Главная / Гуногун / Реализми сотсиалисти

Реализми сотсиалисти

Ин чараён ба харакати коргари ва пайдоиши иделогияи сотсиалисти алокаманд аст. Он асосан аз Коммунаи Париж огоз ёфтааст. Шоири коммунар Эжен Потъе, ки шахсан дар баррикадахо бар зидди версалчиён мечангид, шеъри машхури худ “Интернасионал”-ро навишт, ки он баъдтар суруди коммунистон гардид. Дар катори Э. Потъе шоирони дигари Коммунаи Париж – Жан-Батиста, Луиза Мишел ва дигарон дар бораи максаду мароми синфи коргар ва муборизаи он бар зидди буржуазия ва замони кухна асархо эчод кардаанд.

102668_soc_8

Дар солхои 80-ум нависандаи коммунархо Жюл Валлес асари сегонаи “Жак-Ветра’’-ро офарид, ки дар бораи хаёти вазнини кахрамони худ – аз бачагиаш cap карда то чонбозихои у дар сангархо накл мекунад.

Дар охирхои асри XIX – аввали асри XX шоирону нависандагони дигари адабиёти реализми сотсиалисти ба воя расиданд ва на танхо дар Фаронса.

Нависандаи маъруфи реализми сотсиалистии рус А. М. Горкий буд. Мо гояхои ин равияи реализмро дар “Таронаи мурги туфон”, “Таронаи мурги лочин”, романи “Модар” ва асархои дигари у баръало мебинем. А. М. Горкий ифодагари манфиатхои синфи коргар ва дехкон буд. У бовари дошт, ки синфи коргар бар баржуазия галаба мекунад.

Адабиёти реализми сотсиалисти дар мамлакатхои дигар хам пайдо мешавад. Баъдтар он дар ИЧШС ва мамлакатхои дигари сотсиалисти ба зинаи баланди тараккиёти худ расида, кисми таркибии идеологияи марксистиро ташкил намуд. Ин адабиёт хусусияти синфи дошт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …