Главная / Биология / Олами парандахо – ходисахои ачиб

Олами парандахо – ходисахои ачиб

Ба инсоният хануз хам бисёр сирру асрори олами хасти муаммо аст. Паррандахо аз болои укёнусхо ва китъахо бехато парвоз мекунанд. Хатто чучаи аввалин бор ба парвози дур баромада, рохро бо осони меёбад. Исбот шудааст, ки паррандаи кутби дар давоми се мох масофаи бист хазор километр рохро тай намуда, аз кутби шимоли ба кутби чануби мерасад ва рохро гум намекунад. Усулхои парвози паррандагон хар хел маънидод карда мешавад.

brus180705_033_schnappschss_01f

Баъзе олимон чунин мешуморанд, ки паррандахо «акли расо» доранд ва аз хамин сабаб рохи нишондолаи падару модаронашонро аз худи парвози аввалин дар хотир нигох медоранд. Вале онхо шарх дода наметавонанл, ки чаро чучахо бе кутбнамо ва харитахои чугрофи ба чануб парвоз мекунанд.

Мухаккики немис Зауэр тачрибаи ачоибе гузаронидааст. Вай як гурухи чучахоро ба бинои махсус кучонда дар ои чо гох «осмони тирамохи» ва гох «осмони бахори» ба вучуд овардааст. Паррандахо дар аснои дидани «осмони тирамохи» ба чанубу гарб ва кишвархои гарм ва дар аснои «осмони бахори» ба шимолу шарк парвоз кардаанд. Хамин тавр равшан гардид, ки паррандахо осмону ситорахоро ба таври худ «фахмида», аз руйи он самти парвози худро муайян менамоянд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …