Главная / Гуногун / Oгози хукмронии сулолаи Мангития

Oгози хукмронии сулолаи Мангития

Aз кушта шудани Нодиршшох дере нагузашта, Мухаммадрахимби Абулфайзхонро бо ду писараш ба катл расонида, ба тахти хонии Бухоро нишаст. У соли 1753 силсилаи хонадони мангитияро асосгузошта, худро хон эълон кард. Дар ин солхо хар як хокими мулкхои алохида аз сустшавии хокимияти маркази ва иваз шудани сулолахо дар Бухоро истифода бурда мекушиданд мустакил шавад.

mangitiyon-1024x631

Бинобар он Мухаммадрахимхон барои пуркувват кардани хукумати хони, мухолифати феодалони махаллиро нисбат ба хокимияти маркази то дарачае бархам дода, хокимияти худро пойдор намуд. У ба чудоихои феодалон, ки пеш дар итоати хони Бухоро буданд. мехост хотима дихад. Бинобар он Мухаммадрахимхон ба хар вилояти тобеъи худ хоким тайъии кард. Самаркандро забт карда, хокимияти онро ба бародари худ супурд. Дар Шахрисабз, Тошканд ва дигар шахру вилоятхо низ одамони худро ба сари кор овард. Барои расидан ба максади асосии худ у лашкарл пурзуре ташкил намуда, исёни кабилахои узбекро, ки дар Миёнкол мезистанд, пахш намуд. Замини кабилахои Ёти—Уруг ва Бахринро мусодира намуда, сокинонашро ба наздикии шахри Бухоро кучонд, то ки онхо доим зери назорати хукумати хони бошанд.

Баъди ин Мухаммадрахимби нохияхои Ургут, Панчакент ва Уротеппаро ба зери итоати худ даровардани шуда, баъди чангхои пуршиддат у тавонист танхо Ургутро тобеъ кунонад. Мубориза барои ба даст даровардани Уротеппа тул кашида бе окибат монд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …