Главная / Маданият ва санъат / Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Мангития» 

Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Мангития» 

Дигар аз асархои Ахмади Дониш, ки дар он афкори сиёсиву ичтимои ва маорифпарварии у хеле дакику амик баён шудааст, «Рисолаи таърихи»-и мутафаккир мебошад. Рисолаи мазкур кисмати аввали асарест, ки Ахмади Дониш онро тамом карда натавонистааст. Азбаски асар нотамом мондааст, мухаккикон вобаста ба мазмуну мундаричаи он ба ин асар унвонхои «Таърихча», «Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони мангития», «Тарчумаи холи амирони сангития» мондаанд. Маълум аст, ки рисола дар овони пиронсолии олим таълиф шудааст, зеро танхо наздиктарин эчодкорон аз таълифи он хабарор шудаанд. Ин асар такрибан пас аз дах соли таълифи «Наводир-ул- вакоеъ» эчод шудааст. Аз ин ру, Ахмади Дониш тули дах сол тавонистааст сохтори сиёсии Бухоро, амиру аморат, сиёсатмадорону усули кишвардории онхоро боз хам чукуртар омузад.

mangiti

Ахмади Дониш дар «Наводир-ул-вакоеъ» оид ба аморати Бухоро ва тартиботи сиёсиву ичтимоии он ва иктисодиёти кишвар, бо ислохот ва бартараф намудани як катор нуксонхо бехбудии онро чашмдор буд. У дар давоми дах соли омузиши минбаъда хеле фикру акидаи худро оид ба ин масъала тагйир дод. Ана хамин чанбаъ рисолаи «Таърихча»-ро руи хасти овард.

Сохту таркиби асар

Аслан Ахмади Дониш рисолаи «Таърихча»-ро ба фаслу бобхо чудо накардааст. Ин рисола такрибан аз нигохи сохтор чунин аст: мукаддима, кисмати асосии асар, ки дар навбати худ аз ду бахш иборат мебошад. Баъд аз ин хотимаи рисола пеш меояд, ки муаллиф андешахои худро натичагири мекунад.

Мазмуни мухтасари рисола

Дар кисмати мукаддимавии рисолаи «Таърихча» андешахои Ахмади Дониш хамчун олими ситорашинос ва хам донандаи фалсафаи инкишоф баромад мекунад.

Мукаддимаи рисола ва бобхои минбаъдаву хулоса хам унвонгузории махсус нашудаанд.

Мутафаккир Ахмади Дониш дар кисмати мукаддимаи рисола таъкид менамояд, ки: «Сабаби ободии чахон хаёт, об ва адл бувад ва боиси харобии маргу беоби ва зулм бошад, ки воситаи он аз олами улви шаш кавкабанд. Вучудиёт аз натоичи табъи Офтоб ва Зухраву Муштари ва адамиёт аз таъсироти Миррих ва Зухалу Камар ва Аторуд муовини хар кадом аст».

Ба назари Ахмади Дониш, дунё ва чамъияти инсони пайваста дар чараёну рушд ва таназзулу харобишави карор дорад. У ин фалсафаи инкишофро дар заминаи сайри сайёрахо казоват менамояд.

У чунин мешуморад, ки агар 4 ва ё 100 сол давраи рушд бошад, хатман боз таназзул пеш меояд. Барои рахои аз ин дар хар як давраи муайян аз шохон ё аз донишмандон як ё якчанд гурух ба миён меоянд, ки онхоро мучаддиди (навкунандаи) алф (хазор) ё миа (сад) мегуянд. Темур Хусайн Бойкароро, Абдуллоххон ва Субхонкулихонро нишон медихад. Махсусан, Ахмади Дониш нисбат ба амир Шохмуроди мангити назари мусбат дорад. Зеро баробари сари кудрат омадани ин амир дар Бухоро навкарди сохахо огоз шудааст. Ахмади Дониш ба Шохмурод бахои баланд медихад.

Дар рисола нахуст вокеаи сиёси тасвири хукумати Дониёл ва фаъолияти сиёсии уст, ки «Харобии назми аморат дар замони амир Дониёл ва тарзи салтанати амир Шохмурод» унвонгузори шудааст. Назари Ахмади Дониш ба ин амир ва усули мамлакатдории у манфи мебошад. Ахмади Дониш амир Шохмуродро нуктаи баланд дониста, таназзулро аз ахди амир Музаффар мехисобад. Муаллиф менависад: «Аз чумлаи тадбирхое, ки амир Музаффар дар назми хукумат ниход, барои чалби дилхо ва чамъияти халк яке он буд, ки хамаи нукуд, дираму динорро ба нияти газо ва аскардори аз миёни халк бардошт ва дар хазина ниход, то агар касеро ба дираму динор эхтиёч афтад, бояд, ки сари иродат ба давлатхона нихад ва хидмати амир кунад ва зар бибарад. Дигар аксар заминхои фукароро барои чахорбоги султони баргузида бихарад ва хар чо, ки боге медиханд, барои подшох мехариданд, то агар касеро иштихои ангуру анчир, сар дар ин дарбор нихад»…» Инчунин боз мегуянд:

«-Назми дигаре, ки амир Музаффар дар боби вилоятдори ниход, ракси бачагон ва кавлу газали масхарабозон ва дорбозии эшон буд, ки дар тамоми солу фасул ин шева дар хамаи каламрав чори буд ва шабу руз овози нойу духул аз хама чо баланд буд, то халк гумон кунад, ки хама чо орамидааст.»

Назари Ахмади Дониш ба амир Абдулахад низ хеле бад аст. Ин амир ягон бехбуди барои кишвар накард,-« мегуяд муаллиф.

Дар хотимаи рисола бошад, Ахмади Дониш оид ба заволёбии аморати Бухоро сухан ронда -«Осмон бар сари инхо фуруд ояд!» – мегуяд. Ин аз як тараф, аз руи муоинаи ситорахо бошад, аз тарафи дигар, Дониш хобхои дидаи дустонашро низ чунин таъбир мекунад, ки натичаи аз осмон рехтани ситорахо, танхо монанди шер, пора – пора гардидани у аз аз дасти даррандагони дигар ва гайри ба ин гувох мебошад.

Бояд гуфт, ки асари Ахмади Бониш, хамчунон ки аз унвони он пайдост, яъне «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони мангиятия» таърихи-адаби буда, дар афкори адабии точик макоми арзанда дорад. Аз сабаби он ки таърихи асри муаллиф аст, чанбаи бисёр кавии публитсисти низ гирифтааст. Вале он на публитсистика, балки асари таърихист, ки аз чониби адиби нависанда ва шоир руи кор омадааст. Дар рисолаи мазкур Ахмади Дониш давлатдорони кишварашро бо усули пешгирифтаи давлатдориашон тасвир менамояд. Мушохидахои худро ошкору пинхони баён мекунад. Таваччух танхо ба амир Шохмурод дорад. Амирони дигари мангитро хеле сахт накухиш мекунад.

Дар мукобили амир Шохмурод хамон амирони дигари ин сулола меистанд. Масалан, амир Музаффар ва сари кудрат омадани уро сабаби бадбахти барои чомеъа медонад. Зеро у дар фикри бехдошти кори мардум нест. У кудратро воситаи бехтарини хушгузаронии умр мехисобад. Аз ин ру, холати кишварро басо табох намуда, халку мамлакатро ба вартаи халокат расонида буд. Аз чумла, системаи тамоман вайрон ва бенизоми идораи давлат ва хокимияти амир, ахлоки разилаи аъёну ашроф ва дигар табакаи хукмрон, бехиради ва бетадбири, кутохназари ва беандешагии нахуствазири Бухоро, ахлоки паст ва хислатхои манфии худи амир кишварро ба гирдоби халокатбор андохта буд.

Умуман, хизмати таърихии Ахмади Дониш дар он аст, ки у мероси адаби-илми ва таърихии миллиро басо амику дакик омухта, хамчун таълимдихандаи мадраса ва фарди аз таърихи ислом огох ру ба эчод овардааст. Хусусан, таъсири «Бадоеъ-ул-вакоеъ» аз осори мансури бадеи дар эчодиёти Ахмади Дониш хеле фаровон хис карда мешавад.

Аз тарафи дигар, се сафари у ба Россия – ба олами Гарб, шиносоии мутафаккир ба симохои сиёси, харби, илми, фарханги, адаби, инкилоби ва дигарон рохи зехнии уро ба тафаккури нав мухокимарониву натичагирии дигар равшан намуд. Ин аст, ки тозакорихои мутафаккир низ дар хамин замина зухур кардааст. Хамин инкилоби фикри, чунбиши зехни, гановати аклони уро водор намудааст, ки тархафкани чараёни нави мафкурави дар таърихи адабиёту фарханг эътироф гардад.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …