Главная / Биология / Оилаи авранчихо

Оилаи авранчихо

Ба оилаи авранчихо 2500 хели растанихо дохил мешаванд. Онхо дар минтакахои тропики, субтропики ва марзхои иклимашон муътадил, алалхусус, дар Америкаи Маркази ва Чануби васеъ пахн гардидаанд.

Растанихои оилаи авранчихо асосан алафи, буттаги ё дарахти начандон калон мешаванд. Хамаи намояндагони оилаи авранчихо сохти ба хамдигар монанди гул ва мева доранд.

Гулпуши растанихои ин оила дучанда буда, косачаи гул аз 5 косабарги ба хам пайваст, гулточ бошад, аз 5 гулбарги ба хам пайваст иборат буда, хар як гул 5 гардбарг ва 1 тухмдон дорад. Аз ин ру, формулаи гули авранчихо чунин аст: К(5) Т(5) Г5 Мг

Шакли меваи растанихои оилаи авранчихо гучуммева (ангури сагаки сиёх, помидор, картошка) ё гуза (гули патунй, бангидевона, тамоку, шайтонкоса) мебошад.

Картошка растании ба хама маълум ва пуркимати оилаи авранчихо ба хисоб меравад, Ватани аслии он Америкаи Чануби аст. Дар он чо намудхои худруи картошка вомехурад. Дар асри 16 картошкаро ба Аврупо мардуми испани овардаанд. Аввал картошкаро чун растании ороиши парвариш мекарданд. Факат дар охирхои асри 17 дар мамлакатхои Аврупо картошкаро барои ба даст овардани лундатанаи истеъмолшавандааш парвариш мекардаги шуданд. Пайдоиш ва пахншавии картошка дар Россия бо номи Пётри I (охири асри 17) сахт алокаманд аст. Дар Точикистон бошад, картошкаро аз миёнахои асри 19 сар карда, парвариш мекунанд.

Картошка
Расми 48. Картошка

Дар айни вакт бисёр навъхои пуркимати картошка ба вучуд оварда шудаанд, ки аз руи хосилноки ва сифати лунданавдаашон бисёр бартари доранд.

Сохти гули картошка ба гули дигар растанихои авранчи монанд аст. Дар гули картошка шахддон дида намешавад. Бинобар он, гули он тавассути хашаротхо гардолуд нашуда, худ аз худ гардолуд мешавад. Аз гули гардолудшуда гучуммеваи сабзранги серобу сертухм ба вучуд меояд. Аз тухми картошка дар соли аввали парвариш лундатанаи на он кадар калон хосил мешавад. Парвариши тухми картошкаро дар корхои селексиони барои руёндани навъхои нави картошка истифода мебаранд. Дар шароити истехсолоти кишоварзи бошад, картошкаро бо рохи нашви аз лундааш парвариш ме- кунанд.

Ба оилаи авранчихо растанихои дигар, аз кабили помидор, бойимчон, каламфур ва гайрахо дохил мешаванд, ки дорои ахамияти калони хуроки мебошанд.

pomidor-boqilo

Ватани помидор низ Америкаи Чануби мебошад. Парвариши помидор дар Точикистон аз солхои 20-уми асри 20 шуруъ гардида, дар айни замон он яке аз растанихои сабзавотии асоси ба хисоб меравад. Меваи помидор дар аввал сабз буда, дар вакти пухтанаш (вобаста ба навъхояш) ранги сурх, норинчи, зард ва гайраро ба худ мегирад. Шакли мевааш низ гуногун буда, бештар шакли мудаввар, дарозруя, олумонанд, нокмонанд, киранок ва дилшаклро дорад.

Помидорро дар шакли тару тоза истеъмол мекунанд. Аз он хар гуна хуришхо, пюре, паста (хамира), шарбат тайёр мекунанд ва ё мехушконанд ва инчунин барои хуштаъм кардани хурок истифода мебаранд.

Дар узвхои гуногуни растанихои ба оилаи авранчихо тааллукдошта моддахои захрнок мавчуданд, ки метавонанд одам ва хайвонотро (дар натичаи истеъмолу бо онхо сарукор доштан) захролуд кунанд. Ба ин растанихо шайтонкоса, бангидевона, ангури сагак (сиёхавранч) ва гайрахо мисол шуда метавонанд. Дар натичаи захролудшави саломатии инсон кохиш ёфта, дарди сар ва тапиши дил авч гирифта, нафаскаши душвор мешавад, асаб сахт ба ангезиш (бахуруш) омада, гавхараки чашм васеъ мегардад ва дахон хушк мешавад. Аз тарафи дигар олимон дар натичаи омузиш аз ин растанихо дорухои пуркиммате ба даст овардаанд, ки барои муо- личаи бисёр касалихо давои хубест.

Хусусан, дар барги тамоку моддахои захрнок хеле зиёданд. Масалан, никотини таркиби барги тамоку захри халохил ба хисоб меравад. Вай хунро захролуд намуда, кори дил ва узвхои нафаскаширо вайрон мекунад. Кашидани чилиму нос барои наврасон номатлуб аст. Зеро, онхо хотирпарешону зуд-зуд асабони шуда, бо осони ба

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …