Главная / Маданият ва санъат / ШАКЛХОИ ДИНХОИ ИБТИДОИ – АВВАЛИН ДАР ДУНЁ

ШАКЛХОИ ДИНХОИ ИБТИДОИ – АВВАЛИН ДАР ДУНЁ

Фетишизм калимаи португали буда, ба маънии тоату ибодат кардан ба мавчудоти гайризинда омадааст. Дар мавчудоти гайризинда мувофики акидаи фетишизм ягон хусусияти фавкулода махфуз аст. Аввалин бор калимаи фетиш дар асри XVIII аз тарафи бахрнаварди португали хангоми тасвири ашёи мавриди парастиши ахолии Гвинея истифода шудааст.

Фетишизм на танхо шакли махсуси дини ибтидои аст, балки унсурхои фетишисти /бутпарасти/ кариб дар хамаи динхои дигар хам хастанд. Он бештар дар сохти кабилави мавкеъ дошта, баробари парастиши ачдоду авлоду кабила хамчун бути шахси метавонад вучуд дошта бошад.

din-tarixash

Ду навъи бутро метавон фарк кард, бути модди ва маънави. Бути модди хар гуна модда: санг, асо, дарахт, узве аз бадани хайвонот ва гайра, бутхои маънави низ хамин гуна ашё буда, факат дар Тасаввури эътикодмандон дар онхо рухе чой гирифтааст ва рухи мазкури ашё нируи муъчизанок аст.

Тадкики фетишизм дар кабилахои Африкаи гарби нишон медихад, ки шаклхои

парастиши бутхо низ фарк мекунанд, аз ибодати фетишхо то эхтироми онхо, баъзан бутхо барои ичро накардани вазифаашон чазо дода мешаванд ва ба дигар бут иваз мегарданд.

Унсурхои бутпарасти махсусан дар динхои на чандон инкишофёфта, ибтидои ва бисёрхудои бештар мушохида мегардад. Баъзе зухуроти бутпарасти дар байни пайравони динхои яккахудои хам дучор мешаванд.

Масалан, парастиши иконахо дар масехият, субурганхо дар буддоия, санги мазорхо аз тарафи баъзе пайравони ислом ва гайра. Унсури фетишизм дар хаёти ичтимои ва муносибатхои истехсолию тичорати низ мушохида мешавад, масалан, муносибати хоси одамон ба металлхои киматбахо: нукра, тилло, парастиши пул ва гайра.

Давраи вахшоният. Одамони давраи ибтидои дар бошишгох, зану мардон. Нимбарахна ба корхои рузгор машгуланд. Дар атроф кудакон бози мекунанд.

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …