Главная / Чамъият / Рухсати чист (мехнати кори) ?

Рухсати чист (мехнати кори) ?

Рухсатии мехнати чист?

Рухсати ин давраи муваккатан аз давраи кори озод будан бо сабабхои муайян мебошад. Рухсатиро тибки Кодекси мехнат танзим карда мешавад ва моддахои мутаалик дар поён оварда шудааст.

Намудхои рухсати

1. Рухсати аз намудхои зерин иборат аст:
– рухсатихои мехнатии харсолаи пардохтшаванда;
– рухсатихои ичтимои;
– рухсатии бемузди мехнат;
– рухсатии муваккатии бемузд ё кисман музднок;
-дигар намуди рухсатихои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.
2. Рухсатихои мехнатии харсолаи пардохтшаванда аз инхо иборат мебошанд:
– рухсатии мехнатии асосии харсолаи камтарин;
– рухсатии мехнатии асосии харсолаи дарозкардашуда;
– рухсатии мехнатии иловагии харсола.
3. Рухсатихои ичтимои аз инхо иборат аст:
– рухсати барои хомиладори ва таваллуд;
– рухсати барои нигохубини кудак;
– рухсати барои тахсил;
– рухсатии эчоди.
4. Рухсатихо бо санади корфармо ба расмият дароварда мешаванд.

woman relaxing in an innertube at tropical paradise
woman relaxing in an innertube at tropical paradise

Моддаи 91. Хукук ба рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда ва рухсатии ичтимои

1. Кормандон хангоми мавчуд будани асосхои дар Кодекси мазкур пешбинишуда ба рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда ва рухсатии ичтимои хукук доранд.
2. Иваз кардани рухсатии мехнати ба чуброни пули мумкин нест, ба гайр аз холатхое, ки корманди аз кор озодшаванда рухсатиашро истифода набурда бошад.
Моддаи 92. Хукук ба рухсатии мехнатии асосии харсолаи камтарин ва рухсатии мехнатии асосии харсолаи дарозкардашуда
Кормандон хукук доранд, новобаста аз корфармо ва намуди шартномаи мехнатии бо онхо басташуда, шакли ташкилию хукукии ташкилот ва музди мехнат ба рухсатии мехнатии асосии харсолаи камтарин ё рухсатии мехнатии асосии харсолаи дарозкардашуда бароянд.
Моддаи 93. Давомнокии рухсатии мехнатии асосии харсолаи камтарин
1. Давомнокии рухсатии мехнатии асосии харсолаи камтарин 24 рузи таквимиро ташкил медихад.
2. Рухсатии асосии харсолаи камтарин барои хамаи кормандон ба таври хатми дода мешавад.
3. Корфармо хукук дорад, ки аз хисоби маблагхои худи мухлати давомнокии рухсатии мехнатии асосии харсолаи камтаринро бо тартиб ва шартхое, ки дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи пешбини шудаанд, аз 24 рузи таквими зиёд намояд.
4. Рузхои иди гайрикори, корношоямии муваккати, инчунин рухсати барои хомиладори ва таваллуд ба рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда дохил намегарданд.
5. Хангоми рост омадани рузхои иди гайрикори дар давраи рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда давомнокии рухсатии корманд ба шумораи рузхои иди гайрикори дароз карда мешавад.

Моддаи 94. Давомнокии рухсатии асосии харсолаи дарозкардашуда

1. Ба гуруххои алохидаи кормандон бо назардошти шароит ва хусусияти ухдадорихои мехнати, синну сол, собикаи кори, вазъи саломати ва дигар холатхо мумкин аст рухсатии асосии дарозкардашуда мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда шавад.
2. Рухсатии асосии харсолаи дарозкардашуда мукаррар карда мешавад:
– ба кормандони ташкилотхои илми – аз 28 то 56 рузи таквими;
– ба кормандони китобхонахои ташкилотхои илми, муассисахои таълими ва дигар китобхонахо – аз 28 то 56 рузи таквими;
– ба кормандон – омузгорони шуъбахои рузона ва гоибонаи муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, аз чумла доир ба тайёри, азнавтайёркуни ва такмили ихтисоси кадрхои муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби ва муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби – аз 28 то 56 рузи таквими;
– ба кормандони муассисахои таълимии тахсилоти умуми ва муассисахои таълимии томактаби – аз 28 то 56 рузи таквими;
– ба кормандони муассисахои сохаи фарханг ва хифзи ичтимои – аз 28 то 42 рузи таквими;
– ба хамширахои тибби, ки ба тарбияи кудакони то сесола машгуланд, мураббияхои гуруххои ширхораи муассисахои таълимии томактаби ва хонаи кудакон – 42 рузи таквими;
– ба кормандони доимии хочагии чангал – 28 рузи таквими;
– ба варзишгарон – на камтар аз 30 рузи таквими;
– ба рузноманигорон – на камтар аз 30 рузи таквими;
– ба кормандони синни то хаждах, аз чумла онхое, ки барои гузаронидани тачрибаи истехсоли (таълими истехсоли) кабул шудаанд – 30 рузи таквими;
– ба кормандони маъюби гуруххои I ва II- 42, гурухи III- 35 рузи таквими;
– ба кормандоне, ки дар сохаи кишоварзи кор мекунанд – на камтар аз 28 рузи таквими;
– ба дигар гуруххои кормандон тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон.
3. Номгуйи ташкилотхо, касб ва вазифахо, ки дар сархатхои аз якум то панчуми кисми 2 моддаи мазкур номбар шудаанд, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 95. Рухсатихои иловагии харсола

Корфармо ухдадор аст ба шахсони зерин рухсатихои иловагии харсола дихад:
– ба кормандоне, ки дар корхои шароити зарарнок ва вазнин кор мекунанд;
– ба кормандоне, ки корашон хусусияти махсус дорад;
– ба кормандоне, ки дар шароити номусоиди табиию иклими кор мекунанд;
– ба кормандони рузи кориашон ба меъёр гирифтанашуда;
– дар мавридхои дигаре, ки дар санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи пешбини шудаанд.

Моддаи 96. Рухсатии иловагии харсола барои кор дар шароитхои зарарнок ва вазнини мехнат

1. Рухсатии иловагии харсола барои кор дар шароитхои зарарнок ва вазнини мехнат бо давомнокии на камтар аз 7 рузи таквими ба кормандоне дода мешавад, ки дар корхои кухии зеризамини, дар конхои кушоди кухи, буриш ва карерхо, дар минтакахои аз чихати радиоактиви олуда, дар дигар корхои ба саломатии инсон зарарнок кор мекунанд, ки дорои омилхои номусоиди физикию кимиёви, биологи ва дигар омилхо мебошанд.
2. Номгуйи истехсолот, корхо, касбу вазифахое (мансабхое), ки кор дар онхо ба рухсатии иловагии харсола барои шароити мехнати ба саломати зарарнок ва вазнин хукук медихад, инчунин давомнокии рухсати, тартиб ва шароити додани онро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.
3. Рухсатии иловагии харсола танхо тибки яке аз асосхои дар номгуй пешбинигардида дода мешавад.
Моддаи 97. Рухсатии иловагии харсола барои хусусияти махсуси кор
1. Рухсатии иловагии харсола барои хусусияти махсуси кор бо давомнокии на камтар аз 3 рузи таквими ба гуруххои алохидаи кормандон, ки мехнати онхо ба шиддати зиёди асаб ва эхсосот вобаста мебошад ё дорои хусусияти махсуси ичрои кор аст, дода мешавад.
2. Номгуйи касбу вазифаи (мансаби) кормандонро, ки барояшон рухсатии иловаги барои хусусияти махсуси кор дода мешавад, инчунин давомнокии мушаххас ва шарту шароити додани чунин рухсатиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.
Моддаи 98. Рухсатии иловагии харсола барои кор дар шароитхои махсуси табиию иклими
1. Рухсатии иловагии харсола барои кор дар шароитхои махсуси табиию иклими бо давомнокии на камтар аз 8 рузи таквими дода мешавад.
2. Давомнокии мушаххаси рухсатии иловагии харсола ва шарти додани онро санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи муайян мекунанд.

Моддаи 99. Рухсатии иловагии бо рузи кори ба меъёр гирифтанашуда

1. Ба кормандони рузи кориашон ба меъёр гирифтанашуда барои зиёда аз давомнокии вакти кории муътадили мукарраргардида ичро намудани кор рухсатии иловаги на камтар аз 10 рузи таквими дода мешавад.
2. Давомнокии мушаххаси чунин рухсати барои кормандони ташкилотхои аз хисоби бучети давлати маблаггузоришаванда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ва барои кормандони дигар ташкилотхо дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи ва дар сурати мавчуд набудани онхо тибки созиши тарафхои шартномаи мехнати мукаррар карда мешавад.
3. Номгуйи кормандони рузи кориашон ба меъёр гирифтанашудаи ташкилотхои давлати аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ва кормандони дигар ташкилотхо бо шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи ё дигар санади меъёрии дохилии (локалии) ташкилот мукаррар карда мешавад.
Моддаи 100. Рухсатии иловаги барои собикаи кории давомнок
1. Ба кормандоне, ки дар як соха ё дар як ташкилот муддати дароз кор карда, дорои собикаи кории давомнок мебошанд, рухсатии иловагии давомнокиаш то 10 рузи таквими дода мешавад.
2. Номгуйи сохахо, истехсолот, кор, касб ва вазифахо (мансабхо), шароити пешниход ва давомнокии рухсатиро барои собикаи кории давомнок Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.

Моддаи 101. Бахисобгирии давомнокии рухсатихои мехнатии харсола

1. Давомнокии рухсатихои мехнатии харсола бо рузхои таквими, сарфи назар аз низом ва чадвали кори ба хисоб гирифта мешавад.
2. Рузхои иди гайрикори, ки ба давраи рухсати рост меоянд, мувофики моддаи 89 Кодекси мазкур хангоми муайян намудани давомнокии рухсати ба хисоб гирифта намешаванд.
3. Хангоми бахисобгирии давомнокии умумии рухсатии мехнатии харсола рухсатии иловаги, ки мухлати онро Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад, ба рухсатии асосии харсола (аз чумла дарозкардашуда) зам карда мешавад.
4. Хангоми бахисобгирии давомнокии рухсатихои мехнатии харсола мутаносибан ба вакти кори анчомдодашуда давомнокии онхо бо рохи таксими андозаи хар як рухсати ба 12 ва зарбзании он ба шумораи моххои пурраи кори муайян карда мешавад.
5. Зимнан вакти изофа, ки ба 15 рузи таквими баробар ва бештар аз он бошад, яклухт бо як мох баробар хисоб карда шуда, вале камтар аз 15 руз ба инобат гирифта намешавад.

Моддаи 102. Бахисобгирии собикаи кор, ки барои рухсатии мехнатии харсола хукук медихад

1. Ба собикаи кор, ки барои рухсатии мехнатии харсола хукук медихад, инхо дохил мешаванд:
– вакти кори вокеи дар давоми соли кори;
– вакте, ки корманд вокеан кор накардааст, вале чойи кораш (мансабаш) барои у нигох дошта шудааст;
– вакти ноилоч хозир нашудан ба кор хангоми гайриконуни аз кор озод гардидан ё ба дигар кор гузаронидан бо аз нав баркарор намудан ба кори пештара;
– дигар вактхое, ки шартномахои сохави (тарифи), коллективи ва дигар санадхои меъёрии дохилии (локалии) ташкилот, шартхои шартномаи мехнати пешбини намудаанд.
2. Агар дар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, ба собикаи кор, ки барои рухсатии мехнатии харсола хукук медихад, инхо дохил карда намешаванд:
– вакти бе сабабхои узрнок дар кор хозир набудани корманд;
– вакти рухсатихои барои нигохубини кудак то ба синни муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон расидани у;
– вакти рухсатихои бемузд, ки бо хохиши корманд бо давомнокии беш аз 15 рузи таквими дода шудааст.
3. Санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон метавонанд коидахои махсуси бахисобгирии собикаи кориро, ки барои гирифтани рухсатихои мехнатии иловаги хукук медиханд, пешбини намоянд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …