Главная / Гуногун / РУБОЪИХОИ РУДАКИ

РУБОЪИХОИ РУДАКИ

Холо дар худуди 40—42 рубоъи ба калами Устод Рудаки мансуб дониста мешавад. Xолик Мирзозода бо номи «Рудаки ва такомулоти шакли назми рубоъи» маколаи хосе нигошта,153 дар рисолааш «Абуабдуллохи Рудаки — асосгузори адабиёти классикии точик» фикри худро дар ин мавзуъ хеле тавсиъа додааст.154 Аммо Саъид Нафиси рочеъ ба рубоъихои Устод Рудаки алохида таваккуф накарда, дар охир 43 рубоъиро, аз он чумла 7 рубоъии нопурраро, ба номи Рудаки гирд оварда, дар поварак ишора мекунад: «Бештари ин рубоъихо дар сафинахову китобхои мутааххирин омадааст ва ба хамин чихат дар интихоби онхо ба Рудаки шак дорам, чунон ки дар порае аз онхо каламоту таркиботу маъоние хаст, ки ба сухани Рудаки намемонад, аммо чун рохи тахкик бастааст, наметавон хукми катъи кард».155
Сарфи назар аз он, ки асли рубоъихое, ки ба номи Устод Рудаки чамъ оварда шудаанд, масъалахои гуногуни зиндаги, ишку чавони, хусну зебои, васлу хичрон, лаззати нотакрори чунин хиссиёт, васфи бахору шароб ва таргиби одамгари, химмат, талкини хушгузаронии рузгор ва ситоиши бузургии инсонро бо алфози ибратомуз, лахни гуворо ва тобиши зебо тачассум мегардонанд:

Ай аз гули сурх ранг бирбурдаву бу,
Ранг аз пайи рух рабуда, бу аз пайи му!
Гулранг шавад, чу руй шуйи, хама чу,
Мушкин гардад, чу му фишони, хама ку!

Сухандони фарзона факат аз истимоъи номи махбубаи хеш чунон ба вачд меояд, ки як курта гушт мегирад, дигар сухбат дар хар бобат боиси малоли хотири у мешавад:

Номат шунавам, дил зи фарах зинда шавад,
Холи ман аз икболи ту фархунда шавад!
В-аз гайри ту хар чо сухан ояд ба миён,
Хотир ба хазор гам пароканда шавад!

Ба фикри Шамси Кайси Рози, Рудаки нахустин ихтироъкунандаи вазни рубоъи будааст, ки менависад: «Ва яке аз мутакаддимини шуъарои Ачам, пиндорам, Рудаки… аз навъи ахрам ва ахраби ин бахр (яъне бахри хазач —А. А.) вазне тахрич кардааст, ки онро вазни рубоъи хонанд».156 Музофики хамин ривоят, Рудаки дар Газнин бачагонеро мебинад, ки чормагзбози мекарданд. Чолоктарину нишонгиртарини онхо бо нидои «галтон-галтон хамеравад то буни гавз» хамаро мебурд. Шоъирро вазни чумлаи мазкур макбул омад. Онро вазни рубоъи карор дод.
Аммо нахустин ихтироъкори рубоъи дар шеъри форсии точики будани Рудаки ба хакикати таърихи рост намеояд, зеро рубоъи пеш аз Рудаки, хатто дар адабиёти кадими форсизабонон, вучуд дошт. Вале Устод Рудаки дар таърихи адабиёти точику форс гуяндаи рубоъихои устодонаест, ки дар чахор мисраъ як чахон маъни, хусусан маънихои хакимона ва ошиконаро чой медихад. Рубоъихои Рудаки дар зебои, хаётдусти, халкият, самимият ва махкамии худ хамто надоранд:

Бе руйи ту хуршеди чахонсуз мабод,
Хам бе ту чароги оламафруз мабод!

Бо васли ту кас чу ман бадомуз мабод,
Рузе, ки туро набинам, он руз мабод!

Рубоъии зеринро шоъир бидуни истифодаи феъле сохтааст, вале дар он ба воситаи ягон-ягон пайдо шудани ашёи тасвиршаванда ва ташбехи онхо ба чизхои дигар харакати муназзам хис карда мешавад:

Руят-дарёи хусну лаълат-марчон,
Зулфат-анбар, садаф-дахан, дур-дандон!
Абру-киштию чини пешони-мавч,
Гирдоби бало -габгабу чашмат-туфон!

Барчастагии маъни, харакати гуворо ва мазмуни пурраи шеър дар рубоъии поён ба воситаи саволу чавоб чун лахзаи драмави дар шакли дилписанд ва басо динамики ифода гардидааст:

Омад бари ман. Ки? Ёр. Кай? Вакти сахар!
Тарсанда. Зи ки? Зи хасм. Хасмаш ки? Падар!
Додам-ш ду буса. Бар кучо? Бар лаби тар!
Лаб буд? На! Чи буд? Акик! Чун буд? Чу шакар!

Намунаи рубоъихои хакимонаи Устод ин аст:

Гар бар сари нафси худ амири, марди!
Бар куру кар ар нукта нагири, марди!
Марди набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигири, марди!

Абадияти хасти, фалсафаи некбинонаи хаёт ва панду андарз мундаричаи гоявии як бахши мухимми рубоъихои Устод Рудакиро ташкил мекунад. Вале шоъир хеч гох зудгузар будани айёми фараху айшро аз хотир намебарорад:

Норафта ба шохрохи васлат гоме,
Ноёфта аз хусни чамолат коме,
Ногох шунидам зи фалак пайгоме,
К-аз хуми фирок нуш бодат чоме!

Андешахои Устод Рудаки дар рубоъихояш ба василаи таъбирхои мардуми, бозихои халки ва мафхумхои роич инъикос мегардад. Масалан. дар рубоъии зайл ба воситаи бозии кача (качабози) аз бемурувватихои фалаки качрафтор лаб ба шиква кушодани шоъир ба мушохида мерасад:

Чархи качабоз то нихон сохт кача,
Бо неку бади доира дарбохт кача.

Хангомаи шаб гузашту шуд кисса тамом,
Толиъ ба кафам яке наяндохт кача!

Азбаски атрофиёни шоъир нисбат ба такдири у бепарво, чарх дагобозу мухит носолим аст, кахрамони лирикии шоъир ба вартаи гаму андух афтода, гусса мехурад, ноилоч ба сарнавишти яъсовари хеш тан медихад ва чони хештанро гирифтори хасрат мебинад:

Чашам зи гамат ба хар акике, ки бисуфт,
Бар чехра хазор гул зи розам бишукуфт.
Розе, ки дилам зи чон хамедошт нухуфт,
Ашкам ба забони хол бо халк бигуфт!

У эътироф мекунад, ки дар ишки чонона сабру аклу дилашро бохтааст, аммо аз гами ошик, ки мисли кухи Коф гарон аст, дили ба санги хоро монанди маъшука заррае хам ташвиш намекашад:

Дар ишки туам на сабр пайдост, на дил,
Бе руи туам на акл барчост, на дил!
Ин гам, ки марост, кухи Коф аст, на гам!
Ин дил, ки турост, санги хорост, на дил!

Ошики шефта, бо ин ки чафову берахмии маъшукаро тахаммул мекунад, шод аз он аст, ки хатто хичрони ёр уро шодибахшу фарахфазост, агар висоле уро насиб гардад, чун бошад? Вай инро дар тасаввури худ гунчонда хам наметавонад. Бинобар хамин, нидо дармедихад:

Дар рахгузари бод чароге, ки турост,
Тарсам, ки бимирад аз фароге, ки турост!
Буйи чигари сухта олам бигирифт,
Гар нашниди, зихи димоге, ки турост!

Гами хачру фироку шодмонии висол тору пуди рубоъихои Устод Рудакиро ташкил мекунад. Ба андешаи шоъир, гами махбуба аз шодиву васли у чонбахштар буда, худи ишк хиссиёти начибест, ки гаму фироки он хам ба каси ошик лаззат мебахшад:

Бо он ки дилам аз гами хичрат хун аст,
Шоди ба гами туам зи гам афзун аст!
Андеша кунам хар шабу гуям: — Ё раб,
Хичрон-ш чунин аст, висолаш чун аст?!

Бале, Устод Рудаки дуруст мефармояд, ки ситами оламро ошики бечора мекашад:

Дар манзили гам фитода мафраш моем
В-аз об ду чашм дил пуроташ моем!
Олам чу ситам кунад, ситамкаш моем,
Дасти хуши рузгори нох(в)аш моем!

Бо вучуди чавру чафои хамешагии дилбар, ошик аз гайри уро дуст доштан кори дигаре надорад:

Дил сер нагардадат зи бедодгари,
Чашм об нагардадат, чу дар ман нигари.
Ин турфа, ки дусттар зи чонат дорам,
Бо он ки зи сад хазор душман батари!

Панду хикмат ва андарз, масоили ахлокиву фалсафи мазмуни дигар рубоъиёти Устод Рудакиро ташкил мекунанд:

Бо дода каноъат куну бо дод бизи,
Дар банди такаллуф машав, озод бизи!
Дар бех зи худи назар макун, гусса махур,
Дар кам зи худи назар куну шод бизи!

Мулохизаи чанд рубоъи моро бар он медорад, ки Рудакиро аз устодон ва суннатгузорони рубоъи дар назми форсу точик шуморем.
Шеъри Рудаки ба эътибори мазмун, гоя, охангноки, самимият, шаклу услуб, забон ва воситахои бадеъи ба адабиёти лафзии халк каробат дорад. Шоъир аз ин ганч, дар хакикат, фаровон истифода мебарад. У «Калилаю Димна» ва «Синдбоднома» барин асархои халкиро ба риштаи назм кашидааст. Гуфторашро бо ибораю таъбирхои халки, маколу зарбулмасалхо зеб медихад. Бисёр хикматхои у хукми зарублмасалу маколро гирифта, ба хазинаи эчодиёти халк ворид шудаанд. Рудаки таъриху асотири халки моро хуб медонад. Хамаи инро барои образофарини ва таъсири рухонии шеъри худ чун восита кор мефармояд.
Хаминро низ гуфтан лозим аст, ки чистон навъи адабии соф фолклорист. Рудаки аввалин намунахои хуби китобии онро додааст. Масалан, дар чистони зайл бо мазоху ташбеххо аломатхои назарраси каламро чунон баён мекунад, ки кас онро зуд ёфта метавонад:

Ланги раванда-ст, гуш нею суханёб,
Гунги фасех аст, чашм нею чахонбин!
Тезии шамшер дораду равиши мор,
Колбади ошикону гунаи гамгин!

Хулоса, аз абёти парокандаи бокимондаи Рудаки рангин будани эчодиёту воло будани махорати шоъирии у хувайдо мегардад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …