Главная / Чамъият / САНАДХОИ МЕЪЁРИИ ХУКУКИ – КОНУНИ ЧТ

САНАДХОИ МЕЪЁРИИ ХУКУКИ – КОНУНИ ЧТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ САНАДХОИ МЕЪЁРИИ ХУКУКИ 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2017, № 5, к. 1, мод. 271) 

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мавзуи танзим ва доираи амали Конуни мазкур

word

  1. Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро дар самти фаъолияти хукукэчодкуни танзим намуда, принсипхои асоси, мафхум, намуд, низом, таносуби байни санадхои меъёрии хукуки, эътибори хукуки, тартиби умумии тахия, экспертиза, кабул, интишор, бахисобгири, бакайдгирии давлати, амал, тафсир, мураттабсозии онхо ва роххои халли ихтилофоти хукукиро муайян мекунад.
  2. Хусусиятхои тахия, тасдик, кабул, бакайдгири, мавриди амал карор додан, интишор, тагйир додан, ворид намудани илова, катъ кардан ё боздоштани амали намудхои алохидаи санадхои меъёрии хукуки, хамчунин бо Конститутсияи Чумхурии Точикистон, дигар санадхои меъёрии хукукие, ки фаъолияти макомоти давлати (шахсони мансабдори онхо) – ро дар сохаи фаъолияти хукукэчодкуни танзим мекунанд, муайян карда мешаванд.
  3. Конуни мазкур муносибатхои зеринро танзим намекунад:

– тартиби кабул, ворид намудани тагйиру иловахо ва катъ намудани амали Конститутсияи Чумхурии Точикистон;

– тартиби ба имзо расонидан, тасдик (ратификатсия), тасдик, хамрохшави, бакайдгири, интишор, ичро намудан, бекор кардан (денонсатсия) ва боздоштани амали шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон;

– оид ба дигар санадхои меъёрии хукуки, ки дар Конуни мазкур пешбини нашудаанд.

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– санади меъёрии хукуки – хуччати расмии шакли мукарраршудаест, ки бо рохи раъйпурсии умумихалки ё аз чониби макомоти давлати ё худидоракунии шахрак ва дехот ё шахси мансабдори ваколатдори давлати кабул гардида, хусусияти умумихатми дорад ва меъёрхои хукукиро мукаррар менамояд, тагйир медихад ва ё бекор мекунад;

– умумихатми будани санади меъёрии хукуки – ичрои хатмии санади меъёрии хукукии бо тартиби мукарраршуда кабулгардида ва мавриди амал карордодашуда аз чониби хамаи макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, шахсони мансабдор, шахсони вокеи ва хукуки;

– конунгузори – санадхои меъёрии хукукие, ки муносибатхои чамъиятиро дар мачмуъ ё дар сохаи муайян танзим мекунанд;

– низоми санадхои меъёрии хукуки – мачмуи санадхои конунгузори, санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст ва санадхои меъёрии хукукии зерконуни, ки кувваи хукуки, ягонаги, гурухбанди ва мутобикатии онхоро таъмин мекунад;

– санадхои конунгузори – Конститутсияи Чумхурии Точикистон, конунхои бо рохи раъйпурсии умумихалки кабулгардида, конунхои конститутсиони, кодексхо ва конунхои Чумхурии Точикистон;

– санадхои меъёрии хукукии зерконуни – санадхои меъёрии хукукие, ки дар асос ва барои ичрои санадхои конунгузори кабул мешаванд;

– хукуки ташаббуси конунгузори – аз тарафи макомот ё шахсони мансабдори муайяннамудаи Конститутсияи Чумхурии Точикистон расман ба баррасии макоми конунгузор пешниход намудани лоихаи конун ё таклифхои конунгузори;

– фаъолияти хукукэчодкуни – фаъолияти расмии субъекти хукукэчодкунанда оид ба тахия, кабул, интишор ва катъи амали санадхои меъёрии хукуки;

– субъектони хукукэчодкунанда – халки Точикистон, макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, шахсони мансабдор, ки хукуки амали намудани фаъолияти хукукэчодкуниро тибки санадхои меъёрии хукуки доранд;

– техникаи хукукэчодкуни – коидахои тахия, кабул ва ворид намудани тагйиру иловахо, тафсир, интишор, мураттабсози, мавриди амал карор додан, боздоштан ва катъи амали санадхои меъёрии хукуки;

– санади тафсири расми – хуччати расмии макоми ваколатдор, ки дар он мазмуни санади меъёрии хукуки ё мукаррароти меъёрии он шарх дода мешавад;

– ихтилофи санадхои меъёрии хукуки – мухолифат ё номувофикатии байни меъёрхои санадхои меъёрии хукукие, ки хамон як муносибати чамъиятиро танзим мекунанд;

– норасои дар конунгузори – чой надоштани меъёри (меъёрхои) хукуки дар санади меъёрии хукуки ё набудани санади меъёрии хукукии танзимкунандаи муносибатхои чамъиятии дахлдор, дар холати ошкор гардидани талабот ва зарурати танзими меъёрии хукуки, ки аз шарту мохияти мазмуни низоми чории хукукии давлат ва принсипу меъёрхои хукуки байналмилали бармеоянд;

– мураттабсозии санадхои меъёрии хукуки – фаъолият оид ба тартиб овардани санадхои меъёрии хукуки ва ба низоми ягонаи таркибан мувофикашуда даровардани онхо;

– кувваи хукукии санади меъёрии хукуки – хусусияти эътибори расми ва умумихатми пайдо намудани санади меъёрии хукуки, имконияти танзими меъёрии хукукии муносибатхои чамъияти, окибатхои хукукии он барои иштирокчиёни муносибатхои хукуки, инчунин таносуби байнихамдигарии он бо дигар санадхои меъёрии хукуки;

– киёси конун – бинобар набудани меъёрхои конуни танзимкунандаи муносибатхои чамъияти нисбати онхо татбик намудани меъёрхои конуне, ки муносибатхои чамъиятии шабехро танзим менамояд;

– киёси хукук – бинобар набудани меъёрхои конунгузории танзимкунандаи муносибатхои чамъияти ва меъёрхои шабехи он нисбати муносибатхои чамъияти татбик намудани принсипхои умумиэътирофшудаи хукук, мазмуни конун, талаботи бовичдони, хирад ва адолат;

– тахлили таъсири танзимкуни – дар асоси далелхои вокеи муайян намудани окибатхои мусбат ва манфии иктисодию ичтимои ва бо дарназардошти таъмини риояи хукуку озодихои инсон, манфиатхои сохибкорон ва давлат кабул намудани санади меъёрии хукуки.

Моддаи 3. Принсипхои асосии фаъолияти хукукэчодкуни

Фаъолияти хукукэчодкуни дар асоси принсипхои зерин амали карда мешавад:

– мутобикат ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон;

– афзалияти хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

– конуният;

– бартарияти меъёрхои Конститутсияи Чумхурии Точикистон, конунхои бо рохи раъйпурсии умумихалки кабулгардида ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст,  нисбат ба конунхо ва санадхои меъёрии хукукии зерконуни;

– адолатноки;

– ошкорбаёни ва шаффофият;

– илмият;

– касбият;

– ба назар гирифтани афкори чамъияти.

Моддаи 4. Афзалияти хукуку озодихои инсон ва шахрванд дар фаъолияти хукукэчодкуни

  1. Фаъолияти хукукэчодкуни дар Чумхурии Точикистон бо максади эътироф, риоя ва хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд ба рох монда мешавад. Хукуку озодихои инсон ва шахрванд максаду мазмуни конунхо ва санадхои меъёрии хукукии зерконунии Чумхурии Точикистон, фаъолияти хукукэчодкунии хамаи субъектони хукукэчодкунандаро ташкил медиханд.
  2. Махдуд кардани хукук ва озодихои инсон ва шахрванд дар фаъолияти хукукэчодкуни, тавассути конун танхо бо максади таъмини хукуку озодии дигарон, тартиботи чамъияти, химояи асосхои сохтори конститутсиони, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоки чомеа, сихатии ахоли ва тамомияти арзии чумхури раво дониста мешавад.

Моддаи 5. Ошкорбаёни ва шаффофият дар фаъолияти хукукэчодкуни

  1. Ошкорбаёни ва шаффофият дар фаъолияти хукукэчодкуни бо роххои зерин таъмин карда мешавад:

– пешниходи маълумот ба шахсони вокеи ва хукукии манфиатдор оид ба фаъолияти хукукэчодкуни;

– интишори санади меъёрии хукукии кабулгардида дар нашрияхои расми, воситахои дигари ахбори омма ё бо тарзу воситахои дигар расонидани ин санад ба маълумоти омма, аз чумла бо воситахои электрони;

– мухайё намудани имконият ба шахсони вокеи ва хукукии манфиатдор барои шиносои бо мазмуни санади меъёрии хукукии кабулгардида.

  1. Лоихаи санади меъёрии хукуки барои мухокимаи умум тавассути воситахои ахбори омма, аз чумла дар сомонахои расмии субъектони ваколатдори хукукэчодкунанда мумкин аст интишор карда шавад. Шахсони вокеи ва хукукии манфиатдор хукук доранд бо мазмуни чунин лоиха шинос шаванд. Таклифу пешниходхои воридшуда хангоми такмили лоиха бояд аз чониби субъекти ваколатдори хукукэчодкунанда барраси гарданд.
  2. Мукаррароти кисмхои 1 ва 2 моддаи мазкур ба санади меъёрии хукуки ё лоихаи санади меъёрии хукукие, ки маълумоти дорои сирри давлати ё сирри дигари бо конун хифзшавандаро дар бар мегиранд, татбик намегардад.

Моддаи 6. Истифодаи технологияи иттилооти дар фаъолияти хукукэчодкуни

  1. Фаъолияти хукукэчодкуни дар асоси истифодаи васеи технологияи иттилооти ба рох монда мешавад.
  2. Технологияи иттилооти дар даврахои банакшагирии тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукуки, тахияи лоиха, кабул, интишори санадхои меъёрии хукуки, дастрас намудани маълумот оид ба санадхои меъёрии хукуки истифода мешавад.
  3. Истифодаи технологияи иттилооти дар фаъолияти хукукэчодкуни метавонад бо роххои зерин амали карда шавад:

– чойгир намудани лоихаи санадхои меъёрии хукуки дар сомонахои расмии макомоти хукукэчодкунанда (ба истиснои лоихаи санадхои меъёрии хукуки, ки маълумоти дорои сирри давлати ё сирри дигари бо конун хифзшавандаро дар бар мегиранд);

– истифодаи сомонахои расми бо максади мухокимаи пешакии лоихаи санадхои меъёрии хукуки;

– интишори санадхои меъёрии хукукии кабулшуда дар сомонахои расмии макомоти хукукэчодкунанда (ба истиснои санадхои меъёрии хукуки, ки маълумоти дорои сирри давлати ё сирри дигари бо конун хифзшавандаро дар бар мегиранд);

– истифодаи шаклхои электронии санадхои меъёрии хукуки;

– истифодаи махзанхои хукукии санадхои меъёрии хукуки;

– истифодаи шакли электронии пахн намудани иттилооти хукуки оид ба санадхои меъёрии хукуки;

– таъмини ошкорбаёни ва шаффофият дар хамаи даврахои хукукэчодкуни;

– пахн намудани иттилоот оид ба чаласахои макомоти конунгузор, дигар макомоти хукукэчодкунанда, кабули санадхои меъёрии хукукии нав, катъи амали санадхои меъёрии хукуки, ворид намудани тагйиру иловахо ба санадхои меъёрии хукуки;

– пахн намудани иттилооти дигар оид ба фаъолияти хукукэчодкуни.

Моддаи 7. Субъектони хукукэчодкунанда ва ваколатхои онхо

  1. Ба субъектони хукукэчодкунанда дохил мешаванд: халки Точикистон, чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Президенти Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе, Мачлиси вакилони халки шахрхо ва нохияхо, раисони шахрхо ва нохияхо, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот.
  2. Дигар макомоти давлати ва шахсони хукукие, ки ба накшаи идоракуни ва номгуи ташкилотхои вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон ва макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон дохил мешаванд, субъекти хукукэчодкунанда намебошанд.
  3. Ваколатхои субъектони хукукэчодкунанда бо Конститутсияи Чумхурии Точикистон, санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, карорхои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, карорхои Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, карорхои Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон ва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.
  4. Субъектони хукукэчодкунанда метавонанд якчоя санади меъёрии хукукиро тахия, кабул ва интишор намоянд, агар он бо санадхои меъёрии хукуки пешбини шуда бошад. Тагйир додан, боздоштан ва катъ намудани амали санади меъёрии хукукии якчоя кабулгардида аз чониби субъектони хукукэчодкунандаи онро якчоя кабулнамуда амали мегардад, агар бо конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
  5. Субъектони хукукэчодкунанда наметавонанд якчоя санади меъёрии хукуки кабул кунанд, агар як субъекти хукукэчодкунанда дар муносибат бо дигар субъекти хукукэчодкунанда макоми болои бошад.

Моддаи 8. Талаботи умуми нисбат ба санади меъёрии хукуки

Талаботи умуми нисбат ба санади меъёрии хукуки аз инхо иборатанд:

– кабул кардани санади меъёрии хукуки аз чониби субъекти ваколатдори хукукэчодкунанда;

– кабул кардани санади меъёрии хукуки тибки тартиб ва шакли мукаррарнамудаи конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– мутобикати санади меъёрии хукуки ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии эътибори хукукиашон баландтар;

– тахия ва кабули санади меъёрии хукуки бо дарназардошти принсипхои асосии фаъолияти хукукэчодкуни ва техникаи хукукэчодкуни, ки Конуни мазкур пешбини намудааст;

– сифатнокии санади меъёрии хукуки хамчун заминаи самаранокии танзими хукуки;

– интишор кардан ва ба маълумоти омма расонидани санади меъёрии хукуки.

Моддаи 9. Низоми санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон

  1. Санадхои конунгузори, санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст ва санадхои меъёрии хукукии зерконуни низоми ягонаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро ташкил медиханд. Низоми санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бо дарназардошти тафовути намудхои онхо ва салохияти субъектони хукукэчодкунанда мукаррар карда мешавад.
  2. Ба низоми санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дохил мешаванд:

– Конститутсияи Чумхурии Точикистон;

– конунхои бо рохи раъйпурсии умумихалки кабулгардида;

– санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст;

– конунхои конститутсиони;

– кодексхо, конунхо;

– карорхои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон;

– карорхои Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон;

– фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон;

– карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон;

– фармоишхои вазоратхо, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, инчунин карорхои кумитахои давлати ва Бонки миллии Точикистон;

– карорхои Мачлисхои вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе;

– карорхои раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе;

– карорхои Мачлисхои вакилони халки шахрхо ва нохияхо;

– карорхои раисони шахрхо ва нохияхо;

– карорхои макомоти худидоракунии шахрак ва дехот.

  1. Тартиби чойгиршавии санадхои меъёрии хукуки дар кисми 2 моддаи мазкур кувваи хукукии онхоро муайян менамояд.
  2. Конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии собик Иттиходи Чумхурихои Шуравии Сотсиалисти (ИЧШС) ва Чумхурии Шуравии Сотсиалистии (ЧШС) Точикистон дар худуди Чумхурии Точикистон то кабули конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии дахлдор дар кисмати ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон, конунхои Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, мухолифат накарданашон, амал мекунанд.

Моддаи 10. Санадхои хукукии байналмилали

  1. Санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, кисми таркибии низоми хукукии Чумхурии Точикистон буда, пас аз интишори расми мавриди амал карор мегиранд ва бевосита амал мекунанд. Агар конунхои чумхури ба санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, мутобикат накунанд, меъёрхои санадхои байналмилали амал мекунанд.
  2. Тартиби ба имзо расонидан, тасдик (ратификатсия), тасдик, хамрохшави, бакайдгири, интишор, ичро намудан, бекор кардан (денонсатсия) ва боздоштани амали шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистонро конунгузории Чумхурии Точикистон танзим менамояд.

Моддаи 11. Кабул кардани санадхои меъёрии хукуки бо максади ичрои ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон

  1. Агар барои ичрои ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон ворид намудани (имплементатсияи) меъёрхои санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, дар сатхи дохилидавлати зарур бошад, макомоти хукукэчодкунандаи Чумхурии Точикистон дар доираи салохияти худ санадхои дахлдори меъёрии хукуки кабул мекунанд.
  2. Барои ичрои ухдадорихои пешбининамудаи санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, санадхои меъёрии хукуки дар мавридхои зерин кабул карда мешаванд, агар:

– мавзуи танзими санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, масъалахои мансуб ба доираи танзими конунгузориро дар бар гирифта, вале бо санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон танзим нашуда бошанд;

– санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст,  мухолиф бошанд;

– ичрои ухдадорихои пешбининамудаи санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, бе кабули санади меъёрии хукукии дахлдор дар худуди Чумхурии Точикистон гайриимкон бошад;

– иштироккунандагони шартномаи байналмилали дар бораи кабули санадхои меъёрии хукукии дахлдори милли ахду паймон карда бошанд.

Моддаи 12. Вогузории ваколати хукукэчодкуни

  1. Президенти Чумхурии Точикистон ва Хукумати Чумхурии Точикистон хукук доранд кисме аз ваколатхои хукукэчодкунии худро, агар ин мухолифи Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва конунхои Чумхурии Точикистон набошад, ба макомоти тобеи худ вогузор намоянд.
  2. Дар санади меъёрии хукуки оид ба вогузории ваколат нишон дода мешавад, ки ба кадом макомот ва ба кадом мухлат ваколати мушаххас вогузор мегардад, хамчунин доирае, ки дар он макомот ваколати ба он вогузоршударо татбик менамояд, мукаррар карда мешавад.
  3. Макомоте, ки ба он ваколат вогузор карда шудааст, хукук надорад онро ба макомоти дигар вогузор намояд.
  4. Макомоте, ки дар асоси ваколати вогузоршуда санади меъёрии хукуки кабул менамояд, дар санади меъёрии хукукии худ ба конун ва дигар санади меъёрии хукукие, ки мувофики он ваколати дахлдор ба он вогузор гардидааст, истинод меорад.

Моддаи 13. Вориси хукуки нисбати санадхои меъёрии хукукии кабулшуда

  1. Дар сурати азнавташкилдихии макомоти давлатии (ворид намудани тагйирот ба салохияти шахси мансабдори ваколатдори давлатии) дорои хукуки кабули санади меъёрии хукуки ба вориси хукукии он якчоя бо салохияти кабули санади меъёрии хукуки, салохияти тагйир додан, илова кардан ва катъ намудани амали санади меъёрии хукукии каблан кабулшуда мегузарад.
  2. Агар ба макомоти давлатии бархамдодашуда (мансаби ихтисоргардида) ва ё аз нав ташкил кардашуда, ба вориси хукуки барои кабули санадхои меъёрии хукукии дахлдор салохият дода нашуда бошад, салохияти тагйир додан ё катъ кардани амали санадхои меъёрии хукукии каблан кабулшуда ба макомоти болои ё худ ба макомоти дигари салохиятдори давлати ё ин ки ба шахси мансабдори дар санади меъёрии хукукии бархамдихи ё азнавташкилдихи пешбинишуда мегузарад.
  3. Тагйир ёфтани вазъи хукукии макомоти давлати (шахси мансабдори ваколатдори давлати), ки санадхои меъёрии хукукии дахлдорро кабул мекунад, сабаби катъи амали санадхои меъёрии хукукии каблан кабулшуда намегардад.
  4. Дар мавриди дигар шудани номи макомоти давлати ва ё азнавташкилдихии он бо рохи муттахидсози, хамрохкуни, таксимшави, чудошави, табдилдихи, ки дар натича номи ин макомот тагйир меёбад, бояд ба санадхои меъёрии хукукии дорои номи пешина дар кисмати дигар шудани номашон тагйиру иловахо ворид карда шаванд. То ворид намудани чунин тагйиру иловахо амали санадхои меъёрии хукукие, ки номи пешинаро доранд, пурра ба макомоте пахн мегардад, ки номаш дигар шудааст.
  5. Агар макомоти давлати таксим ё чудо шавад, дар карор оид ба азнавташкилдихии он бояд таксими дакики салохият пешбини карда шавад. Дар баробари ин макомоти давлатие, ки дар бораи таксим ё чудо шудани ин макомот карор кабул кардааст, ухдадор аст дар давоми шаш мох тамоми тагйиру иловахои заруриро ба санадхои меъёрии хукукии дахлдор ворид намояд.

Моддаи 14. Амали бевоситаи санади меъёрии хукуки

  1. Агар дар худи санади меъёрии хукуки ё дар санади меъёрии хукукии мавриди амал карор додани он тартиби дигар пешбини нашуда бошад, санади меъёрии хукуки бевосита амал мекунад.
  2. Барои татбики санади меъёрии хукуки, ки эътибори хукуки пайдо кардааст, ягон дастури иловаги талаб карда намешавад.
  3. Агар дар худи санади меъёрии хукуки таъкид шуда бошад, ки ягон меъёри хукукии он дар асоси санади меъёрии хукукии иловаги татбик карда мешавад, пас ин меъёр мутобики санади меъёрии хукукии асоси ва иловаги татбик карда мешавад. То кабул кардани санади меъёрии хукукии иловаги санадхои меъёрии хукукие, ки муносибатхои дахлдорро каблан ба танзим медароварданд ва беэътибор дониста нашудаанд, дар кисмати ба санади меъёрии хукукии нав мухолифатнадошта амал мекунанд.

Моддаи 15. Таснифи ягонаи умумихукукии Чумхурии Точикистон

  1. Таснифи ягонаи умумихукукии Чумхурии Точикистон – номгуи сохахои конунгузории Чумхурии Точикистон, ки барои мураттабсозии санадхои меъёрии хукуки ва пешбурди Махзани мутамаркази иттилооти хукукии Чумхурии Точикистон истифода мешавад. Таснифи ягонаи умумихукукии Чумхурии Точикистон аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон бо пешниходи Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон тасдик мегардад.
  2. Пешбурди Таснифи ягонаи умумихукукии Чумхурии Точикистон аз чониби Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон амали мегардад.
  3. Макомоти давлати ухдадоранд Таснифи ягонаи умумихукукии Чумхурии Точикистонро хангоми мураттабсозии санадхои меъёрии хукуки татбик намоянд.

БОБИ 2. НАМУДХОИ САНАДХОИ МЕЪЁРИИ ХУКУКИ

Моддаи 16. Конститутсияи Чумхурии Точикистон

  1. Конститутсияи Чумхурии Точикистон Конуни асосии Чумхурии Точикистон буда, асосхои сохтори конститутсиони, хукук, озоди ва вазифахои асосии инсон ва шахрванд, тартиби ташкил ва тачзияи хокимияти давлатиро муайян мекунад.
  2. Конститутсияи Чумхурии Точикистон эътибори олии хукуки дорад ва меъёрхои он мустакиман амал мекунанд. Дигар санадхои меъёрии хукуки, аз чумла санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, набояд хилофи Конститутсия бошанд. Дар мавриди ба меъёрхои Конститутсияи Чумхурии Точикистон мухолифат доштани санадхои меъёрии хукуки, аз чумла санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, ё кисмхои таркибии онхо, меъёрхои Конститутсияи Чумхурии Точикистон татбик мегарданд.

Моддаи 17. Конуни бо рохи раъйпурсии умумихалки кабулгардида

  1. Конуни бо рохи раъйпурсии умумихалки кабулгардида санади меъёрии хукукиест, ки аз чониби шахрвандони Чумхурии Точикистон бо овоздихии умумихалки кабул гардида, масъалахои мухими хаёти давлатию чамъиятии чумхуриро танзим мекунад.
  2. Ворид намудани тагйиру иловахо ба конуни бо рохи раъйпурсии умумихалки кабулшуда ва ё бекор кардани он танхо бо рохи раъйпурсии умумихалки амали мегардад.

Моддаи 18. Конуни конститутсиони

Конуни конститутсиони санади меъёрии хукукиест, ки муносибатхои мухими чамъиятиро ба танзим дароварда, мавзуи танзим ва тартиби кабули он дар Конститутсияи Чумхурии Точикистон пешбини шудааст.

 Моддаи 19. Кодекс

Кодекс конуни ягона ва мураттабгаштаест, ки тавассути он сохаи муайяни муносибатхои чамъияти пурра, бевосита ва бонизом танзим карда мешавад.

Моддаи 20. Конун

Конун санади меъёрии хукукиест, ки мутобики тартиби мукарраршуда аз тарафи макоми конунгузор кабул мегардад ва муносибатхои мухими чамъиятиро танзим мекунад.

Моддаи 21. Карори якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

  1. Карори якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон санадхои меъёрии хукукие мебошанд, ки мувофикан дар чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, дар чаласахои Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва дар чаласахои Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон мутобики салохиятхои пешбининамудаи Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои конунгузори кабул карда мешаванд.
  2. Карори якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, ки хусусияти фарди ва ташкилию амрдихи доранд, санадхои меъёрии хукуки намебошанд.

Моддаи 22. Фармон ва амри Президенти Чумхурии Точикистон

  1. Президенти Чумхурии Точикистон дар асоси Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои конунгузори дар доираи салохияти худ фармон мебарорад ва амр медихад.
  2. Санади меъёрии хукукии Президенти Чумхурии Точикистон дар шакли фармон бароварда мешавад.
  3. Фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон, ки хусусияти фарди доранд ва амрхои Президенти Чумхурии Точикистон санадхои меъёрии хукуки намебошанд.

Моддаи 23. Карор ва фармоиши Хукумати Чумхурии Точикистон

  1. Хукумати Чумхурии Точикистон дар асос ва барои ичрои Конститутсияи Чумхурии Точикистон, дигар санадхои конунгузори ва фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон карор ва фармоиш кабул мекунад.
  2. Санади меъёрии хукукии Хукумати Чумхурии Точикистон дар шакли карори Хукумати Чумхурии Точикистон кабул карда мешавад.
  3. Карорхои хусусияти фардидошта ва фармоишхои Хукумати Чумхурии Точикистон санадхои меъёрии хукуки намебошанд.

Моддаи 24. Санадхои меъёрии хукукии вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Бонки миллии Точикистон

  1. Вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Бонки миллии Точикистон дар асос ва барои ичрои Конститутсияи Чумхурии Точикистон, дигар санадхои конунгузори, фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон ва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон дар доираи салохияташон санадхои меъёрии хукуки кабул мекунанд.
  2. Вазоратхо, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон санади меъёрии хукукиро дар шакли фармоиш, кумитахои давлати ва Бонки миллии Точикистон дар шакли карор кабул мекунанд.
  3. Барои халли масъалахои таъчили ва дигар масъалахои чори рохбарони вазоратхо, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон фармоишхо, кумитахои давлати ва Бонки миллии Точикистон карорхои хусусияти меъёри надошта кабул мекунанд.

Моддаи 25. Санадхои меъёрии хукукии Мачлисхои вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе

  1. Мачлисхои вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе дар асос ва барои ичрои Конститутсияи Чумхурии Точикистон, дигар санадхои конунгузори, фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон ва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон дар доираи салохияташон санади меъёрии хукукиро дар шакли карор кабул мекунанд.
  2. Карорхои хусусияти фарди ва ташкилию амрдихи доштаи Мачлисхои вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва амрхои раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе санадхои меъёрии хукуки намебошанд.

Моддаи 26. Санадхои меъёрии хукукии Мачлисхои вакилони халки шахру нохия ва раисони шахру нохия

  1. Мачлисхои вакилони халки шахру нохия ва раисони шахру нохия дар асос ва барои ичрои Конститутсияи Чумхурии Точикистон, дигар санадхои конунгузори, фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон, карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон ва Мачлисхои вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе дар доираи салохияташон санадхои меъёрии хукукиро дар шакли карор кабул мекунанд.
  2. Карорхои Мачлисхои вакилони халки шахру нохия, ки хусусияти фарди ва ташкилию амрдихи доранд ва амрхои раисони шахру нохияхо санадхои меъёрии хукуки намебошанд.

Моддаи 27. Санадхои меъёрии хукукии макомоти худидоракунии шахрак ва дехот

  1. Макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар асос ва барои ичрои Конститутсияи Чумхурии Точикистон, дигар санадхои конунгузори, фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон, карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон ва макомоти махаллии хокимияти давлати дар доираи салохияташ санадхои меъёрии хукукиро дар шакли карор кабул мекунад.
  2. Карорхои макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ки хусусияти фарди ва ташкилию амрдихи доранд, санадхои меъёрии хукуки намебошанд.

Моддаи 28. Дастур, низомнома, оиннома

  1. Дастур санади меъёрии хукукиест, ки тартиби фаъолияти ягон макоми давлати ва ё вохиди сохтории онро танзим менамояд.
  2. Низомнома санади меъёрии хукукиест, ки ба таври дакик вазъи хукуки, сохтор, тартиби фаъолияти макомоти давлати ё вохидхои сохтории онхо, хамчунин муносибатхои мутакобилаи онхоро бо дигар макомот, ташкилот, муассисахо ва шахрвандон муайян менамояд.
  3. Оиннома санади меъёрии хукукиест, ки вазъи хукуки, сохтор, тартиби фаъолияти ташкилотхои давлати ё вохидхои сохтории онхо, хамчунин муносибати онхоро бо макомоти давлати, дигар ташкилоту муассисахо ва шахрвандон муайян менамояд.
  4. Санадхои меъёрии хукукии пешбининамудаи моддаи мазкур тавассути санадхои меъёрии хукукии дар моддахои 21–27 Конуни мазкур пешбинишуда кабул ё тасдик гардида, бо онхо дар якчояги вохиди томро ташкил медиханд.

Моддаи 29. Коида, дастурамал ва дигар санадхои меъёрии хукуки

  1. Коида санади меъёрии хукукиест, ки меъёрхои дорои хусусияти умумиро мушаххас мегардонад, тартиби ташкил ва амали намуди фаъолиятро оид ба масъалахои чори дакик муайян менамояд.
  2. Дастурамал санади меъёрии хукукиест, ки мазмун ва масъалахои муфассали танзимро дар сохаи муайяни муносибатхои чамъияти дакик муайян менамояд.
  3. Дар холатхои пешбининамудаи санадхои конунгузори, бо максади таъмини ичрои меъёрхои онхо, мумкин аст тартиб, дастури техники ва дигар намудхои санадхои меъёрии хукуки кабул карда шаванд.
  4. Санадхои меъёрии хукукии пешбининамудаи моддаи мазкур тавассути санадхои меъёрии хукукии бо моддахои 21–27 Конуни мазкур пешбинишуда кабул ё тасдик мегарданд ва бо онхо дар якчояги вохиди томро ташкил медиханд.

БОБИ 3. БАНАКШАГИРИИ ТАХИЯИ ЛОИХАИ САНАДХОИ МЕЪЁРИИ ХУКУКИ

Моддаи 30. Максади банакшагирии тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукуки

Банакшагирии тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукуки чузъи фаъолияти хукукэчодкуни буда, бо максадхои зерин амали карда мешавад:

– ташкили низоми ягонаи санадхои меъёрии хукуки;

– таъмини ошкорбаёни ва шаффофият дар фаъолияти хукукэчодкуни;

– пахн ва дастрас намудани иттилооти хукуки доир ба рушди низоми хукукии кишвар;

– чалби макомоти дахлдор, муассисахои илми, шахрвандон ва иттиходияхои онхо ба фаъолияти хукукэчодкуни;

– такмили раванди тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукуки, возех намудани доираи танзими хукуки ва хамохангсозии фаъолияти субъектони хукукэчодкуни.

Моддаи 31. Накшаи тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукуки

  1. Президенти Чумхурии Точикистон, Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Хукумати Чумхурии Точикистон метавонанд накшахои тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукукии худро тахия ва тасдик намоянд.
  2. Вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон накшахои тахияи лоихахои конунхои Чумхурии Точикистон ва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистонро, ки тахияашон ба онхо супорида шудааст ё накшахои тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукукиеро, ки онхо максади бо ташаббуси худ тахия намуданашонро доранд, инчунин, накшахои тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукукии аз чониби хамин вазорат, кумитаи давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Бонки миллии Точикистон кабулшавандаро тахия ва тасдик мекунанд.
  3. Мачлисхои вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо ва нохияхо, раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо, нохияхо, инчунин, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот накшахои тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукукиеро, ки кабулашон ба салохияти онхо дохил мешавад, тасдик мекунанд.
  4. Субъекти дахлдори хукукэчодкунанда хукук дорад накшахои тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукукиро дар сомонаи расмии худ чойгир намояд.

Моддаи 32. Мухлати амали накшахо

  1. Накшахои тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукуки метавонанд чори ва дарозмухлат бошанд.
  2. Накшахои чории тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукуки ба мухлати то як сол тахия карда мешаванд.
  3. Накшахои дарозмухлати тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукуки ба мухлати зиёда аз як сол тахия мегарданд. Дар накшахои дарозмухлат максадхо ва афзалиятхои сиёсати хукукэчодкунии Чумхурии Точикистон, барномахо, консепсияхо, дурнамо ва самтхои инкишофи конунгузории чумхури ба инобат гирифта шуда, тадбирхо дар сохаи мураттабсозии конунгузори муайян карда мешаванд. Накшахои дарозмухлат дар накшахои чории фаъолияти хукукэчодкуни мушаххас гардонида мешаванд.

Моддаи 33. Сохтори накшахо

  1. Дар накшахои тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукуки нишон дода мешаванд:

– номи лоихаи санади меъёрии хукуки, ки намуд ва мавзуи танзими онро инъикос мекунад;

– мухлати тахия;

– субъектоне, ки барои тахияи лоиха масъуланд.

  1. Хангоми тахияи накшахои тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукуки пешниходхои макомоти дахлдор, муассисахои илми, инчунин, пешниходхои шахрвандон ва иттиходияхои онхо метавонанд ба инобат гирифта шаванд.
  2. Субъектони хукукэчодкунандае, ки накшахои тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукукиро тартиб медиханд ва тасдик менамоянд, метавонанд ба накшахо дигар талаботро, ки тахияи ин лоихаи санадхои меъёрии хукукиро инъикос менамояд, дохил намоянд.
  3. Накшахои тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукуки тахия намудани лоихаи санадхои меъёрии хукукии берун аз накшаро бо пешниходи субъекти дорои хукуки ташаббуси конунгузори, супориши макомоти хукукэчодкунанда ё бо ташаббуси худи тахиякунандаи лоихаи санади меъёрии хукуки истисно намекунанд.

БОБИ 4. ХУСУСИЯТХОИ БАНАКШАГИРИ, ТАХИЯ, ТАХЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНИИ

САНАДИ МЕЪЁРИИ ХУКУКИЕ, КИ БА ФАЪОЛИЯТИ СОХИБКОРИ ТАЪСИРИ ИМКОНПАЗИР ДОРАД

Моддаи 34. Банакшагирии тахияи лоихаи санади меъёрии хукукие, ки ба фаъолияти сохибкори таъсири имконпазир дорад

  1. Ташаббуси узви Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Президенти Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукукие, ки ба фаъолияти сохибкори таъсири имконпазир доранд, ба Фехристи накшахои тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукуки ворид карда мешаванд.
  2. Тахиякунанда пас аз кабули карор дар бораи тахияи лоихаи санади меъёрии хукуки ба Фехристи накшахои тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукуки огохиномаи дорои маълумоти зеринро чойгир менамояд:

– намуд ва номи санади меъёрии хукуки;

– маълумот дар бораи тахиякунандаи лоихаи санади меъёрии хукуки;

– доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии хукуки ба онхо пахн мегардад;

– мухлати тахияи лоихаи санади меъёрии хукуки;

– мухлати кабули санади меъёрии хукуки;

– мухлате, ки дар муддати он аз чониби тахиякунанда пешниходхо вобаста ба чойгир намудани огохинома кабул карда мешаванд ва он наметавонад аз 30 рузи таквими аз рузи чойгир намудани огохинома дар Фехристи накшахои тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукуки кам бошад.

  1. Оид ба лоихаи санадхои меъёрии хукукие, ки барои субъектхои сохибкори ухдадори ва ё махдудиятхоро пешбини менамоянд, инчунин, маълумоти зерин дарч карда мешаванд:

– тавсифи мушкилот, ки барои хал намудани он кабули санади меъёрии хукуки зарур аст ва окибатхои эхтимолии он дар холате, ки агар ягон амал андешида нашавад;

– баёни мухтасари максади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда;

– тавсифи чорахо, ки дар лоихаи пешниходшудаи санади меъёрии хукуки пешбини карда мешавад;

– тавсифи роххои халли мушкилот ва ноил гардидан ба максадхои гузошташуда, ки тахиякунанда барраси намуда буд (бидуни тахияи санади меъёрии хукуки);

– арзёбии мухтасари харочоти бучети давлати ва окибатхои ичтимоию иктисоди дар сурати кабули санади меъёрии хукуки;

– санаи анчом додани машваратхои оммави бо тарафхои  манфиатдор.

  1. Тахияи лоихаи санади меъёрии хукукие, ки ба Фехристи накшахои тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукуки ворид карда нашудаанд, танхо пас аз мувофика бо субъекти кабулкунандаи санадхои меъёрии хукуки ичозат дода мешавад.
  2. Макоми ваколатдор оид ба тахлили таъсири танзимкуни метавонад ба тахиякунанда огохиномаро баргардонад, агар дар огохинома маълумоти дар кисмхои 2 ва 3 хамин модда пешбинишуда дарч нагардида бошад.

Моддаи 35. Машваратхои оммави оид ба огохинома дар бораи омода намудани лоихаи санади меъёрии хукукие, ки боиси тахлили таъсири танзимкуни мегардад

  1. Тахиякунандаи санади меъёрии хукуки дар муддати на камтар аз 30 рузи таквими аз лахзаи дар Фехристи накшахои тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукуки чойгиркунии огохинома оид ба омода намудани лоихаи санади меъёрии хукукие, ки боиси тахлили таъсири танзимкуни мебошад, машваратхои оммави мегузаронад.
  2. Шахсони вокеи ва хукуки, макомоти давлати хукук доранд, ки то ба итмом расидани мухлати баргузории машваратхои оммави пешниходхои худро дар робита бо чойгир намудани огохинома оид ба омода намудани лоихаи санади меъёрии хукуки гузоранд.
  3. Аз руи натичаи баррасии пешниходхои воридшуда, дар робита бо чойгир намудани огохинома, тахиякунанда карори асоснокро оид ба омода намудани лоихаи санади меъёрии хукуки ва ё даст кашидан аз омода намудани он кабул менамояд.
  4. Дар сурати кабули карор оид ба рад намудани тахияи лоихаи санади меъёрии хукуки, тахиякунанда маълумоти заруриро дар Фехристи накшахои тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукуки чойгир менамояд ва оид ба карори кабулгардида макомот ва шахсони дар кисми 2 хамин модда дарчгардида, дигар шахсони каблан оид ба чойгир намудани огохинома хабардодашуда, инчунин, шахсонеро, ки аз чониби онхо дархостхо пешниход гардида буданд, хабардор менамояд.
  5. Дар сурати кабули карор оид ба тахияи лоихаи санади меъёрии хукуки, тахиякунанда матни он ва тахлили таъсири танзимкуниро тибки талаботи моддаи 36 хамин Конун омода менамояд. Хангоми тахияи лоихаи санади меъёрии хукуки тахиякунанда метавонад пешниходхоеро, ки аз руи натичаи машваратхои оммави кабул карда шудаанд, ба инобат гирад.
  6. Баъди гузаштани мухлати машваратхои оммави, макоми ваколатдор оид ба тахлили таъсири танзимкуни ба тахиякунанда дар бораи ба охир расидани он хулоса медихад.

 Моддаи 36. Омода намудани лоихаи санади меъёрии хукуки, ки боиси  тахлили таъсири танзимкуни мебошад

  1. Тахлили таъсири танзимкуни аз чониби макомоти давлатие, ки оид ба тахияи лоихаи санади меъёрии хукуки масъул мебошад, омода карда шуда, аз чониби рохбари он ба имзо расонида мешавад ва маълумоти зеринро бояд дар бар гирад:

– намуд ва номи санади меъёрии хукуки;

– маълумот дар бораи тахиякунандаи лоихаи санади меъёрии хукуки;

– доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии хукуки нисбати онхо татбик мегардад;

– мухлати кабули санади меъёрии хукуки;

– маълумот дар бораи чойгир намудани огохинома оид ба тахияи санади меъёрии хукуки;

–  мачмуи таклифхои аз руи натичаи чойгиронии огохинома оид ба омода намудани лоихаи санади меъёрии хукукии воридгардида ва хулосаи тахиякунанда оид ба онхо;

– тавсифи мушкилот, ки барои хал намудани он кабули санади меъёрии хукуки зарур аст ва окибатхои эхтимолии он дар холате, ки агар ягон амал андешида нашавад;

– ифодаи максадхои дахолати давлат;

– тавсифи мухтасари лоихаи санади меъёрии хукукии пешниходшуда, аз чумла чорахои пешбининамудаи лоихаи санади меъёрии хукукии пешниходшуда, ухдадори ва махдудиятхо барои субъектхои сохибкори, асосноккунии интихоби рохи халли чунин мушкилот;

– тавсифи роххои халли мушкилоти баррасишуда (бидуни тахияи санади меъёрии хукуки);

– арзёбии муфассали харочоти бучети давлати эхтимолияти окибатхои ичтимои ва иктисоди дар холати кабули санади меъёрии хукуки ва ё рохи дигари интихобшудаи халли мушкилот;

– нишондихандахои арзёбии инкишоф ва даврияти чамъоварии он;

– санаи эхтимолии мавриди амал карор додани санади меъёрии хукуки дар сурати кабули он.

  1. Лоихаи санади меъёрии хукуки ва тахлили таъсири танзимкуни дар Фехристи лоихахои санадхои меъёрии хукуки ва тахлили таъсири танзимкуни чойгир карда мешавад.
  2. Дар давоми 30 рузи таквими аз рузи чойгир намудани лоихаи санади меъёрии хукуки ва тахлили таъсири танзимкуни дар Фехристи лоихахои санадхои меъёрии хукуки ва тахлили таъсири танзимкуни, машваратхои оммави гузаронида мешавад.
  3. Тахиякунанда ухдадор аст, ки таклифхои дар мухлати мукарраршуда воридшударо дар робита ба гузаронидани машваратхои оммавии лоихаи санади меъёрии хукуки ва тахлили таъсири танзимкуни барраси намояд.
  4. Аз руи натичаи машваратхои оммави, тахиякунанда метавонад карори асоснокро оид ба рад намудан аз тахияи лоихаи санади меъёрии хукуки ё оид ба омода ва кабули минбаъдаи он кабул намояд. Дар сурати кабули карор оид ба рад кардани тахияи лоихаи санади меъёрии хукуки тахиякунанда дар сомонаи расми маълумоти дахлдорро чойгир менамояд.
  5. Дар сурати кабули карор дар бораи омодасозии минбаъдаи лоихаи санади меъёрии хукуки, тахиякунанда бо дарназардошти натичахои машваратхои оммави, лоихаи нихоии санади меъёрии хукуки ва тахлили таъсири танзимкуниро омода месозад.

Моддаи 37. Тахлили таъсири танзимкуни

  1. Лоихахои санадхои меъёрии хукукие, ки ба танзими муносибатхо дар сохаи сохибкори равона гардидаанд, мавриди тахлили таъсири танзимкуни карор дода мешаванд.
  2. Лоихахои санадхои меъёрии хукукие, ки меъёри андоз, андозаи пардохтхои гумруки ва дигар пардохтхои хатмиро ба бучети давлати мукаррар менамоянд, лоихахои санадхои хукукии байналмилали, инчунин, лоихахое, ки барои беэътибор донистани санади меъёрии хукуки ва ё кисмхои алохидаи он равона гардидаанд, мавриди тахлили таъсири танзимкуни карор дода намешаванд.
  3. Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад дар холатхои истиснои лоихаи баъзе санадхои меъёрии хукукиро аз гузаронидани тахлили таъсири танзимкуни озод намояд.
  4. Дастурамал оид ба гузаронидани тахлили таъсири танзимкуни аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Моддаи 38. Хулосаи макоми ваколатдор оид ба тахлили таъсири танзимкуни

  1. Лоихаи нихоии санади меъёрии хукуки ва тахлили таъсири танзимкуни дар Фехристи лоихахои санадхои меъёрии хукуки ва тахлили таъсири танзимкуни чойгир карда мешавад.
  2. Дар давоми 5 рузи таквими аз санаи чойгир намудани лоихаи нихоии санади меъёрии хукуки ва тахлили таъсири танзимкуни дар Фехристи лоихахои санадхои меъёрии хукуки ва тахлили таъсири танзимкуни макоми ваколатдор оид ба тахлили таъсири танзимкуни хулосаро оид ба гузаронидани расмиёти машваратхои оммави омода менамояд. Ба хулосаи макоми ваколатдор оид ба тахлили таъсири танзимкуни пешниходхои аз руи натичаи машварати оммави кабулшуда замима мегарданд.
  3. Хулосаи макоми ваколатдор оид ба тахлили таъсири танзимкуни дар Фехристи лоихахои санадхои меъёрии хукуки ва тахлили таъсири танзимкуни чойгир карда мешавад.
  4. Лоихаи нихоии санадхои меъёрии хукуки мумкин аст аз чониби макомоти хукукэчодкунанда танхо дар холати мавчуд будани тахлили таъсири танзимкуни ва хулосаи макоми ваколатдор оид ба тахлили таъсири танзимкуние, ки дар кисми 2 хамин модда ва кисми 6 моддаи 35 Конуни мазкур пешбини карда шудаанд, барраси гардад.

Моддаи 39. Портали интернетии иттилооти хукукии Чумхурии Точикистон

  1. Портали интернетии иттилооти хукукии Чумхурии Точикистон (минбаъд – Портали интернети) махзани электронии санадхои меъёрии хукукии дорои таъсири имконпазир ба субъектхои сохибкори ба хисоб рафта, дар шакли электрони бо забони давлати ва забони руси пеш бурда мешавад.
  2. Портали интернети аз чониби Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон тахия ва пеш бурда шуда, аз фаслхои зерин иборат мебошад:

– Фехристи накшахои тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукуки;

– Фехристи лоихахои санадхои меъёрии хукуки ва тахлили таъсири танзимкуни;

– Фехристи санадхои меъёрии хукукии кабулшудаи Чумхурии Точикистон.

  1. Пахнкунии иттилоот, санадхои меъёрии хукуки ва дигар хуччатхо аз Портали интернети тавассути шабакаи Интернет сурат мегирад. Шахсони вокеи ва хукуки хукук доранд ройгон санадхои меъёрии хукукиро чустучу кунанд, аз назар гузаронанд, дастрас ва чоп намоянд.
  2. Портали интернети аз хисоби маблагхои бучети давлати маблаггузори карда мешавад.
  3. Тартиби пешбурди Портали интернетиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

БОБИ 5. ТЕХНИКАИ ХУКУКЭЧОДКУНИ

Моддаи 40. Талаботи умумии техникаи хукукэчодкуни нисбат ба санади меъёрии хукуки

  1. Санади меъёрии хукуки бояд мутобикати дохили дошта, аз руи мантик тартиб дода шавад ва ба техникаи хукукэчодкуни чавобгу бошад.
  2. Хангоми навиштани матни санади меъёрии хукуки аввал коидахои умуми ва сипас коидахои махсус чойгир карда мешаванд.
  3. Мафхумхо ва истилохоти дар матни санади меъёрии хукуки истифодашаванда бояд фахмо ва хаммаъно бошанд.
  4. Мазмуни матни моддахо, кисмхо ё бандхо дар дигар моддахо, кисмхо ё бандхо дар хамон як санади меъёрии хукуки набояд такроран баён карда шаванд.
  5. Номи санади меъёрии хукуки ва кисмхои таркибии он бояд возеху мухтасар ва фахмо бошад, мазмуни асосии матни онро дакик ифода намояд.
  6. Меъёрхои санадхои меъёрии хукуки бояд мушаххас ва дар замони хозира ифода шуда, бештар дар шакли тасдики баён карда шаванд.
  7. Тартиби мавриди амал карор додан ва эътибори хукуки пайдо кардани санади меъёрии хукуки дар коидахои хотимавии худи санади меъёрии хукуки ва ё санади меъёрии хукукии алохидаи намуди якхела дар бораи мавриди амал карор додани он баён мешавад. Дар сурати кабули санади меъёрии хукукии нав масъалаи беэътибор донистани санади меъёрии хукукии амалкунанда дар коидахои хотимавии худи санади меъёрии хукуки ва ё санади меъёрии хукукии алохидаи намудашон якхела ифода мешавад.

Моддаи 41. Нишонахои санади меъёрии хукуки

Санади меъёрии хукуки дорои нишонахои зерин мебошад:

– намуди санади меъёрии хукуки;

– макоми хукукэчодкунанда, ки санади меъёрии хукукиро кабул кардааст;

– номе, ки мавзуи танзими онро ифода мекунад;

– рамзи Таснифи ягонаи умумихукукии Чумхурии Точикистон;

– имзои шахсе (шахсоне), ки расман ваколатдори (ваколатдорони) имзо намудани санади меъёрии хукукии дахлдор мебошад (ба истиснои Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва конунхои бо рохи раъйпурсии умумихалки кабулгардида);

– макон ва санаи кабули санади меъёрии хукуки;

– раками санади меъёрии хукуки (ба истиснои Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва конунхои бо рохи раъйпурсии умумихалки кабулгардида);

– ракам ва санаи бакайдгирии давлати барои санадхои меъёрии хукукие, ки бояд дар Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шаванд;

– мухри дорои нишони давлатии макомоте, ки санади меъёрии хукукиро кабул кардааст.

Моддаи 42. Номи санади меъёрии хукуки

Хар як санади меъёрии хукуки ном дорад, ки дар маркази кисми болоии матн нишон дода мешавад. Номи санадхои конунгузори бо харфхои калон навишта мешавад. Номи дигар санадхои меъёрии хукуки бо харфхои хурд навишта шуда, бо харфи калон огоз меёбад. Номи санади меъёрии хукуки мавзуи танзими хукукии санади меъёрии хукуки ва мазмуни асосии онро инъикос менамояд. Дар охири номи санади меъёрии хукуки нукта гузошта намешавад.

Моддаи 43. Таркиби санади конунгузори

  1. Таркиби санади конунгузори метавонад аз мукаддима, кисм, фасл, зерфасл, боб, параграф, модда, кисм дар модда, банд ва сархат иборат бошад.
  2. Мукаддима кисми таркибии санади конунгузори буда, дар он максади кабул кардани санади конунгузори, мавзуъ ва вазифахои асосии он инъикос карда мешаванд. Ба мукаддима амру дастурхои меъёри дохил карда намешавад.
  3. Кисм чузъи таркибии мустакили санади конунгузори буда, фаслхои санадхои конунгузории хачман калонро дар бар мегирад. Кисм бо раками рими ишора гардида, баъд аз он нукта гузошта мешавад. Кисм метавонад ном дошта бошад ва пас аз ракамхо бо харфхои калон навишта шуда, дар маркази сатр чойгир карда мешавад. Дар охири номи кисм нукта гузошта намешавад.
  4. Фасл кисми таркибии санади конунгузори буда, бобхо ё параграфхои ин санади конунгузориро дар бар мегирад. Фасл бо раками рими ишора гардида, баъд аз он нукта гузошта мешавад. Вобаста ба хачм фасл метавонад ба зерфаслхо таксим шавад. Фасл дорои ном буда, бо харфхои калон навишта мешавад. Номи фасл дар маркази сатр чойгир карда мешавад. Дар охири номи фасл нукта гузошта намешавад.
  5. Зерфасл кисми таркибии фасли санади конунгузори буда, аз бобхо ё параграфхои санади конунгузори иборат аст. Зерфасл бо ракамхои араби ишора гардида, баъд аз он нукта гузошта мешавад. Зерфасл дорои ном буда, бо харфхои калон навишта мешавад. Номи зерфасл дар маркази сатр чойгир карда мешавад. Дар охири номи зерфасл нукта гузошта намешавад.
  6. Боб кисми таркибии санади конунгузори буда, моддахои мазмунан ба хам наздики ин санади конунгузориро дар бар мегирад. Боб бо раками араби ишора гардида, баъд аз он нукта гузошта мешавад. Боб ном дошта, бо харфхои калон навишта шуда, дар маркази сатр чойгир карда мешавад. Дар охири номи боб нукта гузошта намешавад. Боби санади конунгузории хачмаш калон мумкин аст ба параграфхо таксим карда шавад.
  7. Параграф кисми матни дохили фасл, зерфасл ё боб мебошад, ки бо аломати параграф «§» ифода мегардад. Параграф бо раками араби ишора гардида, пас аз он нукта гузошта мешавад. Параграф дорои ном буда, бо харфхои хурд навишта мешавад, вале бо харфи калон огоз ёфта, дар маркази сатр чойгир карда мешавад. Дар охири номи параграф нукта гузошта намешавад.
  8. Модда кисми хатмии таркибии санади конунгузори буда, дорои мукаррароти меъёрии мукаммал мебошад. Модда бо фосила огоз ёфта, бо раками араби ишора мегардад ва пас аз он нукта гузошта мешавад. Модда ном дошта, мазмуну мохияти онро ифода мекунад, ба истиснои моддаи конуне, ки тавассути он ба конуни амалкунанда тагйиру иловахо ворид карда мешавад. Номи модда пас аз ракамхо бо харфхои хурд навишта мешавад, вале бо харфи калон огоз гардида, дар охири номи модда нукта гузошта намешавад. Моддахо метавонанд дар боб ё параграф муттахид гардида, аз кисмхо иборат бошанд.
  9. Кисми моддаи санади конунгузори чузъи таркибии он буда, мазмуни ягона дорад. Кисми моддаи санади конунгузори бо фосила огоз ёфта, бо раками араби, ки баъд аз он нукта гузошта мешавад, ишора мегардад ва метавонад ба бандхо ё сархатхо таксим шавад. Кисми модда наметавонад аз як сархат иборат бошад. Агар модда аз як кисм иборат бошад, ракамгузори карда намешавад ва наметавонад ба банд таксим шавад. Кисми моддаи санади конунгузори бо харфи калон огоз гардида, дар охири он нукта гузошта мешавад.
  10. Банди кисми моддаи санади конунгузори чузъи таркибии он буда, бо фосила огоз меёбад ва ракамгузори карда намешавад. Бандхо метавонанд ба сархатхо таксим шаванд. Банд бо харфи калон огоз гардида, дар охири он нукта гузошта мешавад.
  11. Сархатхо чузъи таркибии кисм ё банд буда, пас аз аломати баён «:» бо аломати нимтире «-» чудо мегарданд ва бо харфхои хурд навишта мешаванд. Хар як сархат бо нуктавергул «;» ба охир мерасад, ба истиснои сархати охирон, ки дар охири он нукта гузошта мешавад.
  12. Ракамгузории кисм, фасл, боб ва моддаи санади конунгузори бояд пайдарпай бошад.
  13. Ракамгузории кисмхо дар моддахо, параграфхои хар як боб, зерфасл ва фасл, инчунин, зерфаслхои хар як фасли санади конунгузори мустакил мебошад.
  14. Дар кисмхои таркибии санади конунгузори истифодаи аломатхои дар Конуни мазкур пешбининашуда манъ аст.
  15. Санади конунгузории калонхачм метавонад мундарича дошта бошад.

Моддаи 44. Таркиби санади меъёрии хукукии зерконуни

  1. Таркиби санади меъёрии хукукии зерконуни метавонад аз мукаддима, боб, параграф, банд, зербанд ва сархат иборат бошад.
  2. Санадхои меъёрии хукукии зерконуние, ки дар моддахои 21-27 Конуни мазкур пешбини гардидаанд, бояд мукаддима дошта бошанд ва дар он ишора ба санади меъёрии хукуки (модда, кисм ё банди он), ки дар асос ва барои ичрои он кабул мегардад, нишон дода шавад. Ба мукаддима амру дастурхои меъёри дохил карда намешавад.
  3. Боб чун кисми таркибии санади меъёрии хукукии зерконуни бандхои мазмунан ба хам наздики санади меъёрии хукукии зерконуниро дар бар мегирад. Боб бо раками араби ишора гардида, баъд аз он нукта гузошта мешавад. Боб ном дошта, бо харфхои калон навишта ва дар маркази сатр чойгир карда мешавад. Дар охири номи боб нукта гузошта намешавад. Боби санади меъёрии хукукии зерконунии хачмаш калон мумкин аст ба параграфхо таксим карда шавад.
  4. Параграф кисми матни дохили боб мебошад, ки бо аломати параграф «§» ифода мегардад. Параграф бо раками араби ишора гардида, пас аз он нукта гузошта мешавад. Параграф дорои ном буда, бо харфхои хурд навишта мешавад, вале бо харфи калон огоз ёфта, дар маркази сатр чойгир карда мешавад. Дар охири номи параграф нукта гузошта намешавад.
  5. Банд кисми хатмии таркибии санади меъёрии хукукии зерконуни буда, дорои мукаррароти меъёрии мукаммал мебошад. Банд ном надорад ва бо фосила огоз ёфта, бо раками араби ишора мегардад, ки баъд аз он нукта гузошта мешавад. Бандхо метавонанд дар боб ё параграф муттахид гардида, ба зербандхо ё сархатхо таксим шаванд. Банд бо харфи калон огоз гардида, дар охири он нукта гузошта мешавад. Агар санади меъёрии хукукии зерконуни аз як банд иборат бошад, ракамгузори карда намешавад ва наметавонад ба зербанд таксим шавад.
  6. Зербанди санади меъёрии хукукии зерконуни чузъи таркибии банд буда, бо фосила огоз меёбад ва ракамгузори карда намешавад. Зербандхо метавонанд ба сархатхо таксим шаванд. Зербандхо бо харфи калон огоз гардида, дар охири онхо нукта гузошта мешавад.
  7. Сархатхо чузъи таркибии банд ё зербанд буда, пас аз аломати баён «:» бо аломати нимтире «-» чудо гардида, бо харфхои хурд навишта мешаванд. Хар як сархат бо нукта вергул «;» ба охир мерасад, ба истиснои сархати охирон, ки дар охири он нукта гузошта мешавад.
  8. Ракамгузории бобхо ва бандхои санади меъёрии хукукии зерконуни пайдарпай аст. Ракамгузории параграфхои хар як боби санади меъёрии хукукии зерконуни мустакил мебошад.
  9. Дар кисмхои таркибии санади меъёрии хукукии зерконуни истифодаи аломатхои дар Конуни мазкур пешбининашуда манъ аст.

Моддаи 45. Таркиби санади меъёрии хукукии зерконунии кабул ё тасдиккунанда ва бо дигар санад кабул ё тасдикшаванда

  1. Таркиби санади меъёрии хукукии зерконунии кабул ё тасдиккунандае, ки дар моддахои 21–27 хамин Конун пешбини гардидааст аз мукаддима ва банд иборат мебошад. Мукаддима дорои маълумот дар бораи асосхои кабул кардани санади меъёрии хукукии зерконуни, холатхои вокеи ва асосхое мебошад, ки боиси кабули хамин санади меъёрии хукукии зерконуни гардидаанд. Ба мукаддима амру дастурхои меъёри ва истифодаи калимахои мураккаби ихтисоршуда дохил карда намешаванд. Мукаддима ракамгузори карда намешавад. Банд кисми хатмии таркибии санади кабул ё тасдиккунанда буда, дорои мукаррароти меъёрии мукаммал мебошад. Банд ном надорад ва бо фосила огоз ёфта, бо раками араби ишора мегардад, ки баъд аз он нукта гузошта мешавад. Санади кабул ё тасдиккунандае, ки аз як банд иборат мебошад, ракамгузори карда намешавад. Бандхо метавонанд ба сархатхо таксим шаванд. Банд бо харфи калон огоз гардида, дар охири он нукта гузошта мешавад. Дар банд, ки кабул ё тасдики санад пешбини мегардад, номи санади кабул ё тасдикшаванда дарч карда шуда, бо калимахои «кабул карда шавад (замима мегардад)» ё «тасдик карда шавад (замима мегардад)» ба итмом мерасад. Дар холати кабул ё тасдики якчанд санадхо номи санадхои кабул ё тасдикшаванда пайдарпай ё дар шакли алохида дарч карда шуда, бо калимахои «кабул карда шаванд (замимахои 1, 2, …)» ё «тасдик карда шаванд (замимахои 1, 2, …)» ба итмом мерасанд.
  2. Таркиби санади меъёрии хукукии зерконунии кабул ё тасдикшаванда метавонад аз мукаддима, кисм, фасл, зерфасл, боб, параграф, банд, зербанд ва сархат иборат бошад. Санадхои меъёрии хукукии зерконуние, ки дар моддахои 28-29 Конуни мазкур пешбини гардидаанд, метавонанд мукаддима дошта бошанд. Мукаддима кисми таркибии санади меъёрии хукукии зерконунии кабул ё тасдикшаванда буда, дорои маълумот дар бораи максади кабул кардани санади меъёрии хукукии зерконуни, мавзуъ ва тарзи танзими хукукии он мебошад. Ба мукаддима дохил кардани амру дастурхои меъёри ва истифодаи калимахои мураккаби ихтисоршуда норавост. Мукаддима ракамгузори карда намешавад. Тартиби ифодаи кисм, фасл ва зерфасли санади меъёрии хукукии зерконунии кабул ё тасдикшаванда мутобики талаботе, ки дар моддаи 43 Конуни мазкур нисбати кисм, фасл ва зерфаслхо пешбини шудаанд, сурат мегирад. Тартиби ифодаи боб, параграф, банд, зербанд ва сархатхои санади меъёрии хукукии зерконунии кабул ё тасдикшаванда мутобики талаботе, ки дар моддаи 44 Конуни мазкур нисбати боб, параграф, банд, зербанд ва сархатхо пешбини шудааст, сурат мегирад.
  3. Дар кунчи рости болои санадхои дар кисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ба санади кабул ё тасдиккунанда, сана ва раками кабул ё тасдик ишора карда мешавад. Дар навбати худ санадхои мазкур низ мутобики моддаи 47 хамин Конун метавонанд замима дошта бошанд.
  4. Санади меъёрии хукукии зерконунии кабул ё тасдикшавандаи калонхачм метавонад мундарича дошта бошад.

Моддаи 46. Хусусиятхои таркибии кодекс

  1. Кодекс дорои ном мебошад ва метавонад мундарича, кисми умуми ва кисми махсус дошта бошад.
  2. Кисми умумии кодекс мукаррароти хукукии умумиро, ки заминаи татбики меъёрхои кисми махсус мебошанд дар бар гирифта, аз мукаррароти зерин иборат аст:

– мукаррароти умуми (принсипхо, тафсири мафхумхо ва институтхои асоси);

– мукаррароти махсуси меъёри;

– дигар холатхои ибтидоии меъёри, ки барои татбики меъёрхои кисми махсус заминаи хукуки мегузоранд.

  1. Кисми махсуси кодекс ба таври мушаххас амали хукуки ё зиддихукуки, окибатхои хукукиро барои ичро ва риоя накардани онхо пешбини намуда, метавонад дорои чунин мукаррарот бошад:

– меъёрхои рафтори имконпазир, хатми ва ё манъкунанда;

– коидахои окибатхои хукуки барои риоя ва ичро накардани меъёрхои хукуки пешбиникунанда.

Моддаи 47. Эзох ва замима

  1. Эзох дар санадхои меъёрии хукуки дар холатхои зарури бо максади дакик намудани мохияти меъёрхои чудогона истифода бурда мешавад.
  2. Эзох дар охири меъёр ё меъёрхои чудогонае, ки нисбати онхо эзохот дода мешавад, дар сархати алохида навишта, дар он аник кайд карда мешавад, ки эзохот мафхуми меъёри кадом кисмхои таркибии санадхои меъёрии хукукиро дар бар мегирад.
  3. Агар дар санади меъёрии хукуки чадвал, сурат, харита, накша, номгуй ва дигар маводи шархдиханда оварда шаванд, пас онхо хамчун замима нишон дода мешаванд. Дар ин холат моддахои (бандхои) дахлдори он бояд ба ин замимахо ишора намоянд. Кисмхои таркибии чадвал, номгуй ва накшахои замимашаванда вобаста ба хачм, максад, мохият, гурухбанди ва дигар хусусиятхои онхо мустакилона ракамгузори карда мешаванд.
  4. Замимаи шархдиханда ва ё пурракунандаи мухтавои санади меъёрии хукуки, кисми таркибии он мебошад, ки барои осон намудани кор дар варакхои алохида оварда мешавад. Дар ин холат истинод ба замима тавассути истилохи «мутобики» сурат мегирад.
  5. Замима бояд сарлавха ва раками тартиби дошта бошад, ки робитаи онро бо матни асосии санади меъёрии хукуки нишон медихад. Нишонахои номбурда дар кунчи рости болои замима навишта мешаванд.
  6. Санади меъёрии хукуки бо замимахо бояд ракамхои пайдарпайи сахифахоро дошта бошад.

Моддаи 48. Истифодаи истинод дар санади меъёрии хукуки

  1. Истинод ба кисмхои таркибии санади меъёрии хукуки, инчунин ба дигар санадхои меъёрии хукуки дар холате истифода мешавад, ки нишон додани робитаи мутакобилаи санадхои меъёрии хукуки ё худ пешгирии такрори онхо зарур бошад.
  2. Хангоми бори аввал истифода намудани истинод ба санадхои меъёрии хукуки (кисми таркибии онхо) инхо зикр карда мешаванд:

– ишора ба меъёри дакик (то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (хангоми истинод кардан ба кисми таркибии алохидаи санади меъёрии хукуки);

– намуди санади меъёрии хукуки;

– ракам ва санаи кабул шудани санадхои меъёрии хукуки (гайр аз санадхои конунгузори);

– раками бакайдгирии санадхои меъёрии хукукии хусусияти умумихатмидоштае, ки дар Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шудаанд;

– манбаи нашри расми, аз чумла тагйиру иловахое, ки ба ин кисми таркиби ва ё ба масъалаи мазкур дахл доранд, дар холати ворид намудани тагйиру иловахо ба санадхои меъёрии хукуки;

– дар холати мавчуд набудани манбаи нашри расми, санаи кабул ва раками санадхои меъёрии хукуки.

  1. Хангоми бори аввал истинод кардан дар санади меъёрии хукуки ба санади кабул ё тасдикшуда (кисми таркибии он) инхо зикр карда мешаванд:

– ишора ба меъёри дакик (то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (хангоми истинод ба кисми таркибии алохидаи сохтории санади кабул ё тасдикшуда);

– намуд ва номи санади кабул ё тасдикшуда;

– намуд, санаи кабул ва раками кайди санади меъёрии хукукие, ки бо он ин санад кабул ё тасдик карда шудааст.

  1. Дар мавриди истинод намудан ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон, конунхои бо рохи раъйпурсии умумихалки кабулгардида, конунхои конститутсиони ва кодексхои Чумхурии Точикистон инхо зикр карда мешаванд:

– ишора ба меъёри дакик (то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (дар сурати истифодаи истинод ба кисми таркибии алохида);

– ном.

  1. Дар холати чандин бор истинод кардан (гайр аз истиноди аввал) ба конуни Чумхурии Точикистон танхо номи он зикр меёбад. Дар холати ба дигар санади меъёрии хукуки чандин бор истинод кардан ном, санаи кабул, ракам ва ё раками бакайдгирии он зикр карда мешавад. Дар сурати якчанд бор истинод кардан ба санади кабул ё тасдикшуда намуд ва номи он, хамчунин санаи кабул ё тасдик шудан ва раками кайди санади меъёрии хукуки, ки бо он хамин санад кабул ё тасдик гардидааст, зикр карда мешавад.
  2. Ба санади меъёрии хукуки ё худ ба кисми таркибии он дар хамин санади меъёрии хукуки танхо бо истифодаи калимахои «мазкур» ва ё «хамин» истинод карда мешавад.

Моддаи 49. Талаботи забони ба матни санади меъёрии хукуки

  1. Матни санади меъёрии хукуки ба забони давлати кабул карда мешавад.
  2. Матни санади меъёрии хукуки бояд бо риояи услуби расмии забони адаби, сода ва равону фахмо баён карда шавад, ки тафсири хархелаи меъёрхоро истисно намояд.

Моддаи 50. Истилохоти санади меъёрии хукуки

  1. Истилохоти санади меъёрии хукуки бояд бо истифода аз калима ва иборахои оммафахм тартиб дода шавад.
  2. Хамон як истилох дар санади меъёрии хукуки бояд як маъноро ифода намуда, мазмуни ягона дошта бошад.
  3. Дар холати зарурати дакик намудани истилохот ва мафхумхои дар санади меъёрии хукуки истифодашуда дар санад моддае (кисме, банде) оварда мешавад, ки дар он мохияти ин истилохоту мафхумхо шарх дода мешавад.
  4. Истилохоти махсус мумкин аст дар санади меъёрии хукуки танхо бо хамон маъное истифода гардад, ки он дар сохаи махсуси дахлдор истифода мешавад. Истилохоти махсус бояд дар санади меъёрии хукуки шарх дода шавад.

Моддаи 51. Талабот ба сабку услуби санади меъёрии хукуки

Дар матни санади меъёрии хукуки истифодаи чунин калимаву иборахо норавост:

– забони гуфтугуи халки (лахчави ва шеваги), ифодахои мачози ва пуробуранг;

– мафхумхои (истилохоти) гуногуни хаммаъно;

– истифодаи калима ва истилохоти бегонаи гайримаъмул дар сурати дар забони давлати мавчуд будани чунин калима ва истилохот;

– ибора ва таркибхои норавшан, мулохизот, хитобу даъватхои умуми;

– калимахои мураккаби ихтисоршуда (аббревиатура);

– истилохоти гайримеъёри.

Моддаи 52. Тартиби нишон додани номи макомоти давлати дар санади меъёрии хукуки

  1. Номи макомоти давлати, ки дар санади меъёрии хукуки зикр меёбад, дакик ва айнан мутобики номи пурраи расмиашон, ки дар оиннома ва низомномаи онхо, дар карор оид ба таъсис, номгузори ва тагйири номи онхо пешбини шудаанд, навишта мешаванд.
  2. Мафхумхои умуми (калимаву иборахо), ки макомоти давлатиро ифода менамоянд, дар санади меъёрии хукуки дар холатхое истифода мешаванд, ки ин мафхуми умуми хар кадом макомоти дахлдори давлатиро дар назар дошта бошад.
  3. Агар дар матни санади меъёрии хукуки чандин бор зикр кардани номи макоми давлати, хамчунин мафхуми бо чанд калима ифодашавандаро чандин маротиба такрор кардан зарур бошад, номи макомоти давлати ё мафхум дар мукаррароти меъёри, ки он бори аввал истифода шудааст, пурра зикр меёбад, зимни ин дар кавсайн ифодаи шартии он, ки дар мукаррароти минбаъда ишора мегардад, навишта мешавад. Хамин коида нисбати номи санади меъёрии хукуки татбик карда мешавад, агар пурра зикр кардани номи он максаднок набошад.

Моддаи 53. Тартиби пешбини  намудани чорахои чавобгарии хукуки дар санадхои меъёрии хукуки

Дар санади меъёрии хукукие, ки ухдадории макомоти давлати, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо, шахсони мансабдор, шахсони вокеи ва хукукиро мукаррар менамояд, кирдорхое муайян карда мешаванд, ки барои онхо конунгузори метавонад чавобгарии дахлдорро мукаррар намояд.

Моддаи 54. Тартиби пешбини намудани мукаррароти интиколи дар санадхои меъёрии хукуки

Санадхои меъёрии хукуки метавонанд мукаррароти интиколи дошта бошанд. Дар мукаррароти интиколи холати муносибатхои хукукие, ки дар натичаи амали мукаррароти санадхои меъёрии хукукии каблан кабулгардида ба вучуд омадаанд, инъикос гардида, мухлат ва тарзхои гузариш ба муносибатхои нав мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 55. Зарурати ворид намудани тагйиру иловахо ба санадхои меъёрии хукуки

  1. Дар мавриди кабули санади меъёрии хукукии нав, агар санади меъёрии хукукии каблан кабулгардида кисман ба меъёрхои ба санади меъёрии хукукии нав воридшуда мухолиф бошад, ба он тагйиру иловахои дахлдор ворид карда мешаванд. Матни чунин тагйиру иловахо дар шакли тахрири нави моддахои дахлдор ва кисмхои таркибии онхо, хамчунин ворид намудани тагйиру иловахои зарури ба ин моддахо ва кисмхои таркибии онхо ифода карда мешавад.
  2. Дар сурати тахияи лоихаи санади меъёрии хукуки зарурати тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукуки оид ба ворид намудани тагйиру иловахо ё аз эътибор сокит намудани дигар санадхои меъёрии хукуки ба вучуд ояд, ин лоихахои санадхои меъёрии хукуки бояд дар мачмуъ тахия ва пешниход карда шаванд. Тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукуки оид ба ворид намудани тагйиру иловахо ё аз эътибор сокит намудани дигар санадхои меъёрии хукуки баъди кабули санади меъёрии хукукии асоси ба таври истисно дар мавридхое ичозат дода мешавад, ки тахияи онхо мухлати тулониро талаб намояд. Дар ин маврид супориши макомоти (шахси мансабдори) хукукэчодкунандаи дахлдор дар бораи тахияи лоихаи номгуи мазкур тайёр карда, дар он макомоти давлатии тахиякунандаи хамин номгуй ва мухлати пешниходи он ба макомоти хукукэчодкунанда мукаррар карда мешавад.

Моддаи 56. Техникаи ба санади меъёрии хукуки ворид намудани тагйиру иловахо

  1. Агар тагйиру иловахои ба санади меъёрии хукуки воридшаванда аз нисфи матни санади меъёрии хукуки (кисми таркибии он) зиёд бошанд ва ё онро душворфахм гардонанд, санади меъёрии хукуки (кисми таркибии он) дар тахрири нав баён карда мешавад.
  2. Агар тагйири меъёрхоро дар тахрири нав пурра баён кардан зарур набошад, матни онхо бо рохи хорич, илова ва иваз намудани баъзе калима, ибора, чумла ва ракамхо ислох карда мешавад. Хангоми илова, иваз ва хорич намудани калима, ибора ва ракамхо дар матни санади меъёрии хукуки, тагйиру иловахо бо рохи дар хар як кисми таркиби илова, иваз ва хорич намудани калима, ибора ва ракамхо сурат мегирад.
  3. Дар сурати аз санади конунгузори хорич намудани фасл, зерфасл, боб, параграф, модда ва аз дигар санадхои меъёрии хукуки хорич кардани фасл, зерфасл, боб, параграф, банд раками тартибии онхо мувофикан тагйир дода намешавад. Агар кисми модда ва ё банди санади меъёрии хукуки хорич карда шавад, дар ин сурат кисмхои бокимондаи модда ва ё банд ба тартиб дароварда мешаванд.
  4. Дар сурати ба санади меъёрии хукуки илова намудани фасл, зерфасл, боб, параграф, модда ва ё банд ба онхо ракамхои тартибии фасл, зерфасл, боб, параграф, модда ва ё банди пешинаи санади меъёрии хукуки гузошта, дар тарафи рости кисми болои ин ракамхо бо ракамхои араби аз раками як сар карда ракамгузори карда мешавад, ки ин намуд ракамгузори (ишора) номида мешавад.
  5. Агар ба кисми таркибии модда ва ё банди санади меъёрии хукуки кисми таркибии нав илова карда шавад, ракамгузории кисмхои бокимондаи таркибии модда ва ё банд ба тартиб оварда мешавад.
  6. Ворид намудани тагйиру иловахо ба санади меъёрии хукуки аз чониби макомоти (шахси мансабдори) хукукэчодкунанда, ки онро кабул намудааст бо рохи кабул намудани хамон намуд санади меъёрии хукукие, ки ин тагйиру иловахо ба он ворид карда мешаванд, сурат мегирад.
  7. Тагйиру иловахо ба кодекс бо рохи кабул намудани Конун ворид карда мешаванд.
  8. Тагйиру иловахоро ба санади меъёрии хукукии кабул ё тасдикшуда макомоти (шахси мансабдори) хукукэчодкунанда, ки онро кабул ё тасдик намудааст, бо рохи кабул кардани хамон намуди санади меъёрии хукукие, ки ин санади меъёрии хукуки бо чунин санади меъёрии хукуки кабул ё тасдик шудааст, ворид менамояд.
  9. Дар сурати якчанд маротиба ворид намудани тагйиру иловахо ба санади меъёрии хукуки, ки онро душворфахм мегардонанд, макоми (шахси мансабдори) хукукэчодкунандае, ки санади меъёрии хукукиро кабул ё тасдик намудааст, метавонад онро бо дарназардошти тагйиру иловахои воридгардида ва воридшаванда дар тахрири нав кабул ё тасдик намояд.
  10. Санади меъёрии хукукие, ки тавассути он тагйиру иловахо ворид карда мешавад, вобаста ба матни тагйир ё илова метавонад дар алохидаги, якчоя дар шаклхои танхо ва ё чамъ номгузори карда шавад.

Моддаи 57. Тартиби аз эътибор сокит донистан ва боздоштани амали санади меъёрии хукуки

  1. Агар санади меъёрии хукукии амалкунанда ё кисми таркибии он ба меъёрхои ба санади нав дохилшуда мухолиф ё худ ба воситаи он бекор шуда бошад, бояд аз эътибор сокит дониста шавад. Дар холати аз эътибор сокит надонистани чунин санади меъёрии хукуки он дар кисме амал мекунад, ки ба санади меъёрии хукукии нав кабулгардида мухолифат надошта бошад.
  2. Хангоми аз эътибор сокит намудани санади меъёрии хукукии асоси, дар як вакт санадхои меъёрии хукуки ё кисми онхо, ки тибки онхо ба хамин санади меъёрии хукуки тагйиру иловахо ворид гардидаанд, аз эътибор сокит дониста мешаванд.
  3. Амали санади меъёрии хукуки (кисми таркибии он) дар холатхои зарури мумкин аст ба мухлати муайян боздошта шавад.
  4. Санади боздошт кабул мегардад:

– бо карори якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон барои карорхои якчояи онхо;

– бо карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон барои карорхои Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, санадхои меъёрии хукукии макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати;

– бо карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон барои конунхои конститутсиони, кодексхо, конунхо ва карорхои Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон;

– бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон барои санадхои меъёрии хукукии Президенти Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати;

– бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон барои санадхои меъёрии хукукии Хукумати Чумхурии Точикистон, вазоратхо, кумитахои давлати ва макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон;

– бо фармоиш ва карорхои вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Бонки миллии Точикистон барои санадхои меъёрии хукукии онхо;

– бо карорхои макомоти махаллии хокимияти давлати барои санадхои меъёрии хукукии онхо ва карорхои макомоти худидоракунии шахрак ва дехот;

– бо карорхои макомоти худидоракунии шахрак ва дехот барои санадхои меъёрии хукукии онхо.

БОБИ 6. ТАХИЯ ВА БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ ЛОИХАИ САНАДИ МЕЪЁРИИ ХУКУКИ

Моддаи 58. Тахияи лоихаи санади меъёрии хукуки

  1. Лоихаи санади меъёрии хукуки аз чониби худи макоми хукукэчодкунанда ё бо супориши он аз чониби макомот, муассиса ва ташкилоти тобеъ тахия карда мешавад.
  2. Макоми хукукэчодкунанда метавонад дар асоси шартнома ба шахсони вокеи ва хукуки тахияи лоихаи санади меъёрии хукукиро супориш дихад.
  3. Макоми хукукэчодкунанда метавонад тахияи лоихаи алтернативии санади меъёрии хукукиро ба якчанд макомот, муассиса, ташкилот ва шахсон супорад ё бо онхо шартнома бандад, инчунин барои лоихаи бехтарин озмун эълон намояд.

Моддаи 59. Таъсиси гурухи кори оид ба тахияи лоихаи санади меъёрии хукуки

  1. Бо карори макомоти хукукэчодкунанда ё макомоти дорои хукуки ташаббуси конунгузори барои тахия ё такмили лоихаи санади меъёрии хукуки мумкин аст аз хисоби намояндагони макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти, муассисахои илми, ташкилотхои дигар ва олимони алохида гурухи кори таъсис дода шавад.
  2. Гурухи кори лоихаи санади меъёрии хукукиро мутобики накшаи тасдикгардида тахия менамояд.

Моддаи 60. Мукаммал ва мушаххас намудани лоихаи санади меъёрии хукуки

Агар барои мукаммал ва мушаххас намудани мукаррароти лоихаи санади меъёрии хукуки кабули дигар санади меъёрии хукуки зарур бошад, дар лоихаи асоси ё лоихаи санади меъёрии хукуки оид ба мавриди амал карор додани он ба макомоти дахлдор дар мухлати мукарраркардаи макомоти хукукэчодкунанда тахия ва кабул намудани чунин санади меъёрии хукуки супориш дода мешавад.

Моддаи 61. Чалб намудани макомоти давлати ба тахияи лоихаи санади меъёрии хукуки

Чихати тахияи лоихаи санади меъёрии хукуки оид ба сохахои чудогонаи иктисодиёт ва сохахои дигари идораи давлати вазорату идорахо, макомоти дигари давлати, ки барои холат ва рушди ин сохахо масъуланд, чалб карда мешаванд.

Моддаи 62. Тартиби мувофика кардани лоихаи санади меъёрии хукуки

  1. Лоихаи санади меъёрии хукуки то кабул ё тасдики он бо макомот ва идорахои манфиатдор мувофика карда мешавад.
  2. Лоихахои санадхои меъёрии хукукие, ки аз чониби субъектони хукуки ташаббуси конунгузори – узви Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход мегарданд, бо тартиби мукаррарнамудаи Дастури Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон барои мувофика ба Хукумати Чумхурии Точикистон фиристода мешаванд. Лоихахои санадхои конунгузорие, ки аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон ва Хукумати Чумхурии Точикистон бо истифода аз хукуки ташаббуси конунгузори ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход мегарданд, бо тартиби мукаррарнамудаи онхо бо макомоти манфиатдор мувофика карда мешаванд.
  3. Тартиби мувофика кардани лоихаи санадхои меъёрии хукукии дигарро, ки аз чониби чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Хукумати Чумхурии Точикистон кабул мегарданд, Дастури ин макомоти хукукэчодкунанда муайян мекунад.
  4. Лоихахои санадхои меъёрии хукукии Президенти Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи Президенти Чумхурии Точикистон мувофика карда мешаванд.
  5. Лоихахои санадхои меъёрии хукукии умумихатмии вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот бо макомоту идорахо, корхона, муассисаю ташкилотхои манфиатдор мувофика карда мешаванд.

Моддаи 63. Ирсоли лоихаи санади меъёрии хукуки барои кабули минбаъдаи он

  1. Лоихаи санади меъёрии хукуки ба макомоти хукукэчодкунандаи ваколатдори дахлдор бо замимаи чунин хуччатхо ирсол мегардад:

– мактуби ирсоли;

– маълумотномаи асосноккунандаи зарурати кабул намудани лоихаи дахлдор, номгуи макомот ва ташкилоте, ки лоиха бо онхо мувофика гардидааст, дар холатхои мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– хулосаи экспертхо, ки дар натичаи экспертизаи мустакил тайёр шудаанд – хангоми зарурат;

– асоснокгардонии молиявию иктисодии лоихаи санади меъёрии хукуки, ки амалисозии он харочоти молиявиро талаб мекунад;

– хуччатхои дигар, ки ба асосноккунии мукаррароти лоиха ё ба лоихаи санади меъёрии хукуки дахл доранд – бо хохиши макоми хукукэчодкунандае, ки лоихаро пешниход намудааст.

  1. Лоихаи санади меъёрии хукуки ба макоми хукукэчодкунандаи дахлдор дар як вакт хам дар хомили когази ва хам дар хомили электрони бо забони давлати ва забони руси пешниход карда мешавад.
  2. Масъалахои дигари тартиби пешниходи лоихаи санади меъёрии хукуки аз чониби макоми хукукэчодкунандаи дахлдор муайян карда мешаванд.
  3. Лоихаи санади меъёрии хукуки, ки бо риоя накардани талаботи моддаи мазкур ба баррасии макомоти хукукэчодкунанда пешниход мегардад, бидуни барраси баргардонида мешавад. Баъди бартараф кардани норасоихо лоиха бо тартиби мукарраргардида барои барраси пешниход карда мешавад.

Моддаи 64. Экспертизаи лоихаи санади меъёрии хукуки

  1. Лоихаи санади меъёрии хукуки бо карори макомоти хукукэчодкунанда метавонад мавриди экспертизаи хукуки, забони, зиддикоррупсиони, тахлили таъсири танзимкуни, молиявию иктисоди, экологи, илмию техники ва ё махсуси илми карор дода шавад.
  2. Ба сифати эксперт ташкилот ва шахсоне чалб карда мешаванд, ки дар тахияи хамин лоиха бевосита иштирок накарда бошанд.
  3. Дар баходихии лоихаи санади меъёрии хукуки экспертхо мустакил буда, ба мавкеи макоми хукукэчодкунандаи санади меъёрии хукуки, ки бо супориши он экспертиза гузаронида мешавад, вобаста нестанд.
  4. Лоихаи санади конунгузори, ки ба экспертизаи мустакили илми пешниход карда шудааст, дар чаласаи макомоти конунгузор танхо дар мавриди мавчуд будани хулосаи эксперти барраси мегардад.
  5. Экспертизаи зиддикоррупсионии лоихахои санадхои меъёрии хукуки бо тартиби пешбининамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки» гузаронида мешавад.

БОБИ 7. ИНТИШОРИ САНАДХОИ МЕЪЁРИИ ХУКУКИ

Моддаи 65. Интишори расмии санадхои меъёрии хукуки

  1. Санадхои меъёрии хукуки, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, ба гайр аз санадхои меъёрии хукукие, ки маълумоти дорои сирри давлати ё сирри дигари бо конун хифзшавандаро дар бар мегиранд, дар нашрияхои расми ройгон интишор карда мешаванд.
  2. Хангоми интишори санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар дигар воситахои ахбори омма истинод ба сарчашмаи нашри расми хатми мебошад.
  3. Интишори расмии санадхои меъёрии хукуки ба забони давлати ва тарчумаи онхо ба забони руси сурат мегирад ва хангоми зарурат тарчумаи онхо ба дигар забонхо аз тарафи Маркази миллии конунгузории назди Президенти Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  4. Интишори расмии санадхои меъёрии хукуки дар шакли нопурра ё иктибос аз онхо мумкин нест, ба истиснои холатхои интишори санадхои меъёрии хукукии дорои мукаррароти алохидае, ки набояд интишор шаванд.

Моддаи 66. Сарчашмахо ва тартиби интишори расмии санадхои меъёрии хукуки

  1. Сарчашмаи расмии интишори санадхои конунгузори, санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, карорхои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, карорхои Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, карорхои Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, санадхои меъёрии хукукии Президенти Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Бонки миллии Точикистон рузномахои «Чумхурият» ва «Садои мардум» мебошанд. Санадхои меъёрии хукукие, ки аз макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) ба нашрияхои расми ворид шудаанд, бояд дар мухлати на дертар аз 10 руз аз лахзаи воридшави интишор гарданд.
  2. Сарчашмаи расмии интишори санадхои меъёрии хукукии Мачлисхои вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе рузномахои вилояти ва шахрии дахлдор мебошанд. Сарчашмаи расмии интишори санадхои меъёрии хукукии Мачлисхои вакилони халки шахру нохия, раисони шахру нохия ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот рузномахои шахри ва нохиявии дахлдор мебошанд.
  3. Сарчашмахои матни расмии санадхои меъёрии хукукии дар кисми 1 хамин модда пешбинигардида, инчунин Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Мачмуи конунхои Чумхурии Точикистон, Фехристи ягонаи давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба хисоб мераванд.
  4. Тартиби интишори расмии санадхои меъёрии хукукии Президенти Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон ва тартиби интишори расмии санадхои меъёрии хукукии вазоратхо, кумитахои давлати ва макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 67. Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

  1. «Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон» нашрияи расмии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон мебошад, ки хар мох як маротиба бо забони давлати ва забони руси чоп мешавад.
  2. «Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон» дар намуди шуморахои алохида дар хачми бемахдуд (дар мавридхои алохида дар чанд кисм) чоп мешавад ва аз се фасл иборат аст.
  3. Дар фасли аввал санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон чой дода мешаванд.
  4. Дар фасли дуюм санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, карорхои Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон, санадхои тафсири расмии чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон чой дода мешаванд.
  5. Дар фасли сеюм санадхои хусусияти меъёринадоштаи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва маводи иттилооти чоп карда мешаванд.
  6. Интишори расми дар «Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон» тавассути нусхабардории матни пурра ва аники санади меъёрии хукукии нашршаванда, инчунин замимахо ба санадхои меъёрии хукуки бо тартиби хронологи бо тамоми нишонахои он, ки моддаи 41 Конуни мазкур пешбини намудааст, сурат мегирад.
  7. Конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукуки, ки дар «Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон» нашр шудаанд, чун асоси мачмуи хронологии конунгузории чории Чумхурии Точикистон эътироф мешаванд.

Моддаи 68. Мачмуи конунхои Чумхурии Точикистон

  1. «Мачмуи конунхои Чумхурии Точикистон» нашрияи расми буда, бо забони давлати ва забони руси дар варакхои ивазшаванда бо максади нав кардани маводи он ба кадри вусъатёбию такмили минбаъдаи конунгузори аз чониби Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон нашр карда мешавад.
  2. Матни санади меъёрии хукукии дар «Мачмуи конунхои Чумхурии Точикистон» чойдодашуда бо тагйиру иловахое, ки санади меъёрии хукукии минбаъда ба он дохил кардааст, дарч мегардад ва аз руи мавзуъ чой дода мешавад.
  3. «Мачмуи конунхои Чумхурии Точикистон» аз фаслхо ва фаслхо аз бобхо иборат буда, бобхо вобаста ба хачм ва хусусияти мавод ба параграфхо, бандхо ва зербандхо таксим мешаванд.
  4. Иктибосхо аз санадхои меъёрии хукукие, ки ба «Мачмуи конунхои Чумхурии Точикистон» дохил карда шудаанд дар фаслхои дигари он чой дода намешаванд. Дар мавридхои зарури ба санадхои меъёрии хукукие, ки дар дигар фаслхои «Мачмуи конунхои Чумхурии Точикистон» чой дода шудаанд, истинод оварда мешавад.
  5. Дар фаслхо, бобхо ва дигар унсурхои таркибии «Мачмуи конунхои Чумхурии Точикистон» санадхои меъёрии хукуки маъмулан бо тартибе чой дода мешаванд, ки он пайдарпайии мавзуъро таъмин менамояд.
  6. Барои истифодаи дурусти мавод дар «Мачмуи конунхои Чумхурии Точикистон» номгуи санадхои меъёрии хукукии дохилшуда ба таври хронологи чой дода мешавад.

Моддаи 69. Фехристи ягонаи давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон

  1. «Фехристи ягонаи давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон» нашрияи расми мебошад, ки хар мох як маротиба бо забони давлати ва забони руси аз чониби Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон чоп карда мешавад.
  2. «Фехристи ягонаи давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон» дар намуди шуморахои алохида дар хачми бемахдуд (дар мавридхои алохида дар чанд кисм) чоп мешавад ва аз чор фасл иборат аст.
  3. Дар фасли якум санадхои конунгузори, санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, санадхои меъёрии хукукии чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, санадхои меъёрии хукукии Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон чой дода мешаванд. Дар фасли дуюм фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон ва дар фасли сеюм карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон чоп карда мешаванд. Фасли чорум санадхои меъёрии хукукии хусусияти умумихатмидоштаи вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ки дар Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон ба кайди давлати гирифта шудаанд, инчунин маводи иттилоотиро дар бар мегирад.
  4. Интишори расми дар «Фехристи ягонаи давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон» тавассути нусхабардории матни пурра ва аники санади меъёрии хукукии нашршаванда, инчунин замимахо ба санадхои меъёрии хукуки бо тартиби хронологи бо тамоми нишонахои он, ки моддаи 41 Конуни мазкур пешбини намудааст, сурат мегирад.
  5. Макомоти марказии хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин сохторхои дар махал фаъолияткунандаи макомоти хифзи хукук бо «Фехристи ягонаи давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон» таъмин карда мешаванд.

Моддаи 70. Интишори гайрирасмии санадхои меъёрии хукуки

  1. Санадхои меъёрии хукуки метавонанд дар нашрияхои чопи ва электронии гайрирасми низ интишор гарданд.
  2. Интишори гайрирасмии санади меъёрии хукуки баъди интишори расмии он амали мегардад. Дар ин маврид сарчашмаи нашри расми хатман нишон дода мешавад.

Моддаи 71. Санаи интишори расмии санади меъёрии хукуки

  1. Санаи интишори расмии санади меъёрии хукуки рузи аз чоп баромадани матни пурраи расмии санади меъёрии хукуки дар нашрияи расми хисобида мешавад.
  2. Дар холати дар вактхои гуногун дар якчанд нашрияхои расми интишор гардидани санади меъёрии хукуки, рузи интишори расми ва мухлати эътибор пайдо кардани он аз рузи аввали интишори санади меъёрии хукуки ба забони давлати муайян карда мешавад.

Моддаи 72. Интишори санадхои меъёрии хукуки дар тахрири нав

Санади меъёрии хукукие, ки ба он якчанд маротиба тагйиру иловахо ворид карда шуда, истифодабарии онро душвор мегардонад, бо карори макоми хукукэчодкунандае, ки санади мазкурро кабул кардааст, метавонад дар нашрияи расми бо дарназардошти тагйиру иловахо дар тахрири нав интишор шавад.

Моддаи 73. Шартхои амали гардонидани санади меъёрии хукуки

Баъд аз кабул ё тасдик кардани санади меъёрии хукуки ва мавриди амал карор додани он, бояд тарзи дурусти амали гардонидани санади меъёрии хукукии аз чониби субъектони хукукэчодкунандае, ки санади меъёрии хукукиро кабул ё тасдик кардаанд, бо риояи талаботи зерин ба рох монда шавад:

– сари вакт ба маълумоти ичрокунандагон расонидани санади меъёрии хукукии кабулшуда;

– таъмини молияви, моддиву техники, хукуки ва ташкилию техникии амалисозии санади меъёрии хукуки;

– таъмини риояи мухлати дар амал татбик намудани санади меъёрии хукуки.

Моддаи 74. Дастрасии санадхои меъёрии хукуки

  1. Дастрасии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, гайр аз санадхои меъёрии хукукие, ки маълумоти дорои сирри давлати ё сирри дигари бо конун хифзшавандаро дар бар мегиранд, озод мебошад.
  2. Макомоти давлати ва шахсони мансабдор ухдадоранд:

– ба шахсони вокеи ва хукуки дастрасии васеъро барои гирифтани маълумот оид ба санадхои меъёрии хукуки, инчунин нусхахои онхо аз матни расми таъмин намоянд;

– санадхои меъёрии хукукиро дар сомонахои Интернет чой диханд, дигар роххои ба маълумоти шахсони вокеи ва хукуки расонидани маълумотро оид ба санадхои меъёрии хукукие, ки ба онхо дахл доранд, таъмин созанд;

– давра ба давра мачмуи санадхои меъёрии хукукии кабулнамудаашонро нашр кунанд.

БОБИ 8. АМАЛИ САНАДИ МЕЪЁРИИ ХУКУКИ ДАР ЗАМОН, МАКОН ВА НИСБАТ БА ШАХСОН

Моддаи 75. Тартиби мавриди амал карор додани санади меъёрии хукуки

  1. Тартиби мавриди амал карор додани санади меъёрии хукукиро Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур, худи санади меъёрии хукуки ё санади меъёрии хукуки оид ба тартиби мавриди амал карор додани он мукаррар менамоянд.
  2. Агар дар худи санади меъёрии хукуки мухлати мавриди амал карор додан мукаррар нашуда бошад, пас ин санад аз рузи интишори расми мавриди амал карор дода мешавад.
  3. Агар дар худи санади меъёрии хукукие, ки маълумоти дорои сирри давлати ё сирри дигари бо конун хифзшавандаро дар бар мегирад, мухлати мавриди амал карор додан мукаррар нашуда бошад, пас ин санад аз рузи имзо, бакайдгири, кабул ё тасдик мавриди амал карор дода мешавад.
  4. Санади меъёрии хукукие, ки чавобгарии хукукиро мукаррар ё пурзур менамояд, андози навро мукаррар мекунад ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамояд, на кам аз як мох баъди интишори расми мавриди амал карор мегирад.

Моддаи 76. Кувваи бозгашти санади меъёрии хукуки

  1. Санади меъёрии хукуки кувваи бозгашт надорад, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи конунхо.
  2. Ба санади меъёрии хукуки мумкин аст кувваи бозгашт дода шавад. Меъёр дар бораи додани кувваи бозгашт дар худи санади меъёрии хукуки ё дар санади меъёрии хукуки оид ба мавриди амал карор додани он пешбини мегардад.
  3. Агар санади меъёрии хукуки мукаррар намудан ё вазнин кардани чавобгарии хукукиро пешбини намояд, инчунин андози навро мукаррар кунад ё шароити андозсупорандагонро вазнин намояд, ба он додани кувваи бозгашт манъ аст.

Моддаи 77. Мухлати амали санади меъёрии хукуки

  1. Санади меъёрии хукуки амали бемухлат дорад, агар дар он ё дар санади меъёрии хукуки дар бораи мавриди амал карор додани он мухлати дигари амал нишон дода нашуда бошад.
  2. Мухлати муваккатии амали санади меъёрии хукуки мумкин аст барои тамоми санад ё кисмхои таркибии алохидаи он мукаррар гардад. Дар ин холат дар санади меъёрии хукуки ё кисми таркибии дахлдори он ё дар санади меъёрии хукуки дар бораи мавриди амал карор дода шуданаш бояд мухлати амали он нишон дода шавад. Бо гузаштани мухлати нишондодашуда амали санади меъёрии хукуки ва ё кисми таркибии он катъ мегардад.
  3. То ба охир расидани мухлати амали санади меъёрии хукукии муваккати (кисми таркибии он) макоме (шахси мансабдоре), ки санади меъёрии хукукиро кабул намудааст, метавонад дар бораи ба мухлати нав тамдид намудани мухлати амали санади меъёрии хукуки ё оид ба додани хусусияти бемухлат ба он карор кабул кунад.

Моддаи 78. Катъи амали санади меъёрии хукуки

  1. Амали санади меъёрии хукуки (кисми таркибии он) дар мавридхои зерин катъ мегардад:

– ба охир расидани мухлати амали санади меъёрии хукуки (кисми таркибии он);

– бо тартиби мукарраршуда тибки карори Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон гайриконститутсиони донистани санади меъёрии хукуки  (кисми таркибии он);

– аз эътибор сокит донистани санади меъёрии хукуки (кисми таркибии он) ё боздошти амали санади меъёрии хукуки (кисми таркибии он) аз чониби макомоте (шахси мансабдоре), ки санади мазкурро кабул намудааст ё дигар макомоти (шахси мансабдори) барои ин амал ваколатдор.

  1. Амали санади меъёрии хукуки тибки санади меъёрии хукукии хамон дарача ё дарачаи болои ва дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бо санади суд катъ мегардад.

Моддаи 79. Доираи амали санади меъёрии хукуки

  1. Санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар тамоми худуди Чумхурии Точикистон амал мекунанд, агар дар онхо ё дар санадхои меъёрии хукуки дар бораи мавриди амал карор додани онхо тартиби дигар мукаррар нашуда бошад.
  2. Санадхои меъёрии хукукии кабулкардаи макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар худуди дахлдор амал мекунанд.

Моддаи 80. Амали санади меъёрии хукуки нисбат ба шахсон

  1. Амали санади меъёрии хукуки ба шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар худуди он карор доранд ва дар холатхои пешбининамудаи санади меъёрии хукуки, ба шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки берун аз Чумхурии Точикистон карор доранд, инчунин ба шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванди дар худуди Чумхурии Точикистон карордошта (ба истиснои шахсоне, ки санадхои меъёрии хукукии амалкунанда мукаррар кардаанд) татбик мегардад.
  2. Амали санади меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон нисбат ба намояндагони дипломати ва кормандони ташкилотхои хоричи тибки санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, мукаррар карда мешавад.

Моддаи 81. Мониторинги татбики санадхои меъёрии хукуки

  1. Мониторинги татбики санадхои меъёрии хукуки аз тарафи макомоти хукукэчодкунанда бо максади пурракуни ва тахлили иттилоот оид ба чараёни татбики санадхои меъёрии хукукии мушаххас гузаронида мешавад. Дар мониторинги татбики санадхои меъёрии хукуки макомоти дигари давлати, ки вазифахои назорати ва тафтиширо ичро мекунанд, ширкат меварзанд. Макомоти татбики хукук барои мониторинги татбики санадхои меъёрии хукуки фаъолона мусоидат мекунанд, макомоти хукукэчодкунандаро бо иттилооти кофи оид ба чараёни татбики санадхои меъёрии хукуки таъмин менамояд.
  2. Натичаи мониторинги татбики санадхои меъёрии хукуки хангоми банакшагирии тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукуки, тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукуки, такмили хукукэчодкуни, таъмини сифати санадхои меъёрии хукуки ва самаранокии онхо ба инобат гирифта мешавад.
  3. Мониторинги татбики санадхои меъёрии хукуки чузъи мониторинги хукуки буда, барои ичрои вазифахои умумии тахлили мунтазам ва хаматарафаи рушди конунгузории чумхури, ташаккули сохаю институтхои нави хукуки ва конунгузори, тагйири мавзуъ ва усулхои танзими хукуки, таъсири омилхои объективи ва субъективи ба конунгузори мусоидат мекунад.

 БОБИ 9. ТАФСИРИ РАСМИИ САНАДИ МЕЪЁРИИ ХУКУКИ

Моддаи 82. Зарурат ва тартиби тафсири расмии санади меъёрии хукуки

  1. Дар сурати ошкор намудани носахехи ва гуногунфахмии санади меъёрии хукуки, амалияи ихтилофноки истифодаи он, макомоти (шахси мансабдори) санади меъёрии хукукии дахлдорро кабулнамуда дар санади тафсир, ки хусусияти расми ва хатми дорад, тафсири меъёри онро пешниход менамояд.
  2. Санади тафсирии расми метавонад аз тарафи дигар макомоте низ кабул шавад, ки онхо мувофики конунгузори барои тафсири ин ё он санади меъёрии хукуки ваколатдор карда шудаанд.
  3. Санадхои тафсири расмии макомоти дигар, ки ваколатдоранд ин ё он санади меъёрии хукукиро тафсир кунанд, дар он шакле кабул мегарданд, ки бо Конуни мазкур кабули санадхои меъёрии хукукии дахлдор аз чониби онхо пешбини шудааст.
  4. Санади тафсири расми бо санадхои зерин кабул мегардад:

– бо конуни конститутсиони барои Конститутсияи Чумхурии Точикистон;

– бо конун барои конунхои бо рохи раъйпурсии умумихалки кабулгардида;

– бо карорхои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон барои карорхои якчояи онхо;

– бо карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон барои санадхои меъёрии хукукии Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон;

– бо карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон барои конунхои конститутсиони, кодексхо, конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон;

– бо фармони Президенти Чумхурии Точикистон барои санадхои меъёрии хукукии Президенти Чумхурии Точикистон;

– бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон барои санадхои меъёрии хукукии Хукумати Чумхурии Точикистон;

– бо фармоишу карорхои вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот мутобикан барои санадхои меъёрии хукукии онхо.

  1. Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон ва Пленуми Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон тачрибаи судиро оид ба амалияи татбики конунгузори чамъбаст намуда, тавзехоти дастури медиханд ва онхо барои судхо, макомоту шахсони мансабдоре, ки конуни тавзехшударо татбик менамоянд, хатми мебошанд.
  2. Хангоми тафсири санади меъёрии хукуки ба он ворид намудани тагйиру иловахо мумкин нест.
  3. Маънои санади меъёрии хукукии зерконуни дар мавриди тафсир пурра мутобики конун фахмонида ва дакик карда мешавад.

БОБИ 10. ТАРТИБИ ХАЛЛИ  ИХТИЛОФОТИ ХУКУКИ ВА РОХХОИ БАРТАРАФСОЗИИ ОНХО

Моддаи 83. Мутобикати санадхои меъёрии хукуки ба Конститутсия ва конунхои дигари Чумхурии Точикистон

Конунхои Чумхурии Точикистон бояд ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон, дигар санадхои меъёрии хукуки ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва конунхои Чумхурии Точикистон мутобикат кунанд ва аз чониби субъекти хукукэчодкунанда дар доираи салохияти мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бо риояи коидахои тахия ва кабули санадхои меъёрии хукуки кабул гарданд.

Моддаи 84. Тартиби халли ихтилофи байни санадхои меъёрии хукуки

  1. Ихтилофи байни санадхои меъёрии хукукии гуногундарача тибки низоми санадхои меъёрии хукукие, ки дар моддаи 9 Конуни мазкур пешбини гардидааст, хал карда мешавад.
  2. Санади меъёрии хукукии баробардарача нисбат ба дигар санади меъёрии хукукии хамин дарача хангоми мавчуд будани ихтилофхо дар холатхои зерин кувваи бештари хукуки дорад, агар:

– ин санади меъёрии хукуки аз руи хамон як мавзуи танзим нисбат ба дигар санади меъёрии хукуки баъдтар кабул шуда бошад;

– мавзуи танзими ин санади меъёрии хукуки нисбат ба дигар санади меъёрии хукукие, ки умуми мебошад, махсус бошад.

  1. Дар сурати ба меъёрхои конунхо ихтилоф доштани меъёрхои карори якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, фармони Президенти Чумхурии Точикистон, карори Хукумати Чумхурии Точикистон, санадхои меъёрии хукукии вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот меъёрхои конунхо амал мекунанд.

Моддаи 85. Роххои бартараф намудани ихтилофоти байни санадхои меъёрии хукуки

Ихтилофоти байни санадхои меъёрии хукуки бо роххои зерин бартараф карда мешаванд:

– бо хам мутобик намудани санадхои меъёрии хукуки дар чараёни тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукуки;

– ворид намудани тагйиру иловахо ба санадхои меъёрии хукукии амалкунанда;

– катъи амали санадхои меъёрии хукуки ё боздоштани амали онхо;

– кабули санадхои меъёрии хукукии нав;

– тафсири расмии санадхои меъёрии хукуки;

– мутобик намудани санадхои  меъёрии хукукии дохилидавлати (ба истиснои Конститутсияи Чумхурии Точикистон) ба санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст.

Моддаи 86. Бартараф кардани норасои дар санади меъёрии хукуки

  1. Дар холати пайдо кардани норасои дар санади меъёрии хукуки макоми хукукэчодкунанда, ки онро кабул кардааст, вазифадор аст ба он тагйиру иловахои дахлдоре ворид намояд, ки норасоиро бартараф месозанд.
  2. То ворид кардани тагйиру иловахои дахлдор норасоихо бо рохи истифодаи киёси конун ва киёси хукук бартараф карда мешаванд.
  3. Истифодаи киёси конун ва киёси хукук дар мавриди махдуд кардани хукукхои шахрвандон, инчунин мукаррар намудани чавобгари манъ аст.

БОБИ 11. БАХИСОБГИРИ, БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИ ВА МУРАТТАБСОЗИИ САНАДХОИ МЕЪЁРИИ ХУКУКИ

Моддаи 87. Бахисобгирии санадхои меъёрии хукуки

  1. Санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, санадхои меъёрии хукукии чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, санадхои меъёрии хукукии Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон ва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон дар Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон ба хисоб гирифта мешаванд.
  2. Санадхои меъёрии хукукии умумихатмии вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон баъди бакайдгирии давлати, ба хисоб гирифта мешаванд.
  3. Санадхои меъёрии хукукии дар кисмхои 1 ва 2 хамин модда пешбинигардида аз чониби макоми (шахси мансабдори) онро кабул ё тасдикнамуда ва конунхо пас аз имзои Президенти Чумхурии Точикистон бояд дар мухлати на дертар аз 10 руз пас аз кабул ё тасдик дар шакли нусхахои кабул ё тасдикшуда ва дар шакли электрони ба Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон барои бахисобгири, кайди давлати ва дохил намудан ба Фехристи ягонаи давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ирсол карда шаванд.

Моддаи 88. Фехристи бахисобгирии давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон

  1. Фехристи бахисобгирии давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон низоми ягонаи бахисобгири ва бакайдгирии давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон буда, ба он санадхои меъёрии хукукии дар кисми 2 моддаи 9 Конуни мазкур номбаршуда, ворид карда мешаванд.
  2. Фехристи бахисобгирии давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дорои чунин маълумот мебошад:

– номи макоми кабул ё тасдикнамудаи санади меъёрии хукуки;

– намуди санади меъёрии хукуки;

– санаи кабул ва раками санади меъёрии хукуки;

– номи санади меъёрии хукуки;

– рамзи Таснифи ягонаи умумихукукии Чумхурии Точикистон;

– маълумот дар хусуси бакайдгирии давлати барои санадхои меъёрии хукукие, ки бояд дар Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шаванд;

– маълумот оид ба интишори расмии санади меъёрии хукуки;

– маълумот оид ба ворид намудани тагйиру иловахо, боздошти амал ё беэътибор донистани санади меъёрии хукуки.

  1. Санадхои меъёрии хукуки ба Фехристи бахисобгирии давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бо тартиби хронологи ворид карда мешаванд.
  2. Тартиби пешбурди Фехристи бахисобгирии давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон аз чониби Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Моддаи 89. Санчиш ва бакайдгирии давлатии санадхои меъёрии хукукии вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот

  1. Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон мутобикати санадхои меъёрии хукукии хусусияти умумихатмидоштаи вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехотро ба санадхои конунгузори, фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон ва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон дар мухлати як мох месанчад ва бакайдгирии давлатии онхоро амали мекунад. Санадхои меъёрии хукукии хусусияти умумихатмидоштаи мазкур танхо баъд аз санчиш, бакайдгири ва интишори расми эътибор пайдо менамоянд.
  2. Санадхои меъёрии хукукие, ки аз кайди давлати нагузаштаанд, окибати хукуки надоранд ва хамчун эътиборнадошта наметавонанд барои танзими муносибатхои хукукии дахлдор ва татбики мучозот барои ичро накардани мукаррароти онхо асос гарданд. Хангоми халли бахсхо ба ин санадхои меъёрии хукуки истинод овардан мумкин нест.
  3. Дар мавриди аз чониби Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон рад карда шудани бакайдгирии санади меъёрии хукуки вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ки санади меъёрии хукукиро кабул кардаанд, метавонанд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон шикоят намоянд.
  4. Дар сурати мухолифати санади меъёрии хукукии вазорат, кумитаи давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ба санадхои меъёрии хукукии навкабулшуда Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон дар бораи аз Фехристи бахисобгирии давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хорич кардани он карор кабул намуда, онро барои маълумот ва аз эътибор сокит намудани санади меъёрии хукуки ба макомоти онро кабулнамуда мефиристад. Карор дар бораи аз Фехристи бахисобгирии давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хорич кардани санади меъёрии хукуки дар Фехристи бахисобгирии давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон кайд мегардад.

Моддаи 90. Тартиби бахисобгири ва бакайдгирии давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон

Тартиби бахисобгири ва бакайдгирии давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Моддаи 91. Назорат ва санчиши фаъолияти хукукэчодкунии вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот

  1. Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон риояи мукаррароти боби мазкурро аз чониби вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот хангоми амали намудани фаъолияти хукукэчодкуни мунтазам санчиш ва назорат мекунад.
  2. Барои амали намудани ваколати мазкур Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон хар се мох накшаи гузаронидани санчиши фаъолияти хукукэчодкунии вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехотро тасдик менамояд. Нусхаи накшаи гузаронидани санчишхо ба воситаи почта ба вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ки дар накша дарч гардидаанд, фиристода мешавад.
  3. Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон дар сурати дастрас намудани маълумот оид ба кабули санади меъёрии хукуки бе риояи тартиби мукарраршуда ва ё бидуни бакайдгирии давлати дар амал татбик намудани ин санадхои меъёрии хукуки аз чониби вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, хукук дорад санчиши гайринакшавиро гузаронад.
  4. Дар сурати муайян намудани санади меъёрии хукукии умумихатмие, ки аз чониби вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот кабул гардида, ба кайди давлати гирифта нашудаанд, Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон дар бораи беэътибор донистани онхо протокол тартиб дода, чопи онро дар нашрияи расми таъмин менамояд.
  5. Барои риоя накардани мукаррароти боби мазкур аз чониби вазоратхо, кумитахои давлати, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот шахсони мансабдори онхо ба чавобгарии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон кашида мешаванд.

Моддаи 92. Мураттабсозии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон

  1. Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон, Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон, Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон, судхои вилоят ва шахру нохияхо, инчунин Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон, Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон ва сохторхои онхо дар махалхо ухдадоранд мураттабсозии санадхои меъёрии хукукиро тибки Таснифи ягонаи умумихукукии Чумхурии Точикистон ба рох монанд. Макомоти мазкур нусхахои назоратии санадхои меъёрии хукукии дар кисми 2 моддаи 9 Конуни мазкур пешбинишударо пеш мебаранд ва саривакт ворид намудани тагйиру иловахоро ба онхо таъмин менамоянд.
  2. Макомоти давлатии дигар ва шахсони мансабдор ухдадоранд мураттабсозии санадхои меъёрии хукукие, ки ба сохаи фаъолияти онхо дахл доранд, аз чумла санадхои меъёрии хукукии кабулнамудаи худро тибки Таснифи ягонаи умумихукукии Чумхурии Точикистон ба рох монда, сари вакт ворид намудани тагйиру иловахоро ба онхо таъмин намоянд.
  3. Хангоми мураттабсози тагйиру иловахои кабулгардида ба санади меъёрии хукукии амалкунанда бо роххои зерин ворид карда мешаванд:

– хангоми ворид намудани тагйиру иловахо ба кисми таркибии санади меъёрии хукуки, тагйиру иловахо бо харфхои сиёх навишта шуда, дар охири он дар кавсайн намуди санади меъёрии хукуки, санаи кабул ва раками он нишон дода мешаванд;

– хангоми дар тахрири нав ифода намудани кисми таркибии санади меъёрии хукуки, он бо харфхои сиёх навишта шуда, дар охири он дар кавсайн намуди санади меъёрии хукуки, санаи кабул ва раками он нишон дода мешавад;

– хангоми хорич намудани кисми таркибии санади меъёрии хукуки, дар тарафи рости он ба харфхои сиёх калимахои «хорич карда шуд» навишта шуда, дар кавсайн намуди санади меъёрии хукуки, санаи кабул ва раками он нишон дода мешавад.

  1. Макомоти давлати ва шахсони мансабдор ухдадоранд, ки дастрасии санадхои меъёрии хукуки ва тагйиру иловахои ба онхо воридшударо ба вохидхои сохтории худ таъмин намоянд.

Моддаи 93. Махзани мутамаркази иттилооти хукукии Чумхурии Точикистон

  1. Махзани мутамаркази иттилооти хукукии Чумхурии Точикистон низоми электронии мутамаркази иттилооти хукуки мебошад.
  2. Санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бояд ба Махзани мутамаркази иттилооти хукукии Чумхурии Точикистон дохил карда шаванд.
  3. Пешбурди Махзани мутамаркази иттилооти хукукии Чумхурии Точикистонро Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон амали менамояд.
  4. Санадхои меъёрии хукукии ба Фехристи бахисобгирии давлатии санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон воридшуда дар мухлати 15 руз ба Махзани мутамаркази иттилооти хукукии Чумхурии Точикистон дохил карда мешаванд.
  5. Тартиби таъсис ва пешбурди Махзани мутамаркази иттилооти хукукии Чумхурии Точикистонро Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

БОБИ 12. МУКАРРАРОТИ ИНТИКОЛИ ВА ХОТИМАВИ

Моддаи 94. Мукаррароти интиколи

  1. Сохтори таркибии санади меъёрии хукукие, ки то мавриди амал карор додани Конуни мазкур кабул ё тасдик карда шудааст, дар шакли аввала то кабул ё тасдик намудани он дар тахрири нав нигох дошта мешавад.
  2. Дар мавриди мураттабсози ва ворид намудани тагйиру иловахо ба санади меъёрии хукукие, ки то мавриди амал карор додани Конуни мазкур кабул ё тасдик карда шудааст, сохтори таркибии он тагйир дода нашуда, дар шакле ифода меёбад, ки хангоми кабул ё тасдики санади меъёрии хукукии мазкур амал мекард.

Моддаи 95. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукуки»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 26 марти соли 2009 «Дар бораи санадхои меъёрии хукуки» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2009, № 3, мод. 99; с. 2010, № 3, мод. 152; с. 2011, № 6, мод. 442) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 96. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

         Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                          Эмомали РАХМОН

      ш. Душанбе

30 майи соли 2017

         № 1414

КАРОРИ

Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

Оид ба кабул кардани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукуки»

Мутобики моддаи 60 Конститутсияи Чумхурии Точикистон Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукуки» кабул карда шавад.
  2. Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 25 феврали соли 2009, № 1246 «Оид ба кабул намудани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукуки» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2009, № 2, мод. 50, с. 2010, № 3, мод. 160, с. 2011, № 4, мод. 305) аз эътибор сокит дониста шавад.

Раиси Мачлиси намояндагони

Мачлиси Олии Чумхурии

Точикистон                                                                                 Ш. ЗУХУРОВ

        ш. Душанбе

12 апрели соли 2017

           № 731

КАРОРИ Мачлиси миллии

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

Оид ба Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукуки»

 

Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукуки» – ро барраси намуда, карор мекунад:

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукуки» чонибдори карда шавад.

Раиси Мачлиси миллии

Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ

      ш. Душанбе

18 майи соли 2017

         № 397

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …