Главная / Илм / Пардаарусак

Пардаарусак

pardaarusak-2-580x330Пардаарусак (ба забони русси Физалис) — Ин гиёх аз оилаи сагангурхо мебошад. «Пардаарусак» аз хамин боис номида шудааст, ки самараш ба андозаи сари пистони занхо дар даруни пардае, ки ба шакли хичак ва дар бузурги чун манту ё тушбера аст, чой гирифтааст. Даруни он парда ба гайр аз самари он дигар хеч чиз надорад, балки ковок ва холи мебошад. Пардааш хам, донааш хам дар вакти хоми сабз ва бипазад, сурх мегардад. Баргаш монанди барги сагангур, вале аз он дарозтар, гулаш сафеди моил ба сурхи мебошад. Ин растани ду навъ аст: кухи ва бустони. Дар тиб парда ва самари навъи бустониаш кор фармуда мешавад. Кувваташ то се сол боки мемонад.

Мизочи пардаарусаки бустони сард ва хушк аст дар дарачаи дувум, вале мизочи кухии он дар дарачаи севум сард ва хушк мебошад. Хислатхои шифобахши он: оби самари расидаи (пухтагии) онро дар гуш чаконанд, решхои кухнаи гушро дармон мешавад. Хурдани самари пухтагии пардаарусак иллати дамкутахи, обхура, яъне ташнагии доими ва душвории нафасро шифо мебахшад, моддаи сафроро ба воситаи пешоб аз бадан хорич менамояд; хамаи навъхои кирми меъда ва рудахо, хатто кирми кадудонаро, ки ба руси солитёр меноманд, дафъ мекунад; пешоби бандшударо равон месозад; беморихои гурда ва хичак, инчунин захмхои ин аъзоро шифо мебахшад; холи бади чигарро ислох мекунад.

Хар руз 4,5 грамм аз самари он бихуранд, зардпарвинро дафъ мекунад. Агар зан баъд аз пок шудан аз хайз хафт адад самари пухтагии онро фуру барад, хамон мох хомила намешавад.

pardaarusak-2-300x233Оби самари онро дар офтоб гафс гардонанд, инро усораи самари пардаарусак меноманд. Усораи инро бимоланд, сахтихои бадан ва бавосир (геморрой)-ро тахлил медихад, решхои кухнаи гушро дафъ мекунад ва решро аз фасод кардан нигох медорад. Аммо зарараш хамин, ки агар инро бисёр бихуранд, карахти меоварад. Дар ин холат гулканд бихуранд, ислохи зарар менамояд. Микдори як бор хурдан аз пуст (парда) ва самари он то 17 грамм аст.

Пардаарусаки кухиро бихуранд хам, пешоби бандшударо равон мекунад. Аз ин 4,5 грамм бихуранд, хоб меоварад, вале аз ин зиёд бихуранд, аклро бечо ва девона мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …