Главная / Чугрофия / Омузиши атмосфера

Омузиши атмосфера

Омузиши атмосфера. Омузиши атмосфера хамчун манбаи хаёт нихоят мухим аст. Холо кабатхои гуногуни атмосфера ба воситаи асбобхои замонавии автоматики, радио, мошинхои электронии хисоббарор, аз чумла бо аэростат, кура-зонд, радиозонду самолётхо, кабатхои болоии он бо ёрии мушакхои метеорологи, радифхои маснуии Замин тадкик карда мешаванд.

Атмосфера асосан тахти рохбарии ташкилоти умумичахонии метеорологи, ки ба он бисёр мамлакатхо дохиланд, омухта мешавад.

Барои мушохидаи атмосфера дар шароити гуногунн табии дар сатхи Замин стансияхои заминии метеорологй вучуд доранд ва онхо  бо асбобхои ченкуни тачхизонида шудаанд. Чунин стансияхо дар махалхои гуногун (куххо, хамворихо, биёбон ва хатго болои пиряххо, яххои кутби) мавчудаид. Мушохидагарони стансияхо нишондихандахои асбобхоро дар як шабонаруз камаш чор маротиба навишта, харорат, фишори хаво, абрнокй, микдори боришот, самт ва суръати бодро муайян мекунанд.

Омухтани атмосфераи болои укёнусхо мучим аст ва онро ба воситаи киштихои илмни тадкикоти меомузанд. Гайр аз ин самолётхо ва киштихои тичорати низ аз хусуси холати атмосфера ба марказхои гидрометеорологи маълумот медиханд. Дар Точикистон хам стансияхои метеорологии дар шахру нохияхо мавчудбуда ба маркази гидрометеорологии пойтахтамон – шахри Душанбе маълумот медиханд.

Гафсии атмосфераро ба воситаи радиозондхо меомузанд. Дар стансияхои аэрологи дар хушки ва дар киштихои илмии тадкикоти дар як шабонаруз курахои хавой, ки ба онхо  асбобхо гузошта шудаанд, ду-се маротиба ба баландии 30-40 км бардошта мешаванд. Онхо  дар бораи харорат, фишор, рутубат ва харакати хаво дар баландихои гуногун маълумо  чамъ меоранд. Ин маълумотхо ба стансияхои метеорологи ба воситаи радиопередатчикхои хурд фиристода мешванд.

Мушакхои метеорологи боз хам баландтар, то 120 км мебароянд. Дар баландии муайян як кисми мушакхои асбобдор чудо шуда, бо парашютхо ба сатхи Замин мефароянд. Чунин мушакхое низ хастанд, ки атмосфераро то 400-500 км ва баландтар аз он тадкик мекунанд. Ба воситаи онхо  таркиби хаво дар баландихои зиёд омухта мешавад.

Радифхои маснуии Замин маълумотхои багоят мухим медиханд. Масалан, радифхои махсуси метеорологии Русия ’’Метеор”, ки бо теле- ва фотоаппаратхо чихозонида шудаанд, аз баландии то 900 км дар бораи холати атмосфера, протсессхои обу хаво, ки дар сатхи Замин дар майдони васегиаш то 2000 км ба амал меоянд. ба Замин маълумот медиханд. Маълумот дар бораи сархадхои барфпуши сатхи Замин, ифлосин атмосфсра, сухтори чангал, оташфишонии вулконхо  ва пахншавии хокистари онхо ахамияти калон дорад. Аз стансияхои мадории дарозмуддат ба зухуроти дар атмосфера баамаломада мушохида кардани кайхоннавардон нихоят пуркимат аст.

Акидаи Ибни Сино онд ба ходисахои атмосфери. Абуали ибни Сино дар сохахои илмхои география, иклимшиноси, ботаника, зоология, риёзиёт, хандаса (геометрия), астрономия, физика, химия ва гайра бисёр (400) асархои пурмазмун эчод иимудааст, ки номи уро чи дар Шарк ва чи дар Гарби авропи онвакта машхуру маъруф гардондаанд. Бесабаб нест, ки Абуалй ибни Синоро яке аз бузургтарин мутафаккирони хамаи замонхою халкхо шуморидаанд.

Дар асархои Ибни Сино доир ба илмхои география, аз чумла оид ба иклимшиноси маълумотхои гаронбахо дода шудаанд.

Ибни Сино сохт ва ходисахои атмосоери, раъду барк, мохияти нуриофтоб, инъикоси шуоъ, тиру камон ва гайрахоро мавриди тадкик карор додааст. Дар бораи аксарияти ходисахои зикршуда акидахои илмии олим ба хулосахои илмии замони хозира наздик мебошад.

Ибни Сиио доир ба гармшавй ва ба боло харакат кардани хавои атмосфера акидаи ба хакикат наздикро дошт. Вай буги оби атмосфераро хамчун манбаи боришот мехисобид. Олим Дар хосилшавии тиру камон дар атмосфера мавчуд будани буги оберо, ки шуои-офтоб онро равшан мекунад, шарт мехисобад.

Аз тасвири баъзе ходисахои атмосфери аён мегардад, ки олим ба фахмишии илмии ходисахои бугшавй, нами чамъшавй наздик буд. Сабаби пайдоиши бодро олим дар нобаробар гармшавии сатхи Замин ва ба вучуд омадани фарки фйшор мехисобид.

Савол ва супориш

  1. Аз расми 63 истифода бурда дар бораи атмосфера накл кунед.
  2. Дар тропосфера кадом ходисахо рух медиханд?
  3. Чаро омухтани ат-мосфера мухим аст? Бо далелхо онро исбот кунед.
  4. Атмосфераро чй тавр меомузанд?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …