Главная / Гуногун / САЛМОНИ  СОВАЧИ

САЛМОНИ  СОВАЧИ

Вай шоире фасех ва сухангузоре балиг аст. Дар салосати иборот ва диккати ишорот беназир афтодааст. Ва дар чавоби устодон касоид дорад ва баъзе аз асл хубтар ва баъзе фурутар ва баъзе баробар. Ва вайро маъонии хосса бисёр аст ва бисёр аз маонии устодонро, ба тахсис 136 Камол Исмоил, дар ашъори худ эрод карда ва чун он сурат хубтар ва услуб маргубтар вокеъ шуда, махалли таъну маломат нест.

К и т ъ а

Маънии нек бувад шохиди покизабадан,
Ки ба харчанд дар у чома дигаргун пушанд.
Кисвати ор бувад бозпасин хилъати у,
Гар на дар хубияш аз пештар афзун пушанд.
Хунар аст он, ки кухан хиркаи пашмин зи бараш
Бадар оранду дар у атласу аксун 137 пушанд.

Ва вайро ду китоби маснавист: яке «Чамшеду Хуршед» ва дар он чандон такаллуф138 кардааст, ки онро аз чошнии шоири берун бурдааст; ва дигаре «Фирокнома» ва он китобе бадеъ ва назме латиф аст. Ва газалиёти вай низ бисёр матбуъ ва маснуъ 139 аст. Аммо аз чошнии ишку мухаббат, ки максуд аз газал аст, холист, табъи арбоби завк бар он икбол наменамояд ва аз чумлаи мукаттаоти вай аст ин чанд байт:

Канори хирс, дило, пур кучо тавони кард
Ту аз тамаъ, ки се харфи миёнтихи140 афтод?
Азизи ман, дари дарвешию каноат зан,
Ки хори аз тамаъу иззат аз каноат зод.
Агар билагзад пойи тавонгари, сахл аст,
Саодати сари дарвешию каноат бод!

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …