Главная / Гуногун / ПАНЧРУД

ПАНЧРУД

Панчруд дар дунёи форсизабонхо яке аз маъруфтарин дехахост, зеро он зодгохи падари шеъри форсии точики Одамушшуаро Устод Рудаки аст ва табиист, ки мо – панчрудихо аз ин хеле ифтихор мекунем. Аз он сабаб ки хикояти ман бе- восита ба ин деха ва сокинонаш низ рабт хохад дошт, мехохам дар бораи ин гушаи мукаддаси Ватан каме маълумот бидихам.

ПанчрудПанчруд, вокеъ дар дараи Киштуд, яке аз дехахои шурои дехоти Рудаки буда, дар замони баччагии ман такрибан 300 буна ва зиёда аз 2000 сокин дошт. Деха дар ду сохили руди кухии Уреч, дар баландии 1500 метр аз сатхи бахр, шаст километр чанубтар аз маркази нохия – шахри Панчекат чойгир шудааст. Дар маркази деха дар канори рости руд, ягона хамвории калоне хаст, ки дар он макбараи Устод Рудаки, китобхонаву чойхона ва мактабу фурушгохи деха чойгир шудаанд.

Макбараи Устод, ки соли 1958 дар остонаи чашни 1100-со- лагии шоир бино шудааст, чузъи мачмуаи бузурге буда, он осорхона, китобхона, чойхона ва боги сабзу хуррам дорад. Дар- возаи асосии мачмуа хеле зебо бино шуда, дар пештокаш ба ду хат – кирилли ва форси «Абуабдуллох Рудакии Самарканди» навишта шуда буд. Баъд аз бозсозихои солхои охир дидам, ки нисбаи «Самарканди»-ро аз номи Устод дар пештоки дарвоза хазф кардаанд. Шояд ин натичаи сиёсатхои ибнулвакти имруза бошад. Вале нохияхои Панчекату Айни ва Масчо таъри- хан хамеша аз нохияхои Самарканд будаанд, ки дар натичаи «табартаксим»-и Шурави, онхо тобеъи вилояти Ленинобод (холо Сугд)-и Точикистон шудаанду Самарканд ба Узбакистон расидааст.

Хонахои сокинони деха дар ёнахои ду тарафи дарё, ки ба- тадрич боло меравад, то зери кухдоман чойгир шудаанд. Пас аз хонахои охирин бевосита тали доманакух сар шуда, боло меравад ва ба куххо мепайвандад. Ин доманакуххои кухпайванд аз се тараф дехаро мисли девор ихота кардаанд. Ягона самти бе- девори деха самти гарби буда, рохи мошингарди деха низ аз он суст, ки дехаро ба маркази нохия ва дунё мепайвандад. Дехаро аз самти шимолу шарки кухи Офтобруя, аз самти шарк кухи Ковонаву Шерзод ва аз самти чануб кухи Соя ихота кардаанд.

Калонсолони деха хикоят мекарданд, ки дар гузашта гузар- хои Сойи Нова, Калъаи Кухна ва Уффор аз кисматхои маскунии деха будаанд. Он замонхо, аз сабаби он ки таъмини гизо сахт будааст ва мардуми деха аз хар вачаби замини корам истифода мекардаанд, дар мавзеъхои Сари Пулаку Пирузу Рохи Боло ва Дахани Ночу Сучоту Рохи Таг хонаи истикомати намесохтаанд, зеро ин заминхо барои кишт будаанд. Хонахояшонро дар ёнаву теппахо, ки камтар барои кишоварзи ба кор меомад, месохта- анд. Баъдтар, вакте колхоз дар даштхои Маргедар замин кушод ва ба мардум низ аз он чо замин доданд, масъалаи кишти зироат халли худро ёфт ва дар киштзорхои пешина низ хона сохтаанд. Дар холи хозир тамоми ин гузархои деха маскуни гаштаанд. Заминхои деха аз тарики панч чуй, ки сетояш аз болотари деха ва дутои дигар аз васати деха, аз рудхонаи Уреч об мегиранд, обёри мешавад.

Он замон Панчруд яке аз дехахои колхози Рудаки буд. Кол- хоз истилохи руси буда, дар забони форсии точики низ исти- фода мешуд, ки маънояш хочагидории умуми ё чамъияти аст. Инчунин хамсоядехахои Артуч, Мадовра, Якахона, Кулоли, Зери Хисор, Некнот, Шашкат ва Кошона низ чузъхои ин колхоз ва аксари сокинони ин дехахо аъзои ин хочаги буданд. Колхози Рудаки муассисаи кишоварзие буд, ки асосан ба тамокукори, богдори ва чорводори машгул буд. Гайр аз ин, колхоз заминхои лалми дошт, ки дар онхо чаву гандум мекориданд. Мардуми деха соле хашт-нух мох дар мазраахои колхози кор мекарданд ва танхо се-чор мохи зимистон нисбатан озод мешуданд. Музде, ки колхоз ба кормандони худ медод, зиёд набошад хам, барои рузгузаронии сода кифоят мекард.

Сокинони Панчруд дар назди хонахояшон замин доштанд, ки кисман аз богхои себу нок иборат буда, дар кисми дигари ин заминхо анвоъи зироати гизои кишт мекарданд, ки эхтиё- чоташонро таъмин менамуд. Дар моххои зимистон, ки кори колхоз кам мешуд, меваи богхои худро ба бозорхои Марву Чорчуй ва Бухорову Тошканд ва гохе Ишкободу Олмоото бур- да мефурухтанд ва даромад ба даст меоварданд. Хамин тавр, ин заминхои наздихавлиги, аз як су, хонаводахои мардумро бо сабзавот таъмин намояд, аз суи дигар, фуруши меваи он даромаде медод, ки мардум камихои дигари рузгорашонро аз он хисоб буд мекарданд. Гайр аз ин, хамаи сокинон чор- вои хонаги доштанд, ки хуроки он аз заминхои наздихавлиги буд ва он дар навбати худ, хочагихоро бо гушту шир таъмин мекард. Ба назари ман, ин заминхои наздихавлиги бештар аз музди мехнати колхози ба мардум даромад медоданд ва бори рузгорашонро мекашиданд.

Мардуми деха мехнатдуст буданд. Ин мехнатдусти тавъам бо суннатхои устувори бобои ва сиёсати хукумати давр боис шуда буд, ки мардум бештар дар деха пойбанд шуда, камтар аз паи омузиш ва илму фан мерафтанд. Илова бар ин, сиёсати «саб- ти ном дар чои истикомат»-и давлати вакт ичозаи мухочират намедод, дар натича мардум ба истилох дар як мамнуъгохе мезистанд. Тибки сиёсати сабти ном дар чои истикомат, ё ба истилохи он замон роич – «прописка», дар Иттиходи шурави макомот мухочирати мардумро шадидан назорат мекарданд ва тагйири чои истикомати шахрвандон факат бо ичозати макомот имконпазир буд. Хатмкардагони мактаби деха ба мактабхои оли дохил шуда, онро хатм кунанд хам, аксаран, бо роххат ба зодгох фиристода мешуданд. Барои онхо маскун шудан дар шахрхо ё идома додан ба тахсил кам муяссар мешуд.

Умуман, чомеаи Панчрудро метавонем чомеаи суннати ном барем, ки дар он танзими хаёт аз руйи расму русум ва урфу одат амали мешавад. Одамон дар ин чомеа бештар дар халкаи кавму авлод зиндаги мекунанд, ки он яке аз омилхои пойбанд мондан ба ин расму русум мебошад.

Дар чунин чомеае инсон пойбанди як катор урфу одатхо аст, онхоро мукаддас мешуморад ва хеч гох ба шикастани онхо даст намезанад. Зимнан, расму русум дар чомеа дар замонхои гуногун зери таъсири шароити зист пайдо мешаванд. Масалан, серфарзанди дар Панчруд замоне расм шудааст, ки маргуми- ри кудакон ба сабаби шароити бади бехдошт зиёд будааст. Хатто, дар байни мардум маколе хаст, ки мегуяд: «Як фарзанд фарзанд нест». Ё, падидаи махдуд зистани сокинони деха ва аз мухочирату омезиш бо мардуми берун худдори кардани онхо, махсули замони турктози ва хатарзо будани дунёи берун будааст.

Дар чунин чомеаи суннатгаро акли салим хукмфармои мекунад ва ба фарк аз тафаккури мантики, падидахоро тахлил намекунад, ба ботини онхо наменигарад ва мачмуи рафтору кирдори роичро бе тахлилу барраси кабул намуда, ичрои онро аз хамагон талаб мекунад.

Хамин тавр, сокинони Панчруд низ дар замони кудакии ман ба тагйири шароит нигох накарда, ба урфу расми бобои арч гузошта, дар чорчуби онхо зиндаги мекарданд.

Замони баччагии ман сокинони деха хама ба хамдигар карин буданд, мехру мухаббат доштанд ва доим аз холи хам хабар- дор, гуё дар як оилаи бузурге мезистанд. Аслан, сокинони деха такрибан хама бо хамдигар робитаи хешу пайванди доранд. Фикр мекунам агар дуруст тахкик шавад, мисли насли инсон, ки аз як момову (Хавво) бобо (Одам) хастанд, чадди хамаи сокино- ни Панчруд хам рафта, ба сулолаи Устод Рудаки мепайвандад.

Хонаи мо дар гузари Калъаи Кухна дар кисмати гарбии деха чойгир шудааст. Пас аз он факат хотаи аммаам аст, ки аз болои он чуи Тарновахо мегузарад. Баъд аз он чуй, тали Чинг- реза огоз шуда, боло меравад ва ба Кухи Соя мепайвандад. Бахорон, баъд аз Навруз, вакте ба мо ичозат медоданд, ки шабхо дар берун, дар руи кат бихобем, садои форами оби чуйборе, ки аз чуи Тарновахо ба хонаамон мефуромад, моро алла мегуфту субххо чах-чахи булбулоне, ки хар бахор дар шоххои дарахтони сафедор маъво мегирифтанд, аз хоб бедор мекард. Хануз хам дилам барои он замону макон гум мезанад.

Дар дехаи мо Наврузро пуршукух чашн мегирифтанд. Хар сол мо – баччахо рузи аввали ин идро бесаброна интизор мешу- дем. Дар болои хонаи мо дар шафати тали Чингреза хамворие хаст, ки онро Хирманчой меноманд. Як нафар аз сокинон рузи аввали Навруз ба ин баланди баромада, дойра мезад ва мар- думро аз омадани Навруз хабар мекард. Баъд аз он дар даво- ми як хафта хар руз духтарон бо сарулибоси нави наврузи ба Хирманчой меомаданд ва дойразаниву сурудхони мекарданд. Баччахо гурух-гурух мувофики синну сол чамъ шуда, чиликбози мекарданд. Ба мо дар Навруз хатман либоси нав мехариданд ва як хафта, ки хамаи чавонони деха дар ин чой базму бозихои наврузи мекарданд, ахли деха барои баччахо дастархон мефи- ристоданд. Чашни Навруз то як хафта бо чушу хуруши хос идома меёфт, вале асари фарахе, ки он ба дилхо меовард, дуру дароз боки мемонд.

Дар яке аз рузхои Навруз дар масчиди деха «Чуфти гов» ном маъракае баргузор мешуд, ки дар он муйсафедони деха ба дехконон барои кишти нав фотиха медоданд ва мавсими киштукори онсола огоз мешуд. Дар кори кишоварзи деха ба ду гурух таксим буд ва ин гуруххоро саркорон рохбари мекарданд. Хамин саркорону дехконон дар ин руз дар масчид чамъ шуда, тарзи кору бори кишоварзии имсоларо машварат мекарданд. Тоза кардани чуйхо, шудгор кардани заминхо, ба кадом зиро- ат ихтисос додани ин ё он китъа, таксими кор байни аъзо ва гайра дар хамин маърака барраси ва хал карда мешуд. Баъд аз ин хама яке аз пирон хеста, порае аз Куръонро кироат карда, барои Бобои Дехкон аз худованд обу хавои мусоид ва хосили фаровон таманно мекард ва хама даст ба руй кашида, аз паси кор мешуданд.

Хонатакони яке аз расмхои наврузи буд. Модарони дех, ки сохибхона буданд, бо ёрии духтарон, пеш аз иди Навруз тамоми бисоти хонаро берун мебароварданд, фаршу палос ва либосхоро аз чангу гард метаконданд, дегу косаро тоза мешустанд ва гуё гаму кулфати соли рафтаро аз хона берун мекарданд ва бо рухи тоза, зиндаги дар соли навро шуруъ мекарданд.

Баччагии ман дар ана хамин «Дехаи тиллои» гузаштааст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …