Главная / Илм / Пудина

Пудина

pudina-660x330Пудина се намуд дорад: пудинаи дашти, пудинаи нахри ва пудинаи кухи, ки ба забони узбеки кийикути меноманд ва дар байни точикони шимоли бо хамин ном иштихор дорад. Пудинаидаштиробаргхояшреза, нарм, нозук, буяштундибоатрият, таъмвабуйиоибапудинаинахриназдиктар. валеазонтезтарваталхтараст, тухмашмонандитухмирайхонмебошад. Мизочаш дар аввали дарачаи севум гарм ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: ошомидани он барои кузоз (столбняк) дору мебошад, моддахои бегонаи узвхои даруни сина ва меъдаро пок мегардонад, сузиши меъдаро таскин медихад, оруг ва бехузур (бечо) шудани дилро ба ибро меоварад; бодхоро пароканда менамояд, хамрохаки (ёраки) бачаро аз шиками зан меафтонад; арак, пешоб ва хайзро равон менамояд, моддаи савдоро бо исхол дафъ мекунад, бачаро дар шиками хомила мекушад, бар зидди захрхои чонварон тарёк мешавад.

Онро куфта, занхои хомила аз таг бардоранд, бачаро аз шиками онхо меафтонад. Пудинаи даштиро дар об чушонида, ба таги шикам кам-кам ва бардавом бирезанд, хориши бачадон (бешеная матка), бодхои бачадон ва сахтии онро, ки дар тибби хозира ноболигии бачадон меноманд — хамаашро дафъ мекунад.

Инро сухта ба дандон бимоланд, милки онро мустахкам мегардонад. Инро буй кунанд, иллати бехушшавиро дафъ мекунад. Вале нстеъмоли ин ба дарун барои рудахо зарарнок аст. Давои ин зиёнаш катиро хурдан мебошад. Микдори як бор хурдан аз пудинаи дашти дар як руз то 7 грамм аст.

Пудинаи кухи, яъне кийикути. Баргхои ин анбух, бузургтар аз баргхои пудинаи дашти ва гирдак аст. Агар инро гусфанд бихурад, шираш ба хун табдил меёбад. Буйи ин пудина тунд. Барои даво назар ба дигар пудинахо кавитар аст.

Мизочаш дар охири дарачаи севум гарм ва дар миёнаи хамин дарача хушк аст. Хислатхои шифобахши он: агар ннро биёшоманд, рутубатхои гафсро аз узвхои даруни сина, шуш, бачадон дафъ мекунад, иштихоро афзун менамояд: кулинчро, ки варами рудахои гафс аст, мекушояд, бехуши ва гамгиниро бархам медихад, пешоб ва хайзро башиддат равон мекунад; бачаро дар шиками занони хомила мекушад ва онро аз шикам меафтонад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Агар касе аз шахвати худ махрум гашта бошад, чун дар хар се руз як мартаба 1,75 грамм хушки онро соида, бо 10,5 грамм тухми харбуза, 35 грамм маскаи гусфанд ва 70 грамм асал бихурад, шахваташ на танхо баркарор мегардад, балки зиёд мешавад.

Шароби онро бинушанд, хузн ва иллати бехушшавиро дафъ мекунад, хайзи занхоро равон менамояд. Ин гиёхро сухта, дудашро занхои хомила ба миёни похои худ бигиранд, бачаро аз шиками онхо меафтонад. Ним грами инро бо равгани баласон даромехта, занхо аз таг бардоранд, дарди бачадонро таскин медихад. Хурдани пудинаи кухи ба макъад зарар дорад. Зиёни ин бо сирко хурдан ислох меёбад.

guli_pudina-300x300Пудинаи нахри, ки пудинаи оби низ меноманд. Ин ба хама шинос мебошад. Мизочаш дар охири дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатхои шафобахши он: хурдани ин бар зидди захрхо тарёк мешавад. Оби пудинаи тару тозаи онро нимгарм дар гуш чаконанд, кариро, ки сабабаш дар даруни гуш бошад, сихат мекунад.

Агар инро дар об чушонида, он обро бинушанд, иллати роснафасро, ки гирифтораш хобида ва дароз кашида, нафас гирифта наметавонад, балки рост истода ё нишаста сар боло дошта, нафас гирифта метавонад, шифо мебахшад, инчунин бемории филпо, табхои балгами ва савдовиро дафъ мекунад. Барои иллати махав дору мешавад.

Ё оби пудинаи тару тоза ё худи пудинаро бо асал бихуранд, арак меоварад, пешобро меронад; агар инро бо шароб биёшоманд, даридани мушакхо ва рафтани дарун, яъне исхолро ба ибро меоварад; агар бо сиканчабин ё бо шарбати анор биёшоманд, бечо (бехузур) шудани дил, кайи сафрови ва оругро дафъ мекунад; агар онро бо асал ва намак бихуранд, кирми меъда ва рудахо, хатто кирми кадудонаро мерезонад.

Баргашро куфта, занхо аз таг бардоранд, хайзи бастаи онхоро мекушояд, бачаро дар шиками занони хомила мекушад. Пудинаро дар шароб пухта гузошта банданд, доги сиёхи пуст ва иркуннасо (радикулит)-ро дафъ мекунад. Пудина ё оби онро бо шароб биёшоманд, захрхоро аз бадан хорич мегардонад. Пудинаи хушкро ба чойи газидаи чонварони захрнок гузошта банданд, он чоро реш мегардонад ва захрро ба худ мекашад.

Пудинаи хушкро куфта ба чое, ки кирм карда бошад, бипошанд, кирмхоро дафъ мекунад. Ба дарун истеъмол кардани пудинаи нахри барои бох ва гурда зарарнок аст. Дар ин холат катиро бихуранд, ислохи зарари он мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …