Главная / Гуногун / ОЗОД ШУДАНИ АБДУЛХАКИМ АЗ ГАРАВГОН

ОЗОД ШУДАНИ АБДУЛХАКИМ АЗ ГАРАВГОН

Аз хастагиву бемадори руи нимтахти офис сахт хобам бурдааст. Аз садои так-таки дар бедор шудам. Дарро кушода будам, ки Исмоил аз хаячон бо садои баланд:

– Абдулхакимро милисахо оварданд, – гуфт.

– Кай? – фикр мекардам, хоб мебинам. Магзам хануз бедор нашуда буд. Намефахмидам, ин хакикат аст? Ё хоб?

Исмоил ба шаст аз зинахо поён рафт, бечора аз хурсанди чахида-чахида мерафт. Саросема давида, ба куча баромадам. У мошинашро мегардонд. Ман ба мошини худам нишастам, пасу пеш бо суръат ба хавли шитофтем. Дасту поям меларзид. Магзамро гуё туман фаро гирифта буд. Фикре гайр аз «овар- данд, оварданд» дар сарам набуд. Гох гарм мешудам, гох сард, гох арак мекардам, гох хунук мехурдам. Вакте назди хавли мошинро нигох доштам, мадор надоштам поин шавам. Магзам охиста-охиста бедор мешуд.

Якбора барквор фикре ба сарам зад – амният! Онхо аз паси ман назорат доштанд! Ман чойро барояшон муайян кардам, онхо кори худашонро карданд. Амалиёт гузаронданд, чи тавре ки дар филмхо нишон медиханд. Амалиёт! Накунад, уро захми карда бошанд?

Ин фикр тамоми кувватамро баргардонд. Барквор аз мошин фуромада, давида аз байни дустону хамкорон гузашта, ба хона даромадам. Абдулхаким аз хона баромада бо фигон худашро ба гарданам андохт. Огуш гирифтам ва зуд аз худ дур карда, дар андомаш осори хунро чустам. Осоре набуд.

Суи Исмоил баргаштам:

  • Кучоянд милисахо? У ба дари уток ишора кард. Худро ба даст гирифта, ба уток даромадам. Ду нафар сари дастархон нишаста буданд. Салом карда нишастам.
  • Аз кучо овардед? Ки озод кард, КГБ? – савол додам ба милисахо.
  • Не, аз хафтум километр, аз пост, – гуфт яке аз милисахо тааччубомез.
  • Амалиёт чи шуд, чаро худашон наоварданд? – намефах- мидам ман. Киёфаам мантики набуд магар, ки яке аз милисахо, «Хайр, мо меравем» гуфта, аз чояш хест. Ба онхо шодиёна дода, то дами дар гусел карда, ба утоки кунчаки назди Абдулхаким даромадам. Вакте ки дарро кушодам, у сарашро хам карда руяшро ба девор гардонд.
  • Ки туро озод кард? – пурсидам ман.

Садои маро шунида, сарашро хамон тур хам ба суи ман гардонд ва якбора бархеста, худашро ба огушам партофт ва:

  • Маро аз ин чо бар, хамин хозир бар! Рафтем, рафтем! – гуфта, бо садои ашколуду тарсу хаячон маро суи дар тела медод.
  • Майлаш, майлаш, меравем. Кучо мехохи барам? – телба шудам ман.
  • Кучое бари, бар! Факат аз ин чо бар! – сахт тарс дошт у.

Бале, бояд равем, пеши падару модар, ба Панчруд меравем, карор кардам ба худам.

Ба дахлез баромадам ва:

  • Меравем! – гуфтам. Хама ба берун баромадем. Аз хона, ки баромадем, Абдулхаким аз дастам сахт дошта, дукат шуда сарашро хам карда мерафт. Якбора хун ба сарам зад. Баччаи бечора, ки ин хама руз банди буд, хануз хам бо он одату тарс харакат мекард. Огуш карда:
  • Натарс, дигар хеч кас ба ту осеб расонда наметавонад. Ту озоди! – гуфтам.

У боз хам:

  • Рафтем, рафтем! – гуфта аз дастам мекашид.

Пеши мошин расида будем, ки даррав ба нишастгохи акиби мошин даромада, дари даромадаашро куфл карда сарашро хам карда нишаст. Хохарам хам ба мошин назди у нишаст.

  • Баччахо, Исмоил, Зокир аз паси ман хай кунед, хама савор шаванд, – фармон дода, ба мошин нишастам ва хай кардам.

То аз шахр баромадан Абдулхаким ба саволхо чавоб на- медод. Факат:

  • Зудтар, зудтар хай кун, – мегуфт.

Вакте ки ба дараи Варзоб даромадем, у кадре оромиш пайдо кард. Ва ба саволхо чавоб додан сар кард.

  • Ки туро озод кард? – хеч наметавонистам ин муамморо хал кунам.
  • Ман гурехтам! – чавоб дод у.

Ман лол шудам. Аз у ман ин кахрамониро харгиз интизор надоштам. У, ки бародари хурдии ман буд, хануз хам дар на- зари ман тифл метофт. Пай набурда будам, ки у чавонмарди комил шудааст!

Ва сар кард ба хикоят кардан. Хикоятхояш пахну парешон ва беназм буданд. Чойхои нокисашро ман савол дода, дакик мекардам.

Аз наклаш бармеомад, ки уро се нафар аз мошин берун кашида, бо дастаи туфанг ба сараш зада, ба нишастгохи акиби мошин тикконда, ба болояш нишаста, бо суръат рондаанд. Баъд аз муддате дар хавлие истода, ба сараш латтаеро печонда, аз мошин фароварда, ба як хона дароварда, аз дасташ ба лулаи охани бо дастбанд баста мондаанд. Рузи дигар боз ба хамон минвол ба мошин бор карда, рохи дуру дарозеро тай карда, ба чое расонда, ба як гурухи дигар супурдаанд. Байни худашон сухбат мекардаанд, ки гуё уро ба Шахртус мебаранд. Гурухи нав боз бо хамин минвол муддати дароз мошин ронда, ба як чое оварда, дар як сохтмони пампи об дароварда, аз пояш бо занчири як-якунимметра ба охани дар девор насбшуда баста мондаанд. Рузе се бор даромада, хабар мегирифтаанд ва хурок медодаанд. Пеш аз даромадан дарро зада, фармон медодаанд то руболо хобида, чашмонашро баста, сарашро ба суи девор гар- донад. Сабабхои харакоти гайриодии у дар хавли ба ман ошкор мешуд. Пас аз баромадан садо дода, кушодани чашмонашро ичозат медодаанд. Факат шабона, он хам бо чашмони баста, сарашро хам карда, барои казои хочат ба берун мебаровардаанд.

Рузи дувум як нафар даромада, лат кардааст, ки акаат хап намешинад, такудав дорад, ба макомот арз кардаву кофтуков мекунад. Он руз он нафар дар бораи кору бори ширкати мо саволхои зиёд додааст. Ба гуфти Абдулхаким, у худаш дар бораи кору бори мо огохии комил доштааст, факат барои мутмаин шудан саволхо медодааст, зеро «Дар он нохия бо ки кор меку- нед?», «Аз он хочаги чи кадр пахта мегиред?» ва гайра гуфта мепурсидааст.

Вале такрор ба такрор ба у мегуфтаанд, ки ба зуди акаат туро халос мекунад. Хатто шухи мекардаанд, ки аз хурдани харчи хохи, барот меорем, пулаша акат медихад. Хатто, вакте у китоб хостааст, барояш китоби «Горячий снег»-и Юрий Бон- даревро овардаанд.

Рузи севум боз хам он нафар даромада, баъди саволу чавоби аввали пурсидааст, ки «намоз мехони?» Вакте Абдулхаким гуф- тааст, ки намоз намехонад, як зарбаи сахте ба шонааш задааст, ки мегуфт дардашро хануз хам хис мекунад. Ва гуфтааст, ки бояд намозхониро сар кунад. Абдулхаким ба у чавоб додааст, ки намозхони бояд бо эътикод сурат гирад, на бо дастур. Ав- вал бояд худоро шинохт, баъд ба у сачда кард. Агар худованд бинад, ки ман зери фишор ба намозхони шуруъ кардам, шояд ибодати маро кабул накунад. Ман он вакт намоз мехонам, ки худам эътикод кунам.

Наузанбиллох! Дузду горатгар таргибкунандаи дину имон!

Абдулхаким накл кард, пас аз он, ки каме ором гирифтам, ба фикр афтодам. Фикр кардам, ки чи кор кунам. Харфашонро гуш кунам, мунтазир шавам, озодам мекунанд. Фикр мекардам, ки Абдухалил ба амният мурочиат кардааст, маро озод карда метавониста бошад? Агар ман хам ба чои у будам, ба макомот арз мекардам. Якбора фикре ба сарам зад, ки агар у ба чои ман буд, чи кор мекард? У ором наменишаст. Бале, коре мекард. Чи кор мекард?

Даст ба суи занчири пой бурдам, дидам, ки каме кушод буд, саъй кардам, берун наомад. Руи косаи хомшурбо равган ях баста буд. Онро гирифта пойро чарб кардам, занчир поямро харошида баромад. Аз чой хеста, саройро аз назар гузарондам. Девори семетри дар кисми болояш каблан равзанхое доштааст, ки холо бо лой баста шуда буд. Дар гушае як туда чигити пахта мехобид. Тахти охании шикастае дар замин буд. Онро ба девор рост карда, баромада дидам, ки он лой хушк ва сахт аст. Об! Онро бо об тар карда, нарм кардан лозим. Об нест!

Фуромада, тахтро чои худаш гузошта, бандро ба поям да- роварда, мунтазир шудам. Вакте нигахбон омад ва пурсид, ки чи мехохам, хомшурбо ва оби якунимлитра хохиш кардам ва барои шубха эчод накардан китоб хам пурсидам. «Ин кадар хомшурбо дуст медори?» гуфту рафта овард. Ман дигар хам об доштаму хам чарб.

Шабхо кор мекардам. Поямро чарб карда, занчирро меба- ровардаму боло рафта, обро ба лой мерехтам, мулоим мешуд, мекандам. Лойхои кандаамро ба варакхои китоб печонда ба кисаам меандохтам ва вакте ки поён меомадам, онхоро дар зери тудаи чигит пинхон мекардам.

Охиста-охиста кор мекардам, то садое набарорам. Аз лой порае дуруст карда будам ва хар вакт ки поён меомадам, чои кандаамро бо он пора ноаён карда пушида мемондам. Чарог дар даромадгох буд ва равзанае, ки ман барои кандан интихоб кар- дам, дар он кисмати девор буд, ки чарог онро хуб равшан наме- кард. Шаби чорум каме дарз пайдо шуд, ки рушании чарогхои берун метофт. Фахмидам, ки агар эхтиёт накунам ва як каме фишор биёрам, афтидани як кулух метавонад накшахоямро ошкор кунад, зеро шабонарузи дар атрофи сарой нигахбон мегашт ва ман хамеша шарфаи пояшро мешунидам.

Шаби чорум баромада, охиста як тарафи кулухро канда бу- дам, ки бокияш якбора канда шуд. Бо як харакати даст кулухи афтидаистодаро доштам ва нигох кардам, ки нигохбон каме дуртар пушт ба ман истодааст. Нафаскаширо катъ кардам. Бе- садо сару дастро дарун кашидам. Шах шудам, интизор шудам, шарфаи пои нигахбон ором-ором дур шуд, ба суи дигар гузашт. Равзанаро хеле эхтиёткорона пушида монда, фаромадам. Кори равзана тамом шуд, имшаб дер аст, худо хохад, пагох мегурезам.

Абдулхаким гуфт, рузи панчум боз хамон нафар, ки доим лату куб мекард, омада аз худову расул ва он дунё амри маъ- руф кардааст. Вакте ки онхо ба назди ман медаромаданд, ба ман фармон медоданд, ки чашмонамро баста руболо бихобам. Онхо аслихаи худро дар руи бадани ман мегузоштанд ва бо ман сухбат мекарданд. Шояд озмудан мехостанд, ки ман кушиши гирифтан ва истифодаи силохро мекунам ё не. Он руз ду нафар даромада буданд ва хамон нафаре, ки доим пурсупос мекард, туфангашро руи шиками ман монда буд. Вакти берун раф- тан онро нагирифта рафт. Ман туфангро хис мекардам. Вакте онхо дарро мебастанд, ман фикр мекардам, ки оё онхо махсус туфангро гузоштанд, ё фаромуш карданд? Туфанг тир дорад ё на? Маро месанчанд? Агар туфанг тир дошта бошад, имкони бо истифодаи он халос шудани ман чи кадр аст? Накшаи аз равзана гурехтан бехтар аст ё бо истифода аз туфанг? Ин хама дар як лахза аз дилам гузашт.

Ман, – гуфт Абдулхаким – зуд тасмим гирифтам, ки бо тирпаррони аз дасти инхо халос шудан имкон надорад. Инхо чандин нафаранд, хама мусаллах бо Калашников. Ман бо як туфанг шонс надорам. Хамон накшаи равзана хуб аст. Ва садо додам: «Ака, пистолетата фаромуш карди!» У дарро хануз на- баста буд, давида баргашт ва «Ту хеле баччаи хуби» гуфта, маро таъриф кард ва аз хурсанди хатто «Намоз нахони хам, хеч гап нест», гуфта фатво дод. Туфангашро гирифта, пурсид, ки пагох бароям чи биёрад? Ман ба у гуфтам, ки монда шудаам ва хо- бидан мехохам. Пагох агар мумкин бошад, дертар биёяд. У аз ман ончунон рози буд, ки ичозат дод бихобам, пагох субхи зуд маро бедор намекунанд. Ман ба фирор омода будам.

Шахртус. То Душанбе кариб дусад километр рох аст, то кучо мегурезам? Дастгир мекунанд. Милисахона равам? Магар зури милиса ба инхо мерасад? Таваккал ба худо! Аз ин чо, ки баромадам, баъд давомашро мебинам.

Дишаб, вакте торик шуд, аз пироханам ду порча дарронда, кафшхои сарпоиямро, ки барои давидан мувофик набуданд, ба пойхоям бастам. Чанд пора нонро ба кисаам чой кардам. Охиста баромада, лойпораро гирифта фароварда, ба замин гузоштам, баромада аз равзана ба берун нигох кардам, касе набуд. Балан- дии девор такрибан се метр буд. Агар аз ин баланди худамро партоям, хатман садои афтиданамро шунидани нигахбон мум- кин буд ва гайр аз ин, пойхоям метавонистанд осеб бинанд.

Аз равзана бояд ё бо сар берун мехазидам ё бо пой. Фикр кардам, ки хатман бо сар бояд берун хазам, то ки атрофро зери назорат дошта бошам. Бо охани дастаи тахт як халкаи занчирро тоб дода, кушода тайёр карда будам. Охани дастаи тахтро дар дохили равзана устувор карда, занчирро ба он баста, аз равзана берун овезон кардам ва бо сар берун хазида, аз занчир дошта, пойхоямро аз равзана берун кашида, овезон шудам ва худамро охиста ба замин партофтам. Нимхез ба даруни алафхо даро- мадам ва дукат шуда, бесадо аз он чо дур шудам. То дуртар мерафтам, суръат меафзудам. Давидаравон, якбора ба рохи мошин баромадам. Фикр накарда, ба тарафи рост давидам, вале баъд аз лахзае дидам, ки рох боло меравад. Ман бояд ба поён равам, на ба боло, фикр мекардам ман, вале хануз хам медавидам. Ин вакт нишони рохнамоеро дидам, ки Чиртак на- вишта шуда буд. Аслан намефахмидам, ки дар кучостам. Чиртак номеро намедонистам. Вале, баргашта аз канори рох ба поён давидам. Давида-давида, ба нишонаи дигари рох расидам, ки Кофарнихон навишта шуда буд.

Ман дар Шахртус набудам! Дар Орчоникидзеобод будам!

Акнун, фахмидам, ки дар кучоям. Бояд хамаги 18-20 кило- метрро тай мекардам, то ба Душанбе расам. Шаб аз ним гузаш- та буд. Хамаги 4-5 соат вакт доштам. Баъд, гурехтанам ошкор мешуд. Албатта, онхо пайгири мекунанд!

Давидам. Хама имкониятро барраси мекардам. Дар сари пули Кофарнихон посгохи милиса буд. Бо рохи мошин набояд рафт. Дастгир мекунанд. Баргашта, бо сохили дарё ба поён да- видам ва ба пули рохи охан расида, аз руи он гузаштам. Карор кардам, ки ру-руи рохи охан равам, бехатар аст. Рохи мошин хатарноктар аст. Аз руи чубхои рохи охан давидан душвор буд. Аз канори рох медавидам, вале канори рох пур аз кулмакхо буд, ки хар лахза ба онхо мегутидам. Сагхои мардум аз паси деворхои симтури ба ман хамла мекарданд. Ман ба онхо нон партофта ором мекардам. Баъзеяш хеле хашмин буданд, хуш- бахтона, тури симин онхоро нигох медошт.

То даромадгохи Душанбе расам, хонаи хешамон – акаи Абдусалим даромада пинхон мешавам. Латтахои кафшхоям канда шуданд. Кафшхоро ба дастам гирифтам. Пойхоям хуншор шуданд, вале дардро эхсос намекардам. Медавидам.

Ба дари хонаи Абдусалим расида, охиста так-так кардам. Аз баланд куфтани дар метарсидам, умуман аз хар садое яккад мепаридам, фикр мекардам, ки маро таъкиб мекунанд. Пушти дар садои хиш-хишро шунида, овоз додам:

– Акои Абдусалим, ман Абдулхаким, аз дасти боевикхо гу- рехтам, зудтар дарро кушоед, маро панах кунед.

Садои пасти сухбат аз паси дар шунида мешуд, ду нафар бахс мекарданд, шояд ба хулосае омаданд, ки ба ман панох додан ба чони худашон хатар меорад. Чанд бори дигар садо дода бошам хам, дигар дар он суи дар хомуши хукмфармо шуд. Дари хамсояи рубаруро куфтам, садое наомад. Лахзае ноумед нишастам. Ман инчо зиёд вакт талаф карда наметавонистам. Хар лахза таъкибгарон метавонистанд бирасанд. Медавам, то хавли, – карор кардам ба худам.

Субхи козиб буд. Ба километри хафтуми рохи Душанбе- Вахдат расидам. Девор пеши рохамро гирифт. Ночор ба рохи мошин баромадам. Аз дур дидам, ки ду милиса дар посгох ис- тодаанд. Аз канори рох хам шуда мерафтам, ки чашми онхоро хато кунам. Якеш ба суи ман гашт. Худамро ба чуйбори канори рох партофта, руст шудам, вале у маро дида будааст, ки ба болои сарам омада, «бархез» гуфт. Хестам, «аз кучо омади?

Ягон чоро дузди карди?» гуфта пурсид. «Ман аз дасти боевикхо гурехтам, хозир меоянд» гуям, бовар накарда, «сафсатта нагуй, росташа гуй, кампирро ту кушти?» гуфта исрор мекард. Ва «пеш даро, хозир туро бурда месупорем, хамааш маълум ме- шавад» гуфта, бо мили автомати хамоил дар гарданаш ба ман амр карда, пеши хамрахаш овард. Хамрахаш «киро капиди?» гуфта пурсид ва баъди «дуздак» гуфтани у, сар то пои маро аз назар гузаронида «э, ман инро мешиносам, акааша хам меши- носам, – ва суи ман: – гуфта, пурсид. Ман ходисаро кутох гуфтам. Ба хамрахаш:

Ту ин чо чи кор мекуни ? сару руят пури хоку хун

  • Ман инхоро мешиносам, инхо дузд нестанд, – гуфт.
  • Рафтем, хонаашон мебарем, соати кори хам тамом шуд, – гуфта суи мошинаш рафт. Ман зуд ба нишастгохи акиби моши- наш даромада нишастам. Мошинаш гирон нашуд. Хохиш кард, ки фуромада онро, хамрохи милисаи дувум тела дихам. Ман фуромадан намехостам. Фазои баста бароям амнтар менамуд. Вале у тахдид кард, ки агар ёри надихам, хеч чой намеравем. Ман зуд фуромада, ёри кардам, мошинро дукаса тела додем даргирифт ва онхо манро ба хона оварданд.

Ману наздикон дар он шаш руз азоби махшарро дар пусти худ хис кардем. Хусусан, хохари бузургам аз чихати равони са- дамаи сахт дид. Ман аз сабаби он ки ба кофтуков машгул будам, фикрам доим машгул буд, вале у дар хона шаш руз интизори кашид, интизорие, ки маълум нест ба чи меанчомад. Хамин аст, ки хануз хам аз камтарин иттифок ба тарсу изтироб меафтад. Ба наздики филми коргардон Родриго Кортес «Зиндабагур»-ро дидам, ки тамоми дахшати он рузхоро дар ёдам зинда кард. Ин азоби токатфарсоро худованд ба хеч кас насиб нагардонад!

Зимни ин хама накл, гох хандидаву гох гириста, ба хизмати падару модари азиз расидем. Онхо, ки хануз хам хавотири мека- шиданд, давида ба пешвоз баромаданд ва маро сихату саломат дида, боварашон намеомад ва гаштаву баргашта мепурсиданд, ки оё вокеан сихату саломатам ва агар сихату саломатам, чаро ин хама овозаву дарвоза дар дахони мардум аст?

Ман дигар ниёзе ба пинхон доштани асли вокеа надида, ба онхо асли холро гуфта додам. Дарзамон, онхо хузури маро фаромуш карда, ба Абдулхаким часпиданд, ки муддаои дили ман буд, зеро ба танхои ва осудаги ниёз доштам.

Бо Чон тамос гирифта, Абдулхакимро, ки хатто дар ин чо хеле изтироб дошт, бо бахонаи хондан дар мактаби пахтаи Мемфис (Cotton School) ба Амрико фиристодам. Ахли оиларо ба Панчруд ба назди падару модар, дуртар аз бало фиристода, бо милиса карордод баста, Исмоилро хамчун чондор мусаллах кардам, худам низ расман ичозаи силох гардондан гирифта, ба навъе ба хамлахои баъди омодаги гирифтам.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …