Главная / Биология / ПОЛИМЕРХОИ БИОЛОГИ – КИСЛОТАХОИ НУКЛЕИНАТ

ПОЛИМЕРХОИ БИОЛОГИ – КИСЛОТАХОИ НУКЛЕИНАТ

Ахамияти кислотахои нуклеинат дар хучайрахои организм нихоят калон аст. Хусусияти сохти химиявии онхо имконияти нигахдори, гузаронидан ва интиколи ирсиятро таъмин менамояд. Азбаски сабаби аксарияти хосиятхо ва аломатхо дар организми зинда сафедахо мебошанд, бинобар ин фахмост, ки устувории кислотахои нуклеинат – шарти мухимтарини муътадили фаъолияти хаётии хучайра ва тамоми организм ба шумор меравад. Яъне, метавон гуфт, ки зухури хосият ва функсияи кислотахои нуклеинат ба хосият ва функсияхои сафедахо дар организм сахт вобаста аст.

Хар гуна тагйирот дар сохти кислотахои нуклеинат ба тагйироти структураи хучайра ё фаъолияти равандхои физиологи дар онхо оварда мерасонад.

Структураи кислотахои нуклеинат бори аввал аз тарафи биологи америкои Ч.Уотсон ва физики англис Ф.Крик омухта шуда буд. Онхо изхор намуданд, ки тадкик ва фахмиши аломатхо дар организми зинда, хамчунин тадкики конуниятхои ичрои функсияи чи хучайрахои алохида ва чи системаи хучайрахо-бофтахо ва узвхо ахамияти хеле калон дорад.

Дар организм ду навъи кислотахои нуклеинат–кислотаи дезоксирибонуклеинат (КДН) ва кислотаи рибонуклеинат (КРН) мавчуданд.

Кислотаи дезоксирибонуклеинат – КДН. Кислотаи дезоксирибонуклеинат полимери биологи буда, аз ду занчири (силсилаи) полинуклеотиди, ки бо хамдигар пайваст шудаанд, иборат аст. КДН полимери массаи молекулавиаш хеле калон мебошад.

Мономерхое, ки занчирхои КДН-ро таркиб медиханд, пайвастагихои мураккаби органики буда, асосхои нитрогени доранд: аденин (А) ё тимин (Т), ситозин (С) ё гуанин (Г), канди панчатома-пентоза-дезоксирибоза, ки аз руи он худи КДН ном гирифтааст, инчунин бокимондаи кислотаи фосфат. Ин пайвастагихо нуклеотидхо номида шудаанд (расми 3.6).

полимерхои биологи

Дар як молекула 108 ва бештар нуклеотидхо дохил мешаванд. Дар хар занчир нуклеотидхо бо хамдигар тавассути банди фосфодиэфирии байни як дезоксирибоза ва бокимондаи кислотаи фосфати нуклеотиди баъдина пайваст шудаанд. Ду занчир дар молекулаи ягона бо ёрии бандхои гидрогени, ки байни асосхои нитрогени ба вучуд меоянд, муттахид мешаванд. Асосхои нитрогени ба таркиби нуклеотидхо, ки силсилахои гуногун ба вучуд меоранд, дохил шудаанд. Микдори бандхои гидрогени байни асосхои нитрогении гуногун нобаробар аст, аз хамин сабаб онхо факат метавонанд чуфтчуфт (дутои) пайваст шаванд: асоси нитрогении А-и як занчири полинуклеотидхо хамеша бо Т-и дигар занчир, вале

Г–бо се банди гидрогени бо асоси нитрогении С мукобили силсилаи полинуклеотиди пайваст мебошанд. Хамин гунна кобилияти интихобии пайвастшавии нуклеотидхо, ки дар натичаи он чуфтхои А–Т ва Г–С ба вучуд меоянд, кобилияти комплементари номида мешавад (расми 3.7).

555

Агар пайдархамии асосхои нитрогени дар як занчир (ма- салан, Т–С–А–Т–Г) маълум бошад, он гох ба туфайли принсипи комплементари пайдархамии асосхои нитрогении занчири мукобил (А–Г–Т–А–С) маълум мегардад.

Занчири нуклеотидхо спиралхои хачмии рост печутобхуранда ба вучуд меоранд, ки дар хар печ 10 чуфт асоси нитрогени доранд. Гуруххои кандфосфатии нуклеотидхо аз берун, вале нуклеотидхои пайвасташон комплементари аз

дарун чойгир мебошанд. Занчирхо дар атрофи хамдигар, инчунин дар атрофи мехвари умуми печутоб мехуранд (расми 3.8). Структураи чунин молекула асосан бо бандхои гидрогени нигох дошта мешаванд.

спирралСпирали дучандаи Уотсон ва Крик Хангоми пайвастшави бо сафедахои муайян (гистонхо) дарачаи спиралшавии молекулахо меафзояд. Молекула гафстар ва кутохтар мегардад (расми 3.9). Минбаъд спиралшави ба дарачаи оли мерасад ва спирали дарачааш баландтар суперспирал ба вучуд меояд.

Функсияи КДН. Кислотаи дезоксирибонуклеинат функсияи бенихоят мухим – нигох доштану аз нав ба вучуд овардани хаётро ичро менамояд.

Якум, нигохдории ахбори ирси, ки ба пайдархамии нуклеотидхои яке аз силсилахои он асос ёфтааст. Вохиди хурдтарини ахбори генетики баъд аз нуклеотид се нуклеотиди пайихам чойгиршуда – триплет мебошад. Пайдархамии триплетхоро дар занчири полинуклеотиди пайдархамии аминокислотахо дар молекулаи сафеда муайян месозад. Дар пайи хамдигар чойгиршавии триплетхо, ки сабаби структураи як занчири полипептиди мегардад, макоми ген калон аст.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …