Главная / Чамъият / Розигии падару модар барои фарзандхондии кудак

Розигии падару модар барои фарзандхондии кудак

Моддаи 129-и Кодекси оила. Розигии падару модар барои  фарзандхондии кудак 

  1. Барои фарзандхондии кудак розигии падару модари кудак зарур аст. Дар сурати фарзандхондии кудаки падару модари ноболиги ба синни шонздахсолаги нарасида инчунин розигии падару модар, васиён ва парасторони онхо ва дар сурати набудани падару модар ё васиён (парасторон) розигии  макоми васояту парастори  зарур аст.

Розигии падару модар барои фарзандхондии кудаконашон бояд дар аризаи тасдикнамудаи идораи наториалии давлатй ё маъмурияти муассисае, ки кудаки бе парастории падару модар монда  дар он карор дорад, макоми васояту парастории махалли фарзандхонди сурат мегирад ё махалли истикомати падару модар ифода ёбад ё бевосита дар суд хангоми фарзандхонди баён  карда шавад.

  1. Падару модар хукук доранд розигии додаи худро дар бораи ба фарзандхонди додани кудакашон то баровардани халномаи суд оид ба фарзандхони бозпас талаб кунанд.
  2. Падару модар метавонанд барои фарзандхондии кудак ба шахси мушаххас ё бе зикр кардани шахси мушаххас розиги диханд. Макомоти васояту парастори дар мавриди мутобикати фарзандхонди ба манфиати кудак хулосаи худро ба суд пешниход менамоянд. Дар сурати аз чониби падарандари (модарандари) кудак ба фарзандхонди  кабул кардани у чунин хулоса талаб карда намешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …