Главная / Гуногун / Огози харакати умумихиндустонии миллию озодихохи

Огози харакати умумихиндустонии миллию озодихохи

Ба рафти болоравии харакати миллию озодихохи дар мамлакат режими мустамликави тавассути чазодихихо чавоб мегардонид. Соли 1878 ноиби шох Литтон (1876-1880) дар бораи силох конуне баровард, ки аз руи он ба хиндухо сохиби силохи оташфишон будан манъ карда шуд. Худи хамон сол конуни нихоят берахмонае оид ба матбуот хам кабул гардид, ки мувофики он хамаи мадракхои ба забонхои хинди нашршаванда аз сензураи пешаки мегузаштанд. Вале ин чорахо барои режими мустамликавии англис натичаи дилхох надоданд.

Соли 1880 дар Англия Хизби Либералхо ба сари кудрат омада, дар Хиндустон зулми мустамликавиро каме сабуктар кунонид. Аз он чумла, баъзе конунхои зиддихалкиро бекор кард.

1363023184_1

Соли 1882 ва минбаъд аксари аъзои мунисипалитетхои шахрхои калон аз тарафи табакахои болоии ахоли интихоб карда мешуданд. Додгоххо поймол карда шудани хукукхои мардуми махаллиро аз назари нажоди бартараф карданд. Мубориза барои халли хамин масъала миллатдустони хиндро водор намуд, ки сафхои худро дар тамоми мамлакат мусгахкам кунанд. Онхо солхои 1883 – 1884 барои ташкили созмони умумихинди кушиши аввалине ба харч доданд. Вале он вакт ин кор ба онхо муяссар нашуд.

Соли 1885 дар шахри Бомбай анчумани якум (муассисони)-и Конгресси миллии Хиндустон баргузор гардид. Юм котиби Генералии Конгресс интихоб шуд. Мустамликадорон солхои аввал ба мавчудияти КМХ хайрхохона назар мекарданд. Ноиби шох лорд Дафферин (1884 – 1888) эълон дошт, ки “Конгресс аз инкилоб арзонтар аст”. Доирахои озодандеши метрополий бар он акида буданд, ки хизби озодона амал мекардаги ба онхо дар кори бо хукуматдорони мустамликави хамдаст кардани фаъолияти нерухои оппозитсиони ёри хохад расонд.

Дар Конгресс намояндагони каноти озодандеши харакати милли хукмрон буданд. Барномаи онхо дар сохаи иктисоди асосан -Масъалахои зеринро дар бар гирифта буд: химоя ва тараккиёти саноати милли, кам кардани андозхо, барпо кардани системаи муназзами карзи сармоя. Конгресс ба поймолкунии кадру кимати саноати Хиндустон ва сиёсати нархгузории мустамликадорон эътирози катъи баён кард.

Баъди ташкил ёфтани КМХ мубориза дар байни гуруххои гуногуни ичтимоии харакати миллию озодихохи пурзур мешавад. Дар миёнаи солхои 90-ум ба Тилак ва хамфикрони у муясар мешавад, ки дар Конгресс аксариятро ба тарафи худ кашанд.

Дар мамлакат бо ташаббуси Конгресс ва махсусан Тилак чорабинихои гуногуни милли гузаронида мешуданд. Барои хавасмандкунии саноати миллии Хиндустон конференсияи саноати ва намоишгоххо ташкил карда мешуданд. Соли 1895 ба шарафи Худо Ганеша ва кахрамони маратххо Шивами идхои оммави гузаронида шуданд, ки онхо ба чорабинихои таблиги сиёсии КМХ табдил ёфтанд. Чунин чорабинихо дар Бангола низ доир гардиданд. Хукумати мустамликави аз хатари ин чорабинихо ба ташвиш омада, соли 1897 Тилакро ба мухлати 18 мох бадарга кард.

Солхои 80-ум дар мукобили миллатдустии буржуазии хиндуи созмонхои маорифпарварии исломи низ ба фаъолият шуруъ карданд. Созмонхои исломи дар муборизаи милли озодихохонаи халкхои Хнндустон унсури фаркияти хинду ва мусулмонро ворид сохтанд. Пешвои харакати исломии Хнндустон Сайид Ахмадхон (1817 -1898) буд. У дар байни мусулмонон созмони маорифпарвари ташкил кард ва дар Алигарх коллеч кушод. Сайид Ахмадхон чонибдори режими мустамликадории Англия буд. Ба фикри у танхо Англия метавонад хукуки мусулмонхои Хиндустонро химоя кунад. Гуногунии барномаи фаъолият дар кори муборизаи миллию озодихохии Хиндустон окибат ин ду созмонро зидди хамдигар гардонид.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …