Главная / Гуногун / Окибатхои чанг

Окибатхои чанг

Чаро Клавдия Григоревна аз хурдани нон даст кашид?

Дар солхои 90-уми асри гузашта, тарики газетаи «Аргументы и Факты» расми занеро бо номи Клавдия Григоревна ба нашр расонида буданд, ки аз соли 1942 инчониб мазаи нони гандумиро боре хам начашидааст. Сабаби начашидани нони гандуми дар он будааст, ки дар замони мухосираи Ленинград, ки 900 руз идома дошт, падару модари у аз гуруснаги мемуранд ва Клавдияи 7-сола бо бародараш, Гришаи 4-сола ятими кулл мемонанд.

нон ва чангБаъди марги падару модар, бародари 4-солаи у дар руи дастони Клавдияи 7-сола аз гуруснаги «нон»-гуён чон медихад. Пас аз ин фочиаи мудхиш Клавдия низ ахд мекунад, ки дигар у нонро намечашад ва касди ягонаи у хамчун бародари дуструякаш Гриша мурдан будааст. Сипас, бо амри сарнавишт Ленинград аз мухосира озод мешавад ва ба чуз аз нони гандуми, дигар махсулоти гизои низ пайдо мегардад. Клавдия аз дигар махсулоти гизои ичборан истеъмол мекунад, ки табиати инсони инро такозо мекунад, вале замоне ки нони гандуми пайдо мегардад, у нонро мебусаду дар дидагонаш мемолад, аммо аз мухаббате, ки нисбати бародари дуструяки чорсолааш Гриша дошт, то кунун , ки аз он фочиаи барои у мудхиш наздики 50-сол гузашта буд, нонро боре хам начашидааст.

Дар даврони чанги шахрванди, ки вилояти Кулоб дар мухосираи иктисоди карор дошт, хама намуди хурок амсоли гушту себу чаву чувориву дигару дигар гуё мерасид, ба чуз аз нони гандуми. Вале чои нони гандумиро хеч як намуди махсулоти зикршуда иваз карда наметавонист. Мардуме, ки захираи гандум надоштанд, мачбур мешуданд, ки чаву чуворимаккаву тухми чорубе, ки барои хайвоноти хонаги захира кардаанд, орд карда, истеъмол намоянд. Аз истеъмоли ин маводи гизоии номусоид, мардум ба беморихои гуногун гирифтор мешуданд ва талафоти чони низ бисёр зиёд буд.

Аз овони хурдиам, ки бо модарам дар майдони пахтазор кор мекардем, модарам хар замон маколи халкиеро такрор ба такрор мегуфтанд, ки писарам «лучи ба хонаву гуруснаги ба дархо» ва ин маколро дар асл дар солхои 93-94-ум бо чашми сард дидам. Ёд дорам, ки гулдухтарони точики бокираву шавхардор аз навохии Москаву Восеъ барои эхтиёчи худу хонадонашон гадои мекарданд. Азбаски мо дар хона осиёби барки доштем, барои хамин хам ба хонаи мо барои дарюзаги фахмидаю дониста зиёдтар меомаданд. Замоне ки модарам ба он талабандахо нон медод, падарам бо ашки сузон ба он гулдухтарон орд медоду хомушона ашк мерехт. Чунки падарам низ дар синни 7-солаги аз падар ятим монда, лаззати гуруснагиро чашида буданд. Боре хамсоязани чавон дар як дасташ кудаки хурдсолу дар дасти дигараш сатили нима зиёдтар аз тухми чорубу авёси нокуфта, барои орд кардан омада гуфт, ки ако, хаминро орд карда ба ман дихед. Ман сатили тухми чорубу авёсро дар дули осиёби барки андохтам. Харчанд мунтазир шудем, он махсулоти бесифат орд намешуд. Азбаски хамсоязан духтари дехоти худамон буду нисбати ман чавон буд, ман ба у гуфтам, ки Мукаддас, инхо орд намешаванд.

Мукаддасро гиря гулугир намуд ва хохиш намуд, ки ако, як бало кунед. Ман рафта аз ганчурхонаамон як косаи пур аз гандум оварда, ба дули осиёб рехтам ва тухми чорубу авёс бо гандум якчоя шуда, ба мушкили орд шуд. Холо писари калонии Мукаддас корманди милитсия мебошад ва дар хар кучое, ки манро бубинад, нисбати ман лутфу мехрубонии зиёд мекунад. Маълум аст, ки модар ба фарзандонаш аз он рузхои барояшон сахту душвор наклу киссахо кардааст.

Хар субху шом кабл аз барномаи ахбор Сарвари давлат, Президенти махбуби кишварамон мухтарам Чаноби Оли тарики оинаи нилгун башорат медиханд, ки: «Дуст бошед, иттифок бошед, шукронаи ин сарзамин кунед, шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу махбуб доред», ки ин суханони Пешвои мардуми кишварамон сахл нестанд ва барои ашхоси худшиносу худогох, як чахон таассурот доранд, чуноне ки Хакими Туси гуфтааст: Дони, ки зи одами чи мемонаду бас? Мехр асту мухаббат асту боки хама хеч. Ва шоири зиндаёд, Лоик Шерали, ки шахсан шохиди он рузхои бесарусомони Ватани азизамон буданд, гуфтааст: То ташна намонем, начуем рахи об, То гушна намонем, надонем, ки нон чист. Ношукрии мо бар намаки умр зиёд аст, То чон набарорем, надонем, ки чон чист. Рахмат ШЕРАЛИЕВ, омузгор

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …