Главная / Гуногун / Рудаки – ОВОНИ ЧАВОНИ

Рудаки – ОВОНИ ЧАВОНИ

Бинобар маълумоти Мухаммади Авфи, Рудаки дар 8-солаги Куръонро хифз намуда, кироат омухта буд ва аз хамон син ба гуфтани шеър пардохта, «маъонии дакик мегуфт, чунон ки халк бар он икбол намуду рагбати у зиёд шуду уро Офаридгори таъоло овозе хушу савте  дилкаш дода буду ба сабаби овоз дар мутриби афтода буд».85 Албатта, шеърхои суханвари фитри ва Худодод  аз ибтидо пурмухтаво, баландмазмун, амикмаъни, суфтаву пухта будаанд, ки ба ин сабаб аз тарафи мардум пазируфта мешудаанд. Абдулгани Мирзоев менависад: «Ашъори дар он вакт сурудаи шоъир набояд аз шеърхои оддии давраи бачагии шоъир бошанд.  Ифодаи «маъонии дакик мегуфта» ва дар айни хол «кабули ом гардидани» ашъори Рудаки чунин нишон медихад,  ки вай хануз дар давраи чавони санъати шеърро ба дарачаи хеле баланд аз худ карда будааст».86

Дар ин маврид бештар ашъори ошикона, панду андарзхо ва байтхои нишотовари у шухрат доштаанд, зеро тазкирахо бештар хамин гуна ашъори уро дарч менамоянд. Абдурахмони Чоми дар «Бахористон» ду китъаи Устод Рудакиро ба тарзи зайл меорад: «Ва аз суханони вай аст дар сифати шароб, китъа:

Он акикин майе, ки хар ки бидид,

Аз акики гудохта нашнохт.

Хар ду як чавхаранд, лек ба табъ

Ин бияфсурду он дигар бигдохт!

Нобисуда ду даст рангин кард,

Ночашида ба торак- андар тохт!

Ва дар насихат гуяд, китъа:

Замона панде озодвор дод маро,

Замонаро чу наку бингари, хама панд аст!

Ба рузи неки касон, гуфт, гам махур зинхор,

Басо касо, ки ба рузи ту орзуманд аст!»

Дар вокеъ, Устод Рудаки аз хурдсоли, дар баробари акли расо, зехни гиро ва хотираи тавоно, бо овози хушу савти дилкаш атрофиёнро

мафтун мекард. Бад-ин сабаб, у дар мутриби афтода, ин хунарро даставвал аз созандагону навозандагони халк омухт. Дере нагузашта ин чавони дехотии ташнаи дониш рохи Самаркандро пеш гирифт. Дар мадрасахои Самарканд илмхои роичи замонаро омухт. Аз осори бокимондаи у маълум мегардад, ки бар  замми забони араби, дар мадраса   ё   пеши   устодони    хусуси   фалсафа,  хикмат,   таърих,    фикх, конуншиноси, риёзиёт ва нучумро хам ба дарачаи аъло омухта будааст. Махз дар Самарканд истеъдоди мусикии Рудаки таваччухи устоди хунари мазкур Абубакри Бахтиёрро чалб менамояд. У чанд сол тахти тарбияти ин устоди номи навохтани уду руд, барбату чанг ва танбуру найро машк карда, дар ин хунар мохир мешавад. Худи Рудаки такрор ба такрор аз мусикидонияш ифтихор карда мегуяд:

Рудаки чанг баргирифту навохт,

Бода андоз, к-у суруд андохт!

Баъзе мухаккикин дар асоси хамин гуна далелхои мусикинавози мохир будани Рудаки акида меронанд, ки гуё тахаллуси шоъир аз номи асбоби мусикии руд гирифта шуда бошад, ки харгиз дуруст нест. Ин андеша аз навиштаи Давлатшохи Самарканди сар мешавад, ки дар мавриди зикри Рудаки зимнан ишора мекунад: «Вачхи тахаллуси Рудаки, гуянд, бад-он чихат аст, ки Рудакиро дар илми мусики махорате азим будаву барбатро (руди точикиро ба араби барбат мегуянд-А.А.) неку навохти ва баъзе мегуянд, ки Рудак мавзеъест аз атрофи Бухоро ва Рудаки аз он чост».87

Аз ин порча маълум мегардад, ки Давлатшохи Самарканди тахаллуси Рудакиро, мувофики ривоятхо, аз номи таваллудгохи у ва ё асбоби мусики медонад, ки Рудаки дар навохтани он устод  буд.  Рудакро тобеъи Бухоро донистани Давлатшох аз сабаби пойтахти империяи Сомониён будани ин шахр ва дар   ду канори   як водии бепоён вокеъ гардидани Рудаку Бухоро чойиз аст.

Зикри нуктаи дигаре хам зарур аст, ки муаллифони «Китоб-ул-ансоб», «Лубоб-ул-албоб» ва баъзе осори дигари таърихи,    чугрофи,  адаби    ва  лугатномахои    пеш  аз Давлатшох Рудакро нохияе аз навохии Самарканд ба калам додаанд. Вале дар бораи фикри дувум, ки майли Давлатшох, гуё, бештар бар он аст, хочати бахс нест. Саъид Нафиси дуруст менависад, ки «аммо чихати дувум сусту нодуруст менамояд. Чи агар руднавоз будааст, мебойист уро  «Руди» бихонанд, на «Рудаки»,  зеро ки  аз  «руд» шакли  кутохшуда чун  «Рудак» харгиз дар забони мо    маъмул  набудаву дар хеч як аз фархангхо сабт нагардидааст. Руди хам ба киёси забони форси дуруст нест, зеро зананда ва навозандаи рудро бояд ба забони форси, он хам дар карни чахорум   (яъне, асри X—А.А.), ки риъояти фасохату мабодии  забонро  мекардаанд,  «рудсоз»  ё «руднавоз» ва ё «рудзан» гуфт, на «Руди» ё «Рудаки»! Аммо ин ки баъзе аз мусташрикин    тахаллуси уро Рудаги,  бо «коф»-и форси  навиштаанд, хатое махз  аст».88

Озари Бегдили низ мегуяд: «Дар илми мусики низ мохир будаву барбат неку менавохта, лихозо тахаллус ба «Рудаки» карор дода».89 Вале хамин кадараш мусаллам аст, ки тахаллуси Рудаки аз номи зодгохи азизи у гирифта шудааст.  Гайр  аз  ин,  зодгохи  Рудаки  бо  хамон  ном  то хол дар дараи Киштуди чамоъати Рудакии нохияи Панчакент мавчуд аст. Маълумоти мутахассисони бокимонда ин даъворо тасдик менамоянд, ки дар фавк онхоро овардем.

Азбаски нохияи Рудак то соли 1929 ба вилояти Самарканд дохил мешуд, онро Авфи («муваллиди у Рудаки Самарканд буд») ва дигарон Рудаки Самарканд ва Устоди панчрудиро бархак Самарканди гуфтаанд. Дар асри XIV Рудакро аз тавобеъи Насаф донистани Нишотии Нишопури иштибохе беш нест. Вактхои охир баъзе «донишмандон» аз мавзеъи Рудаки чамоъати Шинги нохияи Панчакент будани Устоди панчрудиро тахмин мекунанд, ки гумоне ботил аст, зеро Рудаки Шинг дар дараи нихоят баландкухи душворгузар чой гирифта, дар хеч сурат кутби (маркази!) нохияе, яъне чамоъате, будаву шуда наметавонад, ки мусовии чамоъатхои имрузаи Вору, Рудаки ва Гусар буда, дар пушти куххои он дара чой гирифта бошад. Маълумоти Самъони тамоман собит менамояд, ки Рудак на деха, балки номи нохия, яъне чамоъат ва маркази он каря— дехаи Панч (Банч) буда, аз хамин сабаб он Панчрудак (Банчрудак) номида мешудааст. Вокеъан, кухансолони диёр ин дехаро, ки бидуни шакку шубха, зодгох ва оромгохи Устод Рудакист, Панчруд(ак) мегуянду медонанд, ки каси вокиф онро зери шубха гузошта наметавонад.

Нохияи Рудаки асри X дар маркази худ калъаи мирнишин, чанд мактабу мадраса дошт. Ба шарофати наздикии Самарканд, дар ин чо фаровон будани хунарвару донишмандон мусаллам аст. Падари Рудаки, ки аз табаъаи боимтиёз ва шахсони обруманди нохия буд, ба тарбияти фарзанди заковатмандаш ахамият медод. Аз ин ру, Чаъфар хануз дар зодгохаш тавонист сохиби маълумоти муайяне бигардад. Дар овони чавони давлатманд ва осуда буданашро худи Рудаки чунин гушзад мекунад:

Рахи савору чавону тавонгар аз рахи дур

Ба хидмат омад некусиголу некандеш.

 «Рахи», ки маънии хидматгорро дорад, дар байти боло ба маънии «камина»-и имрузаи точикон кор фармуда шудааст.

Албатта, дар ин айём чушу хуруши фаъолияти адабиву мутрибии Устод Рудаки давом мекард. Яъне, у чун дехкони олимартаба ба дарбори Насри I беалока набуда, дар базму нишастхо ва айшу нуши чавонон, дар махфили ахли завк, мунавварфикрон ва талошхои озодихохона ширкат меварзид. Хак ба чониби Холик Мирзозода аст, ки хануз соли 1958 навишта буд: «Рудаки бояд дар Самарканд, ки шахри марказии водии Зарафшон ва маркази дувуми илми, иктисоди, сиёси ва фархангии асри Х буд, таълиму тарбият гирифта бошад ва, ачаб нест, ки мисли Дакики, ки аввал дар дарбори амирони Чагониён буду баъд ба доираи адабии Бухоро рафт, Рудаки низ аввал дар доираи адабии Самарканд ширкат чуста, баъд ба доираи адабии Бухоро даъват шуда бошад, зеро то ба даст овардани донишхои баланди замонаш, то чамъ кардани тачрибаи хидмати расмии доирахои адабии он давра, то мансубият пайдо кардан ба табакаи ахли илму адаб, ки одатан аз намояндагони синфи хоким буданд, хеч мумкин набуд, ки Рудаки ба дарбори Бухоро кашида шавад. Аз дарачаи шоъиру хофизи дехоти ва ё шахри якбора ба дарачаи шоъири доираи адабии пойтахти Сомониён ва Маликушшуарои он расидан мумкин набуд. Рудаки аввал бояд дар мадорис, дар тарбияи ашхоси чудогона, дар доирахои адаби, дар шахрхои маркази ва мадани илму дониши баланд ва малакаи маданиву адаби хосил карда, баъд ба Бухоро даъват шуда бошад. Хулласи калом, вакте Рудакиро ба Бухоро даъват карданд (солхои 900-902 —А.А.), у шоъиру донишманди бавоярасидаги буд ва забони арабиро хуб медонист».90

Бархак, Устод на ба хотири пешбурди корхои эчоди ва касби ризку рузи, балки бо нияти хидмат ба миллату механ, некусиголу дурандеш ба Бухоро рафта, харакати ватанхохонаву истиклолчуёнаи рушанфикронро сарпарасти намуд. Албатта, ин хама дар замони Исмоили Сомони сурат бояд гирифта бошад, ки бар ин нукта Саъид Нафиси ва Абдулгани Мирзоев ишора мекунанд. Вале А.Тохирчонов изхор менамояд: «Рудаки, дар вокеъ, аз тарафи Наср ибни Ахмади Сомони, яъне на набераи Исмоили Сомони, Насри II, балки бародари у Насри I ибни Ахмади Сомони ба дарбор чалб карда шуда буд»,91 ки ахли китоб ин ду Насрро як шахс пиндоштаанд. Дар асл он замоне буд, ки Рудакиро водошт, то бо ифтихор дар касидаи «Шикоят аз пири» дар хусусаш бигуяд, ки «руяш ба сони дебо» ва «муяш ба сони катрон буд»:

Шуд он замона, ки руяш ба сони дебо буд.

Шуд он замона, ки муяш ба сони катрон буд.

Хамчунин, дар касидаи мазкур Устод Рудаки ба хотир меорад, ки дар хамон даврон чавони зебое буд, ки барои канизакони зебои турку духтарони анорпистонро роми худ кардан он кадар зару сим ба харч медод, ки хадду хисоб надошт. Ин рафтораш гохо пинхони мегузашт,чунон ки худ мефармояд:

Хамехариду хамедод бешумор дирам

Ба шахр хар ки яке турки норпистон буд.

Басо канизаки неку, ки майл дошт бад-у,

Ба шаб зи ёрии у назди чумла пинхон буд.

Ба руз чунки наёраст шуд ба дидани у,

Нихеби хочаи у буду бими зиндон буд.

Махз бо зан  ишк варзидани Рудаки аён аст. Рубоъии зайл низ ба хамин мазмун далолат мекунад:

Чун кори дилам зи зулфи у монд гирах,

Бар хар раги чон сад орзу монд гирах.

Уммед зи гиря буд, афсус-афсус,

К-он хам шаби васл дар гулу монд гирах!

Хангоми пирии худ хам Рудаки мегуяд:

Як су кашамаш чодар, як су нихамаш муза,

Ин мурда агар хезад, варна ману чалгуза!

Хамаи ин бар он гувох аст, ки Рудаки аглаби умри худро дар нишоту шодмони гузаронида, аз гаму бадбахти эмин будааст, чунон ки мегуяд:

Шуд он замона, ки у шод буду хуррам буд,

Нишоти у  ба фузун буду гам ба нуксон буд.

Таърихи мавлуди шоъир аник маълум нест. Дар манобеъи хаттии кадими зикр намегардад. Аммо олимони муъосир таърихи таваллуди Рудакиро аз соли 241/855 то соли 244/858 гуфтаанд. Мо соли 244/858-ро кабул карда, аз руйи хамон сол чашни 1100-умин солгарди зодрузи шоъирро чашн гирифта будем. Дар натича, акнун хамин сол ба хайси соли таваллуди Рудаки кабул шудааст, харчанд касе онро ба исбот нарасонида бошад хам.

Соли вафоти Устод Рудакиро Самъони 329/941 кайд кардааст, ки аглаби пажухишгарон онро пазируфтаанд, харчанд санахои 306/916, 330/942, 339/951, 343/955, хатто 407/1016 низ дар манобеъи хатти вучуд доранд. Бинобар хамин, алхол солхои 244— 329 хичрии камари, ки ба солхои 858—941 мелоди мусовистанд, чун замони зиндагии Рудаки кабул шудаанд.

Марги шоъир барои фархангу адаб, хунар ва таърихи халки точик талафоти бузурге буд. Шоъире мефармояд:

Рудаки рафту монд хикмати уй,

Май бирезад, нарезад аз вай буй!

Шоъират ку, кунун ки шоъир рафт?!

Набувад низ човидон чун уй!

Хун гашт оби чашм аз гами вай,

3-андухаш мум гашт охану руй!

Нолаи ман нигар, шигифт мадор

Шав, бишав зор-зору нол бар уй!

Чанд чуйи, чун наёби боз

Аз чун у , аз замона даст бишуй!

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …