дар вакти гузаронидани санчиши гайринакшави макомоти санчиши ухдадоранд, ки ба субъекти хочагидор оид ба шикоятхои чойдошта маълумоти дакик ва асоснок пешниход намоянд.
- Ба санчидани масъалахое, ки асоси гузаронидани санчиши гайринакшави нестанд ва дар номгуи саволхои санчиши пешбини нашудаанд, рох дода намешавад.
- Шумораи санчишхои гайринакшавии гузаронидашаванда нисбат ба шумораи умумии санчишхои гузаронидашавандаи макомоти санчиши набояд аз 10 % (фоиз) зиёд бошад. Дар холати аз фоизи мукарраршуда зиёд шудани санчишхо онхо бо розигии Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши гузаронида мешаванд.
- Агар дар натичаи гузаронидани санчиши гайринакшави муайян карда шавад, ки дар фаъолияти субъекти хочагидор камбудихои чидди чой дошта, фаъолияти он мавриди санчиши накшави карор гирифтааст, шахси мансабдоре, ки санчиши накшавиро гузаронидааст, ба чавобгари кашида мешавад.
- Санчишхои гайринакшави бо риояи талаботи пешбининамудаи кисми 4 моддаи 13 Конуни мазкур гузаронида мешаванд.
Моддаи 20. Санчиши иловаги
- Санчиши иловаги танхо дар холати аз натичаи санчиш рози набудани субъекти хочагидор гузаронида мешавад.
- Хангоми гузаронидани санчиши иловаги гузаронидани санчиш аз руи хамаи масъалахои санчиши накшави манъ аст. Танхо масъалахои дар шикояти субъекти хочагидор зикргардида мавриди санчиши иловаги карор дода мешаванд.
- Шикояти субъектхои хочагидор бояд дар мухлати на дертар аз 10 рузи кори аз рузи кабули шикоят аз чониби макоми санчиши барраси гардида, нисбати он карори асоснок кабул карда шавад.
- Санчиши иловаги бо риояи талаботи пешбининамудаи кисми 4 моддаи 13 Конуни мазкур гузаронида мешавад.
Моддаи 21. Санчиши такрори
- Санчиши такрори дар доираи талаботи расми дар бораи бартараф кардани камбудихои дар раванди санчиши кабли ошкоргардида гузаронида мешавад.
- Санчиши такрори пас аз ба охир расидани мухлате, ки ба субъекти хочагидор барои бартараф кардани камбудихо дода шудааст, на дертар аз 10 рузи ба охир расидани мухлати зикршуда ва танхо нисбати камбудихои ислохшуда гузаронида мешавад.
- Субъекти хочагидор бо дархости макоми санчиши дар бораи камбудихои ислохшуда маълумот пешниход менамояд.
- Карор дар бораи гузаронидани санчиши такрори танхо дар холати мавчуд будани дарачаи эхтимолияти расонидани зарари назаррас ба хаёт ва саломатии ахоли ва мухити зист аз чониби рохбари макоми санчиши кабул карда мешавад.
- Макоми санчиши субъекти хочагидорро дар бораи гузаронидани санчиши такрори дар мухлати се рузи кори пеш аз огози санчиши такрори огох менамояд.
- Хангоми мурочиат намудани субъекти хочагидор ба макомоти санчиши дар бораи гузаронидани санчиши такрори карори рохбари макоми санчиши дар бораи санчиш бояд дар давоми се рузи кори аз лахзаи ворид гардидани чунин мурочиат кабул карда шавад.
- Санчиши такрори бо риояи талаботи пешбининамудаи кисми 4 моддаи 13 Конуни мазкур гузаронида мешавад.
Моддаи 22. Даврияти санчишхои фаъолияти субъектхои хочагидор
- Санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор, ба истиснои санчишхои гайринакшави, танхо бо назардошти дарачаи таваккалноки, ки тибки моддаи 11 Конуни мазкур муайян карда шудааст, гузаронида мешавад.
- Вобаста ба дарачаи таваккалноки санчишхои накшави мутобики даврияти зерин гузаронида мешаванд:
– на зиёда аз ду маротиба дар як сол барои субъектхои хочагидори дарачаи таваккалнокиашон баланд;
– на зиёда аз як маротиба дар се сол барои субъектхои хочагидори дарачаи таваккалнокиашон миёна;
– на зиёда аз як маротиба дар панч сол барои субъектхои хочагидори дарачаи таваккалнокиашон паст.
- Даврияти санчишхои объектхои мушаххас бо назардошти дарачаи таваккалнокии он аз чониби макомоти санчиши дар накшаи солонаи гузаронидани санчишхо муайян мегардад.
- Санчиши накшавии аввалини фаъолияти субъекти хочагидори навтаъсис, ба истиснои субъектхои хочагидори дарачаи таваккалнокиашон баланд, танхо баъди сипари гардидани ду сол пас аз лахзаи бакайдгирии давлатии он гузаронида шуда, ду соли аввали фаъолияти субъекти мазкур мавриди санчиш карор дода намешавад.
- Агар то гузаштани мухлати дар кисми 4 хамин модда нишондодашуда фаъолияти субъекти хочагидор катъ гардад (аз нав ташкил карда ё бархам дода шавад), фаъолияти молиявии субъекти хочагидор, намояндагихо ва филиалхои он дар доираи санчиши фаъолияти худи субъекти хочагидор гузаронида мешавад.
- Мавзуи санчиши як макоми санчиши наметавонад аз чониби макоми дигари санчиши такрор карда шавад ва чунин санчиш метавонад дар асосхои зерин гузаронида шавад:
– аризаи худи субъекти хочагидор;
– хабари макоме, ки оид ба азнавташкилдихи ё бархамдихии субъекти хочагидор карор кабул кардааст;
иттилооти макоме, ки азнавташкилдихи ё бархамдихии шахси хукукиро амали намудааст.
- Дар давоми ду соли аввали фаъолияти субъекти хочагидор чорахои мучозот нисбати он метавонанд танхо дар холатхои истиснои истифода шаванд, агар фаъолияти субъекти мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон бо воситахои дигар таъмин шуда натавонад ва танхо дар холати зарурат ва ногузир будани пешгирии расонидани зарар ба хаёт ва саломатии ахоли ё мухити зист, дар холате ки чунин зарар тахдиди чидди дошта бошад.
- Дар холати ташрифи шахсони мансабдори макомоти санчиши тибки мукаррароти кисми 1 хамин модда маълумоти зарури бо риояи талаботи пешбининамудаи кисми 4 моддаи 13 Конуни мазкур дар дафтари бакайдгирии санчишхо сабт карда мешавад.
Моддаи 23. Машваратдихи ва расонидани кумаки методи ба субъекти хочагидори навтаъсис
- Шахсони мансабдори макоми санчиши ба субъекти хочагидори навтаъсис дар давоми ду соли аввали фаъолияти он танхо барои додани машварат ва расонидани кумаки методи оид ба масъалахои мавзуи санчиши онхо ташриф меоранд.
- Дар мухлати озодкуни аз санчишхои пешбининамудаи кисми 4 моддаи 22 Конуни мазкур субъекти хочагидори навтаъсис аз ичрои ухдадорихои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, ки риояи онхо мутобики хамин Конун бояд санчида шаванд, озод карда намешавад.
Моддаи 24. Огохинома дар бораи санчиш
- Бо максади гузаронидани санчиш, ба истиснои гузаронидани санчиш бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон, макоми санчиши субъекти хочагидорро аз санчиши гузаронидашаванда дар мухлати панч рузи кори кабл аз огози санчиш ба таври хатти огох менамояд. Огохиномаи хатти шарти асосии гузаронидани санчиш буда, макомоти санчиши на дертар аз дах рузи кори аз рузи кабули огохинома хукуки огоз намудани санчишро доранд.
- Дар огохинома дар бораи гузаронидани санчиш масъалахои зерин бояд зикр карда шаванд:
– номи макоми санчиши, насаб, ном, номи падари шахси мансабдори макоми санчиши ва сурогаи махалли зисти он, раками шаходатномаи хизмати;
– асос барои гузаронидани санчиш;
– мавзуъ, максад ва объектхои санчиш;
– санаи огоз ва анчоми гузаронидани санчиш;
– номи субъекти хочагидоре, ки фаъолияти он мавриди санчиш карор дода мешавад.
- Огохинома ба рохбари субъекти хочагидор ё ба шахси ваколатдор шахсан ё тавассути почта бо мактуби фармоиши ва огохиномаи почта ё мустакиман бо имзо супорида мешавад. Рохбар ё шахси ваколатдори субъекти хочагидор баъди гирифтани огохинома вазифадор аст дар объекти санчидашаванда дар вакти барои огози санчиш таъингардида хозир бошанд.
- Агар субъекти хочагидор бо сабабхои узрнок огози санчишро дар руз ва вакти дар огохинома мукарраргардида таъмин карда натавонад, он ухдадор аст ба макоми санчиши дар ин хусус на дертар аз ду руз то огози санчиш хабар дода, сана ва вакти барои тарафхо мувофикро барои огози санчиш мувофика намояд.
- Субъекти хочагидор дар сурати нагирифтани огохинома дар бораи гузаронидани санчиш хукук дорад шахси мансабдори макоми санчишро барои гузаронидани санчиш рох надихад.
- Агар макоми санчиши субъекти хочагидорро дар бораи санчиши гузаронидашаванда ба таври хатти огох насозад, карор аз руи натичахои санчиш беэътибор буда, окибати хукуки надорад.
Моддаи 25. Номгуи масъалахои назоратие, ки аз руи онхо санчиш гузаронида мешавад
- Санчиш тибки номгуи масъалахои назоратие, ки аз чониби макомоти санчиши мутобики талаботи мукаррарнамудаи Конуни мазкур тасдик шудааст, гузаронида мешавад.
- Номгуи масъалахои назоратие, ки аз руи онхо санчиш гузаронида мешавад, ба субъекти хочагидор хамзамон бо огохинома дар бораи санчиш супорида мешавад. Ба субъекти хочагидор насупоридани номгуи масъалахои назорати хамзамон бо огохинома дар бораи санчиш боиси беэътибор гардидани карор аз руи натичахои санчиш мегардад.
- Санчиши фаъолияти субъекти хочагидор аз руи номгуи масъалахои назорати гузаронида шуда, аз доираи он баромадан манъ аст. Номгуи масъалахои назорати бояд талаботи асосии конунгузории Чумхурии Точикистонро дар бар гирад, ки метавонанд ба хаёт ва саломатии одамон, бехатарии чамъияти, моликият, хифзи мухити зист тахдид кунанд ё зарари бевоситаи назаррас расонанд.
- Хангоми тахияи номгуи масъалахои назорати макомоти санчиши метавонанд бо субъектхои хочагидор ё ассотсиатсияхои дахлдор барои ба инобат гирифтани акидаи онхо машварат гузаронанд.
- Номгуи масъалахои назорати хар сол бояд бо назардошти тагйирот дар конунгузории Чумхурии Точикистон ва таклифхои пешниходнамудаи шахсони мансабдори макомоти санчиши ва субъектхои хочагидор аз нав дида баромада шавад.
- Масъалахо дар номгуи масъалахои назорати барои риояи минбаъдаи онхо аз чониби субъектхои хочагидор бояд дакик, возех ва дастрас ифода карда шаванд.
- Номгуи масъалахои назорати кисми чудонашавандаи санади санчиш буда, бояд дар сомонаи расмии макоми санчиши чойгир карда шавад.
Моддаи 26. Давомноки ва мухлати гузаронидани санчиш
- Мухлати гузаронидани санчиши молиявии фаъолияти шахси хукуки набояд аз бист рузи кори зиёд бошад.
- Мухлати гузаронидани санчиши молиявии фаъолияти сохибкори инфиродие, ки фаъолияти худро дар асоси шаходатнома амали менамояд, набояд аз панч рузи кори ва сохибкори инфиродие, ки фаъолияти худро дар асоси патент амали менамояд, набояд аз ду рузи таквими зиёд бошад.
- Санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор дар мухлати на зиёдтар аз 10 рузи кори барои субъектхои сохибкории калон, 5 рузи кори барои субъектхои сохибкории миёна ва 2 рузи кори барои субъектхои сохибкории хурд гузаронида мешавад.
- Дар холатхои истиснои ба монанди фалокат, бемори, фавти шахси масъул ва холатхои дигари рафънопазир – бо карори рохбари макоми санчиши мухлати пешбининамудаи кисмхои 1, 2 ва 3 хамин модда як маротиба ба мухлати на зиёда аз сеяки мухлати асосии гузаронидани санчиш тамдид карда мешавад. Дар сурати мавчуд набудани хуччатхои тасдиккунанда дар хусуси тамдиди мухлати мазкур санчиши минбаъдаи фаъолияти субъекти хочагидор манъ аст.
- Санчиш танхо дар вакти кори ва рузхои кории субъекти хочагидор гузаронида мешавад, ба истиснои санчиши гайринакшави.
Моддаи 27. Манъи такроран гузаронидани санчиш аз тарафи макомоти санчиши сатхи гуногун ё макомоти дигари санчиш
- Гузаронидани санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор аз руи масъалахое, ки каблан аз чониби макоми санчиши сатхи дигар ё макоми дигари санчиши дар давраи санчиш мукарраргардида гузаронида шудааст, манъ аст.
- Макоми санчиши салохияти хар яке аз сатххои макомоти санчишро оид ба гузаронидани санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор муайян менамояд.
- Дар холате, ки санчиши фаъолияти субъекти хочагидор аз чониби макоми санчиши як сатх (чумхурияви, вилояти, шахри ё нохияви) гузаронида шавад, ба макоми санчиши сатхи дигар гузаронидани санчиши хамон як субъекти хочагидор манъ аст.
- Макомоти хифзи хукук набояд санчишхои аз чониби макомоти дигари санчиш гузаронидашударо такроран гузаронанд, ба истиснои талаботи пешбининамудаи сархати чоруми кисми 1 моддаи 19 Конуни мазкур.
Моддаи 28. Анчоми санчиш
- Баъди анчоми санчиш, сарфи назар аз натичахои он, шахси мансабдори макоми санчиши санад тартиб дода, дар он маълумоти зеринро кайд менамояд:
– махалли гузаронидани санчиш, санаи тахияи санад;
– мавзуи санчиш;
– вазифа, насаб, ном, номи падари шахсони мансабдори макоми санчиши, ки санчиш гузаронидаанд;
– насаб, ном, номи падари сохибкори инфиродии санчидашуда ё номи пурраи шахси хукуки;
– маълумот оид ба санчиши кабли;
– давраи санчидашаванда ва маълумоти умуми оид ба хуччатхое (объектхое), ки субъекти хочагидор барои гузаронидани санчиш пешниход намудааст;
– натичахои санчиш;
– дар холати ошкор гардидани камбудихо – шархи муфассали онхо бо истинод ба меъёри дахлдори санади меъёрии хукуки.
- Анчоми санчиш рузи ба субъекти хочагидор супоридани санади санчиш ё санаи ба он фиристодани санади санчиш бо мактуби фармоиши ва огохинома, лекин на дертар аз панч рузи кори аз мухлати дар карор зикргардида, хисобида мешавад.
- Ба санади санчиш нусхахои зарурии хуччатхо, хисобхои анчомдодаи шахси мансабдори макоми санчиши ва маводи дигари дар раванди санчиши гузаронидашуда бадастомада замима карда мешаванд.
- Санади санчиш ба микдори на кам аз ду нусха тахия гардида, аз чониби шахси мансабдори макоми санчиши, ки санчиши дахлдорро гузаронидааст, имзо карда мешавад.
- Як нусхаи санади санчиш ба субъекти хочагидор дар давоми панч рузи кори супурда мешавад. Хангоми гирифтани санади санчиш рохбари субъекти хочагидор ухдадор аст, ки дар нусхаи дигари санад дар хусуси гирифтани он кайд ворид намуда, имзо гузорад.
- Агар рохбари субъекти хочагидор гирифтани санади санчишро рад намуда бошад, дар ин бора дар нусхаи санади санчиши барои макомоти санчиши пешбинигардида кайд ворид намуда, бо имзои шахси мансабдори санчиши дахлдорро анчомдода тасдик карда мешавад. Дар чунин холат санади санчиш бо мактуби фармоиши ва огохинома ба субъекти хочагидор фиристода мешавад.
- Дар сурати ошкор гардидани содиршавии чиноят дар рафти фаъолияти субъекти хочагидор нусхаи санад ва маводи натичаи санчиш аз руи тобеият барои кабули карор ба макомоти хифзи хукуки дахлдор фиристонида мешаванд.
Моддаи 29. Карор аз руи натичахои санчиш
- Баъди анчоми хар як санчиш дар асоси натичахое, ки дар санади санчиш дарч гардидаанд, макоми санчиши бо имзои рохбар ё шахси ивазкунандаи у аз руи натичахои санчиш карор кабул менамояд, ки он дар мухлати панч рузи кори баъди рузи анчоми санчиш ба субъекти хочагидор дода мешавад.
- Карор бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
– сана ва раками бакайдгирии карор ва санади санчиш;
– насаб, ном, номи падари сохибкори инфироди ё номи пурраи шахси хукуки;
– мавзуи санчиши гузаронидашуда;
– чораи андешидашаванда, агар камбудихо ошкор гардида бошанд;
– талабот оид ба рафъи камбудихои ошкоргардида дар сурати ошкор гардидани онхо;
– мухлат, махал ва тартиби шикоят овардан нисбат ба карор.
- Дар холати ошкор нагардидани камбудихо баъди анчоми санчиш ба карор кайди дахлдор ворид карда мешавад.
- Карор аз руи натичахои санчиш дар холатхое, ки дар моддаи 16 Конуни мазкур пешбини гардидаанд, беэътибор дониста мешавад.
- Аз руи натичаи гузаронидани санчиш макомоти санчиши хар шашмоха ба шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши дар бораи санчишхои гузаронидашуда маълумоти дахлдор пешниход менамояд.
Моддаи 30. Муваккатан боздоштани фаъолияти субъекти хочагидор
- Дар рафти санчиш хангоми мавчуд будани асосхои зерин шахси мансабдори макоми санчиши дар бораи муваккатан боздоштани фаъолияти субъекти хочагидор карор кабул менамояд:
– ошкор гардидани анчоми фаъолияти субъекти хочагидор, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон мутобик набуда, бевосита боиси хатари чидди гардида, метавонад ба хаёт ва саломатии ахоли ва мухити зист зарар расонад;
– тахдиди дар натичаи амали намудани фаъолият ба миён омада, ки бо назардошти ногузирии хатар ва бузургии эхтимолияти он дар сурати имкон надоштани субъекти хочагидор барои тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали намудани фаъолияти худ онро бояд фавран боздорад.
- Шахси мансабдори макоми санчиши бояд танхо он фаъолияти субъекти хочагидорро муваккатан боздорад, ки боиси расонидани зарари назаррас ба хаёт ва саломатии ахоли ё мухити зист шуда метавонад.
- Дар холати муваккатан боздоштани фаъолияти субъекти хочагидор чорахои гузоштани мухр (штамп), суратгири, банаворгири ва дигар усулхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, метавонанд истифода карда шаванд.
- Мухлати дар карор оид ба муваккатан боздоштани фаъолияти субъекти хочагидор кайдгардида набояд аз се мох зиёд бошад.
- Карор дар бораи муваккатан боздоштани фаъолияти субъекти хочагидор маълумоти зеринро дар бар мегирад:
– сана ва раками карор;
– номи макоми санчиши ва номи субъекти хочагидор;
– асос барои муваккатан боздоштани фаъолияти субъекти хочагидор;
– номгуи фаъолияти боздошташуда;
– номгуй ва микдори молу мулк, тачхизот барои истехсолот;
– чорахое, ки бояд барои бартараф кардани хукуквайронкуни андешида шаванд;
– мухлат барои бартараф намудани хукуквайронкуни ва мухлате, ки фаъолияти субъекти хочагидор муваккатан боздошта мешавад.
- Шахси мансабдори макоми санчиши, ки дар бораи муваккатан боздоштани фаъолияти субъекти хочагидор карор кабул кардааст, рохбари макоми санчишро дар ин хусус огох менамояд.
- Субъекти хочагидор метавонад аз руи карор дар бораи муваккатан боздоштани фаъолияти субъекти хочагидор ба суд, макомоти прокуратура ё ба тарики маъмури шикоят намояд.
- Дар холате, ки субъекти хочагидор камбудихои ошкоргардидаро пеш аз мухлати дар карор дар бораи муваккатан боздоштани фаъолияти субъекти хочагидор зикргардида бартараф намояд, рохбари макоми санчиши дар давоми 3 руз аз лахзаи кабули аризаи субъекти хочагидор дар бораи баркарор намудани фаъолият тибки аризаи он карор кабул менамояд.
Моддаи 31. Гирифтани намунахо барои гузаронидани ташхис
- Гирифтани намунахои махсулот барои гузаронидани ташхис танхо дар холати гайриимкон будани муайянкунии масъалаи бехатарии махсулот аз руи натичаи муоинаи он амали карда мешавад. Дар ин холат макоми санчиши дар бораи гирифтани намунахо санад тартиб медихад, ки дар он холатхои зерин нишон дода мешаванд:
– махал ва санаи тартиб додани он;
– номгуй ва махалли чойгиршавии субъекти санчидашаванда, ки намунаи махсулоти он гирифта мешавад;
– мансаб, насаб, ном ва номи падари шахси ваколатдори субъекти хочагидори санчидашаванда;
– мансаб, насаб, ном ва номи падари шахси мансабдоре, ки намунаи махсулотро мегирад;
– асос ва талабот барои гирифтани намунаи махсулот;
– номгуй ва микдори намунаи махсулоти гирифташуда бо зикр кардани истехсолкунанда, санаи истехсол, силсилаи (раками) дастаи мол, арзиши умумии намунахо;
– сана ва вакти гирифтани намунаи махсулот.
- Макоми санчиши гирифтани намунахоро ба микдоре, ки хуччатхои меъёрию техникии махсулот барои гузаронидани ташхис мукаррар намудаанд, амали менамояд.
- Санади гирифтани намунахои махсулот дар се нусха тартиб дода мешавад. Хамаи нусхахои санад аз чониби шахси мансабдори тартибдода, ки намунаи махсулотро гирифтааст ва рохбар ё намояндаи субъекти хочагидори санчидашаванда имзо карда мешаванд. Як нусхаи санади гирифтани намунаи махсулот бо роххат ва намунаи махсулоти бо тартиби мукарраргардида гирифташуда ба ташкилоте фиристода мешавад, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон барои гузаронидани ташхис ваколатдор шудааст. Нусхаи дуюми санади гирифтани намунаи махсулот дар ихитиёри субъекти хочагидор мемонад. Нусхаи сеюми санади гирифтани намунаи махсулотро шахси мансабдори макоми санчиши, ки намунаи махсулотро гирифтааст, нигох медорад. Фуруш ва ба муомилот баровардани молу махсулоте, ки аз он барои ташхис намуна гирифта шудааст, то муайян гардидани натичаи ташхис манъ аст.
- Шароити нигохдори ва хамлу накли намунаи махсулоти гирифташуда набояд нишондихандахоеро, ки аз руи онхо ташхиси намунахо гузаронида мешавад, тагйир дихад. Шахси мансабдори макоми санчиши, ки намунаи махсулотро барои озмоиш гирифтааст, амният ва сари вакт ба чойи гузаронидани ташхис расонидани онро таъмин менамояд. Субъекти хочагидори санчидашаванда хукук дорад хангоми гирифтани намунахо норозиги изхор намояд.
- Дар холати номураттабии раванди муътадили истехсолот, ки бо гирифтани намунаи махсулот алокаманд аст, намунаи махсулот пас аз гузаронидани ташхис бояд баргардонида шавад.
- Харочоти марбут ба гирифтани намунаи махсулот аз тарафи макоми санчиши маблаггузори карда мешавад. Макоми ваколатдори давлати оид ба масъалахои молияви расмиёти амали намудани пардохти харочоти марбут ба гирифтани намунаи махсулотро тасдик менамояд.
- Дар холати бо натичахои ташхис тасдик гардидани далели вайронкунии талаботи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз чониби субъекти хочагидор, он вазифадор аст, ки харочоти марбут ба гузаронидани ташхисро мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон чуброн намояд.
- Макомоти санчиши бояд хулосаи макомоти дигари санчиш ва натичаи ташхисро, ки дар озмоишгоххои аккредитатсияшудаи макомоти санчиши гузаронида шудааст, эътироф намоянд.
БОБИ 3.
ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ СУБЪЕКТХОИ ХОЧАГИДОР ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ МАКОМОТИ САНЧИШИ
Моддаи 32. Хукук ва ухдадорихои субъектхои хочагидор
- Субъектхои хочагидор хукук доранд:
– дар бораи санчиши гузаронидашаванда маълумот гиранд;
– аз шахсони мансабдори макомоти санчиши асосхои гузаронидани санчишро талаб намоянд, бо хуччатхои тасдиккунандаи шахсияти узви гурухи санчиши шинос шаванд;
– шахсонеро, ки дар бораи гузаронидани санчиш карори дахлдор надоранд ва ё онхо дар дафтари бакайдгирии санчишхо маълумоти дахлдор ворид накардаанд ва ё мухлати дар карор зикргардидаи онхо фаро нарасида ва ё гузаштааст, ба санчиш рох надиханд;
– талаботи шахсони мансабдори макомоти санчишро оид ба масъалахое, ки ба салохияти онхо мансуб нестанд, ичро накунанд ва онхоро бо маводе, ки ба мавзуи санчиш дахл надоранд, шинос накунанд;
– аз макомоти санчиши нусхаи санади санчишро дар давоми панч рузи кори баъди анчоми санчиш талаб намоянд ва гиранд;
– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз макоми санчиши чуброни зиёни дар натичаи амалхои гайриконунии шахсони мансабдори он хангоми гузаронидани санчиш расонидашударо талаб намоянд;
– ба шахси мансабдори макоми санчиши шарху эзохро оид ба масъалахои вобаста ба санчиш ва натичахои он пешниход кунанд;
– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон нисбати натичахои санчиш шикоят намоянд;
– бо максади хифзи хукуку манфиатхои конунии худ дар раванди гузаронидани санчиш ва аз руи натичахои он мутахассисон ва намояндагони ассотсиатсияхоеро, ки аъзои онхо мебошанд, инчунин дигар ташкилоти чамъиятиро чалб намоянд.
- Субъектхои хочагидор ухдадоранд:
– шахсони мансабдори макомоти санчишро дар сурати доштани карор дар бораи гузаронидани санчиш ва аз чониби онхо пешниход гардидани шаходатномаи хизмати ва ворид намудани сабтхои дахлдор ба дафтари бакайдгирии санчишхо ба объектхои дахлдори санчиш рох диханд;
– дар асоси талаботи асосноки шахсони мансабдори макомоти санчиши мавод ва хуччатхоеро, ки барои гузаронидани санчиш зарур мебошанд, пешниход намоянд;
– карорхои макомоти санчишро дар бораи дар мухлатхои мукарраршуда бартараф намудани хукуквайронкунихо, ба истиснои холатхои пешниход намудани шикоят аз руи карори макоми санчиши, ичро намоянд;
– ба шахсони мансабдори макомоти санчиши дар ичрои ухдадорихои хизматии онхо мусоидат намоянд;
– ба огози санчиш дар сана ва дар вакти мукарраргардида монеъ нашаванд;
– бо тартиби мукарраргардида ба дафтари бакайдгирии санчишхо маълумоти дахлдор ворид намоянд.
Моддаи 33. Хукук ва ухдадорихои шахсони мансабдори макомоти санчиши
- Шахсони мансабдори макомоти санчиши хукук доранд:
– ба худуди объектхои субъекти хочагидор бо хамрохии намояндаи субъекти хочагидор ворид шаванд;
– аз субъекти хочагидори санчидашаванда хуччатхои заруриеро, ки бевосита бо гузаронидани санчиш алокаманданд, талаб намуда, аз онхо иктибос ва нусха гиранд;
– аз рохбари субъекти хочагидор оид ба масъалахои вобаста ба мавзуи санчиши фаъолияти он баёноти хатти талаб намоянд;
– намунахоро дар асоси санади хаттии тартибдодаи тарафхо ба микдоре, ки барои гузаронидани санчиш зарур аст, гиранд ва новобаста ба намуди намуна, онхоро баъди анчоми санчиш дар асоси ухдадории хатти баргардонанд;
– ба чараёни санчиши субъекти хочагидори коршиносону (мутахассисону) машваратчиёнро чалб намоянд.
- Шахсони мансабдори макомоти санчиши хангоми гузаронидани санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор ухдадоранд:
– конунгузории Чумхурии Точикистон ва хукукхои субъекти хочагидорро риоя намоянд;
– санчишхоро бо тартиби пешбининамудаи Конуни мазкур гузаронанд;
– ба субъектхои хочагидори санчидашаванда карор дар бораи гузаронидани санчиш, шаходатномаи хизмати ва дигар хуччатхои заруриро пешниход намоянд;
– бо тартиби мукарраргардида ба дафтари бакайдгирии санчишхо маълумот ворид намоянд;
– то огози санчиш хукук ва ухдадорихои субъектхои хочагидори санчидашаванда, инчунин хукук ва ухдадорихои худро вобаста ба гузаронидани санчиш фахмонида диханд;
– ба иштирок намудани намояндагони субъекти хочагидор хангоми гузаронидани санчиш монеъ нашаванд ва оид ба масъалахои вобаста ба мавзуи санчиш ба онхо шарх диханд;
– нигохдории микдор ва сифати хуччатхо, намунахои тачрибави ва маводи дигари муваккатан гирифташуда, инчунин сари вакт баргардонидани онхоро таъмин намоянд;
– мавзуъ ва мохияти камбудихои ошкоргардида ва чорахои бартараф намудани онхоро ба субъектхои хочагидор шарх дода, ба пинхон кардани онхо рох надиханд;
– барои фаъолияти субъектхои хочагидор монеъ нашаванд;
– аз худуди субъекти хочагидори санчидашаванда хуччатхои санчидашавандаро берун набароранд;
– ба субъектхои хочагидори санчидашуда доир ба бартараф намудани камбудихои ошкоргардида дастурхои асосноки ичрояшон хатмиро диханд;
– риояи сирри давлати, тичорати ва сирри дигари бо конун хифзшавандаро таъмин намоянд.
Моддаи 34. Махдудиятхо хангоми гузаронидани санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор
Ба макомоти санчиши ва шахсони мансабдори онхо манъ мебошад:
– дахолат намудан ба фаъолияти субъектхои хочагидор оид ба масъалахои ба мавзуи санчиш вобастанабуда;
– аз субъектхои хочагидор дар шакли накди ситонидани пардохтхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, аз чумла чаримахо, фоизхо;
– истифода бурдани далелхои вучуд доштани камбудихо хамчун асос барои дахолат ё махдуд намудани фаъолияти субъектхои хочагидор;
– анчом додани амалхое, ки ба фаъолияти истехсолию тичоратии субъектхои хочагидор монеъ мешаванд;
– гузаронидани санчиш тибки асосхое, ки дар Конуни мазкур пешбини нашудаанд ва бе карор оид ба гузаронидани санчиш;
– гузаронидани санчиш нисбати субъектхои хочагидор, ки ба шахси мансабдори макоми санчиши муносибатхои хешутабори доранд;
– гузаронидани санчиш хангоми набудани рохбар ё намояндаи ваколатдори субъекти хочагидор;
– талаб намудани хуччатхо, иттилоот, маълумот, намунаи махсулот, иёргирии озмоиши объектхои мухити атроф ва объектхои мухити истехсолот, агар онхо объекти санчиш ё ба мавзуи санчиш алокаманд набошанд, инчунин мусодира намудани нусхаи аслии чунин хуччатхо;
– гирифтани намунахои махсулот, иёргирии озмоиши объектхои мухити атроф ва объектхои мухити истехсолот барои гузаронидани тахкикот, озмоиш, ченкунии онхо бе тартиб додани протоколхо оид ба гирифтани намунахои зикргардида, иёргири аз руи намунаи мукарраргардида ва зиёда аз микдори мукаррарнамудаи стандартхои милли, коидахои гирифтани намуна, иёргири ва усулхои тахкик, озмоиш, ченкунии онхо ва регламентхои техники;
– пахн намудани маълумоте, ки дар натичаи гузаронидани санчиш дастрас шудааст ва он дорои сирри давлати, тичорати, хизмати ва дигар сирри бо конун хифзшаванда мебошад, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;
– аз мухлати мукарраргардида зиёд гузаронидани санчиш;
– ба субъектхои хочагидор додани дастур ё пешниход дар бораи аз хисоби онхо гузаронидани чорабинихои марбут ба санчиш.
БОБИ 4.
НАКШАИ СОЛОНА, ХИСОБОТДИХИ, ОМУЗИШ ВА АРЗЁБИИ ФАЪОЛИЯТИ ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ МАКОМОТИ САНЧИШИ
Моддаи 35. Накшаи солонаи гузаронидани санчишхои накшави
- Макомоти санчиши дар асоси тахлили дарачаи чойдоштаи мутобикати фаъолияти субъектхои хочагидор ба санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, дониши субъектхои хочагидор оид ба амали намудани фаъолияти худ мутобики санадхои меъёрии хукуки, арзёбии дарачаи таваккалнокии фаъолияти субъекти хочагидор, сабабхои риоя нагардидан ё ба таври зарури риоя нагардидани талабот нисбати субъектхои хочагидор мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, инчунин дар асоси тадбирхои каблан андешидашуда чихати пешгирии конунвайронкуни, чорахои таъсиррасони ва меъёрхои риоянашавандаи санадхои меъёрии хукукии макомоти санчиши накшаи солонаи гузаронидани санчишхои накшавиро тахия менамоянд.
- Дар накшахои солонаи гузаронидани санчишхо афзалиятхо ва накшахои соли оянда барои мавзуи санчиш зикр карда мешаванд.
- Дар накшахои солонаи гузаронидани санчишхои накшави маълумоти зерин зикр карда мешавад:
– арзёбии таваккалхои асоси дар хар як сохаи санчиш;
– арзёбии микдори санчишхои накшавие, ки аз чониби макомоти санчиши гузаронида мешаванд;
– арзёбии микдор ва намудхои тадбирхои машварати ва иттилоотии аз тарафи макомоти санчиши андешидашаванда.
Моддаи 36. Хисоботдихии макоми санчиши
Хукумати Чумхурии Точикистон ё дигар макоми ичроияи марказии хокимияти давлати, ки макоми санчиши дар накшаи идоракунии он карор дорад, хар сол максадхои стратеги ва вазифахои солонаи макомоти санчишро муайян намуда, арзёбии фаъолиятро дар асоси нишондихандахои зерин мегузаронад:
– дарачаи хатарноки ё руйдодхо (нишондихандахои фавт, харобшави, партовхо, ифлосшави ва дигар нишондихандахо) дар сохаи санчидашаванда ва динамикаи нишондихандахои мазкур;
– нишондихандахои фаъолият, ки шумораи санчишхо, машваратхо, тренингхои гузаронидашуда ва натичахои онхоро нишон медиханд;
– нишондихандахои афкори умум;
– натичахои пурсиши чомеа, ки дарккуни ва арзёбии иттиходхои сохибкорон, ташкилотхои чамъиятиро оид ба арзёбии фаъолияти макомоти санчиши нишон медиханд.
Моддаи 37. Арзёбии фаъолияти шахсони мансабдори макомоти санчиши
- Фаъолияти шахсони мансабдори макомоти санчиши, ки санчиш мегузаронанд, дар асоси меъёрхои зерин арзёби мегардад:
– натичахои арзёбии шахси мансабдори макомоти санчиши, ки аз чониби субъекти хочагидор гирифта шудааст;
– микдори машварат ва тавсияхои додашуда ба субъекти хочагидор оиди риояи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон;
– арзёбии фаъолияти шахси мансабдори макомоти санчиши оиди кам кардани сатхи таваккалноки.
- Макоми санчиши низоми арзёбии фаъолияти шахси мансабдори макомоти санчишро, ки санчиш мегузаронад, бо назардошти меъёрхои дар кисми 1 хамин модда пешбинишуда тахия менамояд.
- Шумораи мучозоти татбикшуда, микдори чаримахо ё дигар нишондихандахои марбут ба истифодаи мучозот нисбати субъектхои хочагидор набояд барои арзёбии фаъолияти шахси мансабдори макомоти санчиши асос шавад.
- Макоми ваколатдори давлати дар сохаи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор Кодекси одоби шахсони мансабдори макомоти санчишро тахия ва ба Хукумати Чумхурии Точикистон барои тасдик пешниход менамояд.
- Макомоти санчиши хар се мох ба макомоти болоии худ дар бораи фаъолияти анчомдодаашон хисобот тахия ва пешниход менамоянд, ки дар он маълумоти зерин нишон дода мешавад:
– арзёбии сатхи таваккалноки дар сохаи санчидашаванда;
– вазифахои соли чори, ичрои онхо ва натичахои арзёби;
– фаъолияти машваратдихи бо ишораи масъалахои барои субъектхои хочагидор мухими давраи хисоботи, меъёрхои конунгузории Чумхурии Точикистон, ки бояд муфассал фахмонида шаванд;
– шумора, хусусият ва давомнокии санчишхои гузаронидашуда;
– маълумоти мухтасар оид ба маблаггузории фаъолияти макоми санчиши хангоми гузаронидани санчиш.
- Хисоботи солонаи макомоти санчиши дар бораи фаъолияти анчомдода, ки макомоти санчиши ба Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши пешниход менамоянд, бояд маълумот дар бораи шумораи санчишхои гайринакшави ва такрории гузаронидашуда, инчунин маълумоти мухтасар дар бораи хамаи мурочиатхои аз субъектхои хочагидор воридшударо дар бар гирад.
Моддаи 38. Такмили ихтисоси шахсони мансабдори макомоти санчиши
- Макоми санчиши максад ва принсипхои асосии такмили ихтисоси шахсони мансабдори макомоти худро оид ба донишхои техники дар сохаи гузаронидани санчиш ва малакаи гузаронидани санчиш, гузаронидани машварат барои субъектхои хочагидор тасдик менамояд.
- Накшаи солонаи такмили ихтисоси шахсони мансабдори макомоти санчиши то 1 марти соли чори тасдик карда мешавад. Такмили ихтисоси шахсони мансабдори макомоти санчиши бояд на камтар аз як маротиба дар 3 сол гузаронида шавад.
- Макоми санчиши на камтар аз як маротиба дар 3 сол талаботи тахассусиро нисбати шахсони мансабдори макомоти санчиши, ки меъёри асосии интихоб ва чобачогузории шахсони мансабдори макомоти санчиши мебошад, тахия ва ба макоми ваколатдори давлати дар сохаи хизмати давлати барои тасдик пешниход менамояд.
БОБИ 5.
ХАМКОРИИ МАКОМОТИ САНЧИШИ
Моддаи 39. Таъмини хамкори ва хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши
- Бо максади таъмини хамкори ва хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши, Хукумати Чумхурии Точикистон Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши таъсис дода, хайат ва низомномаи онро тасдик мекунад.
- Фаъолияти Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши шаффоф буда, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дастрасии субъектхои хочагидорро ба маълумот дар бораи санчишхо ё оид ба фаъолияти он таъмин намояд.
Моддаи 40. Махзани маълумот ва низоми идоракуни дар макоми санчиши
- Макоми санчиши махзани маълумот ва низоми идоракуниро таъсис дода, пешбурд ва ичрои ухдадорихоро оид ба амали гардонидани ваколатхои назорати таъмин менамояд.
- Махзани маълумот иттилооти зеринро дар бар мегирад:
– номгуи хама шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродие, ки фаъолияти онхо мавриди санчиш карор мегирад;
– маълумот оид ба натичаи санчишхои гузаронидашуда;
– маълумот оид ба истифодаи захирахои макомоти санчиши.
- Карорхо дар бораи гузаронидани санчиш, санадхои санчиш ва карорхои аз руи натичахои санчиш кабулгардида дар махзани маълумоти макоми санчиши ба кайд гирифта мешаванд.
Моддаи 41. Махзани ягона оид ба санчишхои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракуни
- Махзани ягона оид ба санчишхои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракуни барои босамар будани мубодилаи маълумот байни махзанхои маълумот ва низомхои идоракунии макомоти санчиши ташкил карда мешавад.
- Максади босамар будани мубодилаи иттилоот байни махзанхои маълумот ва низоми идоракунии макомоти санчиши аз хамохангсозии банакшагирии гузаронидани санчишхо, пешгирии такроршавии санчишхо, пешгирии вайронкунии мухлати санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор ва истифодаи маълумот барои арзёбии таваккалхо барои хар бахш иборат аст.
- Хукумати Чумхурии Точикистон расмиёти ташкил, пур кардан ва пешбурди махзани ягонаи гузаронидани санчишхоро тасдик менамояд.
- Махзани ягона оид ба санчишхои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракуни бояд дорои иттилооти аз макоми санчиши воридшаванда, маълумоти марбут ба муайян намудани дарачаи таваккалноки ва маълумот оид ба санчишхои ба накшагирифташуда ва санчишхои гузаронидашуда бошад.
БОБИ 6.
МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ
Моддаи 42. Чуброни зарари ба субъектхои хочагидор расонидашуда
Зараре, ки ба субъектхои хочагидор дар натичаи карорхои гайриконуни ё дигар амалхои гайриконунии шахсони мансабдори макомоти санчиши расонида шудааст, аз чумла фоидаи аздастрафта, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон чуброн карда мешавад.
Моддаи 43. Халли бахсхо ва хукуки шикоят
- Хифзи хукуки субъектхои хочагидор хангоми гузаронидани санчиш тавассути овардани шикоят ба суд, макомоти прокуратура ва ба тарики маъмури амали карда мешавад.
- Нисбати амалхо ва карорхои шахсони мансабдори макомоти санчиши бо тартиб ва дар мухлатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон шикоят овардан мумкин аст.
- Шикоятхое, ки ба макомоти санчиши оварда мешаванд, дар муддати на зиёда аз 30 рузи таквими аз рузи ворид шудани шикоят мавриди барраси карор мегиранд ва дар ин мухлат вобаста ба онхо карорхо кабул карда мешаванд. Дар холати дар ин муддат ба шикоят чавоби хатти нагирифтан, далелхое, ки дар шикоят оварда шудаанд, кабулшуда хисобида мешаванд. Давоми мухлати дар хамин кисм мукарраргардида аз рузи якуми кории пас аз ба кайд гирифтани шикояти хатти дар макоми санчиши дахлдор огоз мегардад.
- Шикоят аз руи карори макомоти санчиши, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон пешниход гардидааст, ба истиснои карор дар бораи татбики чазои маъмури дар шакли огохи, ичрои карорро бозмедорад. Ичрои карори макоми санчиши то лахзаи кабул гардидани карори дахлдор доир ба мохияти шикоят боздошта мешавад.
- Макомоти санчиши ухдадоранд хар сол оид ба далелхои баррасии арзу шикоятхои субъектхои хочагидор, чорахои андешидашуда ва натичахо хисобот омода намуда, то 1 феврали пас аз соли хисоботи ба баррасии Шурои хамохангсозии фаъолияти макомоти санчиши пешниход намоянд.
- Макоми ваколатдори давлати дар сохаи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор вазифадор аст, ки барои ба воситаи хатти алокаи телефонии фаври воридшавии шикоят нисбати макомоти санчиши дастрас, инчунин ошкоро ва дастрас будани маълумотро дар бораи расмиёти шикоят овардан ва чорахои аз руи онхо андешидашуда, инчунин тавассути чойгир намудани ин маълумот дар сомонаи расмии макомоти санчиши ва дигар воситахои ахбори омма мусоидат намояд.
- Макомоти санчиши ичрои ухдадорихои хизматиро аз чониби шахсони мансабдори макомоти санчиши дахлдор назорат карда, холатхои ичрои номуносиби ухдадорихои хизматиро аз чониби шахсони мансабдор ба хисоб мегиранд, санчиши дахлдори хизмати мегузаронанд ва нисбати чунин шахсони мансабдор тибки конунгузории Чумхурии Точикистон чорахо меандешанд.
- Макомоти санчиши оид ба чорахое, ки нисбати шахсони дар риоя накардани конунгузории Чумхурии Точикистон гунахгор андешида шудаанд, дар муддати 10 руз аз санаи андешидани чунин чорахо вазифадоранд ба субъекти хочагидор, ки хукук ва (ё) манфиатхои конуниашон риоя нашудааст, ба таври хатти хабар диханд.
Моддаи 44. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур
Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 45. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор дар Чумхурии Точикистон»
Конуни Чумхурии Точикистон аз 28 июли соли 2006 «Дар бораи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор дар Чумхурии Точикистон» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2006, № 7, мод. 342; с. 2008, № 3, мод. 196; с. 2013, № 7, мод. 528) аз эътибор сокит дониста шавад.
Моддаи 46. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур аз 1 июли соли 2016 мавриди амал карор дода шавад, ба истиснои мукаррароти пешбининамудаи кисми 6 моддаи 19, ки аз 1 июли соли 2018 эътибор пайдо мекунад.
Президенти
Чумхурии Точикистон Эмомали РАХМОН
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2015,
№ 1269