Главная / Гуногун / РУДАКИ  ВА КАРМАТИХО

РУДАКИ  ВА КАРМАТИХО

Вокеъахои авохири умри Устод Рудаки, махрумиятхои зиндаги ва кур карда шудани у марбут ба таблиготи карматиён аст, ки дар таърих бо номхои гуногун хонда мешаванд ва хамаи он гуруххо ба фиркаи исмоилия ворид мегарданд. Аслан, «исмоилия номи умумии фиркахоест, ки  баъд  аз  хазрати  Имом  Чаъфари  Содик  (а)  ба  имомати   фарзанди михтари   у   Исмоил   ё   навасааш  (наберааш — А. А.)  Мухаммад   ибни Исмоил эътикод доранду гох дар билоди мухталиф ба номхои гуногун, монанди  ботиния,  таълимия,  сабъия,  хашишия,  мулохада  ва каромата хонда шудаанд».107 Дар адабиёти илмии точик аз ин истилохот бештар истилоххои карамати ва исмоили ва гохе таълими низ ба кор рафта, дар мавриди вобаста ба Рудаки асосан кармати ва ботини истифода мешавад. Мухаммади Шахристони (ваф. 547/1152) дар асари худ «Милалу нихал» менависад, ки «дар Ирок ботиния ва маздакия ва каромата ва дар Хуросон таълимия ва мулохада хонда мешаванду худ гуянд «мо исмоили хастем».108

Ибтидои нахзати мазкур дар Хузистон сар шуда, дар он шахсе бо номи Маймуни Каддох, ки ба шугли куххоли ва табобати чашм машгул буд, ва писараш Абдуллох, ки аз сабаби чанде икомат дар Макка бо лакаби Макки машхур гардида буд, аз доъиён (давъваткунандагон, мубаллигин)-и аввалин буданд. Хусайни Ахвози дар Куфа мардумро ба ин ойин мехонд. Бо фаъолияти Хамдон ибни Ашъас таргиби ин акида басе авч гирифт. Соли 277/891 дар Ирок ва соли 294/906 дар Димишк ва билохара дар Хузистон, Ирок, Бахрайн, Сурия ва Яман хуручхои каромата авч гирифта, хукуматхои кармати баркарор карда шуданд, ки «усулан хукумати карматиён як чумхурии иштироки буд».109 Аммо мухолифони карматихо-хулафои аббоси ва уламои ахли суннату чамоат ин фиркаро дахриву зиндика гуфта, мардумро бар аллйхи онхо мешуронданд. Давлатхои карматии Яман (268/883) ва Байнаннахрайн бо маркази Ал-Аксо (283/896), Сурия (288/901) хеле бакувват буданд. Бо таъсири ин давлатхо таълимоти кармати гох дар як гушаи хилофат, замоне дар як кишвар ба воситаи мубаллигин пайдо мешуд.

Хануз дар охирхои ахди Исмоили Сомони (279—295/ 892—907) дар каламрави Сомониён нахустин чунбишхои карматиён дар вилоятхои Хирот, Гур ва Гурчистон рух дода буданд, ки дар онхо кариб 10 хазор нафар чупонхову кишоварзхо бо сардории Абубилоли Хоричи ширкат варзиданд. Вале соли 907 исёнгаронро лашкари давлати ба мухосира гирифта, хамаро ба катл расонд. Азбаски Мовароуннахру Хуросон аз гушахои дурдасти хилофат буда, ахолии махаллиашон дар саркаши намудан аз маркази хилофат ва муборизахои сиёсии озодихохи хеле шухрат пайдо карда буданд, хамчунин, пайравони мазхабхои зиддиисломи дар амалиёти худ бештар дар хамин сарзамин ба худ панохгох меёфтанд, диккати фотимиёнро ба тарафи худ чалб накарда наметавонистанд. Ба тарафи давлати фотимиён баргардонида шудани майлу рагбати ахолии каламрави сомони ва сарони ин давлат дар масъалаи суст гардидани кудрати Аббосиён аз муваффакиятхои хурд хисоб намешуд».110

Таблиготи карматихо дар Толикону Маймана хам вусъат пайдо кард, лекин дар Мовароуннахр ба муваффакият ноил нагардид. Рохбари мубаллигин Хусайн ибни Алии Марвази соли 930 мелоди дастгир шуда, дар зиндон халок гашт. Дигар сарварии мубаллигини кармати ба души Мухаммад ибни Ахмади Нахшаби афтод. Нахшаби олиме варзида буда, ташвикоту таргиботи худро дар Хуросону Мовароуннахр густариш дода, наздикони Насри II-ро, ки дар байни онхо хочиби бузург, дабири хос ва монанди онхо низ буданд, ба тарафи худ мекашад. Карматихо аввал ба Басра, сипас ба Куфа ба кофилахои хочиён хучум ва онхоро горат карданд. Лекин мохи январи соли 930 карматихои Байнаннахрайн бо сардории Абутохири Чунёбии Кармати бо лашкаре иборат аз 600 савору 900 пиёда ба корвони хочиёни Макка хучум оварда, аз хочиён 30 хазор касро, ба кавли дигар, 20000 нафарро, ба катл расонд, ки дар хоки Сомониён кахру газаби мардумро ба чуш овард. Горатгарон санги сиёхи Макка —хачаруласвад, осори дигари мукаддасро аз хонаи Каъба канда, дуним карда, бо худ ба Бахрайн бурданд. 20 сол хачаруласвад он чо монд.

Ин ходиса мукобилияти суннимазхабони Хуросону Мовароуннахрро бар алайхи мубаллигони фотими авч гиронд, асари таргиботи карматиро суст намуд. Бар замми ин, карматихо бар зидди Насри II суъикасд тайёр мекунанд. Аммо писараш Нух ибни Наср аз он хабар ёфта, ба зиёфате, ки барои ичрои суъикасд ороста буданд, ташриф оварда, бо хилае сипахсолорро, ки сарвари суъикасдчиён буд, ба катл расонд. Насри II дар он мачлис (943) рушод аз тахт даст кашида, салтанатро ба писараш Нух ибни Наср (943—: 954) супурд. Каблан, соли 936—937, Абулфазли Балъами аз макоми вазорат маъзул гардида, 10 мохи сафари 329/ноябри 940 ба тарзи асрорангезе вафот кард. Инчунин, солхои 326—331/937—942 Абутаййиби Мусъаби, Абуали Мухаммади Чайхони низ асрорангез вафот карданд, ки гумон меравад кори карматихост.

Бино бар шаходати таърихнигорон, «Абулфазли Балъами марди донишманде буд, ки дар кудакиву чавони дар рохи дониш ранчи бисёре бурдаву аз устодони бузурге касби дониш кардаву ба макоми баланде расидааст, чунон ки дар хадису фикхи шофеъи аз мардони номии замони худ будаву аз бузургони шофеъиён медонистаанд ва гуфтаи уро санад мешумурдаанд ва дар китобхои хадиси шофеъи аз забони у суханон овардаанд. Пеш аз ин гузашт, ки, — менависад Саъид Нафиси, — Самъони гуфтааст аз Мухаммад ибни Чобир дар Марв ва Мухаммад ибни Хотам Ибн-ал-Музаффар ва Абулмучид Мухаммад ибни Амр ва Солех ибни Мухаммади Зарир ва Исмоил ибни Ахмад ва дигарон хадис омухтааст ва низ назди Абуабдуллох Мухаммад ибни Насри Факех дарс хондааст».111 Точиддин Абунаср Абдулваххоб ибни Такиуддини Сабки дар китоби «Табакот- уш-шофиъият-ил-кубро» менависад, ки Балъами аз асхоби Имом Мухаммад ибни Насри Марвази ва аз машойихи рузгори худ буда, дар Марву Бухорову Нишопуру Самарканду Сарахс хадис шунида буд».112 Вай аввал пайрави мазхаби хадис буд, баъд ба мазхаби шофеъи гаравид. Китобхои «Талкех-ул-балога» ва «Китоб-ул-маколот» аз таълифоти уст. Асли Балъами аз хонадони точиктабори Марв буд. Ин марди бузург, адибпарвар, донишдуст, пуштибони Рудаки, Абулхасани Байхаки, Хусайн ибни Алии Марвази, Матрони, Абуахмад Ямомии Бушанчи ва кулли адибону уламо ва мутрибону ромишгарони дигари асри худ буд. Албатта, ба ин гуна шахс лашкариёни турку уламон мутаассиб душмани меварзиданд. Майлу рагбати Балъами ба таблиготи карматиён ин адоватро афзуд. Аз ин ру, уро душманонаш аз дарбор дур карданд. Ба кавле, Балъами бо супориши сохибчайш Хумортегин ба катл расонда шудааст.

Марги Мусъаби хам бо амри Насри II ба амал омад. Хак ба чониби аллома Бобочон Гафуров аст, ки навишта буд: «Дар авохири салтанати Насри Дувум харакати карматия хеле неру гирифт. Шахсан Насри Дувум низ тарафдори таълимоти карматия гардид ва мувофики хохиши Нахшаби ризоят дод, ки ба ивази кушта шудани Хусайн ибни Алии Марвази дар зиндони Бухоро, ки ичрокунандаи супоришхои махфии фотимиён буд, барои халифаи Миср 119 хазор динор товон (хунбахо) бипардозад. Хамаи инхо боиси норизойии чиддии рухониёни суннимазхаб гардиданд. Рухониён хамрох бо намояндагони горди турки дарбор мехостанд, ки ба мукобили Насри Дувум даст ба суъикасд бизананд, то Насрро ба катл расонанд ва хамаи пайравони карматихоро бикушанд».113

Ба гуфти Низомулмулк, Нух ибни Наср банд хост, то бар пойи падар ниходанду дархол ба кухандиз бурданду махбус карданд. Баъди мачлиси зиёфат Нух ибни Наср ба ахли он гуфт: «Агар сипахсолор дар хакки мо андешаи бад кард, чазои хеш ёфт ва агар падараш аз рохи суннат бияфтад, сазои хеш мебинад. Иттифоки шумо чунон бувад, ки нон бихуреду ба газо, ба чониби Балосогун, ба чанги кофир шавед! Моро худ газои кофир бар дари хона аст, хамин ба газо машгул шавем, хар чи дар Мовароуннахру Хуросон мулхид куштанду ин мазхаб гирифтанд, ки падарам гирифт, хамаро бикушед ва хостани неъмати эшон шуморост ва ин ки дар мачлис буд аз они падарам, хама шуморо додам, колои ботиниён чуз горатро нашояд! Чун аз ин мухим фориг шавем, руй ба кофири турк нихему хам акнун Мухаммади Нахшабиро биёваред ва хамнишинону хаммазхабони у ва падарамро!» Пас Хасан ва Бубакр ва Мансури  Чагони  ва  Ашъасро,  чандон  амир,  ки  ботини  шуда  буданд, чандон бизаданд ва дар шахрхо афтоданд ва хар киро аз эшон меёфтанд, мекуштанд. Ва хам дар он руз амиреро бо лашкар бифиристоданд, то аз Чайхун бигзарад ба Марвруд ва писари Саводаро бигиранду бикушанд.

Пас тамоми лашкар шамшер дарниханд ва аз раъияту лашкари хар киро дар он мазхаб рафта бошанд, бикушанд ва зинхор, ки ба галат бар мусулмонон хатар нарасонанд. Пас хафт шабонаруз  дар  Бухорову  нихояти   он   мекуштанду  мекуштанду  горат мекарданд, то чунон шуд, ки дар МовароуннахруХуросон яке аз эшон намонданд ва он ки монд, дар ошкоро наёрист омад ва ин мазхаб пушида бимонд».114 Хамин тарик, Нух ба катли оми карматихо дар саросари хоки худ пардохт. Дар ин чараёни гохе бардуруг бо бахонаи кармати одамони аслан беалока, равшанфикрон ва ашхоси барои синфи хоким номатлуб горату нест карда мешуданд. Албатта, акида ва тарафдорони мазхаби ботини бо ин битамом нест нашуданду то имруз боки хастанд.

Мусаллам аст, ки Рудаки бо чараёни ботини-карматиён, акоиди онхо, махсусан дар тарбияи ахлок, масъалахои чахонфахми ва фалсафи, таргиби улуми акли, эътирофи макоми дониш ва дилбастаги ба хикмати Афлотуну Арасту барин доноёни Юнони Кадим иртиботи кави дошт. Абдулгани Мирзоев менависад: «Хулоса, дар масъалаи ба карматихо ва таълимоти онхо мойил будани Рудаки шубхае боки намемонад, вале дар

айни хол, мо уро ба кулли як шоъири кармати хисоб карда наметавонем, зеро дар мероси адабии у ин тарафи масъала тасдик намеёбад. Дар дарачаи имрузаи омухта шудани шоъир факат хамин кадар гуфта метавонем, ки Рудаки дар як давраи муайяни зиндагии худ ба фотимихо ва таълимоти кармати майл доштааст»,115 ки ин дуруст асту рост! Вале то соли 327/938 Устод Рудаки дар хаёти дарбори Сомониён фаъолона ширкат меварзидааст, ки ба ин дар он сол касидаи «Модари май»-ро бо супориши Насри II дар ситоиши Амир Абучаъфар навишта ва хам дар анчоми он аз нотавони ва пирии худ шиква намуданаш гувохи медихад.

Рочеъ ба пири ва нотавонии худ Рудаки дар яке аз маснавихояш низ хабар медихад:

Чавони гузашту чиразабони,

Табъ низ гирифт гарони.

Ин байт низ ба хамин далолат мекунад:

Шудам пир бад-ин сон, ту хам худ на чавони,

Маро сина пуранчуху ту чун чафта камони.

Хамин тарик, дар шеърхои бокимондаи Устод Рудаки, ки то соли 327 х. /938м. интишор гардидаанд, аз пирии у сухан меравад, аммо доир ба кур карда шуданаш ишорае нест.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …