ОРИЁН

Соли 2002, аниктараш дар арафаи чашни 2500-солагии шахри бостонии Ур (нур) холо Истаравшан, тавасути нашриёти “Сурушан” китоби файласуф Иброхим Умарзода “Ориён” ба теъдоди 500 нусха дастраси хонандагон карор гирифт.

Азбаски теъдоди нашри китоб хеле кам буда, он на ба хама дастрас мегардад, мусохибаи мо бо муаллифи китоб Иброхим Умарзода дар атрофи масоили гуногуни дар китоб баррасишуда сурат гирифт.

МУСОХИБ: Дар бораи Ориён бисёр навиштаанд. Аз гуфтаи худи Шумо хам бармеояд, ки хануз дар Юнони кадим алакай мафхуми “Ориёни Бузург” пайдо шуда буд. Пас, чи зарурате ба миён омад, ки дар ин бора китоби махсусе нависед?

МУАЛЛИФ: Хак ба чониби Шумо аст, ки “бисёр навиштаанд” мегуед. Вале бисёр гуфтан кам аст. Агар теъдоди китобхои чопшударо дар бораи Ориён чи  дар Шарк ва чи дар Гарб ба хисоб гиред, шумораи онхо ба садхо мерасад. Гайр аз ин, боз навиштахои пароканда ё лахзавии дар комусу лугатхо чойдоштаро бигиред, шумораи онхо хеле зиёданд.

Вале дар кадоми он хакикати таърихи дар бораи Ориён инъикоси пурра ва дурусти худро ёфтааст?!

Мо аз чунин савол гузоштан шарм намекунем. Зеро ин хакикати таърих аст. Барои он ки Ориён “моли” точикон аст. Пас, “бегонаро ба ту чи кор”?!

Хар чи “бегонагон” дар хусуси Ориён навиштаанд, барои манфиати худ кардаанд. Вале хакикат аз Офтоб зуртар аст, зеро вай ба Хак вобаста аст.

Аз ин лихоз, чун вазифаи мо тахлили навиштачоти гузаштагон ва имрузиён нест, дар сарсухани китоб ба хонанда мурочиат карда гуфтем:

“Хонандаи хушманд! Хар чи ки мо дар ин чода ба ту муарифи мекунем, чизи нав нест, ки туро ба хайрат оварад. Хамаи он дар гузаштаи дур, дар китобхову таъриххо, киссахову кутуботи дини, хотирахову саргузаштхо сабт гардида ва имруз аз ёди хамагон рафта,  ё ба ибораи дигар, барои мову ту хайратовар ва чолиби диккат шуда мондаанд… Шояд аз хамин лихоз аст, ки киссаи саргузашти точикон дар тули асрхо дар дасти дигарон буду хакикати таърихиро ба кавли Умари Хайём “на ту дониву на ман”.

МУСОХИБ: Шумо зери унвони китоби “Ориён” чанд савол гузоштаед. Аз чумла: “Ориён кай пайдо шуданд?”, “Ватани аслии ориён дар кучост?” ва гайра.

МУАЛЛИФ: Бале. Дар ягон китоб мо нахондаем ва акаллан кушише нашудааст, ки ба ин саволхо посух дода бошанд. Дар “Ориён” на факат ба ин саволхо чавоб дода шудаанд, балки ба бисёр масъалахои чиддии таърихи, ки боиси аз байн бурдани тамаддуни волои ориёнажод гардидаанд, рушани андохта, чавобхои сахех хам дода шудаанд. Хакикат ин аст, ки ин масъалахоро дар тули чор хазор сол хеч яке аз муаррихин ё файласуфхо ошкор накардаанд.

МУСОХИБ: Ориё чи маъни дорад?

МУАЛЛИФ: Дар Мовароуннахру Хуросон “ори” ба маънии “сарвар” “маъруф” ва хамчун “дастури Ахуро Маздо” пиндошта мешуд. Зеро маънои Ахуро – сарвар ва маънои Маздо – дониш аст, яъне Ориён маънои  “дастури Сарвари Доно – Худо” –ро дорад.

Маънои Ориён асилзода, накуном буда, номи халки кадимиест, ки дар нишебихои Хиндукуш ва дар сохилхои дарёи Оксус (дарёи Ому) зиндаги мекарданд, – навишта шудааст дар “Большая энциклопедия”-и соли 1903. – Тадкикотхои лингвисти шаходат медиханд, ки Ориён хамчун табакахои хукмрони форси ба чануб-Эрон ва Хиндустон ворид гардида, хукмронии худро баркарор кардаанд, аз тарики дигар Ориён дар Хиндустон хамчун кастаи оли ба шумор мерафтанд”.

МУСОХИБ: Маълум мешавад, аврупоиён баромади Ориёнро аз Осиёи Миёна эътироф мекардаанд.

МУАЛЛИФ: Бечуну чаро. Вале ин ба осони ба даст наомад. Аврупоиён дар тули 300 сол Ориёнро тадкик кардаанд. Дар хусуси мабдаъи ибтидоии Ориён дар Аврупо бахсхои зиёде ба амал меомаданд, то саргахи Ориён муайян карда шавад. Иддае аз олимон дар асрхои ХVII- ХVIII акидае доштанд, ки Ориён аз кисми шарки ё миёнаи Аврупо баромадаанд. Вале тадкикотхои олимон Кун, Макс Мюллер, Шрадер ва дигарон дар бораи тамаддуни волои Ориён ин акидаро нисбати баромади Ориён ба кулли дигаргун сохт. Онхо исбот намуданд, ки Ориёни асли  ба дарачаи олии тамаддун расида буданд. Онхо ба  дехкони ва чорводори машгул буданд. Дар асоси дини онхо ибодати “Нур” меистодааст. Нур бошад, парастиши табиат аст.

Олимон дар бораи баромади асосии Ориён фикрхои гуногун доранд, – менависад С. Пеше дар асри ХVIII. – Вале аксарияти кулл чунин мепиндоранд, ки он кишвар байни дарёхои Яксарт (дарёи Сир) ва сароби Окс (дарёи Ому) аст”.

МУСОХИБ: Харакати Ориён кай огоз гардид?

МУАЛЛИФ: Аз сарчашмахои хати мехи бармеояд, ки Нахзати Ориён ба Месопотамия хануз пас аз марги подшохи машхури силсилаи аввали турониён конунгузор Хаммаварабби (солхои 2123-2080 пеш аз милод) огоз ёфта буд. Хаммаварабби хамаи кабилахо ва давлатхои кабилавии Ориёнро муттахид намуда, дар Осиёи Миёна як давлати муттамаркази Шумеру Аккадро  ташкил кард. Муаррихи эрони Хасани Пирниё мегуяд: Замони Чамшедихо замони мусаррахи чузви вохидест, ки кавмхои ориёнии… Осиёи Васати ба хам будаанд”.

Ватани Ориёне, ки ба Месопотамия меомаданд, дар Шарк вокеъ мегардид, ватани Ориёне, ки ба Хиндустон мерафтанд, дар шимолу гарбии Хиндустон карор мегирифт, мегуяд Херодот. Ин акидаи юнониён боз як далели раднопазир аст, ки баромади Ориён аз Мовароуннахр мебошад. “Вале, – мегуяд Херодот, – тасаввурот дар бораи ин диёр (Мовароуннахр) дар дили мухочирон боки мемонд”.  Кабилахои ориёие, ки дар охири хазорсолаи дуюм ва ибтидои хазорсолаи якуми пеш аз милод ба Эрони гарби омада буданд, бо ахолии махаллии ин чо ва Месопотамия махлут шуда мерафтанд. Кабл аз махлутшави онхо забону урфу одат ва тамаддуни волои ориёниро дар ин чойхо пахн мекарданд. Ва билохира, баъди ин чо омадани кабилахои ориёни “эроникунии” мамлакат огоз мегардад, ки акнун номи ин мамлакати афсонавии оянда аз калимаи “Аирянам”, яъне Эрон вирди забон мегардад.

Ориён пас аз фатхи Эрони гарби, Хиндустон, Бобулистон ва тамоми худуди Осиёи гарби ба Аврупо гузаштанд.

Кушиши Куриши Кабир дар бобати мутахид намудани Шарку Гарб натичаи таъсири Нахзати оламгири Ориён буд, ки инро бо эхтироми махсус мухаккикону уламои масехи то Ахди Исо пайгамбар ёдовар шудаанд.

Пас аз давраи дурударозе, гуфтаанд олимони асри ХVIII Аврупо, Нахзати Ориён аз Аврупо ба василаи мухочирони Ориёи ба китъаи Амрико, Австралия, Африко ва галачазирахои Полинезия пахн шудааст.

МУСОХИБ: Аз гуфтаи шумо маълум мешавад, ки харакати Ориён чандин хазорсоларо дар бар гирифтааст. Нахзати Ориён чи тавр таксим шуда мерафтанд? Ба онхо ягон кас сарвари менамуд, ё худи онхо ба таври стихияви харакат мекарданд? Умуман бунёдгари ин нахзат кист?

МУАЛЛИФ: Бунёдгар ва эхёгари Нахзати Ориён Турониёнанд. Турониён, ба гуфтаи Авесто,  кадимтарин халки Мовароуннахр мебошанд. Онхо ачдоди точикони имрузаанд, ки билохира,  дар ибтидои асрхои миёна номи точдории хеш – “точикон”-ро баркарор намудаанд. Нахзати Ориён хусусияти илми, маърифати дошта, аз худопарасти фориг набудааст.

Дар китоби, “Ориён” рочеъ ба харакати Ориён хеле зиёд ва муфассал сухан ронда шудааст. Вале холо мо дар ин хусус тадкикоти олими олмонии асри ХVIII Шлейхерро мисол меорем. У дар натичаи тадкикоти дурудароз ба хулосае омад, ки аввал шохаи нахустини Ориён ташаккул ёфта, баъдан ба кабилахои гуногун таксим шуда рафтаанд. Дар Аврупо хам, масалан, кабилахои олмони, литвони, славяни ва дигарон аввал худ Ориёнро пазируфта, сипас дар байни дигар халку кабилахо пахн мекардаанд. Шохаи дигари асосии пахншавии Ориён аз келтхо, юнониён (бо кабилахои фраки юиллири) ва итолёи  иборат буданд, ки онхо низ аввал худ ори гардида, сипас ба пахн намудани он камар бастаанд.

МУСОХИБ: Дар китобатон мегуед, ки “… имруз забони Ориён мабдаъи асосии забонхои Осиё ва Аврупо, Амрико ва Австралия,  Африко ва Полинезия гардидааст”.

МУАЛЛИФ: Ин акидаи нав нест. Дар китоби “Ориён” ба даххо муаллифони асрхои гузаштаи Аврупо истинод карда ва асархои онхоро, хам ба забони худашон ва хам ба точики овардаем, ки мухаккикони оянда аз он истифода кунанд. Хизмати олимони Аврупо дар  ин хусус бебахо аст. Вале тадкикотхои илми хозира шаходат медиханд, ки забони Ориён имруз мабдаъи зиёда аз 500 забони Сайёра гардидааст. Забони Ориён дар таърихи башар ягона забонест, ки кариб дар тамоми кураи арз доман пахн кардааст. Чунин забонро факат халке офарида метавонад, ки тамаддуни воло дошта бошад. Вале тамаддуни моро бошуурона ва аз руи накшаи пешаки мураттабгардида аз байн бурданд. Нафакат хазорон китобхонахои мо аз замони Арасту сар карда, то катли оми умумии соли 1937 ба оташ андохта шуданд, балки шахрхоро хам ба боди фано бурданд. Дар замони Бохтари Кабир шахрхои бузурге бунёд шуданд, ки онхоро артиши Искандари Макдуни батамом вайрон сохт.

МУСОХИБ: Мо аз таърих медонем, ки забони аз хама кадимтанрин забони Хиндии кадим – санскрит аст ва бесабаб нест, ки мафхуми “хиндуаврупои”, “хиндуолмони” пайдо шудааст.

МУАЛЛИФ: Бале, забони санскрит забони аз хама кадимтарин аст. Вале забони санскрит 1500 сол пеш аз милод ба вучуд омад. Хол он ки дар ин давра Ориён ба Хиндустон ворид гардида буданд. Яъне Ориён дар Хиндустони бостон нафакат сабабгори бунёди тамаддуни оли, балки сабабгори бунёди забони нав хам гардиданд. То ин вакт дар Хиндустон гурухи забони дравиди хукмрон буд.

Забони лотини бошад, такрибан аз солхои 500 пеш аз милод ба вучуд омад.

Забони койна (Юнони Кадим) дар замони Искандари Макдуни, дар арзи хамаги 8 соли хукмронии Искандар, забони умумичахони гардид.

Забони славянии кадим аз асри Х мелоди, шохаи забони литвони аз карни 16 мелоди арзи вучуд кардаанд. Дар ин хусус китобхои зерин далолат мекунанд: Й.Шмидт “Мукоисаи забонхои хиндуолмони” (1878), Делбрюк “Мукаддимаи омузиши забонхо” (1893), Бругманн “Оид ба мукоисаи забонхои хиндуолмони” (1869),  Бодуэн де Куртенэ “Бархе мулохизахои умуми дар хусуси забоншиноси ва забон” (1871) ва гайра.

Дар хусуси мафхумхои “хиндуаврупои” ва “хиндуолмони”, ки Шумо гуфтед аз китоби “Ориён” иктибос меорем: “Сабаби ба Хиндустон ин кадар эътибори хоса додани аврупоиён дар асрхои ХVIII- ХIХ аз он иборат аст, ки англисхо Хиндустонро ба мустамликаи худ дароварда сарвату тамаддуни бостонии онро ба огуши худ кашида, ба гайр аз Хиндустони афсонави боз дар Осие мавчуд будани ягон хел мамлакат ё тамаддунро намепазируфтанд”.

МУСОХИБ: Устод, агар наранчед, ман баъзе чизхоро ошкор бигуям. Бисер мафхумхои таърихиро ба мо мувофики аслаш маънидод кардаанд ва мо одат кардаем хамон тавр фахмем ва истеъмол кунем. Баъзе шуморахо, санадхо, хатто номхое аз кабили Навохудоносор мавчуданд, ки то кунун мо нашунидаем.

Соли 2001 мелоди 2700-солагии “Авесто”-ро дар Точикистон чашн гирифтем. Имсол, аз гуфтаи академик Рахим Масов, онро дар Узбекистон низ чашн мегиранд.

МУАЛЛИФ: Якум, мафхумхо ифодагари таърих мебошанд. Дар “Ориен” дар ин хусус гуфта шудааст: “Ахли таърих мебоист гуфтахои хоричиенро ба тарозуи акл ва хикмат бар мекашиданд, то ин ки хакикатро дарёбанд. Кур-курона кабул кардани мафхумхо, онхоро шарху баст надодан таърихи гузаштаи халки точикро ба кучаи сарбаста овардааст. Муайян накардани мафхумхо мазмуни таърихро мутеи мафхум сохта, ба тавассути чахониён рафти таърихи халки точик ва гузаштаи бою нодири онро ба партгохи скептитсизм вогузор кардааст”.

Дуюм, “Авесто”-ро дар Узбекистон чашн намегиранд, балки дар Хоразм (Ховарзамин) чашн мегиранд.

Сеюм, 2700-солагии “Авесто” барои онхое, ки аз таърих бехабаранд, макбул аст, вале шахсе, ки ба таърихи кадим даст задааст ва бо фалсафаи таърих сару кор дорад, онро намепазирад ва аз ин лихоз мо нисбати ин масъала дар “Ориен” ба китоби мутафаккири Юнони Кадим Хермодор “Рочеъ ба илм”, китоби Диоген Лаэртси “Доир ба хает, таълимот ва гуфтахои мутафаккирони бузург”, китоби Ксеркси Лубнони ва гайрахо истинод карда, хисоб кардем, ки аз замони Зардушти Турони то имруз чанд сол сипари гардидааст.

Ба шарофати хахоманишхо дар Юнони Кадим аз “Авесто” огох шуда буданд. Махз дар замони онхо бо ибтикори Дорои номвар “Авесто” дар руи 1200 пусти барзагов навишта шуд, ки он вакт Юнони Кадим мустакил шуда бошад хам, дар хамаи сохахо мутеъи Турониён буд.

Акнун бигуед, ки хак бо чониби ки – донишмандони юнони, ки аз “Авесто” огаханд, ё донишмандони замони мо?!

Хамаи шаъну шухрати Юнони бостон ба шарофати Турониен ва бевосита бо кумаки Куруши Кабири Турони  ба арши аъло расид. Ва онхо бо мурури замон аз сахнаи таърих гайб заданд ва боз пас аз партави Тамаддуни Исломи аз тарафи мутафаккирони точик аз нав эхё карда шуданд. Бояд эътироф кард, ки баробари ба сахна омадани дини Ислом аллакай аз асри якуми хичри сар карда, олимони номи бо маблаги бисёр ба Рум фиристода мешуданд то аз он чо китобхои нодир чамъовари карда, ба забони араби тарчума кунанд. Дар китоби “Одоб-ул-луга” гуфта шудааст: “Китобхое, ки  дар он замон ба араби тарчума шуданд, аз садхо чилд мутачовиз мебошанд. Ва мин чумла аз китоби Афлотун 8 чилд, аз Арасту 19 чилд, аз Букрот 10 чилд, аз Чолинус 38 чилд ва аз осори Уклидус, Аршамидус, Аблуниюс, Диюфантас чандин чилд ва хамчунин… аз лотину ибруву сурёни  ва набати чандин чилд”.

МУСОХИБ: Дар “Ориен” доир ба Турониен банди махсус чудо кардаед, хол он ки дар китоб сахифае нест, ки дар ин хусус сухан наравад.

МУАЛЛИФ: Турониен нафакат ба давлатдори асос гузоштанд, на факат эхёгари Нахзати Ориён гардидаанд, балки онхо забони ягонаи ориро дар Шарк ба по монда, поягузори забонхои точики, курди, балучи, осети, славяни, олмони, келти,  романи, юнони, армани ва гайра гардиданд. “Дар Авесто, – мегуяд Х.С Нюхерт,  – ба чузъ турони чизе нест”.

МУСОХИБ: Дар “Ориен” дар бораи форсхо, эронихо, чанги байни Турону Эрон, Турониени муосир ва гайра сухан рафта, дар банди “Ду каноти як укоб” хам мафхуми порсову турони, хам аз як авлод будани хардуи ин кавм зикр гардидааст. Вале дар ду банд “Интиколи тамаддуни захромез” ва “Хирси мутафаккир хиёнат ба наслхои оянда” файласуфи машхури чахони Арастуро танкид кардаед, хатто уро “хиёнаткор” хам номидаед. Охир, хамагон уро “хаким” мегуянд.

МУАЛЛИФ: Ба ин мисрахои Мухаммад Икбол диккат дихед:

              Тарош бо тешаи худ чодаи хеш,

              Ба рохи дигарон рафтан азоб аст.

              Гар аз дасти ту кори нодир ояд,

              Гунохе хам агар бошад, савоб аст.

Дар бораи Арасту Абуали ибни Сино мегуяд:

“…хар касе баъди Арасту меомад, бояд хатохо ва иштибохоти уро  дар илм ислох намуда, усулхои овардаи уро ба шохахо таксим менамуд. Лекин касоне, ки баъди Арасту омадаанд, аз ухдаи дарки мероси у набаромадаанд ва умри худро сарфи фахми чихатхои бехтаринаш намуда, тарафхои нуксони онро  кур-курона ва бо ифрот омухтаанд. Бале, онхо умри худро сарфи омузиши мероси гузаштагон намуда, фурсати баррасии акли худро надоштанд, агар фурсат хам медоштанд, рово намедиданд, ки он чиро гузаштагон гуфтаанд, ислоху барраси намоянд”.

МУСОХИБ: Шумо китоби “Ориен” –ро ба чашни 2500-солагии шахри бостонии Истаравшан бахшидаед. Дар китоб баромади Ориенро аз Осиеи Миена, аниктараш мобайни ду нахр – Ому ва Сир мепиндоред, шояд аз хамин чихат китобро ба чашни ин шахр бахшидаед?

МУАЛЛИФ: Ба Истаравшан бахшидани китоби “Ориен” аз ин аст, ки он яке аз шахрхои кадимтарини точикон буда, хануз дар китобхои таърихии  дунеи кадим,  дар Китоби мукаддас, Тавроту Инчил ва дар тамоми китобхои таърихии аврупоиен хамчун шахри бузурги таърихи бо номи Ур (Нур) ёд шудааст. Мо дар китоби “Ориен” хамаи номхои таърихии ин шахр ва сабабхои хар сари чанд вакт иваз шудани номи шахрро оварда, дар бораи кофтуковхои археологии аз тарафи олимони аврупои гузаронидашуда низ иттилоъ додаем.

Муаррихи эрони Хасани Пирние мегуяд: “… хануз тахкикоту ковишхо рочеъ ба гузаштахои ин  миллат ба поен нарасида, чи ичолатан таърихи он то  се е чахор хазор сол кабл аз милод рушан гардида ва хар кадар ковишхо дар Ур пеш меравад, рушантар мешавад, ки аз ин тамаддун тамаддунхои дигар вучуд дошта ва тамаддуни шумери ба мамолики дурдаст то Балучистон интишор ефта буд”.

Дар бораи Ур ва маънои он хамчун “нур” ман дар як маколаи мубохисави дар рузномаи “Чавонони  Точикистон” (24 январи соли 1991) навишта будам. Ба ин макола се нафар файласуфи маъруфи Точикистон чавоб навишта, акидахои маро тасдик карда буданд.

Акнун доир ба мабдаъи асосии баромади Ориен таваккуф мекунем. Чихати аз хама мухими китоби “Ориен” ин аст, ки дар он мабдаъи асосии баромади Ориен исбот карда шудааст. Хатто бо гуфтаи Авесто номи ин нохия – Вахви Датия вирди забон карда шудааст.

Шояд рузе наслхои оянда ин китобро бо тахаммул хонда мефахманд, ки Ориен аз кучо сар задааст ва такозо мекунанд, ки дар даромадгохи ин кухандиер дарвозаи пурхашаммате сохта ва дар ду табаки он дарвоза ба сони ду сахифаи як китоб харакати бадарравии зану марди оришударо тачассум кунанд. Охир, онхо ватани бобоии хешро бахри таргиби гояи бикр, бахри бедории инсоният, бахри илму амал омухтани вай иваз карданд.

                                                                                                                                    Мусохиб С. Сайфуллоев

(Иктибос аз рузномаи

«Омузгор», 21.02.2003)    

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …