Главная / Чамъият / Окибати махрум кардан аз хукуки падару модари

Окибати махрум кардан аз хукуки падару модари

Моддаи 71-и Кодекси оила. Окибати махрум кардан аз  хукуки падару модари

  1. Падару модаре, ки аз хукуки падару модари махрум карда шудаанд аз тамоми хукукхое, ки дар асоси далели хеши бо кудак муайян шудаанд, аз чумла хукуки гирифтани таъминот (моддаи 88 хамин Кодекс аз кудаке, ки нисбати вай аз хукуки падару модари махрум гардидаанд, инчунин аз хукуки  имтиёзоту ёрдампулихои давлат, ки барои шахрвандони фарзанддор мукаррар шудаанд, махрум мегарданд.
  2. Махрум кардани падару модар аз хукуки падару модари онхоро аз вазифаи таъмин кардани фарзандашон озод намекунад.
  3. Масъалаи минбаъд якчоя зиндаги кардани фарзандон ва падару модарро (яке аз онхоро), ки аз хукуки падару модари махрум шудаанд, суд мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунхои манзил хал мекунад.
  4. Кудаке, ки нисбати у падару модар (яке аз онхо) аз хукуки падару модари махрум шудаанд, хукуки моликиятро ба манзили истикомати, ё хукуки истифодаи манзили истикомати, инчунин хукуки молумулкии дар асоси далели хеши бо падару модар ва хешовандони дигар муайяншуда, инчунин хукуки гирифтани меросро нигох медорад.
  5. Дар сурати имконнопазирии ба падар ё модар додани кудак ё дар сурати аз хукуки падару модар махрум шудани падару модар кудак ба тарбияи макомоти васояту парастори супорида мешавад.
  6. Ба фарзандхонди гирифтани кудак дар сурати аз хукуки падару модари махрум кардани падару модар (яке аз онхо) танхо пас аз гузаштани мухлати на камтар аз шаш мох баъди баровардани халномаи суд дар хусуси махрум кардани падару модар (яке аз онхо) аз хукуки падару модари мумкин аст. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …