Главная / Гуногун / САМАРКАНД

САМАРКАНД

Дар замони донишчуи рохи мо – донишчуёни панчекати ба Душанбе дар фасли зимистон аз Самарканд мегу- зашт. Рохи гарданаи Анзоб зимистонхо баста мешуд ва мо ба Самарканд рафта, аз он чо бо катор ё хавопаймо ба Душанбе меомадем. Борхо рохам аз тарики Самарканд гузаштааст, вале гарчанде Самарканд дар хайати Узбакистон бошад хам, хеч гох чунин хиссиёте, ки Ватанро тарк мекунам, надоштам. Аслан, дар замони шурави нохияи Панчекат расман тобеи вилояти Ленинобод (холо Сугд) бошад хам, тамоми кору бори мардуми нохия бо Самарканд буд. Ба Самарканд мисли шахри худа- шон рафтуо мекарданд, он чо раванд, бо забони худашон гап мезаданд, бисёрихо хешу табор доштанд. Хатто дар Панчруд чунон ки гуфта шуд, як оилаи самарканди зиндаги мекард. Хеч зарафшонии Точикистон худашро дар ин шахри канд берун аз Ватан хис намекард.

Самарканд

Дар Самарканд ман худро хамеша хамчун дар хонаи худ хис мекардам, дар холе, ки солхои аввали донишчуи дар Душанбе эхсоси рохат намекардам. Баъдхо ин хиссиётро дар шахрхои Шерозу Исфахон низ доштам. Намедонам, ба чи сабабе дар ин шахрхо хамеша як хиссиёти хоссе, ки гуё ман дар хонаи худ бошам, доштаам.

Дар Самарканд – шахри сирф точики, он замон тичорат хеле ривоч дошт. Канори хиёбонхои атрофи Регистон аз магозаву ошхонахо чои холи надоштанд. Ошхонаву кабобпазихои зиёд навъхои гуногуни хуроку кабобро ба намоиш мегузоштанд, ки иштихои рохгузаронро меовард. Бозорхои шахр пур аз молхои гуногун буд. Анбухи одамон хамеша дар хиёбону растахо равуо ва савдо мекарданд. Ман дар растахои атрофи Регистон сайр карданро дуст медоштам. Лахчаи хоси «самаркандча»-ро гуш карда, лаззат мебурдам.

Як зимистон мо хамрохи Абдулхаким баъд аз таътили зи- мистониро дар Панчруд гузарондан, ба Душанбе бармегаштем. Бозорхои Самарканд нисбат ба Душанбе сермолтар буд. Мо ба бозор рафтем, то кафш бихарем. Растахои савдогаронро мегаш- тем ва кафш медидем. Нархи як кафшро пурсидем. Кафш- фуруш гуфт:

  • Нуздах сум.
  • Шонздах, – савдо кардани шудам ман.
  • Мулло-ака, шонздахсуми биёред, худам мегирам, – гуфт фурушанда. Дар Самарканд ба шахсе, ки номашро надонанд, «Мулло-ака» гуфта, мурочиат мекунанд.
  • Агар биёрам чи? – мазох кардам ман.
  • Биёред, намеёбед, – чидди чавоб дод савдогар.
  • Чанд чуфт биёрам мегиред? – ва идома додам шухиро – биёрам аз гапатон нагардед?
  • Гапи мард якто, – даст дод фурушанда.

Мо бозорро чарх зада, ба хиёбон баромадем. Ногох дар канори рох як умдафурушро дидем, ки мизе гузошта буду аз хамон кафшхо мефурухт. Наздик шуда дидем, ки хамон кафш- хоро 15 суми мефурушад.

  • Чанд сум арзон мекунед? – ачабам омада пурсидам ман.
  • Чордахи гиред, – гуфт у. Ман ба интихоби кафш андармон шуда, кучо рафтани Абдулхакимро надида мондам. Баъд аз фурсате у пайдо шуда маро канор кашиду гуфт:
  • Ман рафта гапзанон кардам, дах чуфт мегирад, – тез-тез нафас кашиданаш аз давиданаш дарак медод.
  • Киро гапзанон карди? – сарфахм нарафтам ман.
  • Хамон фурушандаро, понздахуними, – чашмонаш барк мезаданд.

Ман ба умдафуруш руй овардам:

  • Бисёр гирам чанди медихед, мулло-ака?
  • Чордах чои шудаш, хамон хам барои Шумо! – чавоб дод у.
  • Агар арзон мекардед, дах чуфт мегирифтам, – оханги раф- тан кардам ман. Дар бозор агар нархро арзон кардан хохед, ба мол хеле рагбат нишон надихед.
  • Чанди мегиред? – маро рахо кардани набуд умдафуруш.
  • Сездахи, – ба сездахуним рози будам ман.
  • Майлаш, сездахуними гиред, – хости дили маро гуфт ум- дафуруш.

Мо дах чуфт кафшро сездахуними харида, хамон чо понз- дахуними фурухта, пули билети каторро дар як они вохид кор кардем.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …