Главная / Чамъият / ПЕШНИХОДИ КАРЗ

ПЕШНИХОДИ КАРЗ

Мукарароти умуми

Карзхоро метавон ба таври накди ва гайри накди пешниход кард.

 Раванди  пешниходи карз

Пешниходи  карз ба таври накди

Воситахои карзи аз суратхисоби карзии карзгиранда дебет кунонида шуда ба хисоби пасандози дархостшавандаи карзгиранда кредит кунонида мешаванд. Баъд аз хисоби пасандози дархостшавандаи карзгиранда тарики хазина ба таври накди дода мешавад.

qarz-peshnihodВоситахои пули накд аз чониби корманди хазина танхо ба дасти карзгиранда дода мешавад. Пеш аз он, ки корманди хазина пулро дихад, бояд тавассути мукоиса намудани маълумотхо ва имзои шиносномаи карзгиранда, бо маълумотхои бастаи хуччатхои карзи ва намунаи имзои дар бонк мавчуд буда, доир ба шахсияти карзгиранда итминон хосил намояд.

Эксперти карзи бояд бовари хосил намояд, ки воситахои карзи танхо бо максади дар шартнома пешбинишуда истифода мешаванд. Максаднок истифода шудани карз аз чониби эксперти карзи метавонад, хангоми ташрифорихои санчиши ба назди карзгиранда, дар давраи то як мохи баъд аз додани карз, тафтиш шавад.

Хамаи хуччатхои пардохти ва хисобнома – фактурахо, бояд дар бастаи хуччатхои карзи нигох дошта шаванд.

Пешниходи карз ба таври гайринакди

 Воситахои карзи аз суратхисоби карзии карзгиранда дебет кунонида шуда ба хисоби пасандози дархостшавандаи карзгиранда кредит кунонида мешаванд ва аз он ба суратхисоби тахвилдихандаи мол бо супориши карзгиранда гузаронида мешаванд. Карзгиранда метавонад аз чунин усули хисоббаробаркуни, ба мисли эътиборнома (аккредитив), ки хангоми гузаронидани амалиётхои хисоббаробаркунии карзгиранда бо тахвилдихандаи молаш нихоят самаранок аст, истифода намояд.

Карз аз рузи гузаронидани кисми (транш) якуми маблаги карз, «додашуда» хисобида мешавад.

Эксперти карзии масъул бояд фавран, баъд аз оне, ки маблаггузарони сурат гирифт, на дертар аз хамон рузи кори, ба карзгиранда доир ба гузаронида шудани маблаги карз хабар дихад.

Эксперти карзии масъул вазифадор аст итминон хосил намояд, ки хамаи воситахои карзи мувофики талаботхои Шартномаи карзи истфода шуда истодаанд. Бояд бовари хосил намуд ва хуччати тасдик кард, ки воситахои карзи барои он максадхо истифода мешаванд, ки дар Шартномаи карзи пешбини шудаанд. Барои ин мумкин аст хисобнома – фактураи тахвилдихандагони моли карзгиранда талаб карда шавад ва воситахои карзи баъд аз пешниход шудани чунин хисобнома – фактура ба суратхисоби тахвилдихандагони мол гузаронида шавад. Ин махсусан ба карзхои калон ва карзхои инвеститсиони дахл дорад. Эксперти карзи дурустии ин суратхисобхо ва мувофикати онхоро бо шартхои Шартномаи карзи тафтиш намуда, дар асоси он доир ба маблаггузаронии  мазкур, карор кабул менамояд. Дар холати ба суратхисобхои тахвилдихандагони мол гузаронидани маблагхои нисбатан калон, бояд карзгиранда бо пешниход намудани хисобнома – фактурахои алохида, маблаггузаронихои алохидаро тасдик намояд. Дилхох маблаггузаронихо аз суратхисоби карзгиранда, бо супориши расмии у сурат мегиранд.

Маблаги карзи дастгири ёфта, бояд бо ташаббуси карзгиранда ба суратхисоби у дар давраи на дертар аз 30 рузи кори, баъд аз ба имзо расидани Шарнома карзи гузаронида шавад. Ин бояд дар Шартномаи карзи пешбини шуда бошад. Пас аз ба охир расидани ин мухлат, агар воситахои карзи тамоман гирифта нашудаанд (ба суратхисоби карзгиранда гузаронида нашудаанд), Шартномаи карзи метавонад катъ карда шавад. Доир ба ин масъала, эксперти карзи бояд Кумитаи карзиро дар чаласаи оянда огох намояд. Мувофики коидахои Низомномаи мазкур, Кумитаи карзи доир ба тадбирхои андешидашавандаи минбаъда, карор кабул менамояд.

Дар тули 30 руз эксперти карзи бояд бо карзгиранда ба алока барояд ва шархи ба таъхир афтодани додани карзро пурсон шавад. Ин маълумот дар чаласаи дахлдори Кумитаи карзи барраси мегардад.

 Дар парвандаи карзи бояд хамаи хуччатхои пардохти, чекхои тахвилдихи ва хисобнома – фактурхо нигох дошта шаванд.

Кабл аз додани карз, аз маблаги асосии карз тарх кардани хама гуна маблагхои хизматрасони (хакки истифодаи карз, хизматрасони чихати бакайдгирии давлатии гарави карз ва сугуртаи он, хизматрасонии хазинави), ки барои муайян намудани меъёри фоиз асос гардидаанд, ба ташкилотхои карзи манъ аст.

 Мархила ба мархила пешниходи карз

Агар карз мархила ба мархила дода шавад, пас ба гайр аз коидахои бонкии гузаронидани воситахои карзи, боз коидахои зерин истифода мешаванд:

а) Пеш аз хар як маблаггузаронии нав, эксперти карзи хангоми сафархояш ба махалли тичорат, бояд доир ба дуруст истифода гардидани воситахои карзии каблан гирифташуда ва аз чониби карзгиранда риоя шудани хамаи созишхои шартномави, итминон хосил намояд.

б) Кисматхои нави карз танхо он гох дода мешаванд, ки агар карзгиранда ба таври доими ва дакиккорона фоизхоеро, ки дар давраи имтиёзнок бояд пардохт карда шаванд, бипардозад.

Агар рохи дигар пешбини нашуда бошад, пас якбора додани ин гуна маблагхои карзи чунин сурат мегиранд:

а) Давраи хадди аксари чудо намудани мархилахои минбаъдаи карз, набояд аз давраи муайяншудаи имтиёзи аз руи карз бештар бошад.

б) Дар тули давраи имтиёзи, бояд карзгиранда фоизхои карзро аз руи мархилаи аввала гирифтаашро пардохт намояд.

в) Пас аз ба пешниход шудани маблагхои карзи аз руи мархилахо тибки тартиботи муайяншуда Эксперти карзи бояд накшаи нави пардохти карзро аз руи бакия мабаги умумии омода намуда пардохти онро назорат барад.

г) Накшаи пардохт, дар асоси хачми маблаги карзи гирифташуда ва мухлати ибтидоии тасдикшуда, тайёр карда мешавад. Мувофикан воридкунихо аз руи карз низ муайян карда мешаванд.

е) Бояд хамаи шартхои чудо намудани карз, ба карори Кумитаи карзи мутобикат кунанд.

          Кумитаи карзи метавонад шартхоро оиди ба таври алохида додани хар як кисмати карз, танхо пас аз чониби Кумитаи карзи тасдик гаштани додани онхо, кабул намояд.

          Карзхое, ки мувофики шартномаи карзи ва накшаи пардохти он барои пардохт тарзи аннуитет (яъне фоизи карз бо як кисми карзи асоси) пешбини нашуда бошад, худуди байни пардохт ва пешниходи такрории карз ба як карзгиранда ба мухлати на кам аз 3 руз мукаррар карда мешавад.

Тафтиши хуччатхои карзи

          Дар доираи Низомномаи мазкур, дилхох карздихи метавонад танхо он гох амали шавад, ки агар шартномахои карзи ва гарав, инчунин хуччатхо пурра ва мукаммал омода шуда бошанд ва хамаи талаботхои дар Пайнавишти Кумитаи карзи дарч гардида риоя шаванд.

11.3.1. То пешниходи карз бояд шартхои зерин риоя шаванд:

а)  Пурраги ва мукаммалии парвандаи карзи;

б) Мувофикати хамаи хуччатхои шартномави бо Пайнавишти Кумитаи карзи ва тартиботи амалкунанда, бо дарназардошти дигар шартхо, агар чунин шартхо эътироф шуда бошанд. Асосан ин ба маблаги карз, меъёрхои фоизи, давраи воридкунихо, асъор, мухлатхо, таъминоти гарави ва дигар шартхо тааллук дорад;

в) Аз чихати хукуки дуруст будан ва салохиятдор будани хамаи хуччатхои дахлдор (шартномахои карзи, шартномахои гарав, шартномаи замонати, мактубхои кафолати) ва ба таври лозими, мутобик ба конунгузорихои Чумхурии Точикистон барасмият даровардани хамаи таъминоти гарави;

г) Ба хазинаи вохиди амалиётии Бонк додани хамаи хуччатхои зарури ва / ё арзишхое, ки ба таъминоти гарави дахл доранд;

д) Пурра дохил намудани хамаи маълумотхои дахлдор, ба Низоми Бонкии Автоматикунонидашудаи Бонк.

Ба ухдадорихои вазифавии эксперти карзи ичро намудани хамаи талаботхои дар боло зикр шуда дохил мешаванд.

Пеш аз он, ки эксперти карзи додани карзро амали созад, бояд ба Варакаи санчиши имзо гузорад ва онро дар бастаи хуччатхои карзи гузорад (Замимаи №17). Варакаи санчиши аз чониби назоратчи то лахзаи додани карз тафтиш карда мешавад. Одатан накши назоратчиро корманди бэк – офиси вохиди амалиётии Бонк, ки аз руи фаъолияти бахши корпоративи назорат мебарад, рохбар ё худ чонишини у, ичро менамояд. То он вакте, ки назоратчи парвандаи карзиро бо максади муайян намудани пуррагиву мукаммали ва дурустии он тафтиш накунад ва бо рохи имзо гузоштан ба Варакаи санчиши чавоби мусби надихад, карз дода намешавад. Амали мазкур санчиши охирин – асосии пеш аз додани карз мебошад, ки онро нихоят мухим ва зарури мегардонад.

Пешниходи карзхои мутавози (параллели).

Пешниходи карзхои мутавози (параллели) ба карздороне, ки карзхои амалкунанда доранд, танхо дар холати риояи шартхои шартномаи карзии амалкунанда, ичрои саривактии накшаи пардохти карз, доштани иктидори пардохтпазири ва таърихи хуби карзи, на кам аз шаш мох истифодабарии маблаги карзи чудошуда, пардохти маблаги карзи гирифташуда дар хачми на кам аз 50 % ва пешниход намудан ба сифати таъминоти карз гарави устувор мумкин мебошад.

Ба карзгирандагоне, ки дар назди Бонк ухдадории карзии амалкунанда доранд, шартхои  шартномаи карзиро риоя намекунанд, пешниход намудани карзхои мутавози катъиян манъ аст.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …