Главная / Биология / Обро чаббидани реша

Обро чаббидани реша

Реша дар хаёти растанихо ахамияти аввалиндарача дорад. Растанихо ба воситаи решаашон дар хок устувор чойгир шуда, аз он об ва моддахои маъдании барои хаёташон заруриро мегиранд. Барои исботи ин гуфтахо тачрибахои гуногун кумак мерасонанд. Агар ягон растании дар рег ё аррамайдаи намнок парвариш кардашударо гирифта, бо решааш ба дохили пробирка ё зарфи шишагини обдор дохил кунем ва сатхи болоии оби зарфро бо кабати тунуки равгани растаниги фаро гирем, пас аз як-ду руз мебинем, ки худуди оби кайдкардашуда хеле поён фаромадааст. Ин нишон медихад, ки растани бо воситаи решааш обро чаббида ба боло ба чониби баргхо равона кардааст.

Ё ин ки растании хонаги -хиногул ё навнихоли се-чорхафтаинаи офтобпараст ё лубиёро, ки пешаки дар тубак сабзонда шудааст, тавре мебурем, ки аз бехи пояаш 3-4 см боки монад. Ба бокимондаи пояи буридашуда найчаи резинии дарозиаш 3 см бударо мепушонем. Ба найчаи резини каме об рехта нуги онро бо найчаи шишагини даро- зиаш 20-25 см, ки ба шакпи оринчак кач кунонда шудааст (ба расми ‘Ж- нигаред), пайваст менамоем. Баъди якчанд муддат об бо найча боло мебарояд ва ба берун мерезад. Саволе пайдо мешавад, ки он об аз кучо пайдо шуд? Ин обро реша аз хок чаббида мегирад. Сипас, об ба туфайли бофтахои гузаронандаи (рагхои) реша ба бокимондаи поя гузашта, ба найча дохил мешавад. Барои он, ки оби ба найча дохил- шуда ба боло харакат кунад, кувваи муайяне лозим аст. Ин кувва ё фишорро фишори решаги меноманд. Махз ба туфайли ин фишори решаги об аз реша ба поя гузашта, ба боло харакат мекунад.

Агар ин тачрибаро идома дода, ба хоки тубаки растании пояаш буридашуда оби ширгарм резем, об бо зуди тавассути найчаи шишагин боло баромада, ба берун мерезад. Баръакс, агар оби харораташ нихоят хунук рехта шавад, ба боло харакат кардани об катъ мегардад. Хамин тавр, обро чаббидани реша ба харорат низ вобаста аст. Реша оби хунукро бад мечаббад. Аз ин ру, ба растани оби хунук до дан мумкин нест.

Чунин ходисаро бахорон хангоми буридани шоху навдаи баъзе дарахтон (ток, тус, заранг) низ мушохида кардан мумкин аст. Чунончи, дар вакти ширадав буридани навдахои ток аз онхо дар муддати чандин руз об мерезад, ки ин холат низ аз мавчудияти фишори решаги дарак медихад.

Растанихо бе об сабзиш ва нашъунамо карда наметавонанд. Зеро тамоми фаъолияти хаётии онхо факат бо иштироки бевоситаи об мегузарад. Масалан, растанихои галладонаги барои хосил кардани як килограмм моддаи хушк такрибан 300-400 литр обро истифода мебаранд. Хусусан, растанихо дар давраи боавчи нашъуна- мояшон ба об бештар эхтиёч доранд. Дар вакти ба пухтан шуруъ кардани мевахо эхтиёчи растанихо ба об нисбатан кам мешавад. Дар сурати обмонии аз хад (меъёр) зиёд мевахо дер мепазанд. Бар замми ин, ин холат боиси боавч сабзидани навдахои навбанав мегардад. Ин навдахои хосилшуда чубин шуда натавониста, зимистон онхоро хунук мезанад.

rastaniЗироатхои сабзавоти ва растанихои киштаи бог, гулбог, гулзор ва гулгаштхоро бегохирузи баъди паст шудани шиддати гармии хаво об додан айни муддаост. Дар вакти салкинии хаво хок намиро хуб- тар чаббида мегирад ва об камтар бухор мешавад. Инчунин, ба растани набояд зуд-зуду кам, балки дер-деру бисёр об додан бехтар аст. Хангоми бо обпошак об додани тубаки гул ё палчахои наздихавлиги обпошакро бояд тавре кор фармуд, ки чараёни об хокро нашуяд 36 .

Дар баъзе хочагихои калони кишо- варзи дастгоххои махсуси обпоширо истифода мебаранд. Барои ба кадри

Тавассути тачриба чи тавр метавон исбот кард, ки реша обро аз хок чаббида мегирад?кифоя бо об таъмин кардани растанихои кишоварзй каналхои обёрй ва хавзу обанборхо месозанд. Барои ба кадри зарури нигох доштани намии замин ва аз шамолу гармсел хифз кардани киштзор ба таври махсус минтакахои бешазор бунёд менамоянд.

  1. Фишори решаги чист ва барои растани чи ахамият дорад?
  2. Чаро ба растанихои хонаги оби хунук додан мумкин нест?
  3. Киштзори васеъро чи хел обёри мекунанд?
  4. Барои чи минтакахои бешазор бунёд мекунанд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …