Главная / Чамъият / Раками мушаххаси андозсупоранда

Раками мушаххаси андозсупоранда

Моддаи 26-и Кодекси Андоз. Раками мушаххаси андозсупоранда

  1. Хангоми бахисобгири дар макомоти андоз ба сифати андозсупоранда, ба хар як андозсупоранда – шахси вокеи ва (ё) хукуки, филиал ва (ё) намояндагии шахси хукукии хоричи раками мушаххаси андозсупоранда ба тарики ройгон дода мешавад.
  2. Раками мушаххаси ба андозсупоранда додашуда дар хеч холат, ба истиснои холатхои дар Кодекси мазкур пешбинигардида, тагйир дода намешавад ва наметавонад ба андозсупорандаи дигар (хама гуна шахси дигари вокеи ё хукуки), хатто хангоми бархамхурии хамин андозсупоранда – шахси хукуки (вохиди алохидаи он), катъ гардидани фаъолияти филиали (намояндагии) шахси хукукии хоричи ё вафоти андозсупоранда – шахси вокеи дода шавад.
  3. Раками мушаххаси андозсупоранда метавонад дар асоси карори Хукумати Чумхурии Точикистон дар холати пурра аз нав бахисобгирии тамоми андозсупорандагон ё гурухи муайяни онхо ё ин ки аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сурати рох додани иштибох хангоми додани раками мушаххаси андозсупоранда (нодуруст додани раками мушаххаси андозсупоранда, додани хамон як раками мушаххаси андозсупоранда ба андозсупорандагони гуногун ё додани зиёда аз як раками мушаххаси андозсупоранда ба хамон як андозсупоранда) тагйир дода шавад.
  4. Макомоти дахлдори андоз ба шахсони вокеи, шахсони хукуки, филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи шаходатномадар бораи додани раками мушаххаси андозсупоранда медихад. Дар холати мавчуд будани вохидхои алохидаи шахси хукуки, дигар объектхои андозбанди ва (ё) объектхои ба андозбанди алокаманд мувофики тартиб ва шакли тасдикнамудаи макоми ваколатдори давлати ба шахсони зикргардида, инчунин рамзхои сабабхои гирифтан бахисоб гузоштан мукаррар карда мешаванд. Ин гуна рамзхои сабабхои ба хисоб гузоштан, инчунин ба муассисаи доимии гайрирезиденте, ки фаъолияти худро дар Чумхурии Точикистон бе филиал (намояндаги) ё агентхои ваколатдорнамудаи худ анчом медихад, мукаррар карда мешаванд.
  5. Ба шахсоне, ки мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди» аз кайди давлати гузаштаанд, шаходатнома дар бораи додани раками мушаххаси андозсупоранда хамзамон бо хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлати дода мешавад.Ба шахсони вокеии ба синни 16-солаги расида, инчунин дигар шахсони хукукие, ки дар хаминкисмпешбини нашудаанд, Шаходатнома дар бораи додани раками мушаххаси андозсупоранда дар асоси аризахо ба макомоти дахлдори андоздар мухлатхои мукарарнамудаи Кодекси мазкур дода мешавад.
  6. Макомоти давлати ва дигар шахсоне, ки ваколатдоранд бо шахсони вокеи ва хукуки (нисбат ва ба манфиати чунин шахсон) амалхои (амалиёт, ахдхои) зеринро, аз чумла тавассути мубодилаи электронии хуччатхо анчом медиханд, ухдадоранд аз ин шахсон талаб кунанд, ки ба онхо дода шудани раками мушаххаси андозсупорандаро тасдик намоянд:

-амалхои нотариали, аз чумла амалиёт бо молу мулки гайриманкул ва воситахои наклиёт, ки барои онхо ситонидани бочи давлати пешбини шудааст;

-додани ичозатномахо, ичозатхо васертификатхо барои хукуки истифодаи китъахои замин;

-ба кор кабул намудан дар макомоти хокимияти давлати, дар корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо;

-барасмиятдарории амалиёти иктисодии хоричи;

-маблаггузарони берун аз худуд ва дар худуди Чумхурии Точикистон;

-насия додани молхо (бо пардохти арзиши онхо аз руи мухлатхо), додани карз аз чониби ташкилотхои карзи, ба истиснои амалиёти воридот ва харочот аз руи хисобхои пасандозии шахсони вокеи.

  1. Андозсупорандагонвазифадоранд раками мушаххаси худро дар хисоботи андози, мукотибот бо макомоти андоз, гумрук ё молия, дар муносибатхои мутакобила бо дигар макоми ваколатдор, дар эъломияхои гумруки, хуччатхои пардохти, харчномахо, чекхои дастгоххои назорати-хазинави, инчунин дар хуччатхои кори (карордодхо, шартномахо) зикр намоянд.
  2. Раками мушаххаси андозсупоранда, ки ба шахси вокеи – шахрванди Чумхурии Точикистон дода шудааст, дар шиносномаи ин шахси вокеи бо рохи задани мухр ва дар он сабт намудани раками мушаххаси андозсупоранда нишон дода мешавад. Раками мушаххаси андозсупорандабояд дар варакахо ва мухрхои шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди сабт гардад.

Коидахои бахисобгири, додани ракамхои мушаххаси андозсупорандагон, мукаррар намудани рамзхои сабабхои ба хисоб гузоштан, инчунин коидахои тайёр намудани мухрхо, гузоштани мухрхо ва ба расмият даровардани сабти раками мушаххаси андозсупоранда дар шиноснома аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …