Главная / Илм / РАСИДАНИ АМОНАТИ ХАЗРАТИ РАСУЛУЛЛОХ /С/

РАСИДАНИ АМОНАТИ ХАЗРАТИ РАСУЛУЛЛОХ /С/

Овардаанд, ки баъд аз вафоти Хазрати Расул /с/ дар хар соле сахобаи гироми Анас ибни Молик /р/ ба сафари Кибла мерафти ва бар дари хонаи Каъба биёмади ва нишасти ва аходиси Хазрати Расул /с/ баён карди. Абуханифа /р/ дар он вакт хурдсол буд. Вакте шуд, ки падари вай уро бо худ ба сафари Кибла бурд зеро он сол Хаччи Акбар буд. Чун хаччи Ислом ба чо оварданд, Абуханифа /р/ анбухеро дид, ки бар дари хонаи Каъба. Аз падар пурсид, ки бар дари Каъба чи анбухе аст? Падараш гуфт: Ёрест аз ёрони Расул /с/, умри фаровон ёфтааст ва дар хидмати Рисолатпанох саллаллоху ъалайхи ва олихи ва саллам будааст.

Хар соле меояд ба дари хонаи Каъба, ахкоми шаръи ва аходиси Расул /с/ баён мекунад. Абуханифа /р/ падарашро гуфт:

– Маро ба хаво бардор, то руи мубораки уро бубинам. Падар вайро дар хаво кард. Анас ибни Молик /р/-ро, бидид, валекин суханони уро намешунид. Падарро гуфт:

– Маро дар мачмаъа андоз, то пеши у фуруд оям. Падараш вайро дарандохт. Пеши Анас /р/ фуруд омад. Анас /р/ нигох кард кудакеро дид дар пеши худ. Анас /р/ Хадиси Хазрати Расул (с) ба хотир оварду дархол гуфт: Ту кисти?

Гуфт:

–  Ман як кудакам аз муъминон.

Гуфт:

– Номи ту чист?

Гуфт:

– Нуъмон ибни Собит.

Гуфт:

– Кунияти ту чист?

Гуфт:

– Абуханифа.

Гуфт:

– Мавлуди ту аз кучост?

Гуфт:

– Аз Куфа. Пас Анас /р/.

Гуфт:

– Эй муъминон багалхои маро бигиред ва маро баланд бардоред.

Багалхои вайро гирифтанд вайро бархезониданд, гуфт (бо дидагони пурсиришк):

– Эй ахли арафот ва хочиён! Шумоён гувох, бошед, ки ман амонат ва саломи Расул /с/-ро бад-ин кудак мерасонам. Ва амонат берун кард ва ба у (Абуханифа) дод.

Ва як ривоят ин аст, ки Анас /р/ ба Иброхими Нахъи /р/ дод, Иброхими Нахъи /р/ ба Хаммод ибни Абусулаймон /р/ дод ва Хаммод /р/ нигох дошт, то ба рузгори Абуханифа /р/, он гох ба вай таслим кард… 63-15-16.

Имом Хаммод /р/, дар болои минбар амонат бар вай дод, Имоми Аъзам /р/ бихурд ва дархол дарёи илм дар вучудаш ба чуш омад. 63,15-16

Ва хуш аст, агар ахли назар, киссаи «ба дидори мубораки сахобаи муаззам Анас ибни Молик/р/» мушарраф гардидани Абуханифаи хурдсолро аз забони орифи шурида ва мачнуни боргохи Илохи пирам Хазрати Мавлави Чунуни – Сайид Мавлави Каландаршох ибни Шох Сохиб – Мутав. соли 1216 х.к., мутобик ба соли 1800 мелоди, дар карияи Пушанги вилояти Кандахори Давлати Исломии Афгонистон ва мутаваффии соли 1295 х.к., мутобик ба соли 1877 мелоди, дар синни 77 солаги, дар карияи Рохатии нохияи Вахдати Чумхурии Точикистон, олим ва шоиру орифи машхури асри XIX-и точик) бихонанд, ки эшон киссаи пурсузу гудоз ва пур зи рамзу рози мазкурро дар девони кабирашон-«Маъданулхол» (таърихи таълифи китоб соли 1269 х.к… мутобики 1852 мелоди аст) басо оли, дурдонавор, ба риштаи заррини назм кашидаанд, ки чунин аст:

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …