Главная / Чамъият / РУШДИ СОХАИ КИРМАКПАРВАРИ ВА КОРКАРДИ ПИЛЛА

РУШДИ СОХАИ КИРМАКПАРВАРИ ВА КОРКАРДИ ПИЛЛА

БАРНОМАИ РУШДИ СОХАИ КИРМАКПАРВАРИ ВА КОРКАРДИ ПИЛЛА ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2012-2020

Руйхати ихтисорот

КМ Корхонаи муштарак
ш Шахр
КВД Корхонаи вохиди давлати
ЧСШК Чамъияти сахомии шакли кушода
Т1 Т2 Точикистон-1, Точикистон-2
X1 X2 Хучанд-1, Хучанд-2
ВТ Ветнаму Точикистон
Кф Корхонаи фаръи
НТЧ Нохияхои тобеи чумхури

МАЪЛУМОТНОМА дар бораи асосхои тахияи Барнома

– Паёми Президенти Чумхурии Точикистон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 20 апрели соли 2011;

– карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 2 июни соли 2011, № 262 “Дар бораи Накшаи кори Хукумати Чумхурии Точикистон дар нимсолаи дуюми соли 2011”;

– Супориши Хукумати Чумхурии Точикистон аз 12 апрели соли 2011, №5068 (13-7) “Оид ба рушди сохаи кирмакпарвари ва саноати абрешим”;

– Супориши Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 майи соли 2011, №7576 (13-7) “Оид ба рушди сохаи кирмакпарвари ва саноати абрешим”;

– Хуччати стратегияи паст кардани сатхи камбизоат дар Чумхурии Точикистон;

– карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 4 декабри соли 2003, № 523 “Дар бораи Консепсияи рушди саноати абрешими Точикистон”;

– карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 7 апрели соли 1999, № 132 “Дар бораи баъзе тадбирхои бехтар намудани кори зотпарпари дар истехсолоти навъи кирмаки пилла”;

– карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 31 январи соли 2001, № 54 “Оид ба таракки додани саноати абрешим”.

МУКАДДИМА

Номгуи барнома – Барномаи рушди сохаи кирмакпарвари ва коркарди пилла дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2012- 2020

Тахиягари асосии Барнома – Корхонаи вохиди давлатии “Пилла”- и Вазорати энергетика ва саноати Чумхурии Точикистон

Максади Барнома – Фарохам овардани замина барои рушди сохаи кирмакпарвари, чихати зиёд намудани хачми истехсоли пилла ва коркарди пурраи он то тайёр шудани махсулоти нихои дар дохили мамлакат

Вазифахои Барнома – Тахкими заминаи меъёри ва хукуки, тахияи механизмхои татбики санадхои конунгузори

-расонидани хачми истехсоли пилла то соли 2020 ба 3000 тонна

-Шинонидани нихоли тут-1352,0 хазор бех

-Бунёди тутмайдонхо – 2812 гектар

-Истехсоли тухми кирмак -60000 кутти

-Коркарди пилла дар дохили кишвар

Мухлати ичрои Барнома – солхои 2012-2020

Ичрокунандагони Барнома – Вазорати энергетика ва саноати Чумхурии Точикистон;

-Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон

-Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон

-Вазорати молияи Чумхурии Точикистон

-Кумитаи давлатии заминсози ва геодези

-Кумитаи андоз

-Хадамоти гумрук

-Хадамоти зиддиинхисори

-Палатаи савдо ва саноат

-Агентии “Точикстандарт”

-Бонки миллии Точикистон ва дигар бонкхо

-Академиям илмхои кишоварзии Чумхурии Точикистон

-Корхонаи вохиди давлатии “Пилла” -КM “ВТ Силк” -КМ “ВТ Рохи Абрешим”

-ЧДММ “Атласи Хучанд”

-Макомоти ичроияи махалии хокимияти давлатии вилоятхо, шахру нохияхо Н

атичахои хотимавии амали гардонидани Барнома:

– зиёд намудани хачми истехсоли пилла то 3000 тонна;

– фарохам овардани шароит дар Чумхурии Точикистон барои баркарорсози ва рушди сохаи кирмакпарвари;

– таъмин намудани кирмакпарварон бо тухмии хушсифати махалли;

– мустахкам намудани заминаи хуроки кирмак;

– таъмин кардани корхонахои саноати абрешим бо ашёи хоми хушсифат.

Тартиби ташкили назорат оид ба ичрои Барнома – Вазорати энергетика ва саноати Чумхурии Точикистон хар сол ду маротиба оид ба ичроиши барнома то соли 2020 ба Хукумати Чумхурии Точикистон маълумот пешниход менамояд.

Барномаи рушди сохаи кирмакпарвари ва коркарди пилла дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2012-2020

1. Максади Барнома

Максади Барнома аз фарохам овардани шароит дар Чумхурии Точикистон барои баркарорсози ва рушди сохаи кирмакпарвари, таъмин намудани кирмакпарварон бо тухмии хушсифати махалли, зиёд намудани микдори истехсоли пилла, мустахкам намудани заминаи хуроки кирмак ва таъмин кардани корхонахои саноати абрешим бо ашёи хоми хушсифат иборат мебошад.

2. Вазъи кунунии соха

Кирмакпарвари яке аз сохахои кадимтарини кишоварзи ба хисоб рафта, таърихи беш аз 5000 сола дорад ва аз бахшхои тутпарвари, истехсоли тухми кирмак, пилла ва коркарди аввалияи он иборат аст.

Бояд кайд кард, ки рушди сохаи кирмакпарвари махз аз тухми кирмаки хушсифат, сари вакт таксим намудани кирмакхои зиндакардашуда, риояи технологияи парвариши кирмак алокамандии бевосита дорад. Инчунин, яке аз омилхои асосии афзун гардонидани хосилнокии пилла ва сифати он ба обу хавои махал, гизонокии барги дарахтони тут мебошад.

Маълум аст, ки кирмаки абрешим, чун хашароти баргхур, хеле хассос ва нозук буда, омилхои беруна ва мухити атроф ба организми он зуд таъсири худро мерасонанд. Дар чумхури Корхонаи фаръии зотпарварии тухми кирмаки шахри Вахдат, корхонахои фаръии тухми кирмаки шахрхои Душанбею Хучанд амал мекунанд, ки дар сурати бо иктидори пурра фаъолият кардан, метавонанд талаботи кирмакпарварони чумхуриро бо тухми кирмаки хушсифати ватани пурра таъмин намоянд. Мутаассифона, бинобар паст будани сифати тухми кирмаки ватани ва надодани хосили дилхох тайн ду-се соли охир сармоягузорон аз истифода ва парвариши он даст кашиданд. Аз ин ру, вазъи иктисодию истехсолии ин корхонахо кохиш ёфт. Истехсоли тухми кирмак дар чумхури солхои 2009-2011 ба хисоби хазор кутти ба таври зайл аст:

Чунон ки аз маълумоти солхои пеш бармеояд, истехсоли пилла дар чумхури беш аз 3500 тоннаро ташкил медод. Мутаассифона, солхои охир истехсоли пилла дар чумхури сол аз сол кам шуда истодааст. Сабаби асосии он, чавобгу набудани вазъи имрузаи корхои зотпарвари, мавчуд набудани технологияи пешкадами муосир барои истехсоли тухми кирмак, иваз нашудани маводи ибтидои дар Корхонаи фаръии зотпарварии тухми кирмаки шахри Вахдат мебошад. Яке аз масъалахои ташвишовар ин андоз аз арзиши иловашуда аз фуруши пилла ба хисоб меравад, зеро имруз аксарияти хочагихои дехкони ба андозбандии ягона гузашта, аз пардохти андози арзиши иловашуда озод мебошанд. Бинобар он зарур аст, ки масъалаи андозбандии пилла аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ва идорахои дахлдор аз нав дида баромада шавад.

Аз маълумоти солхои охир бармеояд, ки дар чумхури соли 2010 ба чои накшаи пешбинишудаи 2495 тонна, хамаги 1077,9 тонна ё баробар ба 43.4 фоизи накша ва соли 2011 бошад, ба чои 1860 тоннаи дар накша пешбинишуда 1261,3 тонна ё баробар ба 67,8 % пилла истехсол карда шудааст.

Маълумот оид ба истехсоли пилла дар чумхури солхои 2009-2011 ба хисоби тонна:

Тибки хулосаи мутахассисони сохаи кирмакпарвари, сабаби кам шудани истехсоли пилла ин кохиш ёфтани заминаи хуроки кирмак, сари вакт таксим карда дода нашудани кирмаки зиндашуда, тачдиди хочагихои калон ба хочагихои хурди дехкони, мавчуд набудани парваришгоххои махсус ва ба иклим тобовар набудани тухми кирмаки аз хоричи кишвар воридгардида, мебошад.

 

3. Тахким бахшидани заминаи хуроки кирмак

 

Рушди минбаъдаи сохаи кирмакпарвари ба мустахкам кардани базаи хуроки кирмак вобаста аст. Мувофики маълумоти мавчуда то 1 январи соли 2011 дар чумхури 25,1 млн. бех дарахтони кадбаланди тут ва 2946 гектар тутзорхо мавчуд аст, ки 1 миллиону 552 хазор бехашро нихолхои аз 1 то 6-сола ташкил медихад.

Мутаассифона, солхои охир дар аксарияти хочагихои кирмакпарварии чумхури хашароти зараррасони тут “Оташак” пайдо шудааст, ки 30% майдонхои мавчудаи тутзори чумхуриро хароб кардааст.

Афзоиши зиёд ва босуръат пахншавии ин хашарот гувохи он аст, ки дар вактхои наздик метавонад саросари тутзорхои чумхуриро фаро гирад. Ин холатро ба назар гирифта, барои омузиш ва хулосабарори бо супориши Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 сентябри соли 2004, № 14-1 Комиссияи махсус таъсис дода шуда буд, ки он вазъияти базаи хуроки кирмакро дар чумхури хаматарафа омухта, аз натичааш ба Хукумати Чумхурии Точикистон маълумоти муфассал пешниход намуд.

Мувофики тавсияи мутахассисони соха, бар зидди “Оташак” бояд камаш 3 маротиба аз 1 июн то 15 сентябр корхои мубориза алайхи хашароти зараррасон ташкил намуда, истифодаи самарабахши маблагхои чудокардаи Хукумати Чумхурии Точикистон таъмин карда шавад (Замимаи 7).

Бинобар ин, аз Хукумати Чумхурии Точикистон хохиш карда мешавад, ки масъалаи мазкурро баррасй намуда, барои халли он кумаки амали расонад.

Барои нигох доштан ва мустахкам кардани заминаи хуроки соха, чорахои хавасмандкунии корхонахои кишоварзи, хочагихои дехкони ва дигар шаклхои хочагидори, ки дар заминхои онхо, дарахтони тут ва тутзорхо чойгиранд, пешбини карда шаванд. Барои мухофизати заминаи хурока бо истифода аз меъёрхои хукукии чумхури, баррасии чавобгарии шахсони вокеию хукуки аз тарафи идораю муассисахои дахлдор сари вакт таъмин карда шавад. Шахсоне, ки ин талаботро вайрон мекунанд, мувофики Конуни Чумхурии Точикистон аз 24 июни соли 1993, № 768 “Дар бораи пурзур намудани чавобгари барои поймол намудани киштзор ва хароб кардани зироатхо, тутзор ва нихолзор” ба чавобгари кашида шаванд.

Ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии вилоятхои Хатлон, Сугд, шахру нохияхои тобеи чумхури, Вазорати энергетика ва саноати Чумхурии Точикистон, Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон, Кумитаи давлатии заминсози ва геодезия ва дигар вазорату идорахои дахлдор зарур аст, ки ба чараёни ичрои конунхо ва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба ин соха назорати катъи баранд.

Аз нав баркарор кардани майдони тутзорхо, нигохубин ва серхосил гардонии дарахтони тут, мувофики коидахои агротехники ба накша гирифта, тутзорхои нав бунёд карда шаванд, ичрои онхо ба зиммаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоятхо, шахру нохияхо, идорахои кишоварзии вилояту нохияхо ва Корхонаи вохиди давлатии “Пилла” гузошта шавад.

Ба максади мустахкам кардани заминаи хуроки кирмак, дар хочагихои чумхури шинонидани нихолхол тут то соли 2020-ум 1352,0 хазор бех ва бунёди майдони тутзор 2812 гектар пешбини шудааст (замимаи № 1 ва 2).

 

4. Рушди истехсоли тухми кирмак

 

Тухмии хушсифат асоси рушди сохаи кирмакпарвари ба шумор меравад. Истехсоли тухми хушсифати кирмак кисми таркибии сохаи кирмакпарвари мебошад. Бинобар ин, ба максади бехтар намудани кори зотпарвари дар хочагихои тухмипарвари, корхонаи зотпарварии шахри Вахдат ва дар стансияи тачрибавии илми-истехсолии чумхурияви оид ба абрешими Академиям илмхои кишоварзии чумхури тайёр кардани зотхои нави тухми кирмак ва навъхои серхосили тут ва харчи пурратар конеъ гардонидани эхтиёчоти хочагихои кирмакпарвари бо тухми хушсифати кирмаки истехсоли ватани аз хисоби маблагхои Корхонаи вохиди давлатии “Пилла” ва маблагхои аз бучет чудошаванда, ба рох мондани истехсоли тухми кирмаки хушсифат то 60,0 хазор кутти (замимаи № 5) ба накша гирифта шавад. Заводхои тухми кирмаки чумхуриро бо техникаю технологияи нав чихозонидан зарур аст, то ки хочагихоро бо тухми босифати кирмак таъмин намоянд.

Дар хочагихои зотпарварии заводхо ва корхонаи зотпарварии шахри Вахдат чихати пешгири

намудани касалии сирояткунандаи “Пебрина” ва дигар касалихои кирмак чорабинихои зарури тартиб дода шаванд. Инчунин лозим меояд, ки ба максади бехдошти кори зотпарвари ва таъмини истехсоли зотхои хушсифати тухми кирмак масьалаи аз андози арзиши иловашуда озод намудани хочагихои заводхои тухми кирмак ва корхонаи зотпарварии шахри Вахдат барраси намуда, ба ташкилотхои дахлдор пешниход манзур карда шавад.

Барои пурра кор кардани минтакахои хочагихои зотпарварии заводхо ва корхонаи зотпарварии шахри Вахдат нигохубини кирмаки зоти, мувофики карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 7 апрели соли 1999 тахти раками 132, факат дар хочагихои зотпарвари гузаронида шавад. Барои амали намудани ин максадхо, заводхо ва корхонаи зотпарвари бо тачхизоти нави технологи (замимаи № 6) таъмин намуда, дар хочагихои зотпарвари чихати пешгирии сирояти “Пебрина” ва дигар касалихои кирмак чорахои зарури андешида шаванд.

 

5. Зиёд намудани хачми истехсоли пилла ва чори намудани технологияи нав

 

Бо максади конеъ гардонидани эхтиёчоти саноат бо ашёи хом на зиёд намудани иктидори содиротии чумхури, вазъи бухронии сохаи кирмакпарвари бояд бартараф карда шавад. Микдори истехсоли пилла мувофики заминаи мавчудаи хуроки кирмак батадрич зиёд карда, мувофики накша то соли 2020-ум истехсоли он ба 3000 тонна (замимаи 3) расонида шавад. Дар хочагихои кирмакпарвар сохтани хонахои

кирмакзиндакуни (инкубаторияхо) ба накша гирифта шавад. Бо дарназардошти он, ки сол аз сол сатхи зиндагии ахоли баланд мешавад ва кирмакпарварон имконняти дар хонахои худ парвариш кардани кирмакро надоранд, ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии вилоятхои Хатлон, Сугд, шахру нохияхои тобеи чумхури зарур аст, ки дар заминхои хочагихои дехкони, кооперативхои истехсоли, ширкатхои хочагидори барои бо сифати баланд тайёр кардани пилла ва ба таври саноати истехсол намудани он, дар оянда сохтани парваришгоххои гунчоишашон аз 3 то 5 кутти кирмакро пешбини намоянд. Аз сармоягузорони хоричи ва Бонки миллии Точикистон хохиш карда шавад, ки барои сохтани чунин парваршигоххо карзи дарозмуддати имтиёзнок чудо намоянд. Барои гузаронидани таъмири асосии иншоотхо ва тачххизоти корхонахои пилла ва пиллахушккуни аз хисоби маблаги фоидаи софи аз коркарди пилла ба даст овардаи корхонахои муштараки “ВТ- Силк”-и шахри Хучанд, “ВТ-Рохи Абрешим”-и шахри Душанбе ва дигар сармоягузорони соха хар сол ба 2-3 корхонаи пилла ё пиллахушккуни, 10 фоизи даромади онхо сармоягузори карда шавад.

Бо максади афзун намудани истехсоли пилла ва баланд бардоштани сифати он бо дарназардошти талаботи бозори чахони, ба Корхонаи вохиди давлатии “Пилла” зарур аст, ки дар истехсолот технологияи нави ба шароити иктисоди бозор чавобгуро чори намояд. Бинобар хамин зарур мебошад, ки технологияи кишвархои мутамаддин, ба монанди Япония, Хитой ва Кореяро асоси тачрибаомузи карор дихад.

Чихати ичрои раванди чори намудани технологияи нав ва бунёд кардани комплексхои парвариши кирмак, ба КВД “Пилла” лозим аст, ки аз маблагхои карзи бонки, грантхо, сармояи хоричи ва бучети истифода барад (замимаи №8).

 

6. Таъминоти илми ва тайёр намудани кадрхо

 

Самтхои афзалиятноки таъминоти илмии сохаи кирмакпарвари ихтироъ ва дар истехсолот чори намудани навъ ва гибридхои серхосил ва ба касалихо тобовари нихоли тут ва зотхои кирмаки пиллаашон дорои сифати баланди абрешимреси мебошад.

Олимони Стансияи чумхуриявии тачрибавии абрешими Академияи илмхои кишоварзии Чумхурии Точикистон дар назди худ вазифа гузоштаанд, ки дар давраи солхои 2012-2020-ум зотхои нави тухми кирмаки Точикистон-1, Точикистон-2, Хучанд-1, Хучанд-2, ва гайраро дар истехсолот чори намуда, хар сол истехсоли навъхои серхосили тутро зиёд намуда, истехсоли тухми онро аз 35 то 75 килограмма аз хар дарахт расонанд. Ба максади зиёд намудани истехсоли тухми хуштсифати тут ва кучати нихолхои тути навъхои серхосил, 10 гектар замини оби ба Стансияи чумхуриявии тачрибавии абрешими нохияи Б. Гафуров, барои ташкили майдони ибтидои (модари) чудо карда шавад (замима № 8).

Барои истехсол кардани тухми кирмаки хушсифати серхосили ояндадор дар базаи корхонаи зотпарварии шахри Вахдат Стансияи илмии истехсолии чумхурияви оид ба абрешими Академияи илмхои кишоварзии Чумхурии Точикистон ташкил карда шуда, стансияи тачрибавии истехсолии чумхуриявии абрешимчигии нохияи Б. Гафуров хамчун филиал мононда шавад, инчунин дар вилояти Хатлон низ чунин филиал ташкил карда шавад.

Дар шароити кунунии рушди чомеа интихоб ва чобачогузории кадрхо бо дарназардошти талаботи иктисоди бозори махаки муайянкунандаи рушди сохаи кирмакпарвари мебошад. Рохбарони нохияхо, сардорони идорахои кишоварзи, корхонахои пилла ва пиллахушккуни вазифадор карда шаванд, ки барои тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олии сохаи кирмакпарвари, ба Донишгохи аграрии Точикистон чавонони болаёкатро чалб намоянд. Холо дар ин донишгох кафедраи тайёр кардани кадрхои сохаи кирмакпарвари фаъолият мекунад. Инчунин, фиристодани мутахассисон ба давлатхои дар сохаи кирмакпарвари пешрафта барои омузиши тачрибаи пешкадами онхо ба накша гирифта шавад.

 

7. Коркарди аввалияи пилла

 

Воситахои асосии пиллакабулкуни ва тачхизоти пиллахушккуни бояд аз таъмири асоси бароварда шаванд. Инчунин, воридот ва насби технологияи муосир зарур аст.

Накшаи гузаронидани таъмири асосии дастгоххои пиллахушккуни дар замимаи № 6 пешбини шудааст.

Аз Бонки миллии Точикистон ва ЧСК Агроинвестбонк хохиш карда шавад, ки барои таъмири воситахои асосии нуктахои пиллакабулкуни ва пиллахушккуни ба корхонахои пиллакабулкуни ва пиллахушккуни карзи дарозмуддати имтиёзнок чудо намоянд.

Вазорати энергетика ва саноати Чумхурии Точикистон, Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон, Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон ва Агентии давлатии Точикстандарт вазифадор карда шаванд, ки Стандарти Давлатии пиллаи тар ва хушк, коэффисенти аз пиллаи тар гирифтани пиллаи хушк ва кабули пилларо бо намнокии муайян тахия намуда, барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намоянд.

Ба максади пурра ташхис ва муайян намудани нишондихандахои биологи ва технологии парвариши кирмак, сифати тухми он, пилла ва махсулоти абрешими хом, сифати нихолхои тут ва тухми тут, муайян намудани касалихои кирмак ва дарахтони тут дар стансияи чумхурияви тачрибавии илми-истехсолии абрешимчиги тачхизондани озмоишгохи махсус бо тачхизоти муосир аз хисоби маблаггузорихои сармоягузорон ва маблагхои гранти амали гардонида шавад.

 

8. Коркарди пилла, истехсоли нахи абрешим ва матои атлас

 

Дар давраи шурави дар Точикистон 6 корхонаи коркарди пилла ва 2 корхонаи атласбофи фаъолият мекарданд. Баъд аз пош хурдани Иттиходи Шурави бинобар мушкилихо чихати мутобик шудан ба муносибатхои иктисодии бозаргони, дастгирии молияви наёфтан аз тарафи давлат ва аз ухдаи идоракуни набаромадани сохибмулкон, 2 корхонаи коркарди пилла ва ЧСК “Точик Атлас” фаъолияти худро пурра катъ кардааст, дар чумхури 4 корхона коркарди пилла ва 1 корхонаи истехсоли матои атлас ЧДММ “Атласи Хучанд” боки мондааст. Корхонаи мазкур барои коркарди ашёи супоришгар фаъолият намуда, хамаги 55 % – и иктидорхои истехсолиашро истифода мебараду халос. Маблаги бадастомада барои пардохти андозхо ба бучет, музди мехнати коргарон ва дигар харочотхои истехсоли равона шуда, азнавсозни истехсолот хариди техника ва тачхизотхои муосир гайриимкон гардидааст. Дар корхонаи мазкур талаботи тори абрешим 9,6 тонна буда, иктидори истехсолиаш 186 хазор м2 матои атлас дар як сол мебошад. Шумораи коргарони коркардаистода ба 16 нафар мерасад.

Яке аз масъалахои асосии халталаби сохаи истехсоли матои атлас, ин баланд будани нархи риштаи абрешим, ки ба нархи махсулоти тайёр таъсири манфии худро расонида истодааст. Тибки нархномаи пешиниходкардаи ЧДММ “Атласи Хучанд” 1 метри тулонии матои атласи истехсолшуда айни замон бо дарназардошти ААИ 24,5 сомониро ташкил медихад.

Бояд кайд намуд, ки сохаи шохибофи дар чумхури сохаи анъанавии милли буда, заминаи хуби ашёи хом дорад. Корхонахои ватани бинобар норасоии воситахои гардон чихати харидории риштаи абрешим, аз чихати нарх ба ракобат тоб наовардани атласи истехсолгардида бо матоъхое, ки аз хоричи кишвар, бо рохи кочок ворид мегарданд, аз кор боз мондаанд.

Доир ба баркарорсозии иктидорхои мавчудаи шохибофи, Вазорати энергетика ва саноат дар назди муассиси ЧДММ КМ “ВТ Рохи Абрешим”-и шахри Душанбе ширкати “Asia Silk Corporation” барои ба poх мондани истехсоли шохи ва атласбофи масъалагузори намуд. Корхонаи мазкур якчоя бо мутахассисони Вазорат хамкори намуда, айни замом 5 дастгохи дастии истехсоли махсулоти хунархои нафисаи бадеии халки (шарф, руймол ва гайра) ва атлас аз риштаи абрешим ворид ва васл намудааст. Бояд кайд намуд, ки дар ЧДММ КМ “ВТ Рохи абрешим”, ки дорои тачхизоти пилларесии истехсоли Япония бо иктидори коркарди 350 – 400 тонна пиллаи хушк ва истехсоли 70 тонна нахи абрешим мебошад, ки метавонад зиёда аз 360 чойхои кории каблиро баркарор созад. Тачхизотхои зикргардида омодаи кор’мебошанд. Мутаассифона, аз соли 2006 инчониб бинобар норасоии ашёи хом, корхона аз фаъолият бозмондааст.

Кайд кардан ба маврид аст, ки сохаи истехсоли атласбофи ниёз ба дастгирии давлати дорад. Аз ин ру, бо дарназардошти ахамияти фарханги ва анъаноти миллии точикон махсуб гардидани матои атлас дастгирии ин соха ба максад мувофик мебошад.

Дар чумхури 4 корхонаи коркарди пилла бо иктидори солонаи коркарди 1391 тонна пиллаи хушк ва истехсоли 347,9 тонна тори абрешим мавчуд аст. Инхо: ЧММ КМ “ВТ – Силк”-и шахри Хучанд, ЧДММ КМ “Рохи Абрешим”-и шахрн Душанбе, КФ “Сарбанд – Силк” – и шахри Сарбанд ва КФ “Кулоб – Силк”-и шахри Кулоб мебошанд.

Таъмини якуминдарачаи корхонахо бо ашёи хом аз масъалахои халталаб мебошад.

Рушди сохаи коркарди ашёи хоми пилла бо дарназардошти истифода аз манбаи мавчудаи захирахои зиёди ашёи хоми дохили таъмин мегардад, ки ин шарти ганитар кардани бучети давлат, таъмини бозори дохили ва баланд бардоштани иктидори содиротии чумхури, ташкили чойхои нави кори мегардад, ки барои паст кардани сатхи камбизоати хеле мухим аст.

Барои ба даст овардани комёбихои назаррас чихати коркарди шила дар дохили чумхури ва истехсоли матои атлас як катор чорабинихои мухимро бояд дар амал татбик намуд:

-азнавтачхизонии иктидорхои истехсолии мавчуда корхонахои саноатии чумхури;

-сохта ба истифода додани коргоххои нави коркарди ашёи хоми пилла дар минтакахои парвариши пилла дар дохили чумхури;

-таъмин намудани корхонахои ватани бо ашёи хом дар навбати аввал;

-ба тартиб даровардани сиёсати гумрукии содироти на воридотии чумхури.

 

Бо карори Хукумати

Чумхурии Точикистон

аз 30 августи coли 2011, № 409

тасдик шудааст

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …