Главная / Илм / РЕВОЛЮТСИЯИ БУРЖУАЗИ-ДЕМОКРАТИИ

РЕВОЛЮТСИЯИ БУРЖУАЗИ-ДЕМОКРАТИИ

Чанги якуми чахони, ки окибат ва ифодаи бухрони умумии капитализм ба шумор мерафт, ин бухронро тезутунд гардонда империализми чахониро суст намуд. Коргарон ва солдатхо 27 феврали (12 марти) соли 1917 дар Петроград шуриш бардошта, подшохро аз тахт сарнагун карда, Советхои депутатхои коргарон ва солдатхоро ташкил доданд. «Ба коргарони рус,– навишта буд В.И. Ленин,– чунин шараф ва икболе насиб шуд, ки якумин шуда револютсияро, яъне чанги бузург, ягона чанги конуни ва хакконии мазлумонро бар зидди золимон сар кунанд».[1]

Ба шарофати рохбарии партияи болшевики, ба шарофати гегемонияи пролетариат револютсияи буржуази-демократии феврал дар тамоми сарзамини васеи Россия галаба кард.

Дар натичаи хоинии эсерхо ва меншевиконе, ки ба рохбарияти Советхо даромада гирифта буданд, ба сабаби зудбоварии аз хад зиёди оммахои васеи коргарон ва солдатхо, ки аз аввалин комёбихои револютсия сармаст шуда буданд, хокимияти давлатиро буржуазия ба дасти худ мегирад. хокимияти нави давлати дар шахси хукумати Муваккати аз намояндагони буржуазия ва помешикони буржуазияшуда иборат буд.

Ба як тарзи махсус ба хам пайвастани ду диктатура: диктатураи буржуазия дар шахси хукумати Муваккати ва диктатураи пролетариат ва дехконон дар шахси Совети депутатхои коргарон ва солдатхо вазъияти ба вучудомада, рафти вусъати вокеахои револютсиониро чи дар тамоми мамлакат ва чи дар Осиёи Миёна хам муайян кард. [2]

Револютсияи феврал оммаи васеи халки Осиёи Миёнаро сахт ба чунбиш овард. Дар рузхои аввалини револютсия аввал дар Тошканд, баъд дар дигар шахрхои кишвар, аз чумла дар шахрхои аксарияти ахолиаш точик дар Самарканд, Хучанд, Уротеппа, Бухорои Нав (Когон) Советхои депутатхои коргарон ва солдатхо ба вучуд омаданд. Дар баробари Советхо ташкилотхои иттифокхои касабаи коргарон, косибон, хунармандон ва дигар табакахои ахли мехнат таъсис меёфтанд. Дар Самарканд Иттифоки мусулмонони мехнаткаш («Иттифок») роли калон мебозид, ки бисёр фаъолони он сиёсати болшевиконро суботкорона ва бо чиддият дастгири мекарданд. Дар Хучанд, ки дар байни ахолии он рохи оханчиён хеле зиёд буданд, «Комитети рохи охании коргарон ва дехконони стансияи Хучанд» таъсис карда шуд.[3]

31 март дар мачлиси муттахидаи Совети депутатхои коргарон ва солдатхои Тошканд, Комитети ичроия, инчунин намояндагони Совети депутатхои мусулмонон ва Совети дехконон дар бораи бархам додани генерал-губернатори якдилона карор кабул карда шуд. Ин галабаи калони револютсия ба хисоб мерафт.

Як кисми халки точик, ки дар кишвари Туркистон зиндагони мекард, ба муборизаи револютсионии халкхои Россия хамрох шуд. Дар зери таъсири пролетариати Россия ва бо ёрии вай дар як катор шахрхо иттифокхои мусулмонони мехнаткаш ва Советхои депутатхои коргарони мусулмон ташкил меёбанд, ки дар онхо мехнаткашони миллати махалли бо кисми болшевикии Советхои депутатхои коргарон ва солдатхо хамкори карда, таълими муборизаи револютсиони мегиранд.

Духокимияти дар Туркистон дар хамин зохир мешуд, ки дар баробари Советхо комитети туркистонии хукумати Муваккати хамчун органи олии хокимият дар кишвар ташкил дода шуда буд, дар махалхо (вилоят ва уездхо) комиссарони хукумати Муваккати гузошта шуда буданд, инхо органхои хокимияти буржуази ба хисоб мерафтанд, ки сиёсати хукумати Муваккатиро чори мекарданд, сиёсатеро, ки аз чумла, барои дар Туркистон нигох дошта шудани машинаи кухнаи давлати равона карда шуда буд.

хукумати Муваккатии буржуази тамоми чорахоро медид, ки режими мустамликавиро дар Осиёи Миёна нигох дорад. Чаллоди халкхои Осиёи Миёна -генерал Куропаткинро хукумати Муваккати дар вазифаи пештарааш мононд. Вазири харбии хукумати Муваккати капиталист Тучков дар телеграммаи худ изхори бовари мекард, ки генерал Куропаткин барои нигох доштани тартибот дар Туркистон «тачрибаи худро истифода хохад бурд». Бо максади нигох доштани ин «тартибот» губернаторони вилояти, сардорони уезд ва тамоми дастгохи политсия дар чойхои худ мононда шуданд.

хамаи махдудиятхои миллие, ки дар замони подшохи вучуд доштанд, бекор карда нашуданд, мехнаткашон мисли пештара аз хукук махрум буданд. Сардори комитети кадетхои Туркистон Шепкин ба дехконони мехнаткаш тахдид мекард, ки барои заминхои мулкдорони калон ва бойхоро худсарона зер карда гирифтанашон чазои сахт хохад дод. Коргароне, ки рузи кори 8-соата талаб мекарданд, дучори таъкибот мешуданд. Ба таври дигар гуем, буржуазияи ба сари хокимият омада барои аз миён бурдани на зулми ичтимои ва на милли хатто кушиш хам накард. Вай баъзе зухуроти дурушти сиёсати милли-мустамликавии хукумати подшохиро (факат зохиран) аз байн бурда, онхоро бо сиёсати нозуктар ва аз ин ру боз хам хавфноктар иваз намуд.

Буржуазияи милли, унсурхои феодали-бои кушиш мекарданд, ки болоравии кайфияти миллии озодихохии оммаи халкро зери рохбарии худ гирифта ва онро ба манфиати махдуди синфиашон нстифода баранд.

Ба андозаи дар Россия ривоч ёфтани ходисахои револютсиони мохияти зиддихалкии чадидизм торафт ошкортар мешуд. Табаддулоти мохи феврали соли 1917-ро чадидхо бо вачду шодии тамом истикбол гирифтанд. Хабари револютсия расидан замоно мохи марти соли 1917 дар Тошканд «Шурои исломия» ном ташкилоти буржуазии миллатчиги таъсис ёфт, ки ба он собик депутати Думаи II давлати Муллоабдувохид Кориев ва хамон Мунавваркори Абдурашидов сарвари мекарданд. Онхо бо М. Чукаев ва И. Сайфулмулуков барин пешвоёни пантуркия ба Шурои муттахидаи кишварии исломии Туркис-тон рохбари мекарданд ва «Турк эли» («Халки турк») ном як газетача хам мебароварданд.

Мохи апрели соли 1917 миллатчиёни буржуазии Осиёи Миёна дар Тошканд съезди мусулмонони Туркистонро даъват карданд. Иштирокчиёни съезд эълон карданд, ки барои интишори нуфузи буржуазияи милли дар байни ахолии Осиёи Миёна гояхои панисломия ва пантуркизмро хатталимкон васеъ истифода бурдан даркор. Дар съезд ягон масъалае мухокима нашуд, ки барои бехтар шудани ахволи дехконон ё косибон лозим бошад. Чадидон ва пайравони онхо «сохибихтиёри ва худидоракуни»-и Туркистонро талаб карданд, то ки факат худашон мехнаткашонро толону тороч кунанд. Онхо кушиш мекарданд, ки сохти кухнаи нимфеодалиро баркарор нигох доранд, таъсири дини ислому ходимони он, таъсири буржуазияи миллиро ба халкхои Осиёи Миёна мустахкамтар кунанд.

Пешвоёни чадидхо – М. Бехбуди, Мунавваркори Абдурашидов, Абдурауф Фитрат ба таргибу ташвики гояхои пантуркизм ахамияти махсус дода, «бою камбагал»-ро даъват мекарданд, ки «дар рохи як максад» хизмат кунанд ва бо хамин байни мехнаткашони махалли ва камбагалони рус низоъ меандохтанд. Дар ин кор «Турон» ном гурухи буржуазии милли, ки сонитар ба «Ташкилоти федералистони турк» («Турк адам марказият») табдил ёфт, макоми намоён дошт.

Ташкилоти махаллии буржуазии «Шурои исломия» ва ташкилоти феодалии динии «Уламо» таъсис ёфтанд, ки майдони амалиёташон хеле васеъ буд. Онхо шиорхои контрреволютсиони, шиорхои панисломия ва пантуркизмро пешбари карда, мехостанд, ки оммаи махаллии мехнаткашро аз кафои худ гирифта баранд, оммаеро, ки бедор шуда буду аммо аз кайди чахолат ва азияти асрина рахо наёфта буд.

Рохбарони ин ташкилотхо худро хомиёни дини ислом ва манфиатхои умумимилли ба калам дода, табакахои бокимондаи ноогохи ахолии махаллиро ба мукобили болшевикон игво медоданд. Масалан, дар Хучанд ташкилоти «Шурои исломия» чунин овоза пахн карда буд, ки гуё болшевикон молу мулки мардумро кашида гирифта, чамъияти кардан мехостаанд, гуё болшевикон расму оини диниро манъ карда, дини мусулмониро нест кардани будаанд. «Шурои исломия» ва махсусан «Уламо» ахолии махаллиро на ин ки факат барои ба болшевикон пайрави кардан, балки барои иштирок кардан ба хар як ташкилоти мехнаткашон таъкиб менамуданд.

Органи Совети депутатхои коргарон ва солдатхои Тошканд «Наша газета» мохияти зиддихалкии амалиёти «мустамликадорони навбаромад»-и хайъати хукумати Муваккати ва хиёнаткорихои миллатчиёни буржуазиро бо далелу исботхо фош карда ба мехнаткашон (алалхусус, ба мехнаткашони махалли) мохияти хакикии мутаассибонро нишон медод. «Инак боз як касофати дигар шуд –балои севум омад, ки номаш «Уламо» будааст –- навишта буд «Наша газета» – Ин бало аз кахтию вабо хам бадтар. Ин як селаи бадаъмолони шахри кухна аст, ки аз офати чанг миллионхо сум дуздидаанд, аз хисоби кулфати мардум давлатманд шудаанд».[4]

Дар моххои аввали Револютсияи феврал ба миллатчиёни буржуази муяссар шуд, ки кисме аз ахолиро гаранг карда аз паси худ баранд. Онхо мекушиданд, ки дар Осиёи Миёна зидди болшевикхо фронти ягона ташкил диханд, зеро таъсири болшевикон ба халкхои Осиёи Миёна руз ба руз меафзуд. Чадидон, панисломчихо, пантуркчихо ба таргиботу ташвикоти болшевикон шиори худ «миллати ягонаи мусулмон»[5]-ро мукобил гузоштани мешуданд, синфхои гуногунро ба иттиход даъват мекарданд. Дар ин бобат як хитобаи Фитрат хеле чолиби диккат аст:

«Мусулмонони Туркистон!– навишта буд вай дар хитобааш,– биёед, аз барои пайгамбар, аз барои дин, аз барои илм муттахид шавем; ба низои байнихуди ва тафрикаи синфи чашм пушем, худро бо риштахои дустию иттиход барбандем, ки нахустпанди ислом аст, биёед, даст ба хамдигар дихем»[6].

Вале вазифае, ки онхо назди худ гузошта буданд, ба хеч вачх ичро намешуд. Программаи ленинии партияи болшевики дар масъалаи милли халли хамон масъалахои умдаеро дар назар дошт, ки миллионхо мехнаткашони тамоми миллатхо ба умеди халли он масъалахо буданд ва хамин нияти партияи болшевикон ба дили хамаи мехнаткашон рох меёфт ва ба туфайли хамин мардуми гушаву канорхои Россия хам, аз чумла халкхои Осиёи Миёна фаъолона болшевиконро дастгири мекарданд.

Худи хаёт ба чараёни аз хам чудошавии синфии ахолии махалли ёри расонд. Мехнаткашони точику узбек ва туркману киргиз торафт бештар бовари хосил мекарданд, ки бойхои махалли мардумро ба ягонагии милли даъват карда, дар амал аз хисоби бародарони «хамхун»-и худ – дехконон ва камбагалони кашшоку гуруснаи шахр, давлатманд мешаванд. Чунин вокеаи чолиби диккатро мисол меоварем, ки онро матбуоти болшевики хабар дода буд: «Масъалаи озукавори дар Уротеппа бисёр мушкил аст. Мардум аз гуруснаги аз вулусхои дар гирду атроф будаи Басманда, Шахристон ва дигар махалхо, ба суи Дарё мегурезанд. Чунки дар Дарё ба хар хол арзан хаст. Вокеан, бо ин арзан корхои бехаёна мекунанд, бойхои Уротеппа дар стансияи Кривошенно хар пуд арзанро 28 суми харида, онро русти бо поезди пассажири ва молкашон ё бо ароба ба Уротеппа мекашонанду дар хавлихошон орд карда, ба мардуми гурусна хар пудашро 50 суми мефурушанд»[7].

Оммаи мехнаткаш торафт бештар ба хамин маъни сарфахм мерафтаги мешавад, ки байни камбагалони аз гуруснаги мурдаистода ва сабабгорони ин гуруснаги– бойхои савдогар, ки ба ташкилоти «Шурои исломия» сардори мекунанд, хеч гуна манфиатхои «умумимилли» шуда наметавонад.

Фаъолияти собик мардикорон, яъне ононе, ки барои кори акибгох ба Россия сафарбар шуда буданд, ба инкишофи шуури синфии пролетархову косибону дехконони махалли хеле мусоидат кард. Онхо ба Россия рафта, зуд ба майдони муборизаи шадиди сиёси медаромаданд, дар рохи муборизаи фаъолонаи зидди золимон дарси мухим мегирифтанд ва бисёр вакт дар хамон чойхо ба партияи болшевикон аъзо мешуданд. Албатта, хамаи коркунони акибгохро якхела гуфта хисоб кардан нодуруст мебуд. Кисми болонишини онхо, ки аз амалдорони хурди подшохи ва намояндагони рухониён иборат буданд, хамаи чорахоро медиданд, ки коркунони акибгох бо коргарони рус ва украин алокадор нашаванд. Аксар вакт аз руи маълумоти онхо коркунони акибгохро хабс ва махкум мекарданд.

Аммо хамаи чорахое, ки хукумати подшохи ва дертар хукумати Муваккати, буржуазияи милли ва рухониёни мусулмон барои мардикорони акибгохро, инчунин мехнаткашони миллатхои махаллиро, аз таъсири идеяхои болшевики нигох доштан медиданд, натичаи дуруст набахшид.

Мана, як мисоли чолиби диккат. Дар солхои мардикоргири дар катори дигарон хукуматдорони подшохи Чура Зокиров ва Абдукодир Рахимбоевро хам ба кори акибгох ба Россия гирифта рафтанд. Чура Зокиров ба заводи шахри Бердянск (хозир шахри Осипенко) афтод. Дар ин чо на факат бо гояхои ленинии сотсиал-демократи шинос шуд, балки ба дурустии онхо имони комил пайдо кард. Пас дар байни дигар мардикорони осиёимиёнаги фаъолона ташвикоту таргибот бурд. Уро хатто ба депутатии совети шахри Бердянск номзад хам карданд.

Фаъолияти Абдукодир Рахимбоев хам чунин буд. Вай ба шахри Харков ба заводи «Ширкати умумии электрики» афтод. Баъдхо Абдукодир Рахимбоев ба ёд меовард, ки чи гуна ба мачлисхои коргарони русу украин мерафт, чи гуна онхоро бо хаёти халкхои Осиёи Миёна шинос мекард ва худаш хам чи гуна аз вокеияти Россия ва Украина вокиф мегардид: «Ман хамон вактхо саводи дуруст надоштам, хусусан саводи аврупои надоштам; аммо забони аврупоиро надонам хам харакат мекардам, ки хамаи гапхои дар мачлисхо мешудагиро фахмида гирам ва худам барои дигар дустони туркис-тониам тарчумони хам мекардам». Коргарони русу украин ба вай газета хонда вокеаву ходисахои замонаро фахмонда медоданд, худи Рахимбоев бо ташкилоти болшевикон алокаи мустахкам дошт ва бо хидояти ячейкаи партиявии завод дар намоишу митингхо иштирок мекард.[8]

Маълум ки вакте Зокиров, Рахимбоев ва дустони онхо, ки дар кураи ходисахои револютсионии кисми европоии Россия обутоб ёфта буданд, ба шахру дехоту авулхои худ баргаштанд, дарсхои оид ба хамкорию хамфикрии синфии дар он чойхо гирифтаи худро зуд ба кор бурданд. 25 майи соли 1917 дар Хучанд ба муносибати бозгашти мардикорон митинг шуд ва иштирокчиёни он Совети депутатхои мардикорони коргарро интихоб карданд. Чура Зокиров, Абдукодир Рахимбоев, ки дар фаъолияти ташкилотхои револютсиони макоми намоён доштанд, аъзои Президиуми ин Совет шуданд.

Асосан ба шарофати гайрату хизмати мардикорони ба Россия рафта омадаги мохи июни соли 1917 дар Хучанд Совети интернатсионалии мехнаткашон таъсис ёфт ва чор депутати он ба хайъати Совети депутатхои коргарон ва солдатхои шахр хамчун вакил фиристода шуданд.[9] Ин гуна ходисахо ба бисёр дигар махалхои Туркистон хам хос буданд.

Ташкилотхои болшевики, ки дар шахрхои Осиёи Миёна пайдо шуда буданд, ба иттифокхои мехнаткашони махалли, «Иттифок» ва Совети депутатхои мусулмонон бештар таъсир мегузаронданд. Пролетархо, дехконон ва хунармандони мехнаткаш аз миллатхои махалли торафт бисёртар ба сафи партияи болшевики медаромаданд. Дар ин бобат бахои комитетхои партияви ба аввалин болшевикони миллатхои махалли басе чолиби диккат аст: «Пролетархои асил, ки факат бо мехнати худ зиндаги мекунанд, онхо бо шавку рагбати багоят калон, бо ёрии тарчимонхо, идеяхои сотсиал-демократияро гуш карда, фахмида мегиранд; бо кувваи фаросати пролетари… нуктахои асосии харакати коргариро аз худ мекунанд. Онхо ба сафи партия дохил шуда, аъзоёни богайрат мешаванд, вазифахои худро бо майли тамом ичро мекунанд»[10].

Съезди II кишварии ташкилотхои РСДРП-и Туркистон, ки мохи июли соли 1917 дар Тошканд кушода шуду ба кори байни мусулмонон махсус диккат дод, дар ин бобат ахамияти калон дошт. Дар резолютсияхои съезд зарурати «аз банди гояхои клерикалию буржуази рахо додани мусулмонон, хамчунин равшан кардани худшиносии пролетариати мусулмон» кайд шуда буд.

На факат дар шахрхо, балки дар дехоти Осиёи Миёна хам авч гирифтани муборизаи шадиди синфи, дар махалхои гуногун таъсис ёфтани Советхои револютсионию демократии мусулмонони мехнаткаш, ки бо Советхои депутатхои коргарон ва солдатхо муттахид мешуданд ё амалиёти худро бо он мутобик менамуданд, шиору программаи РСДРП-ро комилан тарафдори мекарданд – хамаи ин падидахо гарави мухим ва бурхони котеъи хамин буданд, ки табакахои васеи ахолии Туркистон бо миллатчиёни буржуази, чадидхо, пантуркчихо не, балки ба химоятгарони содики кори халк – болшевикон пайрави мекунанд. Агар дар давраи револютсияи соли 1905 дар байни миллатхои махалли танхо ягон-ягон кас бевосита кори револютсиони мебурда бошад, холо садхо точикон, узбекон, казокон, туркманхо, киргизхо ва намояндагони дигар халкхои Осиёи Миёна ба сафи партияи болшевики дохил мешуданд. Дар зери рохбарии партияи болшевики иттифоки пролетариати рус бо мехнаткашони миллатхои мазлум ташкил меёфт.

Дар арафаи револютсияи февралии буржуази-демократи партияи мо доир ба масъалаи милли назарияи аз тарафи В.И.Ленин чукур асоснок кардашудае дошт, ки ин дар кори бомуваффакият ташкил ёфтани иттифоки пролетариати рус бо мехнаткашони миллатхои мазлум бисёр кумак расонд. Ташкилотхои партияви дар кори худ, ки байни мехнаткашони миллатхои махаллии гушаву канори мамлакат, аз чумла, байни мехнаткашони Осиёи Миёна мебурданд, чунин асархои В.И.Ленинро, монанди «Мулохизахои танкиди оид ба масъалаи милли», «Дар бораи хукуки худмуайянкунии миллатхо», «Револютсияи сотсиалисти ва хукуки худмуайянкунии миллатхо», «Чамъбасти мубохиса дар бораи худмуайянкуни», ки дар солхои 1913–1916 навишта шуда буданд, ба рохбари мегирифтанд.

Кисми зиёди халки точик, ки дар аморати Бухоро сукунат дошт, аз нуктаи назари ба револютсия хамрохшави дар шароити на чандон мусоид буд. Агарчанде ки амир Олимхон дар телеграммаи худ ба номи генерал-губернатори Туркистон Куропаткин ба муносибати хуши ба хуши ва ба тарики тамоман осоишта ба сохти нав гузаштани тамоми Туркистон мамнунияти самимона изхор карда буд, ё худ агарчанде ки Агентии сиёсии императори дар Бухоро бо карори хукумати Муваккати Резидентии Россия номида шуда буд, дар аморати Бухоро аслан ягон дигаргуние ба амал наомад. Дар ин мобайн дар аморат дар махалхои руснишин вазъият якбора тезутунд шуд. хануз 8 марти соли 1917 вакте хабари сукути подшох ба ин чойхо расид, коргарони рохи охани стантсияи Когон митинги калон оростанд, ки дар он шаш хазор одам иштирок кард. Дар ин митинг болшевик П.Г.Полторатский нутки оташин эрод намуд. Пас аз ин дере нагузашта мехнаткашони махалли яроку аслихаи политсайхоро кашида гирифтанд ва махбусони сиёсиро озод карданд. Дар телеграммаи бадвохимаи Гумоштаи сиёсии Россия дар Бухоро Миллер, ки ба Тошканд, ба генерал-губернатор Куропаткин фиристода буд, гуфта мешуд: «Коргарони сершумори рус, ки дар заводхои пахтаву равгани Бухоро кор мекунанд ва коркунони рохи охани Осиёи Миёна ва Бухоро ба таъсиси муассисоте шуруъ карданд, ки аз руи гуфтаи онхо бояд чои муассисахои политсия ва аз афти кор, чои дигар муассисахои давлатии моро гиранд».[11]

хукумати Муваккати мекушид инони вазъиятро ба даст гирад. Мохи майи соли 1917 дар Когон, Чорчуй, Тирмиз, Карки комитетхои ичроия ташкил шуданд, ки бояд ба махалхои руснишин рохбари мекарданд. Дар аввалхои мохи май дар Бухоро съезди вилоятии ин комитетхо Комитети вилояти таъсис кард, ки ба Комитети туркистонии хукумати Муваккати тобеъ буд.

Дар баробари ин органхои хокимияти халки – Советхои депутатхои коргарон ва солдатхо ташкил мешуданд. Ба кавли прокурори суди округии Самарканд, советхо на факат бо масъалахои сиёсати хоричию дохили, балки бо масъалахои хаёти рузмарра, алалхусус, масъалаи озука хам «машгул» мебошанд. «Советхои депутатхои коргарон ва солдатхо дар пеши мардум эътибори баланд доранд, онхоро муассисахои давлати ва ашхоси расми хам эътироф мекунанд. Эътибори комитетхои ичроия (яъне органхои хукумати Муваккати – Б.Г.) камтар аст. Ин комитетхо дар катори Советхои депутатхои коргарон ва солдатхо амал кунанд хам, хеч обру надоранд. Сабаб бояд хамин бошад, ки ин комитетхо мисли Советхои коргарон ва солдатхо он кудрати реалие надоранд, ки барои дар хаёт чори намудани карорхои худ истифода баранд»[12]. Чи тавре мебинем, прокурори Самарканд дидаи бино доштааст. Органхои хокимияти халк бар ташкилотхои сунъии буржуазию эсеру меншевики афзалияти калон пайдо мекарданд.

Ташкил ёфтани Совети депутатхои коргарон ва солдатхо, болоравии кайфияти револютсиони дар шахрхои Осиёи Миёна ба оммаи халки точик дар аморати Бухоро рухи револютсиони мебахшиданд. Аммо ба гушаю канори дурдасти давлати хони дар он вакт хабархои хаккони дар бораи револютсияи феврал хануз рафта намерасиданд.

Табакаи пролетарии ахолии махалли хануз камшумор буд. Дехконон ба муллохо бовар мекарданд, онхо аз чихати сиёси нихоятдарача кафомонда буданд. Унсурхои иртичои кисми зиёди ахолии махаллиро дар таъсири худ нигох медоштанд. Бо вучуди ин, дар хамон вазъияте ки аморати Бухороро фаро гирифта буд, таъсири зури револютсия мушохида карда мешуд, дар байни мехнаткашон хашму газаб аз бехукуки дар аморат ва бедодгарихои амиру мукаррабонаш торафт меафзуд.

Чадидони Бухоро хам ба чунбиш даромада буданд, аммо онхо барои гузаронидани ягон хел ислохоти асоси, ки ба манфиати халк равона шуда бошад, харгиз намекушиданд. Чадидон ба амир талаботи катъи пешниход накарданд ва бо як эхтиёткории калон «азхадгузарихоро» дар системаи хукуматдории амир махкум мекарданду бас. Онхо харгиз нияти сарнагун кардани амирро надоштанд. Онхо кушиш мекарданд, ки бо ёрии хукумати Муваккати дар системаи хукуматдори баъзе ислохоти ночиз дароварда дар корхои давлати худхошон хам иштирок намоянд.

Амири Бухоро барои ором кардани халк ва мустахкам кардани пояи давлати худ 7 апрели соли 1917 дар бораи «ислохот» манифест баровард. Дар ин манифест ба гайр аз ваъдахои хушку холии умуми чизе набошад хам, чадидони Бухоро ба вачд омаданду бо шиори «Зинда бод амири озодидуст» ба намоиш баромада, изхори миннатдории тамаллуккоронаи худро ба амир ифода карданд. Аммо азбаски хукуматдорони амир хатто чадидони хушомадгуйро хам «револютсионерон»-и хатарноктарин хисоб мекарданд, баъди намоиш онхоро ба таъкибкуни даромаданд. Махсусан мардуми мехнаткаш ва ходимони хакикатан тараккипарвари аморати Бухоро ба таъкиботи сахт дучор гардиданд.

Дар ин рузхо хамаи зиндонхо аз бандиён пур буданд. Чаллодони амири Бухоро дар кучахо хатто одамонеро хам медоштанд, ки сару либосашон назар ба акидаи онхо «ба рухи мусулмони» муносиб набудааст. Гурух-гурух одамони бегунох хар руз ба марги пуразоб гирифтор мешуданд. Садхо одамонро бо андак шубха чуб зада чазо медоданд. Бо фармони амир С. Айниро дастгир карда 75 чуб мезананд ва ба зиндон мепартоянд. Уро солдатхои револютсионии рус, ки аз Бухоро гузашта ба хонахошон мерафтанд, аз марг халос мекунанд. хукумати Муваккати барои махдуд кардани катлу куштори вахшиёнаи амири Бухоро чорае намедид. Резидентии Россия, хам, ки намояндагии дип-ломатии хукумати Муваккати дар назди амир хисоб меёфт, нисбат ба бедодгарии чаллоди хунхор — амир Олимхон бепарво буд.

Иртичоъ дар Бухоро муваккатан тантана кард. Аммо рухи револютсионии оммаи мехнаткаш руз ба руз болотар мешуд.

* * *

В.И.Ленин дар «Тезисхои апрелии» машхури худ чунин вазифаи нав мегузорад: «…Аз мархилаи якуми револютсия, ки дар натичаи ба кадри кифоя шуурнок ва муташаккил набудани пролетариат хокимиятро ба буржуазия додааст, ба мархилаи дувуми вай гузаштан аст, ки ин мархила бояд хокимиятро ба дасти пролетариат ва камбагалтарин табакахои дехконон дихад».[13]

Россия дар арафаи револютсияи нав, револютсияи сотсиалисти меистод. Партияи болшевикон синфи коргар ва дехконони камбагалтарини хамаи халкхои Россия, аз чумла халкхои Осиёи Миёнаро барои ба амал баровардани ин револютсия тайёр мекард.

[1] Ленин В.И., Асархо, ч. 23, с. 385.

[2] Искандаров Б.И., 1970, с. 28–35.

[3] «Очерки истории Коммунистической партии Туркестана», вып II, 1959, с. 32.

[4] Аминов А., Бобохучаев А., 1966, с. 121.

[5] Чадидизм умуман манфи бошад хам, ба он муваrrатан одамони поквичдони чуянда хам хамрох мешуданду программаи зиддихалrии миллатчиёни буржуазиро эътироф намекарданд ва ба андозаи фош шудани мохияти иртичоии чадидизм аз он дур мешуданд.

[6] Газ. «{уррият», 25 июни с. 1917.

[7] «Наша газета», № 121, Тошканд, с. 1917 (Дарё – махаллаи Сир-Дарё ба назар дошта шудааст).

[8] «Очерки истории Коммунистической партии Туркестана», вып. II, 1959 с. 35,

[9] Дар хамон чо, с. 38–39.

[10] «Победа Великой Октябрьской социалистической революции в Туркестане». Сб. документов. 1947, с. 41.

[11] ЦГА Узб. ССР, И. 3, оп. 2, д. 514, л. 100.

[12] «Подготовка и проведение Великой Октябрьской социалистической революции», Сб. документов, 1947, с. 117.

[13] Ленин В.И., Асархо, ч. 31, с. 4.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …